Ru  | Tj
“МОСТ” – пули пайвандгори Тоҷикистону Русия: Бобоев аз ташкили созмони ҷавонону тавсеаи он гуфт
“МОСТ” – пули пайвандгори Тоҷикистону Русия: Бобоев аз ташкили созмони ҷавонону тавсеаи он гуфт
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

“МОСТ” – пули пайвандгори Тоҷикистону Русия: Бобоев аз ташкили созмони ҷавонону тавсеаи он гуфт

Нашр шуд

Имрӯз таваҷҷуҳи довталабони тоҷикистонӣ ба таҳсилот дар Русия рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Тибқи омор, дар соли 2023 беш аз 28 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кардаанд, ки ин рақам дар ҳоли афзоиш аст. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҷавонони тоҷик на танҳо дар фаъолияти таълимӣ муваффақ ҳастанд, балки саҳми босазое дар тавсеаи фарҳанги кишвари худ доранд. Яке аз ташкилоти калидӣ дар ин замина, Анҷумани ҷавонони донишҷӯёни Тоҷикистон дар Федератсияи Русия – “МОСТ” (Молодежное общество студентов Таджикистана) аст, ки ҳадафи аслии он тавсеаи муҳити ҷавонон ва шиносоии насли ҷадид бо мероси ғании фарҳангии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Диловар Бобоев, раиси МОСТ, фориғултаҳсили дараҷаҳои бакалавриати Академияи идоракуни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи равобити байналмилалӣ ва магистратураи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург дар риштаи «Идораи давлатӣ ва мунисипалӣ» аст. Соли 2023 ӯ барандаи ҷоизаи роҳбарони ҷавони кишварҳои БРИКС ва СҲШ дар бахши «Беҳтарин лоиҳаи дипломатияи ҷамъиятии сол» шуд. Дар ҳоли ҳозир Диловар ба таври фаъол дар заминаи дипломатияи фарҳангӣ ва тарвиҷи МОСТ мушорикат дорад.

Дар ин мусоҳиба Диловар ба тафсил дар мавриди фаъолияти созмон суҳбату тасмимоти ояндаро возеҳ мекунад ва вобаста ба ширкати донишҷӯён дар ҳаёти МОСТ иттилоот медиҳад.

– Бисёре аз донишҷӯёни тоҷик, ки ба донишгоҳҳои Русия дохил мешаванд, аз вуҷуди ин созмон иттилооте надоранд. Метавонед дар мавриди МОСТ ба мо иттилооти бештаре диҳед?

– Анҷумани ҷавонони донишҷӯёни Тоҷикистон (МОСТ) як созмони расмӣ бо ҳадафи ҳимояту таҳрики фаъолияти донишҷӯёне аст, ки дар донишгоҳҳои Русия дар заминаи фаъолиятҳои иҷтимоӣ таҳсил мекунанд. Яке аз аҳдофи аслии мо ташвиқи ибтикор, масъулият ва тавсеаи фарҳангии ҷавонон, инчунин тарвиҷи мутолиа ва ривоҷи фарҳанги тоҷик дар байни насли ҷадид аст. Мо талош мекунем шароитеро барои рушди комили зарфияти эҷодӣ ва фикрии хамаи фаъолон эҷод кунем. Дар созмони мо, ҳар касе метавонад ҷиҳати ба худ наздикро пайдо кунад ва дар бахшҳои фарҳангӣ, варзишӣ, хайриявӣ, таълимӣ, расонаӣ ва фароғатӣ ширкат кунад.  


МОСТ барои ман на танҳо як созмон, балки пули воқеист, ки Тоҷикистону Русияро ба ҳам мепайвандад, зеро равобити дӯстона байни мардуми моро тақвият дода, тавсеаи равобити байнифарҳангии моро тарҷеҳ медиҳад ва пайванди қавиро, ки дар натиҷаи чандин соли ҳамкорӣ шакл гирифтааст, нишон медиҳад. Хар яке аз фаъолони мо, қабл аз ҳама ба унвони дипломати фарҳангии халқи худ, новобаста аз мавқеи ҷуғрофияш, амал мекунад.

– Аз фаъолияти созмон чӣ гуна огоҳ шудед ва ба он пайвастед?

– Дар мавриди МОСТ соли 2017, замоне, ки Аминҷон Абдураҳимов, барандаи озмуни умумирусиягии «Мистер сотрудничество России - 2016» раиси созмон шуд, иттилоъ дастрас намудам. Ӯ фаъолона ба рушди шуҳрати созмон кумак кард. Дар он замон ба унвони донишҷӯи соли дувум дар Тоҷикистон, доимо фаъолияти созмонро пайгирӣ мекардам,  зеро аъзои он чорабиҳои худро ба хубӣ тарғиб мекарданд. Табиист, ки дар сурати дохил шудан ба зинаи магистратураи Русия имкони пайвастан ба созмонро баррасӣ мекардам. Ва интавр ҳам шуд: пас аз хатми зинаи бакалавриат дар соли 2019 ба Донишкадаи «Мактаби олии менеҷмент»-и Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург дохил шудам. Пас аз омадан ба Русия, билфосила бо фаъолони МОСТ тамос гирифта, тамоили узвият ба ин созмонро иброз намудам, ки ин хоҳиши ман аз ҷониби роҳбарияти он дастгирӣ ёфт.

– Оё МОСТ як ҷамъияти баста аст, ки фақат ҷавонони тоҷикро мепазирад, ё намояндагони миллатҳои дигар низ метавонанд ба шумо бипайванданд?

— Созмони мо баста нест. Ба шарофати МОСТ худмухториҳои дигари миллӣ низ эҷод шуданд. Ба унвони мисол, дар соли 2018 ба лутфи як фаъоли мо Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон таъсис ёфт. Бар асоси ҳамин тарҳ Иттиҳоди чавонони туркман низ созмон дода шуд. Ташкилоти мо ба рӯи ҳама боз аст: ҳар касе, ки майл ба фаъолият дорад, метавонад ба мо пайвандад. Ман афроди зиёде аз миллатҳои дигарро мешиносам, ки дилбохтаи фарҳангу таърих ва шеъри мо ҳастанд. Мо наметавонем дарро ба рӯяшон баста, бигӯем: «Не, мо фақат тоҷикҳоро қабул дорем». Мо ҳамаро ба MOСT истиқбол мекунем.

– Бо вуҷуди ин, дуруст аст, ки барои узвият дар МОСТ, бояд як интихоби рақобати хосро паси сар кард?

— Бале, мо на барои афзоиши теъдоди аъзо, балки барои дастёбӣ ба натоиҷи мушаххас талош мекунем. Мо мехоҳем, ки фаъолон дар рушди созмон саҳм гузоранд ва худ низ ташаккул ёбанд, на танҳо як қисми суфуфамон бошанд. Як суоли возеҳ матраҳ мешавад: чаро шахс аъзои ин ё он созмон мешавад? Тавре ки қаблан ишора кардам, созмони мо хусусуияти боз дорад, аммо одамоне ҳастанд, ки меоянду худро ба ҳеҷ ваҷҳ муаррифӣ намекунанд. Пас аз онҳо дар созмон чӣ суде ҳаст? Охир, муҳимтарин чиз ин аст, ки аз фаъолияти худ лаззат бибаред, ғайри ин сурат маънои худро аз даст медиҳад. Мо ҳозирем ҳар касеро бипазирем, аммо эҳтимол вуҷуд дорад, ки он фард мутаваҷҷеҳ ба он, ки ин шуғли ӯ нест, худ созмонро тарк кунад.

– Шумо ба унвони роҳбар ба кадом мушкилот мувоҷеҳ мешавед?

— Шояд бисёре аз мардум фикр мекунад, ки мушкили аслӣ дар иртибот бо фаъолон нуҳуфта аст. Аммо ин тавр нест, созмони мо тибқи як тарҳи муносиб фаъолият мекунад: дар ҳар шаҳр роҳбароне ҳастанд, ки фаъолияту низомро танзим мекунанд ва бо ман доимо дар тамосанд.  Мушкилоти бештаре дар ҷанбаҳои созмонӣ эҷод мешаванд: баргузории чорабиниҳо ва дарёфти макон барои онҳо. Ҳангоми имзои тафоҳумномаҳои мухталиф низ суолоте матраҳ мешаванд, ки барои дарки интизороти ҳамкорони тарафи муқобил ҳадди аксар талошро аз мо талаб мекунад. Ба унвони мисол, дар чорчӯби Ҷашнвораи умумиҷаҳонии ҷавонон 2024, бо созмони ҷамъиятии ҷавонони «Next generation» -и Ҷумҳурии Молдова тафоҳумномаи ҳамкориро имзо кардем.

Мушкилити дигаре барои ман он аст, ки наметавонам дар тамоми чорабиниҳои дар шаҳрҳои мухталиф баргузоршуда, иштирок кунам. Гоҳе, дарки нотавонӣ аз узвияти ҷомеа маро нороҳат мекунад.


МОСТ фақат дар Маскав ва Санкт-Петербург фаъолият мекунад? Агар бале, оё қасд доред, созмонро дар дигар шаҳрҳои Русия низ тавсеа диҳед?

– Мо шуъбаҳои зиёде дар 29 шаҳри Русия дорем, ки шомили Маскав, Санкт-Петербург, Уфа, Екатеринбург, Новосибирск, Брянск, Калуга, Белгород, Иркутск, Йошкар-Ола, Самара, Пенза, Иваново, Курск, Челябинск, Ставропол, Қалмиқистон, Кемерово, Удмуртия, Краснодар, Красноярск, Тотористон, Нижний Новгород, Ростови лаби Дон, Тюмен, Омск, Калининград, Воронеж ва Псков мебошанд. Замоне дар Ҷумҳурии мардумии Донетск низ шуъбаи мо фаъол буд, вале бо омадани афроди ҷадид ва иваз шудани роҳбарон, бисёре аз шуъбаҳо мафъул гардида, ба барқарорсозӣ ниёз доранд. Албатта, дар як сол чанд маротиба шуъбаҳо  гирди ҳам омада, идҳое чун Наврӯзро таҳти сарпарастии созмони мо ташкил мекунанд, аммо ин кофӣ нест. Хушҳолам, ки чорабиниҳо баргузор мешаванд, аммо ҳадафи мо танҳо баргузории идҳо нест. Бисёре аз фаъолон ва роҳбарон тарки музофот карда, ба шаҳрҳои калони Русия мераванд. Ба унвони мисол дар шаҳри Ставропол Мамадов Парвиз ба ҳайси роҳбар фаъолият мекард, вале баъдан ба Санкт-Петербург рафта, дар он ҷо вазифаи роҳбариро ишғол кард. Айни замон, дар ҳоли барномарезӣ барои ифтитоҳи шуъбаи нав дар Челябинск ҳастем: худи бачаҳо бо мо тамос гирифта, тамоили хешро барои узвият дар МОСТ иброз доштанд. Ҳоло метавонам бигӯям, ки созмони мо дар Федератсияи Русия ягона ташкилоти расман сабтиномшуда мебошад, ки тӯли 13 сол фаъолият мекунад.

– Чаро донишҷӯе, ки ба донишгоҳҳои Русия дохил мешавад, бояд ба МОСТ ва фаъолияти он таваҷҷуҳ кунад?

- Ҷавонони мо, ки ба Русия барои таҳсил меоянд, бояд ҳатман аъзои созмони мо шаванд, зеро ҳар шахсе ҳангоми вуруд ба кишвари дигар давраи сахти мутобиқшавиро паси сар мекунад. Вақте ман ба Санкт-Петербург омадам, танҳо як масир «Петергоф - Василеостровская»-ро медонистаму халос. Ин барои ман стресси зиёд буд, чун бояд 5-и субҳ бедор мешудам, то соати 9:00 дар дарс бошам. Бо гузашти замон ва мулоқот бо афроди ҳамфикру ҳамвататнон, ин давраи созгорӣ осонтар мегузарад ва фаъолият дар дохили созмон ба адами эҳсоси танҳоӣ кӯмак мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ду соли аввал донишҷӯён саршор аз иштиёқ ҳастанд, фурсатҳои мухталиферо барои ширкат дар чорабиниҳои мухталиф баррасӣ мекунанд ва дар соли чоруми таҳсил аллакай ба чунин иқдомот мароқ зоҳир накарда, бе ягон ҳаваси хоса дар онҳо иштирок мекунанд.


– Дар оянда ягон нақша ё лоиҳаҳо дар доираи МОСТ амалӣ карда мешаванд?

– Дар навбати аввал, мехоҳем созмонро дар ҷанбаи ҳуқуқӣ ба сатҳи нав барорем. Ин амр талош ва сармоягузориҳои молиявии азимро талаб менамояд ва мо омодаи он ҳастем. Дар марҳилаи дигар, қасд дорем, то сармоягузоронро пайдо кунем. Бале, МОСТ як созмони ҷамъиятӣ аст, аммо сармоягузориро талаб мекунад. Илова бар ин, мо мехоҳем чорабинии “Донишҷӯи солро” баргузор кунем, зеро ин яке аз лоиҳаҳои мост. Имсол онро Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон баргузор намуд, ки мо аз ин хеле миннатдорем. Бо вуҷуди ин, мо идеяи баргузории ин чорабинӣ дар дохили созмони худро низ баррасӣ мекунем.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед