«Доштани бобокалон – масъулияти бузург». Қадамҳои нахустини Фаррух Турсунзода дар ҷодаи эҷод
Нашр шуд
Ба ҳамагон маълум аст, ки соли гузашта дар саросари кишвар 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Лауреати мукофотҳои ленинӣ ва сталинӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон - Мирзо Турсунзода ҷашн гирифта шуд.
Бояд гуфт, ашъори Мирзо Турсунзода беназир буда ва дар адабиёти муосири тоҷик мақоми баландро соҳиб аст. Имрӯз дар Тоҷикистон ба хотири гиромидошти хотири ӯ маҳфилҳои гуногуне баргузор карда мешавад. Ҳамчунин, ба поси хотири ин шоири фарзона дар кишвар ба номи ӯ кӯча, донишкада ва ҳатто ноҳияву шаҳреро гузоштаанд.
Порчаҳои ашъори ин шоири ширинкаломро хурду бузрги насли имрӯз азёд медонанд. Кам касоне ҳастанд, ки аз ашъори ин шоири бузург порчаи шеъриеро азёд надонанд, махсусан порчаҳои зер ҳатто дар берун аз Тоҷикистон низ вирди забонҳои хурду бузург қарор дорад:
“Дидам ҷамоле, абрӯ ҳилоле,
Бар зери чашмаш бинҳода холе”...
Насли ҷавон асарҳои машҳури ӯ: «Офтоби мамлакат», «Хазон ва баҳор», «Суруди ҷавонӣ», «Мамлакати тиллоӣ» ва шеърҳо аз мунтахаби «Қиссаи Ҳиндустон»-ро ба хубӣ дар хотир доранд.
Имрӯз халқи тоҷик на танҳо аз ашъори боқимондаи Мирзо Турсунзода ифтихор доранд, инчунин бастагони боистеъдоди ӯ низ бавуҷудоварандаи навъе аз ифтихорот гардидаанд. Набераҳо ва абераҳои ин марди бузург дар роҳи пурифтихори падарбузурги худ қадам гузоштаанд. Фаррух Турсунзода яке аз чунин абераҳои боистеъдоди шоири ширинкалом - Мирзо Турсунзода мебошад.
Ҳоло Фаррух 17 сол дорад. Дар лаҳзаҳои холигӣ ӯ ба тамрини мусиқӣ машғул мешавад. Ӯ мекӯшад, аз истеъдоди волояш, ки аз бобокалон барояш мерос мондааст, илҳоми зиёд гирад.
Ӯ дар мактаби миёнаи одӣ таҳсил дорад. Имрӯзҳо ӯ бо истеъдодаш дили ҳамсолонашро тасхир кардааст. Ҳар асбоби мусиқие, ки ба даст гирад, зуд тарзи навохтани онро азхуд мекунад.
Дӯстонаш бо шӯхӣ ба ӯ мегӯянд: «Агар Леонардо Да Винчӣ тавонад дар 20 дақиқа тарзи навохтани дилхоҳ асбоби мусиқиро азхуд кунад, пас Фаррух ин корро дар 18 дақиқа анҷом медиҳад».
«Дар 7-солагӣ волидонам маро ба мактаби мусиқии ба номи Ленин доданд, то тарзи навохтани скрипкаро омӯзам. Ман дар он ҷо як сол таҳсил кардам. Бибиям ба он ки дар бахши скрипканавозӣ таҳсил мекардам, зид буданд ва маҷбур шудам, таҳсилро дар ин мактаби мусиқӣ идома надиҳам. Каме баъдтар, вақте ки 9 сола шудам, оилаамон ба шаҳри Хуҷанд кӯчид. Пас аз чанд вақт фаҳмидам, ки муллими мусиқиам Шодмон Алифович аз дунё гузаштаанд. Шунидани ин хабари ғамангез бароям сангин буд ва маҳз ҳамин воқеа сабаб шуд, ки дубора ба мусиқӣ рӯ биорам. Зеро танҳо ҳамин муаллим истеъдоди маро кашф карда буданд, ки дигарон онро мушоҳида накарданд», мегӯяд Фаррух.
Фаррух бо вуҷуди он, ки ба мусиқӣ рӯ овардааст, аммо аз он сабаб, ки дар мактаби мусиқӣ навиштан зиёд аст, рафтан ба мактабҳои мусиқиро дӯст намедорад.
«Медонед, баъзан худ низ ҳайрон мешавам, ки чӣ гуна баробари асбоби мусиқиро ба даст гирифтан, оҳанги наве эҷод мекунам. Ин эҳсосотро бо сухан баён кардан душвор аст. Муддати тӯлонӣ интернет надоштам ва ягон асбоби мусиқии дуруст низ набуд, аммо бо вуҷуди ин ҳамеша худ мустақилона тамрин мекардам, дастонам ҳар дафъа як чизи навро меофариданд», мегӯяд ин ҷавони соҳибистеъдод.
Фаррух Турсунзода муътақид аст, ки дар тарбияи ӯ нақши асосиро хотираи бузурги бобокалонаш ва осори боқимондаи ӯ, ки имрӯз ифтихороти мардуми тоҷик аст, бозидааст.
«Ман аз волидонам бисёр миннатдорам, ки маро дар як рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба арзиши волои оилавӣ тарбия карданд. Онҳо ҳамеша ба ман ёдрас мекарданд, ки бобокалонам чӣ касе буданду ва чӣ гуна унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро соҳиб гаштанд. Агар нақле дар бораи бобокалонам сурат гирад, беихтиёр бо тамоми эҳсосот ба он гӯш медиҳам, зеро бобокалонам як шахси иделӣ ва ватандӯст буданд. Эшон ҳамеша барои ҳуқуқу озодии мардуми тоҷик мубориза бурдаанд», мегӯяд Фаррух.
Имрӯз ин навозандаи ҷавон ният дорад ба Олмон биравад ва таҳсилашро дар он ҷо идома диҳад, то як оҳангсози ҳирфаӣ гардад. Мо боварӣ дорем, ки Фаррух низ дар оянда чун бобокалонаш номбардори Ватану миллат хоҳад шуд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед