Ru  | Tj
Омӯзиши забони русӣ бо подкастҳо: 10 хидматрасонии бартар
Омӯзиши забони русӣ бо подкастҳо: 10 хидматрасонии бартар
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Омӯзиши забони русӣ бо подкастҳо: 10 хидматрасонии бартар

Нашр шуд

Подкастҳо сабтҳои аудиоие мебошанд, ки шумо метавонед онҳоро дар шакли онлайн зеркашӣ карда ва гӯш намоед. Подкастҳои мазкур мувофиқи завқи ҳар кас пешниҳод карда мешавад. Аз ин рӯ, ҳар шахс метавонад онро дар вақти ба худ мувофиқ гӯш бикунад. Бисёре аз подкастҳо мусоҳибаҳои таҳриршуда ё сӯҳбатҳои чанд нафар ҳастанд. Шумо онро метавонед  дар вақти дилхоҳи худ, масалан ҳангоми сафар,  корравӣ, рӯбучини хона ё дар толори варзишӣ баробари машғул шудан ба обутоби бадан гӯш кунед.

Барои кӯдакон ва калонсолоне, ки забони хориҷиро меомӯзанд, онҳо ягона роҳи ба зуддӣ азхуд кардани забон ва роҳи «наҷот» мебошанд. Зеро шумо метавонед тарзи ҳарфзаниро бевосита аз забони соҳибон забон шунавед. 

Бартариятҳои дарсҳои аудиоии мазкур: 

-Такмил додани дарку гӯш кардани забон;

- Калимаҳои навро ба осонӣ дар хотир нигоҳ доштан;

- Азхуд кардани грамматика осонтар мешавад, зеро контекст вуҷуд дорад;

- Барои такмил додани нутқи гуфтугӯйӣ кӯмак мекунад, зеро мо чӣ тавр истифода кардани калимаҳоро дар хотир нигоҳ медорем, яъне тарзи дурусти талаффузи онро мешунавем;

- Роҳи беҳтарин барои нафароне, ки дар омӯзиши забони хориҷӣ мушкилӣ доранд.

Мо рӯйхати подкастҳоеро пешкаш мекунем, ки дар омӯзиши забони русӣ ба шумо кӯмак мекунанд:

1. Забони русиро омӯзед (дарсҳои аудио ва видеоии ройгон ва калимаи рӯз).

2. Гуфтугӯ бо забони русӣ «Speaking Russian» (калима ва ибораҳои оддӣ, асосҳои забони русӣ).

3.  Дар сатҳи паст ё ба ҳадди нокифоя донистани забони русӣ «Slow Russian» (подкаст аз муаллимаи рус Даря Молчанова дар мавзуъҳои гуногун).

4. Клуби «Дача Русский» (Татяна Климова подкастҳоро бо транскриптҳо сабт мекунад ва маводи зиёде ба таври ройгон пешниҳод карда мешавад, ки шумо низ метавонед ба он обуна шавед).

5. Аудиохонанда (адабиёти ҷаҳонӣ барои хонандагон, ки бо садои ҳунармандон сабт шудааст).

6. Arzamas (лексияи олимони рус доир ба таърих, адабиёт, санъат ва анртопология. Сабтҳо аз 10 дақиқа то 60 дақиқаро дар бар мегиранд). 

7. Хониш аз радиои Маяк (хонишҳои бадеӣ дар шакли роман ва ҳикоя аз осори шоирони машҳур ва навқаламон)

8. Ҳазфи бесаводӣ тариқи радиои «Маяк» (Масъалаҳои марбут ба идеалҳои рафторӣ, Пушкин ва озодии баён — мавзуъҳои мухталифи доғ).

9. Бозори китоб аз Meduza (кадом китобҳоро бояд хонед, адабиётшинос ва мунаққид Галина Юзефович ва сармуҳаррири хадамоти китобҳои Storytel Анастасия Завозова ба хонанда тавсия медиҳад).

10. Таърих дар чеҳраҳо (таърихи Русия дар сабтҳои 14 дақиқагӣ).

 Бо подкастҳои касбӣ омӯзиши забони русӣ осонтар аст.


«Таърих, қарзгирӣ, маъруфият»‎: 10 далели ҷолиб дар бораи забони русӣ




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед