Ru  | Tj
Вазнин, сангин ва бидуни танаффус: Продюсерӣ чӣ гуна касб аст?
Вазнин, сангин ва бидуни танаффус: Продюсерӣ чӣ гуна касб аст?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Вазнин, сангин ва бидуни танаффус: Продюсерӣ чӣ гуна касб аст?

Нашр шуд

Мо имрӯз дар бораи касбе сӯҳбат хоҳем кард, ки ба қавле касби оддӣ, осону сода ва раддаи ҳаштуму даҳум набуда, балки яке аз касбҳои ситорасози дараҷаи аввал мебошад. Бо мусоидати намояндагони касби мазкур мо барномаҳои консертии ҳунармандони дӯстдоштаамонро мебинем, сурудҳои нав ба нави санъаткоронро мешунавем ва шоҳиди амалишавии лоиҳаҳои гуногун гардида, ҳамчунин аз чеҳраҳои нави санъат ошноӣ пайдо мекунем.


Инак мо бо яке аз продюсерони машҳур ва муваффақи кишвар - Беҳрӯз Зеваров дар бораи касби продюсерӣ сӯҳбат намудем. Мусоҳибаи мо асосан паҳлӯҳои зеринро дарбар гирифт: характеристикаи касб, муносибу мувофиқи кадом намуди одамон, омилҳои мусоидаткунанда барои соҳибкасб шудан, таъмини зиндагии шоиста бо касби интихобкарда, ҷиҳатхои мусбат ва манфии продюсерӣ, умри касби мазкур ва маслиҳати мутахассис ба довталабон.

Беҳрӯз Зеваров продюсер, овозхон, соҳибкор ва муҳаққиқи шоу-бизнеси тоҷик. Бунёдгузори лейбли мусиқии “Tamoshow”.


- Касби продюсериро ба довталабони ин касб фаҳмонед, ки чӣ гуна касб аст?

- Продюсерӣ мисли касбҳои дигар хеле касби ҷиддиву мушкил аст ва баробари дастовардҳову муваффақиятҳои ҳунарӣ бохтҳои бузурги молиявӣ низ дорад. Фикр мекунам барои продюсери муваффақ шудан бояд аз чанд соҳа бархӯрдор буд. Масалан, соҳаҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ, маркетинг ва пешравиҳои технологияро донистану ҳамқадами замон будан аз фоида холӣ нест.

- Чарои барои ҳунарманд доштани продюсер муҳим аст?

- Бояд гуфт, ки барои ҳар як ҳунарманд доштани продюсер хеле муҳимму зарурӣ мебошад. Чунки продюсер муаррифгари ҳунару санъати ҳар соҳибистеъдод ба шумор рафта, маҳз ӯ метавонад доираи алоқамандони дилхоҳ ҳунармандро зиёд гардонаду соҳибистеъдодеро ба саҳнаҳои калони бурунмарзӣ роҳнамоӣ кунад.

- Касби продюсерӣ дар кишвари мо яке аз касбҳои нав ба ҳисоб меравад, лутфан бигӯед, ки қадру қиммат ва эътирофи онро Шумо чӣ гуна мебинед?

- Бояд қайд намоям, ки дар кишвари мо имрӯзҳо ҳам сафи продюсерон афзӯда истодаасту ва ҳам сафи ҳунармандоне, ки паҳлӯҳои мусбати ҳамкорӣ бо продюсеронро дарк кардаанд. Ин худ шаҳодат аз он аст, ки касби продюсерӣ дар кишвари мо эътироф шудаву яке аз касбҳои рағбатовар гаштааст. Яъне рӯз то рӯз эҳсос карда истодаем, ки аҳамияти касби продюсериро ҷомеаи мо дарк карда ва қабул дорад.

- Назари мардум ба ин касб чӣ гуна аст?

- Новобаста аз он, ки продюсерӣ рӯз аз рӯз инкишоф меёбад, то ҳол қисме аз мардум доир ба ин касб қариб, ки тассавуроте надоранд. Баъзан, барои каме равшани андохтан ба фаъолияти худ оддӣ карда мегӯем, ки касби мо кӯмакрасонӣ ба хунармандон мебошад.


- Паҳлӯҳои мусбат ва манфии ин касб кадомҳоянд?

- Ҳарду ҷиҳат ҳам вобастгаӣ аз маблағ доранд. Маблағи зиёд боиси сохтани барномаҳои ҷаззобу диданӣ мегардад, аммо диққати ҳасудонро ҷалб менамояд, ки он метавонад зиён расонад. Маблағи ночиз, гарчанде имкониятҳоро махдуд кунад ҳам, вале аз ҷониби дигар метавонӣ, ки оромона як барномаи хурди хоксоронаву дилнишинеро ба сомон расонӣ.

- Қонунҳои нонавишта ва ё умуман продюсерӣ ягон этикаи касбӣ дорад?

- Албатта, фикр мекунам дар ҳоли ҳозир касбе нест, ки этика надошта бошад ва меъёрҳои муайяне дар доираи фаъолияти ин ё он соҳибкасб дида нашаванд. Продюсер пеш аз ҳама бояд монеае бошад ба ҳар гуна дахолат ба ҳаёти шахсии нафароне, ки бо онҳо ҳамкорӣ дорад. Баъдан, бо дигар продюсерон робитаҳои эҷодиву тиҷоратӣ бояд дошта бошад на рақобат. Ҳунару моликияти зеҳнии худ ва дигаронро қадр карда тавонад. Ва агар муносибати эҳтиромонаро бо ҳамтоён дар мадди аввал қарор дода бошад, ҳар як соҳибкасб соҳибмактаб мегардад.


- Ҳама касбҳо талабот доранд, продюсерӣ чӣ талабот дорад?

- Талаботи асосии касби продюсерӣ имрӯз ин хуб хис кардани рушди соҳаи фарҳанги миллӣ, Шарқӣ, Ғарбӣ ва умуман ҷаҳонӣ мебошад. Инчунин, хуб аст агар продюсер каме аз илми футурулогия бохабар бошад, то ки тавонад бидонад, ки фардо завқу шавқи бинандаву шунаванда чӣ гуна мешавад ва бо кадом маҳсули эҷод онро ба даст овардан мумкин аст.

- Умри ин касбро то чанд соли дигар боқӣ медонед?

- То он даме ки фарҳангу эҷодиёт, ҳунармандону алоқамандонашон ҳастанд, ба хизмати продюсерон эҳтиёҷ боқӣ мемонад. Продюсерӣ касбе нест, ки кори намояндаашро робот ё ягон барнома иҷро карда тавонад, зеро продюсер бо фарҳанг, санъат, ҳунарманд, мардум ва ҳаводорони ҳунар робита мегирад.


- Кадом продюсерони хориҷиро мешиносед?

- Хеле зиёданд, вале аз ном гирифтанашон худдорӣ мекунам, чун баъзеҳо метавонанд инро ҳамчун худнамоӣ қабул кунанд.

- Дар Тоҷикистон ҳоло мо продюсерони боқувват ва сермаҳсул дорем?

- Бале, мехоҳам ин ҷо номи Толиб Норов ва Марҳабо Азизова, ду тан продюсерони машҳур ва овозадор дар солҳои 90-уми асри гузаштаро ёд кунам, ки аз эшон бисёр нозукиҳои касбро омӯхтаам. Бояд гуфт, ки нафарони болозикр тӯли фаъолияти касбии худ садҳо чорабиниҳои хурду бузургро бо иштироки ситораҳои машҳури ҷумҳурӣ ва дигар давлатҳо таҳия намудаанд. Айни ҳол бошад, дар рӯихаи фаъолтарин продюсерони точик Парвизбек Муродов, Мансур Негматов, Фаррух Ёрматов, Диловари Мизроб ва каминаро ном бурдан мумкин аст.

- Кори якрӯзаи продюсерӣ чӣ хел мегузарад?

- Бисёр вазнин, сангин ва бидуни танаффӯс, аз субҳи содиқ то нимашаб дар гуфтушунидҳо, муоширати телефонӣ, дар саҳифаҳои иҷтимоӣ, дар сабти барномаҳои телевизионӣ ё интернетӣ, вохӯриҳо бо ҳунармандон, таҳлили ҳамарӯзаи видеомайдонҳо ва фазоҳои садоии ҷаҳони муосир ва ғайраву ҳоказо. Ҳатто мешавад рӯзҳое, ки барои хӯрокхӯрӣ фурсат пайдо намекунем.


- Аз аҳли шоу-бизнеси тоҷик продюсери кадом шахсиятҳо будед?

- Бо аксарияти ҳунармандони шинохтаи кишвар кор бурдааму то ҳол дар баъзе лоиҳаҳои ягона хамкорӣ дорем. Аммо фаъолияти ман танҳо бо продюсерии ҳунармандон маҳдуд нест, балки доираи он хеле васеъ аст ва ҳар рӯз заррае ҳам бошад чизи нави соҳавӣ пайдо мешавад.

- Дар як моҳ аз ҳисоби ин касб то чанд сомонӣ даромад дошта метавонед?

- На ба таври каме, ки аз ин соҳа даст бикашам ва на ба таври кофӣ, ки тавонам фаъолиятамро фарохтар созам. Нақшаҳои зиёде дорам, нерӯ дорам, кӯшиш дорам, ҳавасу майлу рағбат дорам ва боварии комил дорам, ки фурсати даромади зиёде бадастовардан аз касби дӯстдошта ҳоло дар пеш аст.

- Дуруст аст, ки касби продюсерӣ танҳо хоси ҷинси мард аст?

- Фикр мекунам не, зеро бисёр продюсеронеро аз чинси зан мешиносем, ки дар кордониву таҷрибаву муваффақиятҳояшон ҳаваси садҳо мард меояд. Ман метавонам аз занҳо дар доираи ҷаҳонӣ мисол орам, Яна Рудковская, Алла Пугачёва ва продюсери худамон Марҳабо Азизова, ки тавонистанд дар соҳаи фаъолияташон хеле лоиҳаҳоро муваффақона ба анҷом расонанд.

- Барои продюсер шудан ба инсон чӣ муҳим аст ё умуман чӣ талабот доред?

- Пеш аз ҳама, ҳунарманд бояд донад, ки агар шартнома баст, вазифадор аст, ки аз рӯи ҳамон кор барад ва масъулият ва ҷавобгарии худро ҳис намояд. Дуруст дарк намояд, ки бо ӯ ҳамчун бо ҳунарманди касби ҳамкорӣ мекунанд ва фарқияти ҳунари касбиро аз ҳаваскорӣ бояд аз худ намояд.

- Душвориҳои кори продюсерӣ кадомҳоянд ё умуман кай Шумо аз кори худ хаста мешавед?

- Аз душвориҳо ҳарос надорам, аммо аз монеаҳои сунъии баъзе мансабдорон ё мухлисони дағалрафтори “тағодор” озурда мешавам. Аз ин гуна воқеаҳо, ки хеле зиёд ба амал меоянд, ҳам сабақ мебардорам ва ҳам ҳикматеро пайдо мекунам.

- Кор дар ин ихтисос аз кадом ҷиҳат ба Шумо чӣ писанд аст?

- Санъати аслӣ ва Худододӣ, ки маро дар ҳайрат мегузорад.


- Дар ин ихтисосу кор ба Шумо чӣ писанд нест?

- Ношукрии нафароне, ки санъату санъаткорро қадр намекунанд ва санъаткороне, ки худро дар санъат дӯст медоранд, на санъатро дар худ.

– Ташаккур барои сӯҳбат.

– Саломат бошед.

Шарҳи ҳол

Беҳрӯз Зеваров 20 –уми майи соли 1989 дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст. Дар оилааш, Беҳрӯз ҳамеша аз назари истиқлол ва шуғл фарқ дошт. Ӯ ба унвони хонандаи аълохон якбора аз синфи сеюм ба синфи панҷум “парид” ва литсейи президентиро дар 9 сол хатм карда, дар 15 солагӣ донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шуд, ки онро бо дарёфти тахассуси «муҳандис-барномасоз» бо муваффақият ба поён расонд. Ӯ аз даврони бачагӣ барои рӯзномаҳо кроссворд месохт ва ҳаққи қалам мегирифт.

Беҳрӯз Зеваров дар 14-солагӣ сардабири ҳафтаномаи тафреҳии “Дилкушо” буд. Дар 18-солагӣ, ки донишҷӯи соли чоруми донишгоҳ буд, раҳбарии ширкати байналмилалии «Евразийская Медиа Компания»-ро ба зимма дошт.

Дар соли 2011 ширкати «Топ Медиа» - ро ташкил намуд.

Ӯ ҳамчунин ширкати нашри мусиқии «Tamoshow»-ро бунёд кард, ки зери назари он ҳунармандон на танҳо аз Тоҷикистон, балки ба таври кулли аз Осиёи Миёна кор мекунанд. Ба ибтикори ӯ, сар аз соли 2014, ҳарсола ҷоизаи мусиқии «Tamoshow Music Awards» дар пойтахти Тоҷикистон баргузор ва ба дурахшонтарину боистеъдодтарин ҳунармандони кишвар ҷоизаи мазкур супорида мешавад.


Беҳрӯз Зеваров дар соли 2016 нахустин таронаашро ба забони русӣ бо номи «Аиша» ба бозор баровард. Ба қавли худи Беҳрӯз овозхонӣ дар хурдӣ яке аз орзуҳояш буд, аммо баъдан ин орзуро дар амал пиёда сохт.

Дар соли 2013 Комиссияи Федератсияи сулҳи саросарии Созмони Милал Беҳрӯз Зеваровро ба унвони «Сафири сулҳ» пазируфт.

Беҳрӯз Зеваров барандаи ҷоизаи озмуни “ТОП 50”-и радиои “Ватан” ва яке «50 фарди хушсалиқа дар Душанбе” дар соли 2011 интихоб шудааст. Ӯ ҳамчунин дорандаи ҷоизаи “Суруди сол” — дар бахши “Продюсери беҳтарин” (2011), унвони “Падидаи сол”» аз Медиа Алянси Тоҷикистон (2012) ва ҷоизаи “Asia Star Awards” барои саҳми хос дар фарҳанги Осиёи Марказӣ (2016) мебошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед