Ru  | Tj
Осорхонаи мардумшиносии Тоҷикистон: Ҳамсояи номуносиб метавонад таърихро аз байн бибарад
Осорхонаи мардумшиносии Тоҷикистон: Ҳамсояи номуносиб  метавонад таърихро аз байн бибарад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Осорхонаи мардумшиносии Тоҷикистон: Ҳамсояи номуносиб метавонад таърихро аз байн бибарад

Нашр шуд

Осорхона маконест, ки дар он ҷо таърихи гузаштаи ҳар як халқу миллат маҳфуз мебошад. Осорхона шоҳиди зиндаи воқеоти гузашта, рушду нумуъ ва печу хамиҳои рӯзгори гузаштагонро дар худ нигаҳ медорад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки вақте шахс ба тамошои осорхона меравад, ҷуръат намекунад садояшро баланд кунад. Ин тарсу ҳарос ва оромгуфторӣ дар дохили осорхона нишонаи эҳтиром ба фарҳангу тамаддун ва расму ойини қадимаи гузаштагони худ ва шарик шудан дар шодиву ғами онҳо ба ҳисоб меравад. Муттасифона, бисёр дарднок аст, ки рӯз то рӯз ин эҳтирому арҷгузорӣ ба осорхона ва осори гаронбаҳои он то андозае аз миён рафта истодааст. Вазъи имрӯзаи Осорхонаи мардумшиносии Тоҷикистон ба ин гуфтаҳо гувоҳ мебошанд.

Осорхонаи мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи М.С. Андреев моҳи сентяри соли 1981 дар заминаи фонди этнографии Шуъбаи этнографияи Институти таърихи Академяи илмҳои Тоҷикистони Шуравӣ таъсис ёфта буд. Ҷамъоварии экспонатҳои этнографӣ соли 1948 оғоз ёфт. Маҷмӯи маблағҳо асосан тавассути ба даст овардани экспонатҳо аз аҳолӣ ҳангоми экспедитсияҳои этнографӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ба вуҷуд омаданд.


Айни замон, дар осорхона зиёда аз 11 ҳазор экспонатҳо мавҷуданд, ки онҳо муаррифгари ҳунарҳои мардумӣ ва рушди санъати халқӣ буда, арзиши моддӣ ва маънавии фарҳанги қадимаи тоҷиконро ифода мекунанд.

Осорхонаи мардумшиносӣ дар Хиёбони Исмоили Сомонӣ,14, дар ошёнаи 1-уми бинои истиқоматии 9-ошёна ҷойгир аст. Соли 2018 бинои ин осорхона пурра аз таъмир бароварда шудааст. Кормандон ва роҳбаладони осорхонаи мазкур бо муштариён бо меҳрубонӣ ва лутф муошират мекунанд. Онҳо аз ташрифи ҳар як меҳмон хушнуд мешаванд. Мо низ дар қатори дигар дӯстдорони осорхона хостем ба дунёи зебои расму ойин ва суннатҳои қадимаи халқи худ сайри таърихие дошта бошем. Роҳбалад дар тамошои осорхона бо мо буд ва ба мо ёдгориҳои нодири гузаштаро нишон дод: ҷавоҳироти занони охири асри XVIII, либосҳои асри XIX ва силоҳҳои оташфишони асри XIX ва бисёр экспонатҳои аҷибу диданӣ.

«Бо сабаби пандемия муштариёни осорхона камтар шуданд, вале мо итминон дорем, ки ба наздикӣ мо ба зиндагии муқарарӣ бармегардем. Асосан ба тамошои осорхона донишҷӯён ва толибилмон меоянд. Гарчи шумораи онҳо зиёд нест, вале мо хушнудем, ки имрӯз низ нафароне ҳастанд, ки ба дидани ин экспонатҳо таваҷҷӯҳ доранд»- мегӯяд яке аз кормандони осорхона.


Шумораи кормандони ин осорхона 7 нафар буда, онҳо ҳар рӯз бо як рӯҳбаландии хос ба кор меоянд ва кӯшиш мекунанд, то насли ҷавонро ба таъриху фарҳанги бою ғании халқи тоҷик аз наздик ошно кунанд.

Бояд гуфт, ки экспонатҳои ин осорхона дар ҳолати комил қарор доранд, аммо маълум шуд, он экспонатҳоеро, ки мо мебинем, танҳо нисфи ганҷҳои дар он ҷо маҳфузбуда мебошанд. Экспонатҳои зиёде дар таҳхона дар интизори онанд, ки кай барояшон шароиту имконият фароҳам меояд, то ба маърази тамошои дӯстдорони осорхона қарор гиранд. Вале оё вақт имконият медиҳад, то онҳо шаклу сохтори таърихии худро гум накунанд?!

«Баъзан вақт ҳамсояҳо оби моро қатъ мекунанд»

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як чиз ду паҳлӯ дорад. Дар баробари ин пешрафтҳо, кормандони ин осорхона низ ба як қатор мушкилӣ рӯ ба рӯянд. Вақте онҳо дар бораи чӣ гуна бо дастонашон аз нобудшавӣ наҷот додани ин экспонатҳо сухан мегӯянд, ашк дар чашмонашон ҳалқа мезанад.

«Гап дар он аст, ки ҳамсоягони мо парвои онро надоранд, ки онҳо дар паҳлӯи осорхона зиндагӣ мекунанд. Баъзан вақт онҳо маҳкам кардани ҷумаки обро фаромӯш мекунанд ва дар натиҷа тамоми об бевосита ба экспонатҳои мо мерезад. Баъзан онҳо танбалӣ карда, партовҳоро аз тиреза бевосита ба болои бомамон мепартоянд. Ба наздикӣ, аз беэҳтиётии ҳамсояи дигар, қубури фозилоб (канализатсия) кафид, ки он дар ҳавлии назди дари мо ҷойгир аст. Шумо тасаввур карда наметавонед, ки ин ҷо чӣ ҳодиса рух медиҳад. Масъулин ин ҷойҳоро тоза мекунанд, партовҳоро меғундоранд, аммо пас аз як моҳ ин ҳама боз такрор мешавад. Мо бояд осорхонаро давра ба давра бандем, то ҳама чизро ба тартиб дарорем.

Мо ҳатто бо ҳодисаҳои даҳшатноктаре низ рӯ ба рӯ шудем. Таҳхонаи осорхонаи мо на танҳо бӯйи бад мекунад, балки дар дохили он баъзан вақт бо мушкилоти дигар рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Дар таҳхонаи мо лифт мавҷуд аст, ки ба наздикӣ он ба мушкили ҷиддӣ дучор шуд.

Як вақт лифт канда шуд, ки худро гум карда, чӣ кор карданамро намедонистам. Оби гарм то ба зону мерасид ва мо ҳама кӯшиш мекардем, ки экспонатҳоро наҷот диҳем», - мегӯяд Тутинисо Ашӯрмамадова.

Маълум гардид, ки дар натиҷаи норасоии шамол ва кӯҳна будани шамолдиҳакҳо баъзан қисме аз ин ёдгориҳои боарзиши таърихӣ вайрон шуда истодаанд. Худи коргарони осорхона бо изтироб мегӯянд, ки ин метавонад боиси нобудшавии ашёи қадимӣ шавад

Арзиши шамолдиҳакӣ хуб гарон аст, аз ин рӯ буҷаи осорхона имконият намедиҳад ин мушкилотро мо мустақилона бартараф намоем. Осорхона ба дастгирии молиявии иловагӣ ниёз дорад. Бисёр дарднок аст, ки бо сабаби мушкилиҳои фавқуззикр ёдгориҳои таърихии халқи тоҷикро аз даст медиҳем. Экспонатҳои гаронарзиши халқи мо аз бепарвоии ҳамсояҳои номуносиби мо зери об мемонанд ва аз байн мераванд, кормандон бошанд кӯшиш мекунанд, то онҳоро нигоҳ доранд.

Ин мушкиле, ки имрӯз мероси гаронарзиши халқи мо ба он дучор омадааст, нишондиҳандаи хунукназарӣ ба гузаштаи мо, арзишҳои таърихӣ ва он чизест, ки пас аз мо барои наслҳои оянда боқӣ хоҳад монд. Умедворам, ки дар байни зиёиёни тоҷик сарпарастони ғамхори таъриху фарҳанге пайдо мешаванд, ки наметавонанд ба ин «нобудшавиҳо»-и ёдгориҳои гузаштагон иҷозат диҳад.



Вазнин, сангин ва бидуни танаффус: Продюсерӣ чӣ гуна касб аст?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед