Ru  | Tj
Қурутоб, дӯстон, кӯчаҳо: муҳоҷирини тоҷик чиро пазмон мешаванд?
Қурутоб, дӯстон, кӯчаҳо: муҳоҷирини тоҷик чиро пазмон мешаванд?
Акс: Интернет

Қурутоб, дӯстон, кӯчаҳо: муҳоҷирини тоҷик чиро пазмон мешаванд?

Нашр шуд

Ёди ватан - яке аз падидаҳои номафҳум аст. Шумо метавонед ба кишварҳои дур ба кор рафта, маблағҳои ҳангуфт ба даст оред, дар хонаҳои боҳашамат зиндагӣ кунед, аммо дар ҳар сурат кӯчаҳои ошно, забони модарӣ ва ҳамватанони худро пазмон хоҳед шуд.

Мо аз муҳоҷироне, ки имрӯз дар кишварҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, пурсон шудем, ки пас аз тарки Тоҷикистон онҳо чӣ чизи ин Ватанро бештар пазмон мешаванд?

Раъно Амирбекова, духтур:

«Оилаи мо соли 2003 ба шаҳри Москва кӯч баст. Дар тӯли 20 соли охир дар Тоҷикистон набудам ва оиди он, ки кишвари мо то чӣ андоза тағйир ёфтааст, мулоҳиза карда наметавонам, чун аз замони кӯдакӣ танҳо кӯли Комсомол, (ҳоло кӯли Ҷавонон) майдони Сомонӣ ва бозори "Корвон" – ро, ки ҳамеша серодам буд, дар ёд дорам. Барои ман Тоҷикистон, пеш аз ҳама, мардуми он аст! Ман наздиконамро пазмон шудам, яъне бобою бибӣ, холаву фарзандон, амакбачаҳо ва хоҳаронамро. Албатта, мо ҳамеша дар тамос ҳастем. Хушбахтона, технологияҳои муосир ба мо имкон медиҳанд, ки бо якдигар пайваста дар алоқа бошем, аммо бо вуҷуди ин, телефон гармии оғӯши наздиконро таҳвил намекунад. Ҳамчунин, ба он хосиятҳои миллӣ намерасад, ки он дар фаҳмиши ман ба мардум алоқамандӣ дорад. Тоҷикистон зебост, зеро дар онҷо одамони зебо ва мушфиқ зиндагӣ мекунанд, ки ҳамеша саъй доранд, ба ҳамдигар кӯмак расонанд. Дар замони кӯдакии ман низ ҳамин хел буд».

Беназир Мулло-Абдул, донишҷӯ:

«Ман ҳоло дар Канада зиндагонӣ мекунам. Бори охир соли 2019 дар Тоҷикистон будам. Бештар аз ҳама ман фазои Тоҷикистон, шоми гарми Душанбе ва замонеро, ки бо дӯстон якҷоя будем, ёд мекунам. Ба фикрам дар бораи ёд кардани қурутоб ҳоҷати гуфтан нест?!»

Ҳадисаи Аловидин, котиби идораи тафтишоти андоз

«4 сол қабл ба Олмон омада будам ва дар Бовария мондам. Падару модар, анъанаҳо, хӯрок ва ҳавои хуши ватанро пазмон шудам. Ман аслан пухтани таомҳои миллиамонро дӯст медорам, аммо маззаи маҳсулоти аврупоӣ ба мисли маҳсулоти мо нест. Ман кӯҳҳову кӯлҳо, дӯстонам ва чеҳраҳои хандони мардуми кишварамонро ёд кардам. Баргаштан ба

зодгоҳи худ - Душанберо рӯзшуморӣ мекунам! Ҳар лаҳза Ватан маро ба сӯи худ мекашад. Ин як чизи ғайриоддӣ аст!»

Ризо Самадӣ, маркетолог

“Ман 3 сол пеш аз Тоҷикистон берун шудам. Ҳоло дар Дубай зиндагӣ мекунам. Наздиконам ва дӯстонамро ёд кардам, дилам барои он рӯзҳое, ки дар хиёбонҳои марказии шаҳр сайру гашт мекардам ва бӯи замин, ки пас аз борон ба машом мерасид, барои шомҳои салқин ва дар ниҳоят ба суръати бе дағдағаи зиндагӣ (чун шаҳрҳои калон одатан инсонро бисёр хаста мекунанд) пазмон шудааст».

Шамсиддин Саидов, тоҷир:

«Соли 2013 ба Ҷумҳурии Мардумии Чин омадам. Дилам барои ёру дӯстон, табиати зебои кишварамон ва албатта, барои таомҳои миллиамон пазмон шудааст. Хусусан оши паловро аз ҳама бештар пазмон шудам!»

Сергей Китчинский, роҳбари тарабхона дар киштӣ:

«Соли 2010 ба Русия кӯч бастем. Ҳоло дар шаҳри Калуга зиндагӣ мекунам. Дӯстонамро, ки дар ватан монданд, хеле ёд кардам. Маълум мешавад, ки бо гузашти синну сол пайдо кардани чунин дӯстон душвортар аст. Инчунин, қурутоб ва чаккаро хеле зиёд ёд кардам!»

Равил Саидмуродов, филмбардор

«Ман соли 2018 Душанберо тарк кардам. Ҳоло дар Қазон зиндагӣ мекунам. Бисёртар дӯстони худ ва замонеро, ки якҷоя будем, кӯчаҳои зодгоҳ ва табиати кишварамонро пазмон шудам. Аксар вақт дилам ба таомҳои миллиамон гум мезанад, хусусан ба нонҳои танӯрӣ, оши палав ва қурутоб».

Сергей Собянин: "Шумораи муҳоҷирон дар шаҳри Москва 40 дар сад коҳиш ёфтааст"

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед