Ru  | Tj
Путин: Кӯдаки саркаш, содиқи КГБ, шефтаи Пётри Кабир...
Путин: Кӯдаки саркаш, содиқи КГБ, шефтаи Пётри Кабир...
Аксҳо: Аз Интернет

Путин: Кӯдаки саркаш, содиқи КГБ, шефтаи Пётри Кабир...

Нашр шуд

Яке аз чеҳраҳои шинохташуда ва таъсиргузори имрӯзи ҷаҳон Владимир Путин аст. Дӯстону мухолифон ва ҳама сиёсатшиносон эътироф мекунанд, ки Путин шахсияти таъсиргузор ва барандаи бозиҳои муҳимми гиополитикӣ дар саҳнаи сиёсии ҷаҳонӣ мебошад. Бархе ӯро сиёсатмадори қотеъ, гурӯҳе раҳбари шикастнопазир ва ҷамъе дигар фарди истисноӣ дар таърихи Русия мегӯянд. Воқеан, ӯ марди истисноӣ аст? Ба ин суол бояд посух ҷӯем.

Давраи кӯдакии Путин

Владимир Путин дар хонаводае ба дунё омад, ки коргарони оддии як корхона буданд. Падараш дар Ҷанги ҷаҳонии дувум маҷрӯҳ шуд ва модараш дар озмоишгоҳе вазифаи фарроширо иҷро мекард. Хонаи онҳо хеле фақирона буд. Дар як “общежит” зиндагӣ мекарданд. Худи Путин дар сӯҳбате дар бораи ошхонаи ин хона мегӯяд: “Як роҳрави танги торики бидуни тереза” буд. Зистан дар ин хонаи фақирона барои Путин сахт буд ва ӯ аксаран вақташро бо бозӣ дар кӯча сипарӣ мекард. Дар кӯдакӣ яке аз бачаҳои саркаши маҳалла будааст ва аз ҳамон хӯрдӣ дар байни ҳамсолонаш ба унвони “лидер” шахсияти худро собит намудааст.

Путини мактаббача

Дар давраи мактабхонӣ Путин яке аз мактаббачаҳои саркаш ба шумор мерафт, ки аксаран дарсхониро нодида мегирифт ва шавқи беандоза ба варзиш дошту гоҳу бегоҳ бо ҳамсолонаш моҷароҷӯӣ низ мекард. Расонаҳо менависанд, ки дар ин ҳангом Путин либосҳои хуб намепӯшид ва моҷароҷӯиро барои худ модели ифтихор медонист. Ҳатто боре бо муаллими варзиш даъво ҳам кардааст. Навиштаанд, ки баҳоҳои Путин дар замони мактабхониаш миёна буда, вале дарсҳои таърих ва забони олмониро ӯ ҳамеша бо баҳои аъло мехондааст. Муаллимон медонанд, ки байни рафтору кирдор ва иқтидори як мактаббача тафовутҳои зиёде вуҷуд дорад. Дар зоҳири Путини саркаш як мактаббачаи боҳушу зирак ва мумтоз ҳувайдо буд. Аз ҳама аҷиб, давраи донишҷӯии Путин бо давраи мактабияш яксаду ҳаштод дараҷа тафовут доштааст.


Маъмури  КГБ  Ҷемз Бонди Рус

Навҷавонони зиёде ҳангоми наврасӣ ба интихоби касбе мераванд, то ояндаи худро бо интихоби он равшан кунанд. Ин орзу дар замони наврасӣ дар зеҳн пайдо мешавад, вале на ҳама ба орзуи худ мерасанд. Путин аз замони кӯдакӣ бо хондани китобҳо дар бораи ҷосусони коркушта ангеза пайдо кард, ки дар оянда ба КГБ (Кумитаи бехатарии давлатӣ) шомил шавад. Ӯ дар охири мактабхониаш ба таври қотеъ тасмим гирифт, ки ба КГБ бипайвандад. Вай эътироф мекунад, ки шавқи ӯ барои пайвастан ба КГБ аз “достонҳои ошиқона дар мавриди ҷосусон” маншаъ мегирифт. Орзуи пайвастан ба КГБ ӯро ба маркази ин ниҳод дар Ленинград мекашонад. Ва ӯ давраи хидмати ҳарбиро иҷро мекунад. Мақомоти КГБ-и Шӯравӣ ба ӯ мегӯянд, ки ба факултаи ҳуқуқ қабул шавад ва ӯ соли 1975 таҳсилоташро дар риштаи ҳуқуқ ба поён мерасонад.

Дар он ҳангом КГБ зарфият ва муваффақиятҳои ӯро ба назар гирифта, ба ӯ вазифа медиҳад, ки бо хушҳолӣ масъулиятро қабул мекунад. Инчунин, ӯ ба маркази омӯзишии КГБ шомил шуда, онро бомуваффақият хатм мекунад. Маҳорати ӯ дар донистани забони олмониро ба назар гирифта, КГБ барои кор ӯро ба Олмон мефиристад. Давраи кори ӯ дар Олмон рӯшан нест. Худи ӯ дар соли 2017 ифшо кард, ки дар замони анҷоми амалиёти ҷосусӣ дар Олмон бо гурӯҳҳои ғайриқонунӣ барои ҷамъоварии иттилоот ҳамкорӣ намудааст. Аксари ҷосусҳо дар либоси дипломат дар дигар кишварҳо кор мекунанд, вале Путин ба сифати махфиёна бидуни доштани ҳуқуқи дипломатӣ кор мекард. Ба ин далел, ӯро гоҳе ба Деймз Бонд, ҷосуси коркуштаи Англия муқоиса мекунанд. 

Суқути Шӯравӣ боварҳои Путинро шикаст

Вақте Владимир Путин дар Олмон фаъолият мекард, Олмони Шарқӣ, ки таҳти ҳимояти Шӯравии собиқ буд, нисбат ба дигар манотиқе, ки зери назари ҳокимияти Шӯравӣ қарор дошт, фарқкунанда ба назар мерасид. Дар Олмони Шарқӣ бар хилофи Шӯравӣ озодии сиёсӣ, озодии баён вуҷуд дошт. Ҳатто маҳдудияти масрафи машруботи сиёсӣ, ки дар аксари Ҷамоҳири Шӯравӣ вуҷуд дошт, дар Олмон набуд. Борис Райтшустер, журналисти олмонӣ менависад: “Путин аз ҳузур дар ин биҳишти кӯчак лаззат мебурд. Зиндагии ин ҷосуси боҳуш пурзавқу барқ набуд, аммо ӯ метавонист, ба шакли махфиёна хеле корҳо кунад”.

Дар он замон вазъияти сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ рӯ ба бӯҳронӣ шудан овард ва пояҳои давлати Шӯравӣ ба ларза даромад. Ин вазъияти бӯҳронӣ ба Олмон низ таъсир кард ва ниҳоятан девори Берлин фурӯ рехт. Баъди фурӯ рехтани девори Берлин бедории сиёсии Путин оғоз ёфт. Вақте фишор болои шаҳрвандони рус дар Олмон бештар шуд, Путин аз ҳукумат дархости кӯмак кард. Посухи мақомот ӯро ҳайратзада кард ва онҳо чунин гуфтанд: - “Мо бидуни иҷозати Маскав коре анҷом дода наметавонем ва дар ҳоли ҳозир Маскав сукут кардааст”. Ин ҷавоб Путинро такон дод, зеро фикр мекард, ба ҷойи ин ки тамоми қувваҳо аз фурӯпошии Шӯравӣ ҷилавгирӣ кунанд, аммо онҳо оромона ин равандро назорагар буданд. Ӯ дарёфт, ки ояндаи касби ӯ дар хатар буда, вафодории ӯ ба раҳбарони Шӯравӣ ғалат аст ва бояд ба кишвар, яъне Шӯравӣ такя мекард. Дар ҳамин замон, дар зеҳни ӯ вафодорӣ ба Русия шакл гирифт.

Президенти ҳазораи нав 

Пас аз суқути Шӯравӣ Русия истиқлолашро эълон кард. Вазъияти пешомада, ки зери мудирияти Елтсин, нахустин президенти Русия буд, мардумро ба оянда ноумед карда буд. Садоҳои таҷзияталабӣ дар қисмати Қафқози Русия баланд мешуд. Иқтисоди Русия аз ҳолати рукуд ба варшикастӣ майл кард. Ҳокимияти марказӣ қутрати таъсирзорӣ надошт. Ҳамин замон, Путин аз вазифаи Сарвазирӣ якбора пас аз истеъфои Борис Елтсин Иҷрокунандаи вазифаи президент таъйин шуд. Коршиносон Иҷрокунандаи вазифаи президент таъйин шудани ӯро ҷиддӣ намегирифтанд ва бовар доштанд, ки ҳукумати ӯ то дер давом намекунад. Бар хилофи ин пиндори коршиносон Путин барномаи қотеи худро, ки ҳадафаш ягонагии Русия буд, эълон кард ва муборизаро бо гурӯҳҳои ҷудоиталаби қафқозӣ пурзӯр намуд. Дар ин ҷанг артиши Русия пирӯз шуд, ки ин нахустин муваффақияти Путин дар бобати мудирияти бӯҳрони дохилӣ ба ҳисоб мерафт.

Акси Пётри Кабир ва Путин

Хабарнигороне, ки бо Путин ҳамсӯҳбат шудаанд, мегӯянд, Путин шефтаи Пётри Кабир аст. Таҳлилгарони сиёсӣ бошанд, амалкардҳои ӯро бо Пётри Кабир қиёс мекунанд ва маълум аст, ки Путин мехоҳад, Русия мисли Пётри Кабир як раҳбари қудратманд дошта бошад. Сардабири собиқи “Форн полиси” менависад: “Замоне, ки Путин дасти рости шаҳрдори Санкт - Петербург буд, аксе аз Пётри Кабирро бар девори утоқи кориаш насб карда буд”. Хабарнигори дигар, Лайонел Барбер аз Путин дар мавриди кадом раҳбари ҷаҳон барояш писанд аст, суол мекунад, Путин посух медиҳад: “Пиётри Кабир!” Барбер ба Путин мегӯяд: “Ӯ мурдааст”. Путин посух медиҳад: “То замоне ки ҳадафаш зиндааст, ӯ низ зиндааст”.

Путин шефтаи гӯштини ҷудо

Владимир Путин ба варзиш алоқаи махсус дорад. Хокей ва ҷудо барои ӯ яке аз навъҳои дӯстоштаи варзиш мебошанд. Дар замони донишҷӯӣ ӯ дар риштаи варзиши ҷудо камарбанди тилло дорад. Ҳамчунон, дар ин самт устоди варзиш низ мебошад. Путин навъи варзиши ҷудоро мисли фалсафае мебинад, ки ба ӯ худидоракунӣ, тавоноӣ ва қудрат мебахшад.

Генри Киссинджер дар бораи Путин чӣ мегӯяд?

Ӯ мегӯяд, Путин шахсиятест, ки бо ҳисси амиқи дарунӣ ба таърихи Русия ишқ меварзад: “Ӯ фардест, ки як ҳисси амиқ ва дарунӣ бо таърихи Русия барқарор кардааст. Ӯ мошини ҳисоби сард буда ва берӯҳ барои манофеи миллии Русия, ҳамон тавр, ки ин манофеъро дарк мекунад, мубориза мебарад. Ва эҳтимолан ба дурустӣ боварманд аст, ки ин манофеи миллӣ вижагиҳои мушаххас дорад.”

Путин аз чӣ нигарон аст?

Нигаронии аслии Путин эҳтимоли заҳролудшавӣ аз тарафи сервисҳои амниятии кишварҳои душмани Русия аз ғизо мебошад. Бо ин далел, назорати асосии кормандони амнияти Путин дар мавриди ғизову маҳалли зиндагии ӯст. Дар сафарҳои хориҷии Путин як моҳ қабл аз сафар тими амниятии ӯ сафар намуда, мақсад ва шароити сафари ӯро назорат карда, амнияти ҳузурашро таъмин мекунанд. Дар сафарҳои хориҷӣ тамоми васоили сафари ӯ, аз ғизо то дигар воситаҳои шахсӣ аз Русия бурда мешавад. Путин ҳатто аз дасти наздиктарин дӯстонаш ғизо намехӯрад. 


Президенти шикастнопазир

Бисёре аз коршинсон мегӯянд, Путин дар давраи раҳбарӣ хуб амал кардааст. Далели онҳо ин аст, ки Путин Русияро аз варшикастагиву таҷзия наҷот дода, барои ҳамеша масъалаи ҷудоиталабони қафқозиро ҳал кардааст. Гашти сиёсии ӯ дар мавриди замима кардани Қрим ба хоки Русия яке аз корномаҳои барҷастаи ӯст, ки нишон медиҳад барои ҳифзи манфиати Русия қудрати мутлақ муҳимтарин аслиҳа аст. Ӯ беш аз 20 сол боз дар қудрат аст ва дар давраи раҳбарии ӯ ҷаҳон аз самти якқутбӣ ба сӯйи бисёрқутбӣ майл кард. Боре ӯ дар паёмаш  гуфта буд, Русия дар ҷаҳон бояд ҳарфи аввал ва охирро бизанад.

9 ҳақиқати ҷолиб дар бораи Путин:

1. Бобояш ошпази шахсии Ленину Сталин ва волидонаш коргарони як корхонаи оддӣ буданд.

2. Дар ҷавонӣ шефтаи шахсиятҳои иттилоотӣ ва амниятии Шӯравӣ буд.

3. Ӯ дар 31 солагӣ издивоҷ кардааст.

4. Вақте ӯ ҷойнишини Елтсин таъйин шуд, раҳбарони ғарбӣ ҳайратзада шуданд.

5. Путин дар даҳаи 70 дар навъҳои варзиши самбо ва ҷудо нишони устоди варзиш гирифтааст.

6. Вай зидди расмиятбахшии ҳамҷинсгароист.

7. Путин аз воситаҳои модерни техникӣ хеле кам истифода мекунад. Вай телефони дастӣ надорад. Интернетро бо тавсияи мушовиронаш танҳо лаҳзае мебинад, ки агар ягон филми мазҳакавӣ нишон диҳанд.

8. Путин боре гуфта, ки ҳамеша рубоиёти Хайёмро мутолеа мекунад.

9. Путин шефтаи романҳои Фёдор Достоевский аст. Ӯ ҳангоми суханрониҳояш борҳо аз ин нависандаи бузурги рус иқтибос овардааст. Ҳатто Генри Киссинджер, собиқ Вазири умури хориҷаи Амрико гуфта, шахсияти Путин шабеҳи қаҳрамонҳои шаккок ва ноороми романҳои Достоевский аст. 


15 ҳиқиқати ҷолиб дар бораи Марк Сукерберг

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед