Ru  | Tj
То ниммиллион евро. Футболбозони тоҷик чӣ қадар арзиш доранд?
То ниммиллион евро. Футболбозони тоҷик чӣ қадар арзиш доранд?
Коллаж: halva.tj

То ниммиллион евро. Футболбозони тоҷик чӣ қадар арзиш доранд?

Нашр шуд

Тайи чанд соли охир тиму бошгоҳҳои футболи ҷаҳон футболбозони тоҷикро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, арзиши онҳоро муайян мекунанд. Муаллифи Halva.tj дар бораи гаронарзиштарин футболбозони тоҷик маълумот дод.

Эҳсони Панҷшанбе – 450 ҳазор евро

Ин бозигари муваффақи тоҷик 12 майи соли 1999 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. Ӯ фаъолияти касбии худро аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе оғоз карда, солҳои 2016-2020 дар ин тим ҳунарнамоӣ кардааст. Солҳои 2020-2022 ба тими «Навбаҳор»-и Ӯзбекистон гузашта, ду мавсим дар ин тим бозӣ кардааст. Эҳсон моҳи июли соли 2022 аз дастаи «Навбаҳор»-и Ӯзбекистон ба тими «Зуб Оҳан»-и Эрон пайваст. Айни ҳол ӯ ин дастаро тарк кардааст. Вай дар тими «Зуб Оҳан» гаронарзиштарин ва ягона легионер ба ҳисоб мерафт. Тибқи маълумоти пойгоҳи Transfermarkt, ки маълумот ҷамъоварӣ ва арзиши варзишгаронро баҳо медиҳад, Эҳсон 450 000 евро арзиш дорад.

Манучеҳр Ҷалилов – 300 ҳазор евро

Манучеҳр Ҷалилов яке аз беҳтарин ва муваффақтарин бозигарони футболи тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ 27 сентябри соли 1990 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро дар ҳайати ҷавонони «Локомотив»-и шаҳри Маскав оғоз кардааст. Баъдан ду сол дар бошгоҳи «Локомотив-2» ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳамзамон дар дастаҳои «Нефтехимик», «Горняк»-и Русия ва «Шривиҷая»-и Индонезия чанд муддат бозӣ кардааст. Манучеҳр қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон буда, дар солҳои 2015 ва 2016 бо касби 22 гол ба унвони нишонзани беҳтарин даст ёфтааст. Мувофиқи маълумоти Transfermarkt, арзиши ин бозигари маъруф 300 ҳазор евро арзёбӣ мегардад.

Манучеҳр Сафаров - 250 ҳазор евро

Имрӯз Манучеҳр Сафаров низ дар қатори беҳтарин футболбозони кишвар қарор дорад. Ӯ 31 майи соли 2001 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ боз кард. Манучеҳр дар дастаҳои футболи «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Локомотив-Помир» ва «Истиқлол» бозӣ кардааст. Мавсуф 7 ноябри соли 2021 дастаи «Истиқлол»-ро тарк карда , бо бошгоҳи эронии «Персеполис» то 30 июни соли 2024 шартнома баст. Дере нагузашта 20 июли соли 2022 бошгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Тошканд эълон кард, ки бо Манучеҳр Сафаров шартнома ба имзо расонидааст. Манучеҳр дар радабандии AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) дар соли 2021 «Беҳтарин муҳофизи тарафи рост» эълон шуда буд. Бино ба гузориши пойгоҳи Transfermarkt, ҳимоятгар 250 ҳазор евро арзёбӣ шудааст.

Шаҳром Самиев - 250 ҳазор евро

Бозигари шинохтаи дигар, ки ҳаводорони зиёд дорад, Шаҳром Самиев мебошад. Ӯ 8-уми феврали соли 2001 таваллуд ёфтааст. Шаҳром дар давраҳои гуногун дар ҳайати дастаҳои «Барқчӣ»-Душанбе, «Данғара»-Данғара ва «Истиқлол»-Душанбе бозӣ кардааст. Номбурда ҳамзамон дар бошгоҳҳои «Динамо-Авто»-и Молдова, «Торпедо-БелАЗ» ва «Ислоч»-и Беларус ҳунарнамоӣ намудааст. Инчунин бо дастаи премйер-лигаи Русия – «Рубин»-и Қазон қарордод баста, дар ҳайати ҷавонони ин даста бозӣ кардааст. Шаҳром Самиев дар тими мунтахаби Тоҷикистон низ ҳунарнамоӣ мекунад. Арзиши ин бозигари маъруфро пойгоҳи Transfermarkt 250 ҳазор евро арзёбӣ кардааст.

Нуриддин Давронов – 225 ҳазор евро

Бозигари 32-сола Нуриддин Давронов аз зумраи беҳтарин футболбозони тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ 16-уми январи соли 1991 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ҳунармандон Аҳмадбек Давронов ва Ширинмоҳ Ниҳолова таваллуд шудааст. Нуриддин дар мактаби футболи клуби "Минск" таҳсил карда, аз соли 2006 то 2007 дар ҳайати дастаи ҷавонони «Энергетик»-и Тоҷикистон ва солҳо 2007-2009 дар тими ҷавонони «Локомотив»-и Маскав бозӣ кардааст. Инчунин дар солҳои гуногун дар бошгоҳи «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Слобода»-и Сербистон, «Дунав»-и Булғористон, «Мадура Юнайтед» ва «Борнео»-и Индонезия, «Оман клуб»-и Уммон, «Муҳаммедан»-и Ҳиндустон ҳунарнамоӣ кардааст. Айни ҳол ӯ дар тими «Реал Кашмир»-и Ҳиндустон бозӣ мекунад. Арзиши ин бозигар 225 ҳазор евро арзёбӣ мегардад.

Фатҳулло Фатҳуллоев – 225 ҳазор евро

Фатҳулло Фатҳуллоев замоне ба дили мухлисон роҳ ёфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Куриёи Ҷанубӣ бар тими ИМА ғолиб омад. Он замон Фатҳулло низ дар ҳамин даста шомил буд. Ин бозигари маъруф 24 марти соли 1990 таваллуд шудааст. Ӯ фаъолияти варзишияшро аз соли 2007 дар тими «Динамо»-и Душанбе оғоз кардааст. Фатҳулло солҳо дар дастаи «Истиқлол» бозӣ карда, дар чанд мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзидааст. Ӯ соли 2012 Ҷоми президенти АФК-ро ба даст овард. Ҳамчунин солҳои 2019-2020 дар ҳайати тими «Бухоро»-и Бухоро (Ӯзбекистон) бозӣ кардааст. Фатҳуллоев аз моҳи марти соли 2020 дар ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд фаъолияти варзишӣ дорад. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо, Фатҳулло 225 ҳазор евро арзиш дорад.

Аҳтам Назаров – 175 ҳазор евро

Бозигари пурталошу ботаҷриба Аҳтам Назаров 29 сентябри соли 1992 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аҳтам дар солҳои гуногун дар тими «Энергетик» ва «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ кардааст. Ин бозигари маъруф ҳамзамон дар бошгоҳи «Башундхара Кингз»-и Бангладеш ва «Андиҷон»-и Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кардааст. Айни ҳол ӯ узви тими мунтахаби Тоҷикистон буда, дар суперлигаи Ӯзбекистон, дар бошгоҳи «Андиҷон» фаъолияташро идома медиҳад. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо Аҳтам 175 ҳазор евро арзиш дорад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед