Ru  | Tj
Фирӯз Зайнидинӣ: Тиҷорати онлайнӣ дар Тоҷикистон ояндаи бузург дорад
Фирӯз Зайнидинӣ: Тиҷорати онлайнӣ дар Тоҷикистон ояндаи бузург дорад
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Фирӯз Зайнидинӣ: Тиҷорати онлайнӣ дар Тоҷикистон ояндаи бузург дорад

Нашр шуд

Тибқи маълумоти ширкати тадқиқотии Juniper Research, имрӯз 7 миллиард дастгоҳ ба Интернет пайваст шудааст, аҳолии ҷаҳон бошад тақрибан 8 миллиард нафарро ташкил медиҳад. Ин ҳама нишондиҳандаи возеҳи ҷорӣ гардидани рақамикунонӣ дар ҳаёти мо мебошад. Алоқаҳои анъанавӣ, ба монанди бизнес-моделҳо, дигар мисли қабл ба кор намераванд. Бозор роҳҳои нави ҳалли муамморо талаб мекунад. Яке аз онҳо - ҷорӣ кардани тиҷорати электронӣ, ё ба забони оддӣ онлайн - тиҷорат мебошад. Портали олмонии Statista афзоиши тиҷорати электрониро дар бозори ҷаҳонӣ то 2,5 триллион доллар пешгӯӣ кардааст.

Фирӯз Зайнидинӣ - сардори Раёсати тиҷорати электронии ширкати Babylon-M, дар бораи чӣ гуна дар Тоҷикистон рушд ёфтани тиҷорати электронӣ дар сӯҳбат ба мо гуфт.

- Тиҷорати электронӣ чист ва дурнамои он чӣ гуна аст?

- Имрӯз аллакай мусаллам аст, ки тиҷорати электронӣ дурнамои калон дорад. Дар муқоиса ба соли гузашта, ҷараёни инкишофи соҳибкорони бо тиҷорати электронӣ машғулбуда, хеле боло рафтааст. Бешак, метавонем бо боварии қатъӣ дар бораи пайдоиши чунин як самт, ба монанди тиҷорати электронӣ дар бозори мо ҳарф занем. Мо рушди босуръати ин бахши иқтисодро дар ояндаи наздик пешгӯӣ мекунем. Дар солҳои наздик ин самт аз сатҳи тиҷорати ғайриэлектронӣ (офлайн-тиҷорат) боло хоҳад рафт.

- Дар Тоҷикистон тиҷорати электронӣ чӣ гуна рушд мекунад?

- Ҳоло бисёр ширкатҳо дарк кардаанд, ки тиҷорати электронӣ оянда не, балки имрӯзи мост. Ҳар ҳафта платформаҳои электронии нав (онлайн-мағозаҳо) пайдо мешаванд, ки зиндагии харидоронро осонтар мекунанд. Даҳҳо фурӯшгоҳҳо дар кори худ QR- рамзҳоро истифода мебаранд. Ҳоло дар бораи тағйиротҳои калон ҳарф задан барвақт аст, вале бозор тадриҷан бо унсурҳои тиҷорати электронӣ пур мешавад. Мо ба зудӣ як тасвири зебои аз ин маҷмӯъ тартибдодашударо хоҳем дид. Як гурӯҳи махсуси молҳо ва хизматрасониҳо - бизнеси тарабхонаҳо мавҷуд аст, ки ҳоло яке аз қувваҳои пешбарандаи тиҷорати электронӣ ба ҳисоб мераванд.

- Кадом ташкилотҳоро дар кишвар ташкилотҳои навовар номидан мумкин аст?

- Яке аз навоварони асосӣ, албатта, ширкати «Вавилон M» мебошад. Мо барои кулли истифодабарандагон ва соҳибкорон платформаи махсуси MyBabilon-ро ташкил кардем, ки аллакай имрӯз имкони ворид шудан ба ҷаҳони тиҷорати электронӣ ва ба тариқи онлайн ба роҳ мондани фурӯши молро осон мекунад. Мо аввалин шуда системаи ягонаи ҳамгироии хадамоти сершумори дастраскуниро ба роҳ мондем, ки хароҷоти маъмурии соҳибкоронро хеле кам мекунад. Имрӯз аллакай, зиёда аз 400000 истифодабарандагон ин барномаро барои пӯшонидан ва қонеъ гардонидани ниёзҳои ҳаррӯзаи худ истифода мебаранд.

- Лутфан дар бораи кейсҳои (мавридҳои) муваффақтарини тиҷорати электронӣ дар кишварамон нақл кунед.

- Дар бораи кейсҳои овозадор ва калон ҳарф задан ҳоло барвақт аст, вале дар ояндаи наздик моро тағиротҳои куллӣ интизоранд. Чӣ гунае, ки дар боло қайд карда будам, кейси асосии мо – My Babilon мебошад. Ин аввалин ва то ба имрӯз ягона замимаи комплексӣ мебошад, ки тақрибан ҳамаи соҳаҳои барои истифодабарандагон заруриро фаро мегирад.

Яке аз кейсҳои муҳимтарини мо – ин нигаҳдорӣ ва гузаштан аз офлайн - тиҷорат ба онлайн - тиҷорат мебошад. Дастаи My Babilon аллакай ба зиёда аз 500 соҳибкор барои ба тиҷорати электронӣ гузаштан ва ба роҳ мондани фурӯш ба тариқи онлайн бо истифодаи QR – кодҳо барои қабули пардохт кӯмак расонд. Ин як экосистемаи такмилёфта барои соҳибкорон мебошад, ки воридшавӣ ба тиҷорати электрониро осонтар мекунад ва фурӯши онлайниро зиёд мегардонад.

Мо инчунин низоми калонтарин ва то имрӯз ягонаи купонҳои тахфифшударо дар кишвар ба кор даровардем. Ин низом барои ба даст овардани тахфифҳои беҳтарин аз шарикони MyBabilon кӯмак мекунад. Тасаввур кунед, ҳама тахфифҳо дар як барнома фаро гирифта шудаанд. Ворид шавед ва интихоб кунед.

Дастаи MyBabilon барои ҳама намуди тиҷорат боз аст ва омода аст, ки барои гузаштан ба тиҷорати электронӣ машваратҳо ва кӯмакҳо пешниҳод кунад. Барои ин, дар заминаи ширкат лоиҳаи Babilon Academy ба роҳ монда шудааст, ки ба садҳо соҳибкорон имкони дастрасӣ пайдо карданро ба мастер-классҳои соҳибкорони пешрафта ва коршиносон фароҳам месозад.

- Тиҷорати электронӣ ба харидорон ва истеҳсолкунандагон чӣ медиҳад?

- Албатта, ин низоми классикии   «win-win» аст, ки аз он ҳарду тараф – ҳам харидор ва ҳам истеҳсолкунанда бурд мекунад. Барои истеҳсолкунанда - ин имконияти кам кардани хароҷотҳо мебошад, барои харидор бошад ин нархи дастрас ва оварда расонидан то ба хона аст. Умуман, ин ба манфиати тамоми бозор аст.





Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед