Ru  | Tj
Ногуфтаҳои зиндагии шахсии Месси. Ӯ чӣ гуна фотеҳи қуллаҳои баланд шуд?
Ногуфтаҳои зиндагии шахсии Месси. Ӯ чӣ гуна фотеҳи қуллаҳои баланд шуд?
Аксҳо: Аз Интернет

Ногуфтаҳои зиндагии шахсии Месси. Ӯ чӣ гуна фотеҳи қуллаҳои баланд шуд?

Нашр шуд

Леонел Месси, ки дар расонаҳо ба унвони абарситораи футболи Аргентина ва рекордшикани тӯби тиллоӣ шинохта мешуд, дар соли 2021 низ “Тӯби тиллои”-ро ба даст овард ва шумораи тӯбҳои тилоияш ба 7 адад расид. Вай ҳангоми пазируфтани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” гуфт: “Намедонам, ин рекорд то чӣ замоне шикаста нахоҳад шуд, аммо шумо медонед, ҳамеша афроде пайдо мешаванд, то рекордшиканӣ кунанд. Ман ин рекордро сабт кардам, то шикаста шавад. Ба ҳар ҳол 7 – умин “Тӯби тиллоӣ” барои ман ҳайяҷонангез буд”.

Воқеан, Леонел Месси солҳо боз ба унвони футболисти дараҷаи аввал дар сатҳи ҷаҳон шинохта мешавад ва рекордҳои ӯ барои ба даст овардани тӯби тиллоӣ беназир аст. То ҳол ҳеҷ футболбоз натавониста, ки рекорди ӯ дар бобати гирифтани тӯби тиллоиро шиканад.

Леонел Мессиро абарситораи футболи Аргентина ва гоҳо ҷодугари футбол ном мебаранд. Леонел Месси кист ва чӣ гуна ин зинаҳои муваффақиятро тай кардааст? Ба ин ва дигар суолҳо дар зер посух хоҳем ёфт.

Месси барои футбол зода шуд

Леонел Андрес  Месси Кучиттини 24-уми январи соли 1987 дар шаҳри Росариои Аргентина таваллуд шуд. Замоне, ки Леонел Месси 11-сола шуд, табибон ташхис доданд, ки вай бо норасоии гармонияи ташаккулёбӣ дучор аст. Командаи футболи “Ривер Плейт” дар ин вақт хоҳиши ба дастаи худ гирифтани Мессиро дошт, вале маблағи кофӣ барои табобати ӯро надошт. Раҳбари дастаи Барселона вақте аз истеъдоди беназири Месси огоҳ шуд, ӯро ба дастаи Барселона бо шарти муҳоҷират ба Испания қабул кард. Мессии кӯчак бо аъзои хонаводааш ба Испания кӯчиданд. Месси фаъолияти варзишиашро дар синни кӯдакӣ дар ин клуби варзишӣ оғоз мекунад. 

Вай дар ҳайати тими ҷавонони Барселона дурахшид. Месси дар ҳар бозӣ як гол ба самар мерасонид ва дар ҳар фасл 30 то 37 гол ба дарвозаи ҳариф мезад. Ӯ дар моҳи октябри соли 2004 аввалин бозии расмии худро дар тими Барселона дар муқобили тими “Эспанол” анҷом дод ва унвони сеюмин футболисти ҷавони таърихи Барселонаро ба даст овард. Дар синни 17 -солагӣ ӯ, ки дар муқобили тими “Албасете” бозӣ мекард, аввалин голи худро ба самар расонид. Вай тавонист бо ин гол худро ба унвони ҷавонтарин голзан дар лигаи чемпионҳо муаррифӣ кунад. Ӯ дар 20 солагӣ дар ҳайати тими миллии Аргентина бо бозии фавқулода тавонист ба мақоми қаҳрамони мусобиқаҳои  ҷоми ҷаҳонии ҷавонон расад. Ҳамчунин, ӯ бо задани 6 гол кафши тиллоии мусобиқа ва тӯби тилоии беҳтарин футболистро ба даст овард. Дар замоне, ки Леонел Месси хеле ҷавон буд, аксаран ӯро бо Диего Марадона муқоиса мекарданд.

Клуби варзишии Барселона дар ҳамон сол то соли 2010 бо Месси қарордоди ҷадид имзо кард. Дар ин қарордод нишон дода шуда буд, ки ҳар клуби футбол метавонад бо пардохти 150 миллион евро Мессиро ба тими футболи худ даъват кунад. Ин маблағ 30 миллион аз маблағи хариди Роналдино зиёд буд. Месси аввалин бозии худро  27 -уми сенбяри соли 2005 дар Ҷоми иттиҳоди Аврупо анҷом дод.  Вай дар он сол ҷоизаи рӯзномаи “Тото-спорт”  “Писари тиллоӣ”, ки ба беҳтарин футболисти 21 соли ахири Аврупо дода мешуд, ба даст овард.

Пас аз 17 сол: Месси бо чашми гирён бо Барселона худоҳофизӣ кард

Месси ва клуби Барселона ҳар ду қувваи ҳам буданд. Месси ва Барселонаро бидуни ҳамдигар тасаввур кардан ғайриимкон буд. Тамоми дастовардҳои Месси маҳз дар замони ҳузур дар клуби Барселона ба даст омада буд. Месси бо тавоноиҳои фавқулодааш борҳо Барселонаро ба лигаи қаҳрамонҳо баровард ва яке аз ҳамалагарони беҳтарини ин клуб ба ҳисоб мерафт. Вай пас аз 17 соли бозӣ дар ин клуби варзишии маъруфи дунё бо ҳамтимҳояш худоҳофизӣ кард. Вай ҳангоми худоҳофизӣ дар ҳузури мухлисони зиёдаш гуфт: “Аз ҳамон рӯзи нахусте, ки дар Барселона будам, ошиқи  ин тим шудам ва ниҳояти талоши худро ба кор гирифтам, то беҳтарин бошам. Ҳаргиз фикр намекардам, бо пероҳани Барселона худоҳофизӣ кунам, аммо шароит боис шуд, то ман биравам”. Ӯ, ки ҳангоми суханронӣ аз чашмонаш ашк мерехт, аз голи аввалинаш ёд карда, гуфт: “Беҳтарин хотираи ман задани голи нахустин бо пероҳани Барселона баъд аз рӯзҳои сахте буд, ки ба ин клуб пайвастам”. Бояд гуфт Месси бисёр мехост бо Барселона бимонад, вале қарордоди ӯ ба итмом расида буду клуби варзишӣ аз рӯйи қоидаҳо дигар наметавонист шартномаи ӯро дароз кунад. Худоҳофизии ӯ бо Барселона бо ашку андӯҳ ва ғазаби мухлисонаш аз Барселона поён ёфт. Хеле аз мухлисони Барселона ба хотири Месси аз мухлисии Барселона даст кашиданд.

Ногуфтаҳои зиндагии шахсии Месси

Месси бо духтаре аз шаҳри Росарио бо номи Мокорно Ламос робитаҳои ошиқона доштааст. Баъд бо моделе аз Аргентина бо номи Антониу Салазар ошно мешавад ва ин ошноӣ то дер давом намекунаду ҷудо мешаванд. Вай соли 2009 гуфт: “Ман як дӯстдухтар дорам, ки дар Аргентина зиндагӣ мекунад ва хушҳол ҳастам”. Вай бо Антонелла Рокуссо издовоҷ кард. Аввалин фарзанди ӯ соли 2012 ба дунё омад ва номашро Тяго монданд. Вай он замон дар сиҳифаи фейсбукаш навишт “Имрӯз ман хушбахтарин марди дунё ҳастам, писарам ба дунё омад ва Худоро барои ин ҳадя шукргузорам”. Месси номи писар ва нақши пояшро дар буҷулаки пояи чапи худ холкӯбӣ кардааст.

Месси оё сарвантманд аст?

Маҷаллаи “Франс-футбол”  соли 2010 сармояи ӯро 33 миллион евро, муодили 45 миллион доллар ҳисоб карда буд. Ӯ он замон сармоядортарин футболбозони ҷаҳон ба шумор мерафт. Соли 2014 маҷаллаи “Форбс” Мессиро бо 65 миллион маош дар давоми дузвоздаҳ моҳ дар рӯйхати пурдаромадтарин футболбозон як зина пойинтар аз Криштиан Роналду ҷой дода буд. Соли 2020 маҷаллаи “Форбс” навишт, ки даромади солонаи Леонел Месси 126 миллион доллар аст. 


Месси султони тӯби тиллоӣ?

Шумораи тӯбҳои тиллоии Леонел Месси 7 адад шуд. Ӯ имсол бо бозиҳои фавқулодааш ҷоизаи тӯби тиллоӣ барои беҳтарин футболист дар соли 2021 –ро соҳиб шуд. Ба ин ҳисоб, ӯ дар заминаи гирифтани тӯби тиллоӣ берақиб аст ва шикастани рекорди ӯ хеле мушкил ба назар мерасад.  Жоан Лапорта, раиси клуби “Барселона” дар вокуниш ба тӯби тиллоии Леонел Месси гуфт: “ На, ин ҳодиса барои мо рӯй надод, аммо бисёр хушҳолем, ки Месси фотеҳи тӯби тиллоӣ шуд ва бисёр хушҳолам, ки ӯ аз Барселона ном бурд”. Икер Касиляс, собиқ дарвозабони овозадори “Реал-мадрид” оид ба охирин тӯби тиллоии Месси чунин гуфт: “Барои ман бисёр сахт аст, ки ба ин ҷоизае, ки имсол эҳдо шуд, бовар дошта бошам. Барои ман Месси яке аз панҷ футболисти бартари таърихи футбол аст, аммо дар рӯйхат бояд ба касоне таваҷҷуҳ кунем, ки кадом яке дар пойини фасли бозӣ амали барҷастатаре нишон додаанд”.

Месси дар хет-рик аз Роналду мегузарад?

Месси дар футбол бо хет-рикҳои зиёде хуро ба унвони беҳтарин голзан муаррифӣ кардааст. Шумораи хет-рикҳои ӯ ба 54 мерасад. Месси ва Роналду – ин ду абарситораи футболи ҷаҳонӣ ҳамеша бо дастовардаҳояшон дар муқоиса бо ҳам қарор доштанд. Агар Месси дар доштани “Тӯби тиллоӣ” аз Роналду пешсаф бошад, Роналду бо доштани 57 хет-рик  болонатарин рекорд дар голзаниро дорад.

Розҳои нохонда аз Леонел Месси

Зодгоҳи Месси ва Че Гаваро, инқилобгари машҳур як ҷо аст.

Оилаи ӯ камбағал ва асолатан италиявиянд.

Дар 13 солагӣ маҳоратҳои Месси клуби Барселонаро ҳайратзада кард ва ин клуб тамоми хароҷоти дармони ӯро бар уҳда гирифт.

Месси ду шиноснома дорад: яке шиносномаи Аргентина, дигаре шиносномаи Испания.

Аз вай даъват шуд, ки дар тими миллии Испания бозӣ кунад, вале ӯ рад кард.

Месси шашумин футболисти ҷаҳон аст, ки тавонист дар навҷавонӣ дар бозиҳои ҷоми ҷаҳонӣ як гол ба самар расонад.

Месси бо доштани беш аз 180 миллион доллар дуюмин футболисти сарватманди ҷаҳон аст.

Месси дар соли 2013 ба як бемористони зодгоҳаш дар Аргентине 300 000 евро кӯмак кард.

Месси аввалин аргентиниягиест, ки ба унвони футболисти ҷаҳонии сол номида шудааст.

Аз назари аксари коршиносони футбол Месси беҳтарин футболисти насли худаш мебошад.


Публитсистика кӯҳна намешавад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед