Ru  | Tj
Тавсеаи кумаки Русия ва Барномаи ҷаҳонии ғизо ба Тоҷикистон
Тавсеаи кумаки Русия ва Барномаи ҷаҳонии ғизо ба Тоҷикистон
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Тавсеаи кумаки Русия ва Барномаи ҷаҳонии ғизо ба Тоҷикистон

Нашр шуд

Ахиран дар Душанбе маросими интиқоли як дастаи бузурге аз кумакҳои башардӯстонаи Русия ва Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргузор гардид. Ин кумак шомили 678 тонна орди гандумии ғанишуда, 147 тонна равғани офтобпараст ва 150 тонна нахуд иборат буд, ки барои бо хӯроки гарм таъмин намудани мактаббачагон дар саросари ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст. Аз теъдоди нишондодашудаи ин кумак 393 тонна ба вилояти Суғд интиқол дода шуд.

Бар асоси Барномаи ғизои мактабии БҒҶ-и СММ, ки аз ҷониби Русия маблағгузорӣ мешавад, Тоҷикистон ба зудӣ кумаки иловагии башардӯстонаи изофӣ ба мизони 1354 тонна маводи ғизоӣ дарёфт хоҳад кард, ки байни 2000 мактаби рустоии кишвар тақсим хоҳад шуд.

Аз маросими интиқоли кумак намояндагони воломақоми ҳукумати Тоҷикистон, ҳайати дипломатии Русия ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, кордори Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская ва фиристодаи Созмони ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам боздид карданд.

“Тоҷикистон натоиҷи чашмгире дар иҷрои барномаи ғизои мактабии Созмони ҷаҳонии озуқаи СММ дошта, дар ҷорӣ намудани ин лоиҳа ба унвони кишварҳои пешсаф шинохта шудааст.  Бештари мо дар замони шӯравӣ таълим гирифтаем, аз ин рӯ, ин барнома табиӣ ба назар мерасад. Бо вуҷуди ин, на ҳама кишварҳои ҷаҳон дорои чунин лоиҳаи башардӯстона ҳастанд. Тоҷикистон муваффақияти чашмгире дар иҷрои он дар сатҳи миллӣ ба даст овардааст», - гуфт Вера Хуторская.

Шуруъ аз соли ҷорӣ бозсозии ошхонаҳои мактабҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ дар назар аст. Ахиран Адҳам Мусаллам, раиси Созмони ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон, аз манотиқи дурдасти ҷумҳурии ҳаммарз бо Афғонистон, Чин ва Қирғизистон боздид кард, то мактабҳои ҷадидро барои шомил намудан ба барномаи ғизои мактабӣ муайян кунад.

«Ба шарофати ҳамкории наздик бо ҳукумати Тоҷикистон ва ҳимояти Русия иҷрои Барномаи миллии тағзияи мактабӣ на танҳо ғизо ва саломатии донишомӯзонро беҳбуд мебахшад, балки дастрасӣ ба таҳсилро густариш дода, муваффақиятҳои минбаъдаи таҳсилро низ иртиқо медиҳад», - гуфт Адҳам Мусаллам.

Дар ин маросим мавзӯоти омодагӣ барои соли таҳсили ҷадид, аз ҷумла таъмини мактабҳо бо ғизо ва эҷоди шароит барои тағзияи солими донишомӯзон фароҳам овардани шароит барои ғизои солими хонандагон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Барномаи тағзияи мактабӣ, ки аз соли 2013 тавассути Русия маблағгузорӣ мешавад, яке аз бузургтарин лоиҳаҳои БҒҶ дар Тоҷикистон аст. Ба лутфи он беш аз 450 ҳазор донишомӯзони синфҳои ибтидоии 2000 мактаб дар 53 манотқи кишвар ҳар рӯз бо хӯроки гарми серғизо таъмин карда мешаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед