Ru  | Tj
Ширкатҳои сайёҳии муаррифи Тоҷикистон. Онҳо чӣ гуна фаъолият мекунанд?
Ширкатҳои сайёҳии муаррифи Тоҷикистон. Онҳо чӣ гуна фаъолият мекунанд?
Акс: CC BY 2.0 / Ninara / Hissar Fortress, Dushanbe, Tajikistan

Ширкатҳои сайёҳии муаррифи Тоҷикистон. Онҳо чӣ гуна фаъолият мекунанд?

Нашр шуд

Табиати зебову нотакрор, кӯҳҳои сар ба афлок, чашмаву дарё ва кӯлҳои назаррабо, мавзеъҳои торихиву бостонӣ ва фарҳанги ғании Тоҷикистон бемуҳобот таваҷҷуҳи ҳар гардишгарро ба худ ҷалб месозад. Албатта барои муаррифӣ кардани чунин мавзеъҳои диданбоб ширкатҳои сайёҳӣ нақши муҳим доранд. Дар ҷумҳурӣ сол аз сол теъдоди чунин ширкатҳо афзуда, мувофиқи омори соли 2022, шумои онҳо ба 239 адад расидааст.

Муаллифи Halva.tj дар бораи якчанд ширкати сайёҳие маълумот дод, ки солҳои охир баҳри рушди соҳаи гардишгарӣ дар кишвар нақши муассир гузоштаанд.

"ОРИЕНТ АДВЕНТУР"


Ширкати сайёҳии "Ориент Адвентур" соли 2004 таъсис шуда, бештар дар самти гардишгарии воридотӣ машғул аст. Барномаҳои он тамоми минтақаи Тоҷикистонро фаро гирифта, хидматрасониҳои гуногунҷабҳаро баҳри сайёҳон пешкаш мекунад. Аз ҷумла қабули сайёҳон дар тамоми маҳалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ҷойи хоб дар меҳмонхона ва минтақаҳои кӯҳӣ, баргузории саёҳат, экотур, автотур, мототур, велотур, кӯҳгардӣ, лижаронӣ, ҳамчунин саёҳати фарҳангиву торихӣ дар ҳудуди кишварро роҳандозӣ кардааст. Ширкати сайёҳии "Ориент Адвентур" дар озмунҳои Кумитаи рушди сайёҳии Ҳукумати Тоҷикистон сазовори ҷойҳои намоён гашта, аз соли 2012 чанд маротиба аз рӯйи қабули бештари сайёҳон мақоми аввалро касб кардааст. Ширкати мазкур дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Вебгоҳи он дар фазои маҷозӣ www.adventure.tj буда, хоҳишмандон метавонанд аз он истифода кунанд.

«ТОҶИКИСТОН ТРЕВЕЛ»


«Тоҷикистон Тревел» яке аз ширкатҳои муваффақи сайёҳӣ буда, фаъолияташро соли 2014 ба роҳ мондааст. Аз ҷониби ширкат барои сайёҳон чунин навъҳои саёҳат созмон дод мешавад: барномаҳои ҳунармандӣ ва торихиву фарҳангӣ, кӯҳгардӣ, ҷиптур, оффроуд тур, велотур, моҳидорӣ, хидматрасонии роҳбалад-тарҷумонҳо, барномаҳои зиёратӣ, саргузаштӣ. Ҳамчунин бо хоҳиши мизоҷон барномаҳои сайёҳӣ дар ҳама минтақаҳои кишвар ташкил мекунад. Ширкати сайёҳии "Тоҷикистон Тревел" дар шаҳри Истаравшан ҷойгир аст. Саҳифаҳои ширкат барои иртибот бо гардишгарони дохиливу хориҷӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Инстаграм ва Ютуб бо номи "Tajikistan Travel tour company" фаъол аст.

"Бадахшон Тревел"


Дигар ширкати муваффақи сайёҳӣ "Бадахшон Тревел" ном дошта, аз соли 2009 фаъолият мекунад. Ширкати мазкур хидматрасониҳои сайёҳиро дар ҳудуди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна ба роҳ мондааст. Хатсайрҳои он баъзан аз кишварҳои ҳамсоя Узбекистону Қирғизистон низ оғоз мешавад. "Бадахшон Тревел" дар шаҳри Хоруғ ҷойгир буда, бо ширкатҳои сайёҳии хориҷие, ки гардишгаронро ба давлатҳои кӯҳистон сафарбар мекунанд, ҳамкории зич дорад. Ин ширкат барои барқарор ва нигоҳ доштани равобити накӯву дарозмуддат кӯшиш мекунад бо мизоҷон тамос гирад. Дар фазои маҷозӣ вебгоҳи www.badakhshan.travel фаъолият мекунад, ки барои иртибот бо гардишгарони дохиливу хориҷӣ мусоидат мекунад. Дар он зуд-зуд аксҳои торихии Тоҷикистон гузошта мешавад, ки барои ҷалби сайёҳон муфид аст.

"АРС -ЗАРАФШОН" (ZTDA ZARAFSHON)


"Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон" (ZTDA) як созмони ҷамъиятии ҷавон буда, моҳи марти соли 2008 таъсис шудааст. Ширкати мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи сайёҳӣ дар водии Зарафшон амал мекунад. Ҳадафи он мусоидат ба ташкили саёҳат дар мавзеъҳои водии мазкур мебошад. Вебгоҳи ширкат ztda-tourism.tj ва саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоъӣ "Zeravshan Tourism Development Association" (Фейсбук) ва "ztda-tourism" (Инстаграм) аст. "Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон" дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошад.

"ОРОМ ТРЕВЕЛ"


"Ором Тревел" бештар ба сайёҳии воридотӣ ва дохилӣ машғул аст. Он соли 2012 таъсис шуда, солҳост, ки баҳри рушди соҳаи гардишгарӣ дар кишвар саҳм мегузорад. Мақсади асосии ширкат пеш бурдани соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар чаҳон мебошад. "Ором Тревел" дар баробари он ки дар минтақаи гуногуни Тоҷикистон саёҳат роҳандозӣ мекунад, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатсайрҳо дорад. Ширкат барои гардишгарони дохиливу хориҷӣ намудҳои саёҳати трекинг ва барномаҳои торихиву фарҳангиро пешниҳод мекунад. "Ором Тревел" дар шаҳри Душанбе ҷойгир буда, хоҳишмандон метавонанд ба он тариқи вебгоҳи www.oromtravel.tj муроҷиат кунанд.

"СИЛКВЕЙ ЭДВЕНША" (SILKWAY ADVENTURE)


Яке аз ширкатҳои муваффақи дигаре, ки солҳои охир фаъолияташро ба роҳ мондааст, "Силквей эдвенша" ном дорад. Он соли 2021 соҳиби иҷозатнома гардидааст. "Силквей эдвенша" дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор – Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барномаҳои сайёҳӣ дорад. Дар вебгоҳи ширкати мазкур зикр гардидааст, ки барои меҳмононе, ки мехоҳанд ба Роҳи бузурги абрешим сафар дошта бошанд, беҳтарин гузинаҳоро пешниҳод мекунад. Ширкати сайёҳии "Силквей эдвенша" дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Вебгоҳи он барои алоқамандони саёҳат бо нишонии www.silkway.tj фаъол аст.

"ПАНҶАКЕНТ ИНТУР"


Ширкати сайёҳии "Панҷакент-интур" асосан аз соли 2006 фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Он бештар бо гардишгарии воридотӣ машғул буда, бо тартиб додани хатсайрҳо ба Душанбе, ВМКБ, Кӯлоб, Хуҷанд ва дигар манотиқи торихиву сайёҳӣ ва диданбоби кишвар саёҳати сайёҳонро роҳандозӣ кардааст. Ширкати сайёҳии "Панҷакент-интур" бо воситаи алоқаи интернетӣ бо бисёр ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ дар тамос буда, зарфияти сайёҳии ҷумҳуриро таблиғ мекунад. Саҳифаи он дар торнамои интернетӣ бо номи www.panjakent-trip.com фаъол аст. Ширкат дар шаҳри торихии Панҷекат ҷойгир мебошад.

"САРЕЗ ТРЕВЕЛ"


"Сарез Тревел" соли 1991 бо ҳадафи мусоидат ба рушди сайёҳӣ дар манотиқи кӯҳистонии ВМКБ таъсис шудааст. Аз соли 1992 ба далели бесуботии сиёсӣ дар кишвар фаъолият дар бахши хидматрасонии сайёҳӣ муваққатан мутаваққиф шуда буд. Аз соли 2000 бад-ин сӯ "Сарез Тревел" ба эҳёи макони сайёҳӣ оғоз кард ва қарордодҳои нав баста, барои рушди сайёҳӣ дар минтақа шарикон пайдо кардааст. Ширкат бо ҳама намуди гардишгарии воридотӣ дар дохили ҷумҳурӣ машғул буда, бештар дар мавзеъҳои тамошобоби ВМКБ ҳамчунин, кӯли зебову пурасрори Сарез сайру сайёҳат созмон медиҳад. Ширкати сайёҳии "Сарез Тревел" дар ноҳияи Рӯшон ҷойгир буда, дар фазои маҷозӣ бо нишонии www.sarez.travel фаъол мебошад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед