Ru  | Tj
«Устоди ширинипазӣ». Ҷавони тоҷик қолабҳоро мешиканад
«Устоди ширинипазӣ». Ҷавони тоҷик қолабҳоро мешиканад
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

«Устоди ширинипазӣ». Ҷавони тоҷик қолабҳоро мешиканад

Нашр шуд

Масрур худро дар Тоҷикистон аввалин ҷавонписари қаннод  медонад. Ӯ аз 13-солагӣ ба пухтупаз машғул аст ва аз он замон тамоми вақти холии худро дар ошхона мегузаронад. Ҳоло ӯ қанноди моҳир буда ва  фармоишҳоро қабул мекунад. Дар баробари ин, Масрур барои нафароне, ки қадамҳои худро ҳамакнун дар ин ҷода гузоштаанд, курсҳои омӯзишӣ ба роҳ мондааст. Масрур доир ба шуғли дӯстдошта, муносибати атрофиён ва орзуҳоияш қисса кард...

“Ман аз хӯрдӣ пухтупазро дӯст медоштам. Аммо бори аввал  ба таври комил ва бо сифат дар 13-солагиям кулчақанд пӯхтам. Таъми он хеле болаззат буд, аммо шаклу рангаш боз ками дигар такмил мехост».
Масрур ба омӯхтани қаннодӣ идома дод. Ӯ иқрор мешавад, ки тамоми вақти холии худро ба омӯзиш бахшидааст.  Ӯ кӯшиш мекард, ки кулчақандҳои пӯхтааш ҳам шакли зебо дошта бошанду ва ҳам таъми лазиз.  Масрур  тарзи омода намудани як кулчақанди Фаронсаро то ҳол меомӯзад: “Макарон” ном кулчақанди фаронсавипӯхт аст, ки барои омӯхтани тарзи таҳияи он  қариб як сол вақти худро сарф кардам, муддати тӯлонӣ машқ кардам, то дар пӯхтанаш муваффақ шавам. 
"То ҳол кӯшиш мекунам, ки дастурамали ин кулчақандро пурра ба хотир оварам, то бехато аз ӯҳдаи пӯхтани он бароям". 

Ҳоло ин ҷавони соҳибҳунар кор мекунад ва маҳсули пӯхти аввалинашро низ хуб дар хотир дорад: “Дар зодрӯзи хоҳарам торт пӯхтам, ки таъми он ба дугонааш писанд омад. Баъди чанде модари ӯ ба хонаи мо омода, пӯхтани тортеро фармоиш дод. Фармоишро қабул карда ва ба ӯ торти сеқабата пӯхтам. Аз он пас фармоишҳо зиёд шуданд”.

Ҳоло бошад ширинипази ҷавон дар кори худ устод шудаву муштариён зиёд дорад. 

«Ба ғайр аз ин навъи торт аз ӯҳдаи пӯхтани навъҳои гуногуни кулчақанду шириниҳо ба монанди: Oreo cake, Max Choco, ширинии  Павлова, кексҳо, трайфли ва ҳатто торти арӯсӣ низ мебароям. Ман бештар пӯхтани ширинии “Oreo cake” ва ҷамъ кардани ҳарфҳои тайёрро бо шириниҳои гуногун дӯст медорам».

Масрур худомӯз аст, аммо ҳар қадар ҳунари хешро такмил диҳад, ҳамон қадар зарурати курсҳои такмили ихтисосро дарк мекунад: “Соли 2019 дар курсҳо ва дарсҳои маҳорати одамони боистеъдод: @parishajan ва @delicious.tj ширкат кардам. Ман барои донишҳои аз ин курсҳо гирифта аз ташкилкунандагони он хеле миннатдорам. Ҳоло барои навомӯзон курсҳои онлайн оид ба тарзи пӯхтани прайникҳо ва дарсҳои офлайнӣ мегузаронам.”

 Масрур ҳоло барномаи таълимии худро ташкил намудааст: “Дар аввал ба 2 гурӯҳи иборат аз 10 нафар дарс мегузаштам. Намеҳаросидам, баръакс, аз омӯхтани дониши худ ба дигарон лаззат мебурдам. Шогирдонам асосан ҳамкурсону шиносҳоям ҳастанд, ки дар байни онҳо умуман писарон нестанд. 

"Ман ба онҳо чӣ тавр пӯхтани торти ванилини мусс, торти Нутелла, орео, раффаелло, торти  рақамӣ, Наполеон, торт бо писта ва марминҷон, торт бо асал, кулчақандҳои гуногунро меомӯзонам. Ҳамчунин, тарзи таҳияи баъзе  хӯрокҳои гӯштӣ: бургер ё бураки туркиро низ меомӯзам."

Одамон ба ин касби Масрур муносибати гуногун доранд: «Баъзеҳо ҳайрон мешаванд, ки писарбача хӯрок мепазад. Аксарият ба касби ман назари мусбат доранд, аммо дар гузашта зиёд буданд нафароне, ки ба он бо нигоҳи манфӣ менигаристанд. Ҳатто волидайнам низ муқобили ин шуғли дӯстдоштаам буданд. Баъзе рафиқонам низ механдиданду  маро масхара мекарданд ва мегуфтанд, ки ин кори мардон  нест. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ муштариён ҳамеша маро дастгирӣ мекарданд. Бо вуҷуди чунин бархӯрдҳо аз кори дӯстдоштаам даст накашидам, касбамро тарк накардам ва ба пеш ҳаракат намудам. 

"Дар оянда мехоҳам қанноди касбӣ шавам, худро дар “Instagram”, “TikTok”, “YouTube” таблиғ кунам ва муҳимтар аз ҳама, мехоҳам, ки студияи худро дошта бошам”.

Масрур касбашро хеле дӯст медорад ва аз ин кораш ифтихор мекунад. Ӯ мехоҳад кулли инсонҳо новобаста аз муносибати атрофиён ба орзуҳояшон бирасанд, кори дӯстдоштаи худро пайдо кунанд ва ба он машғул шаванд.


Сабткунандаи лаҳзаҳои хотирмони ҳаёт. Шаҳзода чӣ тавр метавонад, ки вақтро боздорад?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед