Ru  | Tj
Мехоҳам ба худ гираму ва ба дигарон низ бидиҳам: Китобу дастурҳои таълимии омӯзиши забони русӣ
Мехоҳам ба худ гираму ва ба дигарон низ бидиҳам: Китобу дастурҳои таълимии омӯзиши забони русӣ
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Мехоҳам ба худ гираму ва ба дигарон низ бидиҳам: Китобу дастурҳои таълимии омӯзиши забони русӣ

Нашр шуд

Дар замони муосир ҳар яки шумо имкон доред, ки забони русиро бо истифода аз подкастҳо, блогҳои видеоӣ ё барномаҳои мавҷуда тариқи интернет омӯзед. Дар ин кор ба шумо филмҳо ва аниматсияҳо метавонанд кӯмак кунанд. Аммо мо тасмим гирифтем, ки чанд намунаи беҳтари забономӯзиро бо усули анъанавӣ, яъне бо истифода аз китоб барои шумо муаррифӣ кунем. Мо барои онҳое, ки мехоҳанд ба таври худомӯзӣ забони русиро омӯзанд ва ё ба омӯзиши ин забон тоза шурӯъ кардаанд, китобҳои хубтарро интихоб ва пешниҳод менамоем. 

1. Забони русӣ. Қадамҳои аввалин

Китоби мазкур хеле содда буда, барои донишҷӯёни хориҷӣ пешбинӣ шудааст, ки дар он машқҳои талаффузи дурусти ҳарфу ҳиҷо ва калимаю ибораҳо нишон дода шуда, инчунин барои тарзи дурусти навиштан машқҳои зиёде оварда шудааст. Ба тариқи он шахс ба зудӣ алифбо ва тарзи дурусти хонданро меомӯзад. Шакли савтии китоб бо садои шунаво ва фаҳмо сабт шудааст ва дар нусхаи коғазии он бошад шумо метавонед, ки машқҳоро бевосита дар худи китоб анҷом диҳед. Ҳамчунин, дар китоб ҷадвалҳои зиёде мавҷуданд, ки барои ба осонӣ азхуд кардани грамматика ва дар хотир нигоҳ доштани он кӯмак мерасонанд.  

2. Бо забони русӣ дар мавриди ҳама чиз. Китоби дарсӣ барои кӯдакони 10-13 солаи оилаҳое, ки бо забони русӣ муошират мекунанд

Ин китоб на танҳо барои омӯзиши кӯдакон, балки ба кулли аҳли оила ва ҳатто ба калонсолон низ  муфид аст. Дар ин ҷо осори адибони классики адабиёти русро бо шарҳҳои грамматикӣ пайдо кардан мумкин аст.  

3. Меравем. Курси ибтидоӣ

Тасвирҳои зебо дар ин дастур ба шумо имкон медиҳад, ки забони русиро ба осонӣ азхуд кунед. Шумо метавонед шакли савтии онро тавассути QR-код гӯш кунед, ки дар он намунаҳои муколамаҳои воқеӣ мавҷуданд. Ин китоб барои инкишофи нутқ кӯмак мекунад. Барои он ки омӯзиши забони русӣ барои шумо душвор ва дилгиркунанда набошад, дар китоб мисолҳо  бо забони русии муосир ва ҳаҷвҳо оварда шудааст, то ҳангоми омӯзиш хастагиро эҳсос накунед. 

4. Маҷмӯаи китобҳои дарсии «Забони русӣ сарҳад надорад»

Дар ин китоб супоришҳо хеле хуб пешниҳод шудаанд ва шакли коғазии китоб машқҳои зиёде дорад, ки онҳоро бевосита дар худи китоби дарсӣ иҷро кардан мумкин аст. Яке аз муаллифони китоби мазкур таҷрибаи омӯзгорӣ бо кӯдаконе, ки дар хориҷ аз кишвар бо забони русӣ муошират мекунанд, дорад. 

5. Дар олами одамон. Мактуб. Суханронӣ

Ин дастур барои донишҷӯёни хориҷӣ, ки забони русиро ба андозаи «ТРКИ-2» (санҷиш аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ) медонанд, пешбинӣ шудааст. Мақсади китоб омодагӣ ба супоридани санҷишҳо, инчунин кӯмак дар омӯзиши лексикалогия ва грамматикаи забони русӣ мебошад.

6. Буд набуд... 12 дарси забони русӣ. Дар сатҳи боло

Ин китоби дарсӣ аз дигар дастурҳои омӯзишӣ бо сохтори мантиқӣ ва ҷадвалҳои фаҳмои худ фарқ мекунад. Ин китоб бо худ дафтари иловагӣ барои кор, замимаҳои савтӣ ва амалияи грамматикӣ низ дорад. Маводи китоб ҳамагӣ дар ҳаҷми 100-120 соати омӯзиш омода шудааст ва он ҳам барои нафароне, ки ба таври худомӯзӣ забони русиро меомӯзанд ва ҳам барои онҳо, ки дар назди омӯзгорон таълим мегиранд тавсия карда мешавад.

7. Грамматикаи забони русӣ бо машқҳо ва шарҳҳо (О. Глазунова)

Дар дастур машқҳое оварда шудааст, ки қисмҳои муҳимтарини грамматикаи амалӣ, инчунин маводи назариявиро дар бар мегирад. Вазифаҳо дар асоси истифодаи забон, нутқи гуфтугӯ ва муошират ташкил карда мешавад ва ҳамчунин барои истифодаи калимаҳои муайян дар контекст диққати махсус дода мешавад. Шарҳҳои зиёд дар китоб имкон медиҳад, ки шумо забонро на танҳо бо омӯзгор, балки ба таври мустақилона омӯзед. 

8. Курси забони русӣ (Н. М. Румянцева, И. С. Гусева).

Ин китоб барои онҳоест, ки мехоҳанд забони русиро аз ибтидо дар муддати кӯтоҳ омӯзанд. Бо истифода аз ин китоби дарсӣ, шумо метавонед ба зудӣ сатҳи зарурии ибтидоии забони русиро аз худ кунед, ки ба шумо имкон медиҳад бо ин забон дуруст навиштан ва сухан гуфтанро омӯзеду сухани дигаронро низ фаҳмед. 

9. Забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ. Қадамҳои муборак. Қадами аввал

​Ин маҷмӯа барои кӯдакони аз 12-сола боло тавсия карда мешавад ва барои шахсони калонсоле, ки тоза ба омӯзиши забони русӣ шурӯъ кардаанд низ мувофиқ аст. Дар китоб грамматика хеле хуб фаҳмонида шудааст. Дар китоби мазкур инчунин машқҳо, матнҳо барои хониши мустақилона, муколамаҳои хуб ва тасвирҳо низ мавҷуданд.

10. Биёед шинос шавем. Забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ (Е. А. Ҳамроева, Е. И. Иванова)

Ин китоби дарсии забони русӣ дар асоси забони англисӣ барои донишҷӯёни англисзабон, ки дараҷаи якуми сертификатсияи донистани забони русиро азхуд мекунанд, пешбинӣ шудааст. Дар он ба инкишоф додани малакаҳои шифоҳӣ ва хаттӣ, дарки фарҳанги муоширати русӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад.


Омӯзиши забони русӣ бо подкастҳо: 10 хидматрасонии бартар




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед