Ru  | Tj
Вориси арзандаи Сино. Чӣ тавр Ситора Қодирова мутахассиси ҷаҳонӣ шуд?
Вориси арзандаи Сино. Чӣ тавр Ситора Қодирова мутахассиси ҷаҳонӣ шуд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Вориси арзандаи Сино. Чӣ тавр Ситора Қодирова мутахассиси ҷаҳонӣ шуд?

Нашр шуд

Ситора Қодирова яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи тиб дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он маҳсуб мешавад. Ӯ мутахассиси занон ва зоймон (акушер-гинеколог) буда, солҳост, ки ба табобат машғул аст. Қаҳрамони мо ҳамарӯза саргарми дармонбахшии беморон бошад ҳам, барои он ки бонувон аз саломатии худ огоҳ гашта, аз бемориҳои гуногун пешгирӣ кунанд, дар расонаҳои иҷтимоъӣ вебнавишт (блог)-и худро фаъол кардааст. Номбурда ин рӯзҳо ҳамчун мутахассиси баландпоя дар кишвари Туркия фаъолият дорад.

Муаллифи Halva.tj бо Ситора Қодирова ҳамсуҳбат шуда, дар бораи фаъолияти пизишкӣ, тарзи пешбурди вебнавишт ва роҳҳои тайкардаи вай дар ин ҷода нақл кард.

АЗ ПИЗИШКИ ОДӢ ТО БА САТҲИ БАЙНУЛМИЛАЛӢ

Ситора Қодирова соли 2007 бахши дармони Донишгоҳи тиббии Абӯалӣ ибни Сино ва соли 2009 магистратураи ҳамин донишгоҳро аз рӯйи ихтисоси мутахассиси занон ва зоймон (акушерство и гинекология) хатм кардааст. Чун донишу заковати зиёд ки дошт, худи ҳамон сол ӯро ҳамчун омӯзгор дар Донишгоҳи тиббӣ ба кор қабул карданд. Ӯ то соли 2013 дар ин ҷо фаъолият кард. Сипас аз соли 2014 дар “Бемористони байнулмилалии Ибни Сино”-и шаҳри Душанбе ба унвони пизишк ба кор оғоз кард.

"Дар “Бемористони байнулмилалии Ибни Сино малакаи хубе гирифтам. Ин даргоҳ ба ман пеш аз ҳама одамият, ғамхорӣ ва таҷрибаи хеле ғанӣ дод. Бо мурури замон барои омӯзиш ва донишафзоӣ ба кишварҳои Эрон, Утриш (Австрия), Олмон, Туркия, Русия ва Ҳиндустон сафар кардам. Дар он ҷо аз донишу малакаи пизишкони ҷаҳонӣ таҷриба андӯхтам," - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Қаҳрамони мо барои боз ҳам васеъ намудани дониш ва мутобиқсозии дипломаш ба талаботи байнулмилалӣ ба Туркия кӯчидааст. Ин рӯзҳо ӯ дар "Тубебек меркезӣ" (маркази бемориҳои безурётии эко)-и шаҳри Анталия кору фаъолият дорад. Ҳамзамон рӯзҳои муайян дар ду моҳ як маротиба ҳамчун мутахассис ба бемористон ва марказҳои пизишкии Тоҷикистон барои машварат ва ташхису табобати беморон меояд.

"Сабти беморон барои қабул асосан ба василаи расонаҳои иҷтимоъӣ анҷом дода мешавад. Мардум хеле мехоҳанд машварат гиранд ё ман ҷарроҳиашонро анҷом диҳам. Дар ҷойи дур ҳам бошам, бо мардуми азизам ҳамеша дар тамосам,"-мегӯяд ин бонуи тоҷик.
ДАҲҲО ОИЛА АЗ МУОЛИҶАИ СИТОРА СОҲИБИ ФАРЗАНД ШУДААНД

Ситора Қодирова солҳост, ки дар соҳаи тиб фаъолият дораду ба дардмандон даво мебахшад. Беш аз сад зани бефарзанд ва даҳҳо оила маҳз тавассути тавсияву табобати ӯ соҳиби фарзанд гардида, ин рӯзҳо хушбахтона умр ба сар мебаранд. Ӯ мегӯяд, шифо аз Худованд аст, мо табибон танҳо василае барои табобати беморон мегардем.

н рӯзҳо бонувон на танҳо барои табобат, балки барои муоинаву машварат ҳам муроҷиат мекунанд. Мехоҳанд аз вазъи саломатии худ огоҳ бошанд. Дар ин миён ҳастанд муштариёне, ки солҳо аз бефарзандӣ азият кашидаанд. Вақте онҳо табобат гирифта, соҳиби кӯдак мешаванд, моро эҳсоси хуше фаро мегирад," - иброз дошт Ситора Қодирова.

Чун Ситора Қодирова дар бемористони кишвари Туркия фаъолият мекунад, ба ӯ бештар ашхоси хориҷӣ муроҷиат мекунанд. Чандин кас аз Русия, Беларус, Украин ва дигар кишварҳо баъди табобати ин пизишки хушноми тоҷик фарзандор гаштаанд.

"DR.SITORA_KODIROVA" ВЕБНАМО БАРОИ ТАНДУРУСТИИ ЗАНОН АСТ

Ситора Қодирова вебнамо (видеоблог)-и худро соли 2020 дар айни авҷ гирифтани бемории дунёгири тоҷвирус фаъол кард. Чун бештари занон, бавижа занҳои бордор дар таҳлука буданд ва ба баъзе овозаҳо бовар мекарданд, қаҳрамони мо тасмим гирифт дар такя ба вебгоҳҳои боэътимод ва маҷаллаҳои пизишкии ҷаҳонӣ дар бораи ин беморӣ маълумот диҳад.

"Дар аввал ба саҳифаам дар бораи бемории тоҷвирус, таъсири он ба занҳои ҳомила, пешгирӣ аз вогирӣ ба ин беморӣ маълумот медодам. Оҳиста-оҳиста вебнамои худро фаъол кардам. Аз моҳи августи соли 2023 дар саҳифаам ҳар моҳ 14-15 навор нашр мекунам. Ҳадафи ман аз нашри чунин наворҳо огаҳӣ ва маълумот додан ба занҳо аст. Мехоҳам онҳо дар бораи колбадшиносӣ (анатомия) ва корандомшиносӣ (физиология)-и худ маълумот дошта бошанд," - таъкид дошт ин пизишки тоҷик.

Қаҳрамони мо дар саҳифааш ба забонҳои тоҷикиву русӣ дар ҳаҷми 2-3 дақиқа навор нашр мекунад. Ӯ ҳамзамон ба пурсишҳои пайнавардонаш дар наворҳои алоҳида посух мегӯяд. Ситора наворҳояшро дар Тоҷикистон сабт мекунад ва дар вақтҳои муайян дар саҳифааш ҷой медиҳад. Ӯ наворбардор ва тадвингари вижа дорад, ки ба вай барои таҳияи наворҳо ёрмандӣ мерасонанд.

Вебнамои ин табиби муваффақ дар расонаҳои иҷтимоъӣ "dr.sitora_kodirova" ном дошта, дар айни ҳол 145 ҳазор пайнавард дорад.

"БОЯД ХУД ТАШАББУСКОР БОШЕМ". БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТИБ ЧӢ БОЯД КАРД?

Ситора Қодирова мегӯяд, соҳаи тиб дар Тоҷикистон тайи чанд соли охир хеле пеш рафтааст. Шумори бемористонҳои наву муосир афзуда, бо беҳтарин таҷҳизоти муосири пизишкӣ таъминанд. Ҳамчунин миёни табибони тоҷик беҳтарин мутахассисони ҷаҳонӣ мавҷуданд.

"Мо мутахассисони хуб ва ҳирфаӣ дорем. Бояд насли нав, бавижа донишҷӯёне, ки дар соҳаи тиб таҳсил мекунанд, аз донишу заковат ва малакаву маҳорати онҳо баҳра баранд. Аз зинаҳои аввали таҳсил дар ин соҳа хуб омӯзанд. Танҳо бо дарсҳои донишгоҳӣ иктифо накарда, бештар китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳои марбут ба соҳаи тибро мутолиа кунанд. Ҳамзамон забонҳои хориҷиро азхуд кунанд, зеро барои омӯхтани чизҳои нав донистани забон муҳим аст. Хуллас бояд худ ташаббускор бошем," - гуфт қаҳрамони мо.

Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бояд тибби тоҷик хеле пешрафта бошад. Чун мо тоҷикон ворисони асили Абӯалӣ пури Сино ҳастем. Маҳз ин ҳакими бузурги тоҷик ба ҷаҳониён "Қонуни тиб"-ро эҳдо кардааст.

УЗВИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ БУНЁДИ АМРИКО ВА УТРИШ

Ситора Қодирова донандаи забонҳои инглисӣ, русӣ, олмонӣ ва туркӣ мебошад. Аз ин рӯ бемалол метавонад хориҷиҳоро муоина карда табобат кунад. Ӯ муваффақиятҳои худро дар донистани забонҳои хориҷа ва мутолиъаи пайваста медонад.

"Донистани забонҳои хориҷа барои табиб, аз ҷумла барои гирифтани донишҳои нав ва ҳам барои муошират бо мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ имкони зиёде фароҳам мекунад. Аз сӯйи дигар мутолиъаи китоб ва рӯзномаву маҷалла барои равонии нутқ ва васеъ гаштани ҷаҳонбинӣ мусоидат мекунад,"-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Қаҳрамони мо бар ин назар аст, ки пизишкон бояд анъанаи тибби бостонӣ, яъне ширингуфториро нигоҳ доранд. Зеро рафтору гуфтор, хоса як сухани табиб метавонад беморро шифо бахшад.

"Табиб метавонад бо сухани худ беморро табобат кунад. Баъзе беморон тавассути таъсири сухани табиб ба рӯҳу равонашон шифо меёбанд. Баъзан вақт бо беморон суҳбат карда, ба онҳо машварат медиҳам, онҳо мегӯянд ман комилан шифо ёфтам. Яъне сухани табиб метавонад беморро шифо бахшад", - гуфт Ситора Қодирова.

Ситора Қодирова сарфи назар аз ҷавонсолӣ дар соҳаи тиб ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардидааст. Ӯ дар якчанд кишварҳо дар давраҳои омӯзишӣ ширкат карда, соҳиби гувоҳиномаҳои байнулмилалӣ гаштааст. Дар байни 36 кишвари ҷаҳон ҳамчун беҳтарин олими ҷавон дар Утриш эътироф шудааст. Ӯ аз соли 2017 узви олимони ҷавони бунёди Амрико ва Утриш ва намоянда аз Тоҷикистон мебошад.


Қаҳрамони мо ин рӯзҳо мехоҳад пажуҳишҳои илмӣ анҷом дода, дар рушди тибби тоҷик саҳм гузорад. Ҳамчунин барои бонувон дар бораи бемориҳои занона китоб таҳия кунад, то ин ки бонувон дар заминаи бемориҳои гуногун ва роҳҳои пешгирии он маълумот дошта бошанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед