Ru  | Tj
Аз тиб то синамо. Чӣ тавр ҷавони тоҷик ситораи синамои туркӣ шуд
Аз тиб то синамо. Чӣ тавр ҷавони тоҷик ситораи синамои туркӣ шуд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Аз тиб то синамо. Чӣ тавр ҷавони тоҷик ситораи синамои туркӣ шуд

Нашр шуд

Муҳаммадҷобир Ҷалилов донишомӯхтаи риштаи дорусозии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, 5 сол мешавад, ки дар соҳаи тиб фаъолият мекунад. Вале солҳои охир ба олами рангини синамои туркӣ рӯ овардааст. Номбурда дар филмҳои пуровозаи туркӣ, аз ҷумла "Кирлан гич", "Зафаран ранга",  "Курулуш Усмон", "Салоҳиддин Аюбӣ", "Абӯалӣ ибни Сино" ва даҳҳои дигар дар нақшҳои гуногун ҳунарнамоӣ кардааст.

Муаллифамон бо ин ҷавони пуркор ҳамсуҳбат шуда, перомуни фаъолияти пизишкиву ҳунарӣ ва масири тайкардааш дар ин ҷода барои хонандагони пойгоҳи Halva.tj қисса кард.


"ПИЗИШК ШУДАН МАЪВОИ ДИЛАМ БУД"

Муҳаммадҷобир Ҷалилови 28-сола зодаи ноҳияи Фирдавсӣ аст. Ӯ дар хонадони кишоварз таваллуд шуда, ба камол расидааст. Муҳаммадҷобир аз хурдӣ мехост касби пизишкиро интихоб карда, ба дардмандон дармон бахшад. Номбурда пайваста китобҳоеро, ки марбут ба соҳаи тиб ҳастанд, мутолиа мекард.  Ишқу алоқае, ки нисбат ба ин пеша дошт, ӯро ба ин ҷода раҳнамун сохт.

"Дар хурдӣ алорағми бештари кӯдакон аз сӯзандоруву пизишку бемористон намеҳаросидам. Ҳар гоҳе ба беморхона барои аёдати хешу табор ё ба дорухона барои харидани дору мерафтам, доиман ба пизишкон ва таҷҳизоти онҳо боҳавас менигаристам. Орзу доштам, ки мисли онҳо хилъати сафед ба бар карда, ба дарди беморон марҳам бахшам.  Ин ҳама хоҳишу завқи ман буд, ки то ин ҷо омадам," - иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Қаҳрамони мо мегӯяд, пас аз хатми донишгоҳ ба Колеҷи тибби ноҳияи Рӯдакӣ ва сипас дар Донишгоҳи тиббу иҷтимоъии Тоҷикистон аз фанҳои тахассусии дорусозӣ дарс додааст.


ХИДМАТРАСОНИИ ТИББӢ ТАВАССУТИ ОЛАМИ МАҶОЗӢ

Муҳаммадҷобир Ҷалилов пас аз он ки ба рухсатӣ расид, ба Русия сафар кард. Онҷо ба тавассути барномакҳои бархат (онлайнӣ) ба дардмандон хидматрасонӣ мекард. Қаҳрамони мо мегӯяд, чун аз сӯзандармониву маҳсдармонӣ низ маълумот дошт, тавонист дар Русия бо ёрии шабакаҳои иҷтимоъӣ фаъолияти пизишкияшро идома диҳад.

"Дар Русия барномакҳои бархат мавҷуд аст, ки аксари мардум аз онҳо баҳра мебаранд. Онҷо касоне, ки ба хидматрасониҳои тиббӣ ниёз доранд, эълон мегузоранд. Ман борҳо вориди чунин барномаҳо шуда, сӯзандармонӣ, маҳсдармонӣ ва умуман хидматрасонии тиббӣ мекардам," - афзуд қаҳрамони мо.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт  барои он ки дар соҳаи интихобкардааш  таҷрибаи бештар андӯзад, ба Ҷумҳурии Белорус низ сафар кард ва чанд муддат онҷо фаъолияташро идома дод.

МУҲОФИЗИ ОТАТУРК

Муҳаммадҷобир пас аз муддате бо мақсади сайру саёҳат ва тамошои  мавзеъҳои зебову афсонавии шаҳри Истанбул ба кишвари Туркия  сафар кард. Ӯ дар онҷо бо дӯсташ Сомон, ки дар филмҳои туркӣ нақш меофаринад, дидор кард ва ҳамин боис гашт, ки вай ба синамо рӯ оварад.

"Вақте ҳамроҳи Сомон ба сайругашт баромадем, ӯ гуфт, ки метавонӣ ту ҳам дар чунин филмҳо нақше офаринӣ. Чун аз хурдсолӣ ба ҳунармандӣ мароқ доштам, пешниҳодаш писандам омад. Ҳамин тавр маро аз тариқи озмун ба кор қабул карданд. Бори аввал дар филми "Зафаран ранга" нақши корманди ҳукумати Отатуркро бозидам, ки бароям хеле писанд аст," - гуфт Муҳаммадҷобир. 

Қаҳрамони мо дар филмҳои пурбинандаи туркӣ, ки ин рӯзҳо ба якчанд забон тарҷума шудаанд, ҳунарнамоӣ кардааст. Маъмултарини он "Курулуш Усмон", "Кирлангич", "Зафаран ранга", "Салоҳиддин Аюбӣ" ва "Абӯалӣ ибни Сино" мебошад. Ӯ дар ин филмҳо бештар нақшҳои сафир, шамшерзан, сарбоз, савдогар, пизишк, харидор, дарвеш, фурӯшанда, асир, корманди давлатӣ ва ғайраро иҷро кардааст.

ВОҚЕАҲО АЗ ҶАРАЁНИ САБТИ ФИЛМ

Муҳаммадҷобир Ҷалилов мегӯяд, дар филмҳои торихӣ нақш офаридан душвортар аст, зеро дар чунин филмҳо ҳунармандони зиёд иштирок мекунанд. Афзун бар ин пӯшидани либосҳои низомӣ ва доштани шамшеру тиру камон ба кас вазнинӣ мекунад. Ҳамзамон барои тамрин ва омӯзиши он вақт ва қувваи зиёд сарф мешавад.

"Рӯзҳое шудаанд, ки барои бо шамшер ҳунар намудан 7-8 соат тамрин кардаем, то ҳар як лавҳаи филм барои тамошобин писанд ояд. Лаҳзаҳое ҳам буд, ки дар ҷараёни филм воқеъан захм бардорем. Боре дар филми "Салоҳидин Аюбӣ" вақте аз баландии кӯҳ ба сӯйи душман медавидем, пешпо хӯрдаму аз баландии кӯҳ афтодам. Фикр кардам кунун ҳама маро пахш карда мегузаранд, чун одам хеле зиёд буд. Худоро сипос, ки он вақт осебе нарасид. Вале замони дигар, ки чунин иттифоқ афтод, поямро якчанд кас пахш карданд," - нақл кард ҳунарманди навкор.


Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳар як ҳунарманд сарфи назар аз он ки кадом нақшро меофаринад, бояд ҳушёриро аз даст надиҳад, зеро як хатои ӯ метавонад заҳмати садҳо касро барбод диҳад. Дар сурати руҳ додани як хатои кӯчак ҳунармандони дигар маҷбур мешаванд, ки нақшҳои офаридаашонро аз нав иҷро кунанд.

"РӮЗЕ НЕСТ, КИ БА ФИЛМЕ ДАЪВАТ НАКУНАНД"

Тайи ду даҳсолаи охир синамогарони турк филмҳои зиёде сохтаанд, ки миёни дӯстдорони синамо хеле маҳбубият доранд. Бавижа филмҳои торихии туркӣ шуҳрати зиёд дошта, ба якчанд забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Бино ба гуфтаи қаҳрамони мо, пайваста аз сӯйи синамогарон барои филмҳои ҷадид озмунҳо баргузор мегардад, ки дар он ҳама ҷавонони лаёқатманд метавонанд иштирок карда, барои нақшофаринӣ дар филм роҳ ёбанд.

"Рӯзе нест, ки ба филме даъват накунанд. Тақрибан ҳар рӯз ба мо паёмак меояд, ки метавонем дар филми нав нақш офаринем. Бештари мардум гумон мекунанд, ки бозидани нақшҳои хурд душвор нест. Вале дар нақшофаринӣ ҳар як ҳаракат, нигоҳ, қадам, дар умум образи меофаридаи ҳунарманд бояд аз қолаб берун набошад ва тарзе иҷро шавад, ки тамошобин ба ҳақиқат будани он бовар кунад. Ба қавле аз дили ҳунарманд баромада ба дили тамошобин ҷой гирад," - гуфт қаҳрамони мо.


Муҳаммадҷобир Ҷалилов мегӯяд, алҳол ба синамо хеле зиёд меҳр бастааст. Вай мехоҳад дар нақшҳои асосӣ низ ҳунарнамоӣ кунад. Бо ин вуҷуд ният дорад дар соҳаи тиб низ фаъолияташро идома дода, рисолаи номзадияшро ҳимоя кунад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед