Ru  | Tj
Тоҷикмултфилм чӣ тавр пайдо шуд? Ёде аз асосгузори аниматсияи тоҷикӣ - Мунаввар Мансурхоҷаев
Тоҷикмултфилм чӣ тавр пайдо шуд? Ёде аз асосгузори аниматсияи тоҷикӣ - Мунаввар Мансурхоҷаев
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Тоҷикмултфилм чӣ тавр пайдо шуд? Ёде аз асосгузори аниматсияи тоҷикӣ - Мунаввар Мансурхоҷаев

Нашр шуд

Мунаввар Мансурхоҷаев бунёдгузори аниматсияи тоҷик, агар зинда мебуд, ин шабу рӯзҳо 80-солагии мавлудашро таҷлил мекард ва аз таърихи пайдо шудани аниматсияи тоҷик қиссаҳои ҷолиб мегуфт...

Сарнавиште, ки ба синамо пайванд шуд

Мунаввар Абдуқодирович Мансурхоҷаев 12 –уми сентябри соли 1941 дар Душанбе таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи лоиҳакашии Институти политехникии Душанбе шомил мешавад. Соли 1967 бо роҳхати донишкада ба комбинати қолинбофии “Қайроққум” ба сифати рассом-лоиҳакаш ба кор фиристода мешавад, вале як вохӯрии ӯ бо коргардони маъруф Борис Кимёгаров сабаб мегардад, ки хати сарнавишти ӯ тағйир ёбад.

- Вақте бо Борис Кимёгаров ошно шудам ва эшон баъди идеяҳоямро фаҳмидан, маро ба кино даъват карданд. Нахуст, ба ҳайси ассистенти рассом-таҳиягар ва баъдан ба сифати рассом-декоратор ва рассом-таҳиягар дар киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” фаъолият карда, ба дунёи синамо ворид шудам, - гуфта буд, Мунаввар Абдуқодирович дар сӯҳбате, ки чанде пеш аз маргашон доштем.


Тасодуфе, ки ба ВГИК бурд

Мунаввар Мансурхоҷаевро сарнавишт ба олами синамо оварда бошад ҳам, тасодуфе низ ба дунёи мултипликатсия бурд. Дар он сӯҳбат таърихи мултфилмсоз шуданашонро пурсидам. Чунин гуфтанд:

- Соли 1971 тасодуфан аз назди ҳуҷраи кори Директори киностудия - Обид Ҳомидов мегузаштам, ки аз дари кушода маро дида, ба наздашон даъват карданд. Баробари вориди ҳуҷра шудан, гуфтанд: “Омода шав, туро барои таҳсил ба ВГИК – Институти умумииттифоқии кинематография мефиристем”. Розӣ шудам. Ҳамин тавр, маро ба курси таҷрибавии режиссёри филмҳои мултипликатсионӣ равон карданд. Дар ин муассиса 4 сол таҳсил карда ва назокатҳои ин санъати навро аз устодони бузурге чун Хитрук, Норштейн ва дигарон омӯхтам.

Воқеан ҳам, то ин замон дар Тоҷикистон мутахассиси аниматсия набуд ва “Тоҷикфилм” барои кӯдакон аз Москва мултфилм мехарид. 

Мунаввар Мансурхоҷаев, ки дар соҳаи синамо ба сифати рассом - таҳиягар ва баъдан ҳамчун режиссёри филмҳои ҳуҷҷатӣ кор мекард, нахустин тоҷике аст, ки дар сохтани филми тасвирӣ тахассус гирифтааст.

- Устодони ман Юрий Норштейн, созандаи филмҳои тасвирии «Сказка сказок», «Ежик в тумане», ва Федор Хитрук, офарандаи филмҳои тасвирии «Вини-пух», «Бонифаций», «Остров», ва ғайра устодони касби хеш буданд ва дар замони Шӯравӣ маъруфият доштанд. Ман ифтихор мекунам, ки аз чунин мактаб гузаштам, - бо ифтихор ба ёд оварда буданд, Мунаввар Абдулқодирович.

“Моҳичаи Гулдор” – аввалин филми тасвирии тоҷикӣ

Соли равон барои аниматсияи тоҷик соли ҷашнвораҳост. Зеро асосгузори мултипликатсияи тоҷикӣ 80-сола шуда бошад, нахустин филми тасвирии тоҷикӣ “Моҳичаи Гулдор” 40 сола шуд. 

Таърихчаи ба вуҷуд омадани нахустини филми тасвирии тоҷикӣ аз забони шодравон Мунаввар Мансурхоҷаев:

- Соли 1980 ба ман супориш доданд, ки ба таҳияи филми тасвирии ватанӣ оғоз кунам, зеро дар Душанбе фестивали кинои Шӯравӣ баргузор мешуд. Ҳамин тавр, ман аз миёни ҷавонони лаёқатманде, ки дар шӯъбаи рассомии Колеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов таҳсил мекарданд, гурӯҳе созмон дода ва ба таҳияи филми тасвирӣ оғоз намудам. Хулоса, дар мӯҳлати кӯтоҳе филми тасвирии “Моҳичаи Гулдор” ( «Рыбка Гульдор») тавлид шуд, ки соли 1981 дар Кинофестивали филмҳои Шӯравӣ дар шаҳри Вилнюс ҷоизаи махсуси ҳакамонро сазовор гардид. 

Воқеан, тавлиди нахустин филми тасвирии тоҷикӣ дар таърихи Тоҷикистон воқеаи муҳим ба шумор меравад.

Мунаввар Мансурхоҷаев пас аз ин ба истеҳсоли филмҳои тасвирии ватанӣ машғул шуда, 8 филми тасвирии дигаре ба навор гирифтаанд, ки ҳар яке ба хазинаи тиллоии синамои тоҷик ворид гардидааст. 


Мушкилии аниматсияи тоҷик

Мунаввар Мансурхоҷаев, ки солҳои тӯлонӣ ба таҳияи филмҳои тасвирӣ машғул буданд ва муддате вазифаи раиси Иттифоқи синамогарони кишварро низ ба дӯш доштанд, дар сӯҳбати ахири худ бо муаллифи ин сатрҳо аз чанд мушкилии аниматсияи тоҷик низ гуфта буданд: 

“Соли 90-ум, мултипликатсия низ, чун дигар соҳаҳо гирифтори рукуд шуд. Бо вуҷуди ин Ҷамшед Мансуров ва Бахтиёр Қаҳҳоров барин филмсозон талош карда, 4-5 филми тасвирӣ таҳия намуданд. Вале бо як гул баҳор намешавад...

Мушкилии асосии аниматсияи тоҷик набудани кадр ва маблағ аст. Барои таҳияи филми тасвирӣ маблағи калон ва заҳмати зиёд лозим аст. “Тоҷикфилм” маблағи калон надорад, ҷавонони мо заҳмат кашидан намехоҳанд. Бинобар ин, як давра дар соҳаи филмҳои тасвирӣ холигӣ ба вуҷуд омад. Фақат Бахтиёр Қаҳҳоров ба таҳияи филмҳо машғул буду халос. Хушбахтона, айни замон ҳам дар “Тоҷикфилм” ва ҳам дар телевизион гурӯҳи ҷавонон ба таҳияи филмҳои тасвирӣ машғуланд. Ҳоло филми тасвириро тариқи аниматсияи компютерӣ месозанд, яъне кор бамаротиб осон шудааст. Фақат идея лозиму хоҳиши кор”.

Дур аз синамо ва тасвир

Мунаввар Мансурхоҷаев солҳои охир аз кори эҷодӣ дур буда ва дар ҳалқаи оила давлати пирӣ меронданд.

- Ман оилаи хушбахт дорам. Ҳамсарам солҳои тӯлонӣ ходими илмии Академияи илмҳои кишвар шуда кор кард. Ягона духатарам - Рухшона, бо вуҷуди он ки ба рассомӣ рағбат дошт, вале ба дигар соҳа рафт. Ду набера дорам – Таманно ва Нисо, ки бештари вақтамро бо онҳо сипарӣ мекунам. 

Вақте пурсидам, ки оё онҳо мултфилмҳои ӯро тамошо мекунанд, чунин гуфта буданд:

- Бале, наберагонам корҳои маро дидаанд, вале бештар ба мултфилмҳои муосири Ғарб майл доранд.


Орзуҳои амалинашуда

Мунаввар Мансурхоҷаев дар мавриди рӯзгори гузаштаи хеш чунин гуфтанд: 

“Ман аз рӯзгоре, ки пушти сар кардам, розӣ ҳастам. Аз соли 1967, вақте ба олами синамо ворид шудам, ба ҳайси ёвари коргардони шинохта - Борис Кимёгаров фаъолият доштам. Баъдан ба филмҳои ҳуҷҷатӣ шавқ пайдо карда, якчанд мавзӯъро навор гирифтам, ба монанди “Дар кӯҳсор осмон баландтар аст” (“В горах выше небо»), «Даҳмарда» ва боз се-чор филми дигар. Пас аз филмҳои хуҷҷатӣ ба филми тасвирӣ рӯ овардам. Филмҳои тасвирии ман “Афсонаи тирамоҳ” (“Легенда осени”), “Гурба чӣ гуна бо мушҳо меҷангид” (“Как кот с мышами воевал”) ва ғайра ба фестивалҳо роҳ ёфта, сазовори ҷойҳои махсус шуданд.

Вале афсӯс ҷанги шаҳрвандӣ ба фаъолияти эҷодии ман латма зад, орзуҳои зиёде доштам, ки амалӣ карда натавонистам. Идеяи сабти чандин филми ҷолиб дар дилам монд. Ҳоло ҳам дар бораи филми тасвирӣ фикр мекунам. Орзу дорам, ки ҷавонҳои мо низ ба сатҳи ҷаҳонӣ филмҳо омода кунанд..." 

Ин буд, қиссае аз сарнавишти аввалин таҳиягари филми тасвирии тоҷикӣ – Мунаввар Мансурхоҷаев – ва таърихчаи пайдоиши аниматсия ё филми тасвирии тоҷикӣ. 

Мунаввар Мансурхоҷаев моҳи апрели соли равон аз олам даргузашт. Рӯҳи ин инсони фидокор ва эҷодгар шод бод.

Вазнин, сангин ва бидуни танаффус: Продюсерӣ чӣ гуна касб аст?


Одил Нозир

Муаллиф

Одил Нозир

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

Одил Нозир

Муаллиф

Одил Нозир

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(149) "Ёде аз Фарида Мансурова: Сӯҳбати хотирмони ӯ дар бораи Айнӣ ва падараш Ҳ. Мансуров"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "11600"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "7847"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(96) "/tj/articles/talk/yede_az_farida_mansurova_s_bati_khotirmoni_dar_borai_ayn_va_padarash_mansurov/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3736"
  ["CODE"]=>
  string(77) "yede_az_farida_mansurova_s_bati_khotirmoni_dar_borai_ayn_va_padarash_mansurov"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3736"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Ёде аз Фарида Мансурова: Сӯҳбати хотирмони ӯ дар бораи Айнӣ ва падараш Ҳ. Мансуров

Другие новости