Ru  | Tj
Дамирбек Олимов: Худо ҳарчи хоҳад ҳамон мешавад!
Дамирбек Олимов: Худо ҳарчи хоҳад ҳамон мешавад!
Аксҳо: Интернет

Дамирбек Олимов: Худо ҳарчи хоҳад ҳамон мешавад!

Нашр шуд

Як сол қабл дар таърихи 5-уми феврал қалби яке аз хунёгарони номошно Дамирбек Олимов бар асари садамаи нақлиётӣ аз тапидан бозмонд. Ин овозхони чирадаст ҳанӯз 33 сол дошт, вале пас аз худ суруду оҳангҳои ҷаззобу маънидор ба ёдгор гузошт.

Halva.tj ба хотири гиромӣ доштани ному ёди ин сарояндаи шаҳир яке аз мусоҳибаҳои охирин бо ӯро манзури хонандагон мегардонад.

ВАҚТЕ ПИСАР САРОЯД, СОЗИ ДИЛИ ПАДАРРО

- Қабл аз он ки Дамирбек Олимов сарояндаи шинохтаи кишвар шавад, кӣ буд?

- Як бачаи одӣ, ки дар қалбаш орзуҳои зиёд дошт.

- Дар чӣ муҳите ба воя расидаед?

- Ман дар оилаи санъаткор ба воя расидаам. Падарам Ботурбек Олимов сароянда ҳастанд.

- Дар консертатон бо падар дуэт мехонед. Овозашон хеле зебо аст. Чаро карйераи эшон сурат нагирифт?

- Бале. Падарам натавонистанд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ шуҳрат ёбанд. Сабабаш дар он аст, ки айни авҷи эҷодиёташон ба солҳои душвори 90- ум рост омад. Солҳои вазнин буд. Тавре медонед, барои он ки санъаткор шуҳрат ёбад, маблағи зиёд лозим аст. Дар он солҳо пули калон пайдо кардан, як тараф, нонёбӣ душвор буд. Ҳамин тавр, падарам натавонистанд, ки карйера бисозанд. Ҳол он ки зарфияти эшон хеле зиёд ва овозашон хеле дилнишин аст. Ҳамон дуэте, ки сароидем ба мухлисон бисёр писанд омад. Гумон мекунам, орзуву ниятҳои он кас ва эҳтирому миннатдории ман ба эшон дар ин суруд инъикос шудааст.

- Дар суҳбатҳои пешинатон гуфтаед, ки оилаи Шумо як муддат дар Хуҷанд зиндагӣ карда, пасон ба деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ, ҳоло Деваштич кӯчиданд. Сабаб чӣ буд?

- Бале. Мо солҳои 90-ум дар шаҳри Хуҷанд будем. Соли 2000-ум ба деҳа кӯчидем. Сабаб дар он буд, ки падарам фарзанди хурдӣ буданд ва бобову бибии раҳматиям ба нигоҳубин ниёз доштанд. Корҳои падарам низ дар Хуҷанд хуб пеш намерафт. Бинобар ин ба деҳа кӯчидем. Зеро назар ба шаҳр зиндагӣ дар деҳа осонтар аст. Одам заҳмат кашад, аз замин ҳам ризқ меёбад. Падарам дар деҳа бештар тӯйгардӣ мекарданд ва ҳамин тавр зиндагиамон андак хуб шуд.

- Шумо як бачаи шаҳрӣ ба муҳити деҳа чӣ гуна одат кардед?

- Ман бибиву бобоямро бисёр дӯст медоштам. Дар канори онҳо будан барои ман хушбахтӣ буд. Бинобар ин душвориҳои зиндагии деҳа ба чашмам наменамуд.

- Чӣ душвориҳо дошт зиндагӣ дар деҳа?

- Албатта, душвор буд. Корҳои саҳро, алафдаравӣ, коҳкашиву коҳҷамъкунӣ, молпойӣ ва дигар корҳои зиндагӣ бароям душвор буд, вале аз уҳдаашон ба хубӣ мебаромадам.

- Шумо яккаписар будед. Табиист, ки эркаи падару модар. Чӣ гуна шуморо ба корҳои саҳро мефиристоданд?

- Ман ҳеҷ гоҳ эрка набудам. Яккафарзанд будам, вале эрка не. Ҳеч гоҳ ба падарам пофишорӣ накардаам, ки фалон чизро ба ман бихар. Гарчанде ман яккаписар будам, вале либосҳои бачаҳои амакаму аммаамро мепӯшидам, ҷувздонашонро гирифта мактаб мебурдам. Онҳо имконият доштанд, мехариданд. Мо ки имконият надоштем, либоси онҳоро мепӯшидам ва ман аз ин шарм ҳам намекардам, зеро мефаҳмидам, ки зиндагӣ вазнин аст...

ПАЙРОҲАИ ҲУНАР

- Азобҳои падарро дида чаро боз роҳи санъатро интихоб кардед?

- Ин ба гумонам амри сарнавишт буд. Ман ки ба падарам пайравӣ карда суруд мехондам, зуд навохтани асбобҳои мусиқиро ёд гирифтам. Дар деҳа мо Хушбахт Ҳакимов ном сароянда доштем. Аз синфи 6 ё 7 ба ҳамон кас навозандаи синтезатор шудам. Тӯйҳо мерафтем ва он кас ба ман пул медоданд. Ман аз ҳамон вақт пулҳоямро ҷамъ мекардам, ки суруди худамро сабт кунам. Вале гумон ҳам намекардам, ки рӯзе санъаткор мешавам.

- Пас шуморо чӣ такон дод?

- Падарам завқи маро ба санъат дида пурсиданд: «Ту дар ҳақиқат ҳунарманд шуданӣ ҳастӣ?». Чӣ гуфтанамро намедонистам. Он кас сукути маро аломати ризо пиндошта гуфтанд:«Барои санъаткор муҳим аст, ки навозандаи хуб бошад. Туро ба коллеҷи санъати ба номи Содирхони Ҳофиз мебарам. Дар ҳамон ҷо таҳсил мекунӣ». Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар коллеҷ дар синфи танбӯр таҳсил кардам, вале овозамро ҳам сайқал медодам.

- Ба муҳити санъаткорони Хуҷанд чӣ гуна роҳ ёфтед?

- Бо душворӣ. Вале бахтам хандид, ки ман ҳамеша бо одамони нек вохӯрда, дастгирӣ дидаам. Ҳангоми таҳсил дар коллеҷ фикр кардам, ки чӣ кор кунам, ки пул ёбам, то парадамро аз пардохти шартномаи таҳсил озод кунам. Навозандагиам дар ин ҷо ба кор рафт. Ба дастаи ҳунарии устодон Даврон Алиматов, Абдумавлон Дадабоев ва Анвар Исломов ҳамроҳ шуда, бо онҳо тӯйгардӣ мекардам. Ба ҳайси навозандаи синтезатор. Баъдан ба дастаи ҳунарии устод Ҷӯрабек Муродов пайвастам. Дар консертҳояшон танбӯр менавохтаму дар тӯйҳо синтезатор ва гоҳо бо эшон ҳамовозӣ мекардам. Ҳамин тавр, каме пул пайдо карда, ҳаққи таҳсилро додам ва суруди «Ҳабиби ман» - ро аввал сабт ва баъдан намоҳанг (клип) ҳам кардам.

- Боре ҳам нияти тарки санъатро кардед?

- Бале. Баъди хатми коллеҷ ба ансамбли «Нури Хуҷанд», ки роҳбараш устодам Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Мурдов ҳастанд, ба кор пардохтам. Дар баробари ин дар ансамбли эстрадии «Садои Суғд» низ фаъолият доштам. Вале ҳеч корам пеш намерафт, бинобар ин борҳо дилгир шуда, хостам ба муҳоҷират равам. Вале ҳар бор ҳам Суҳроб-ака Шониёзов, ки дар «Садои Суғд» ҳамкор будем, монеъ мешуданд. Мегуфтанд, ки ту оянда дорӣ. Ҳамин тавр, мондам.

- Он замон суруди шумо «Зулфони майда» ҳам хеле машҳур шуда буд...

- Бале, онро Телевизиони «Баҳористон» қариб ҳар рӯз пахш мекард, вале чеҳраи маро нишон намедод. Рақси духтарони Ансамбли «Маҳастӣ»-ро нишон медоду халос. Ман ростӣ қаҳрам омад. Бинобар ин бо ҳамин ансамбл, ки таҳти роҳбарии Нилуфар Тоҷибоева фаъолият дорад, намоҳанги сурудро сабт кардам.

ЗАНГИ САРНАВИШТСОЗИ НИГИНА

- Шуҳрати воқеии Шумо пас аз дуэтсароӣ бо Нигина Амонқулова ба даст омад...

- Бале. Ман инро инкор намекунам...

- Ин идея чӣ гуна пайдо шуд?

- Ман қаблан бо апаи Нигина дар консертҳо шинос шуда будам, вале эшон ки ситораи шинохта буданд, ба он кас пешниҳоди дуэтсароӣ накардаам. Идеяи дуэтсароии моро Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов медиҳанд. Дар Наврӯзи ҷумҳуриявии соли 2012 устод Убайдулло Раҷабов коргардон-таҳиягар буданд. Ба Нигина мегӯянд, ки деэт иҷро кунад. Нигина маро интихоб карданд. Инро тақдир нагуфта чӣ гуфтан мумкин аст?

- Сурудро чӣ тавр интихоб ва сабт кардед?

- Ман аз ин гапҳо бехабар будам ва дар автовакзали Хуҷанд мусофир ҷамъ мекардам.

- Мусофир барои чӣ?

- Рости гап, он солҳо ҳар рӯз ба деҳа рафта меомадам. Он вақтҳо мошини «Опел» доштам, ҳар субҳу шом аз деҳа ба шаҳру аз шаҳр ба деҳа ҳамроҳи худ чор нафар мусофирро бурда меовардам, то маблағи сӯзишвориро кор кунам. Дар яке аз чунин рӯзҳо телефонам занг мезанад. Ҷавоб додам. «Салом Дамирҷон, ман Нигина Амонқулова» - гуфтанду ман шокӣ шудам. Ҳамин тавр он кас фаҳмониданд, ки мо бояд дуэт хонем ва розигии маро пурсиданд. Ман даррав розӣ шудам. Он кас гуфтанд, ки почтаи электрониямро бо паёмак равон кунам, то матни сурудро фиристанд. Ман почта надоштам. Зуд ба интернет-кафе давида ба худам почта кушодам ва ба Нигина фиристодам. Ҳамин тавр, дуэти мо сабт шуд.

- Ин кадом дуэт буд?

- «Ялалум».

- Вақте мегӯянд, ки Дамирбек аз пушти Нигина машҳур шуд, чӣ эҳсосе шуморо фаро мегирад?

- Ман ифтихор мекунам, ки бо чунин ҳунарманди ҳирфаӣ ва маҳбуб ҳамкорӣ кардаму халқ маро шинохт. Нигина хоҳари ман ҳастанд, бинобар ин ба ман хушоянд аст. Дигар ин ки ман ғайр аз ин се дуэте ки бо эшон иҷро кардам, се албом сабт кардам, яъне роҳи худамро пайдо кардам.

АЗ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ ТО АФЗАЛШО ШОДИЕВ

- Дар консертҳоятон Ҷӯрабек Муродовро падари маънавӣ мехонед. Нақши эшон дар рушди шумо то куҷо муассир аст?

- Дар паҳлӯи устод Ҷӯрабек Муродов будан худ давлати калон аст. Ман ифтихор мекунам, ки аз ибтидои фаъолияти эҷодиям эшон маро зери қанот гирифтанд, тарбия карданд. Ҳамчун сарояндаи «Шашмақом» ман дар назди устод сабзидам. Дар мавриди он ки аввалин қадамҳоямро дар санъат аз навозандагӣ ба устод ва бэквокал бо эшон оғоз карда, ду сӯм пул ёфта, қоматамро рост кардам, аллакай гуфта гузаштам. Бояд таъкид кунам, ки устод ба навозандагонашон маблағи хуб медиҳанд. Бовар кунед, ин хел шахсият дар таърихи миллати мо ягона аст. Эшон ҳам сарояндаи бузург, ҳам инсони бузург ҳастанд, дар баробари ин хоксор.

- Бо Афзалшо Шодиев ҳам дуэт сароидед. Ҳамкории Шумо чӣ гуна оғоз шуд?

- Ман аз кӯдакӣ мухлиси устод Афзалшоҳи Шодӣ ҳастам. Он кас дӯсти падарам ҳастанд, борҳо ба хонаи мо омадаанд. Вале баъди ба воя расиданам маро надида буданд. Ҳамон солҳое, ки дар тӯйҳо навозандагӣ мекардам, дар як тӯй устод даъват шуда буданд. Устод омаданд, вале навозандаҳошон дертар расиданд. Он кас каме асабӣ шуданд. Ман гуфтам, ки устод хавотир нашавед, ман имрӯз навозандаи Шумо мешавам. Ҳамин тавр, ба устод бо синтезатор хидмат кардам. Он кас ҳайрон шуданд, ки ҳама оҳангҳои эшонро медонистам. Пурсиданд, ки ту аз куҷо ҳама оҳангҳои маро медонӣ? Гуфтам мухлисатон ҳастам ва фарзанди Ботурбек Олимов. Дар ҳамон тӯй ба ман дуо доданд ва маро ба шогирдӣ пазируфтанд. Солҳо орзуи дуэтсароиро бо устод дар дил мепарваридам. Як рӯз дар Душанбе пас аз консерт ин фикрамро ба устод гуфтам. Он кас пазируфтанд ва суруди «Наомадӣ»-ро пешниҳод карданд. Ман дигар суруд мехостам, вале пешниҳоди устодро рад накардам. Ин суруд ва ин намоҳанг хеле машҳур шуд. Аз устод миннатдорам. Умрашон дароз бод, санъаткори бузурги миллатро.

ТАВЛИДИ СУРУД

- Аз миёни сарояндагони ҷавон яке аз маънисароён шумоед. Матни сурудҳоятонро чӣ тавр интихоб мекунед?

- Бовар кунед, барои сабти як суруд ва баъдан намоҳанг (клип) кардани он пули калон сарф мешавад. Бинобар ин ман мехоҳам, ки маблағро барои суруди босифат сарф кунам, ки ба дили мухлисон роҳ ёбад. Дар интихоби матн, оҳанг ва идеяи сабти намоҳанг ман хеле сахтгирам. Матнро аз китобҳо мегирам ё дӯстони шоир бо фармоиш менависанд. Оҳангро ҳам худам бо оҳангсоз танзиму аранжировка мекунам. Намоҳангро бошад бо коргардон Қурбон Бобоҷонов сабт мекунем.

- Барои сабти намоҳанг чӣ қадар маблағ сарф мекунед?

- Ман зихнагӣ намекунам. Ҳарчи зарур аст, муҳайё мекунам. То 100 ҳазор сомонӣ сарф мекунам барои сабти клип.

- Дар клипҳоятон бештар нақши асосиро худатон бозӣ мекунед. Сабаб чист?

- Инро коргардон (режиссёр) талаб мекунад.

- Вазъи эстрадаи тоҷикро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?

- Ман ҳанӯз ба ин савол ҷавоб дода наметавонам.

- Тӯйгардӣ ҳам мекунед?  

- Бале.

- Бар ивази хидмататон чанд пул мегиред?

- Ман нархи муайян надорам. Аз 8 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ тӯйдорҳо пул медиҳанд. Ман шогирди устодон Ҷӯрабек Муродов ва Афзалшо Шодиев ҳастам. Борҳо мешавад, ки ройгон ҳам меравам ба тӯйҳо. Дуои халқ муҳимтарин чиз аст. Инро аз устодонам омӯхтаам.

АЗ ҲАР БОБ

- Дар бораи оилаатон бигӯед?

- Шукр, оилаи обод дорам ва се фарзанд – Иззатмоҳ, Олимҷон ва Хуррамшоҳ.

- Ҳамсаратон ба касби шумо чӣ гуна созиш кардааст?

- Албатта, каме рашк ҳам мекунад, вале одат кардааст. Фақат аз он розӣ нест, ки ман шабҳо дер меоям ва саҳарҳо дер аз хоб мехезаму фарзандонамро дида наметавонам.

- Чӣ орзу доред дар дил?

- Дар Хуҷанд то ба имрӯз дар хонаи падарӣ зиндагӣ мекунам, ки дар баландошёна аст. Ҳавлии барҳаво харидам. Орзу дорам, ки ба он ҷо кӯчам ва падару модарамро аз деҳа ба шаҳр орам. Дигар ҳарчи Худованд хоҳад:

На ҳар чиз ки хоҳем он мешавад,

Худо ҳар чӣ хоҳад ҳамон мешавад!

- Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?

- Хеле зиёд. Мехоҳам сурудҳои нав ба нав эҷод карда, консертҳои нав ба нав баргузор кунам ва ба мардуми азизам хидмат кунам.

ЭЙ БОР ХУДОИ АРШУ КУРСӢ

Дамирбек Олимов дар заволи умр бештар ба сурудҳое рӯй овард, ки ниёишӣ ҳастанд. Одатан инсон, бахусус инсони ҳунарманд замоне ба ниёиш рӯ меорад, ки ботинаш пур шуда бошад. Пур аз дард, пур аз фараҳ, пур аз ғам, пур аз шодӣ, пур аз эҳсос, пур аз рамз, пур аз роз. Хулоса пухта расида бошад. Охирин суруде, ки ӯ тамрин мекард ва ҳоло онро сабт накарда буд «Ё Аллоҳ» ном дорад ва рубоии машҳури Абӯсаиди Абулхайр ҷузъи ин суруд аст:

Эй бор худои аршу курсӣ,

Шаш чиз ба мо ато фиристӣ,

Имону амону тандурустӣ,

Илму амалу фарохдастӣ.

Худованд, Дамирбек – ҳунарманди ҷавонмарги миллати моро дар арши баланд ҷой бидиҳад....


Одил Нозир

Муаллиф

Одил Нозир

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед