Ru  | Tj
Роҳандозии муҷаддад ва табодули таҷриба: Чорабиниҳои тафреҳӣ барои бонувон
Роҳандозии муҷаддад ва табодули таҷриба: Чорабиниҳои тафреҳӣ барои бонувон
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Роҳандозии муҷаддад ва табодули таҷриба: Чорабиниҳои тафреҳӣ барои бонувон

Нашр шуд

Шоира Пӯлотова блогерест, ки чанд сол боз дар Тоҷикистон ба роҳандозии чорабиниҳои гуногун машғул аст.  Ӯ аз ҷумла чорабиниҳои хайриявӣ ва тиҷоратиро (барои аудиторияи калон ва ё доираи маҳдуд) роҳандозӣ кардааст. Вақтҳои охир ин бонуи хушзавқ ба гузаронидани чорабиниҳои махсус машғул аст, ки танҳо барои занҳо пешбинӣ шудааст. Шоира Пӯлотова ба Halva.tj дар бораи рисолати баргузории чунин чорабиниҳои тафреҳӣ ва нақшаҳои оянда гуфт.

Шоира дар ташкили чунин чорабиниҳо навкор нест, ӯ ҳар сол маҳфилҳои тиҷоратӣ ва хайриявӣ баргузор мекунад. Дар байни чорабиниҳои хайриявӣ ҷамъоварии либос барои оилаҳои камбизоат, кӯмак ба мактаббачагон бо сару либос ва лавозимоти хониш, инчунин ҷамъоварии хӯроки ҳайвонот ва либос барои гурезаҳоро номбар кардан мумкин аст. Бояд гуфт, ки ӯ ин иқдомотро пайваста амалӣ мекунад.  

«Дар самти тиҷорат корҳо аз маҳфилҳои хурди таблиғотӣ барои блогерон оғоз ёфт. Дар ин чорабинҳо 15—20 нафар иштирок мекарданд. Чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои гуногун дар якҷоягӣ бо шариконе, ки мехостанд маҳсулоти худро намоиш диҳанд (таблиғ кунанд), инчунин бахшида ба Наврӯз, Рӯзи Модар ва ғайраҳо гузаронида шуданд. Бо мурури замон иқдомоти мо тақвият ёфта ва ҳоло дар доираи васеъ гузаронида мешаванд, ки яке аз онҳо таҷлили Соли Нав мебошад. Ҳамчунин, дар рӯзҳои 14 -уми феврал ва 8-уми  март низ аксияҳо баргузор карда шуданд».

Ҳама аз як шабнишинии занона оғоз ёфт:

«Ба монанди дигар кишварҳое, ки дар он ҷо шабнишиниҳои “пижама” (либоси хоб) машҳуранд, мо низ якҷоя бо ширкати “Gelos” “пижама”-ҳои хеле зебои шоҳӣ дӯхта, шабнишинӣ ташкил кардем ва духтарони фаъолро даъват намудем. Ҳар кадоми онҳо маҳорати худро нишон доданд, ки ин навъе аз мубодилаи таҷрибаву маҳорат буд. Умуман, чорабиниҳои занона хеле шавқовар баргузор мегарданд, зеро баъди чунин ҷамъомадҳо ҳатман баъзе бонувон лоиҳаҳои муштарак эҷод намуда, бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд. Ҳама ҳамеша якҷо ҳастанд, бо ҳамдигар шинос мешаванд, дӯстӣ эҷод мекунанд ва хулоса мазмуну мундариҷаи навро кашф менамоянд. Ман аз ин чорабиниҳои занона хушам меояд. Одатан онҳо натиҷаҳои хеле хуб медиҳанд». 

Бештар аз ҳама барои Шоира шабнишинии мазкур бо фазои махсуси хонагӣ ва чорабиние, ки соли гузашта дар Al-Mandi баргузор гардид ва меҳмони асосии он муаллифи лоиҳаи «Ба ман бигӯ, хоҳар», ки бар зидди хушунат алайҳи занон равона карда шудааст, хотирмон буд. Дар ин чорабинӣ мавзӯҳои барои ҷомеаи Тоҷикистон муҳим баррасӣ карда шуданд.

Ҳамчун ташкилотчӣ Шоира мегӯяд, ки чорабиниҳои ӯ барои ҳамаи табақаҳои шаҳрвандон равона карда шудаанд:

«Чорабиниҳои ман ба ягон табақаи хоси одамон нигаронида нашудаанд. Ман мехоҳам, ки ҳама омада, новобаста аз самти чорабинӣ, аз фазои он лаззат баранд. Бояд иқрор шуд, ки барои баъзе чорабиниҳо арзиши чиптаҳо хеле гарон аст ва на ҳама метавонанд дар онҳо иштирок кунанд. Вале мо имрӯзҳо кӯшиш карда истодаем, ки ин ҳолатҳоро бартараф намоем”. 

Шоира чорабиниҳои худро бо мақсади кӯмак расонидан ба ниёзмандон ё ин ки бо мақсади таъмини фароғати иштироккунандагон, фароҳам овардани имконот барои пайдо кардани дӯстони нав ва ҳавасманд сохтани иштирокчиён баргузор мекунад. Ба суоли «Ба духтарони тоҷик барои рушду хештангароӣ чӣ намерасад?», Шоира мегӯяд, ки чорабиниҳои ӯ ба ин саволи мушкил посух медиҳанд.

Ӯ нақша дорад, ки дар ҳар ҷашн чунин чорабиниҳои тафреҳӣ баргузор кунад: «Албатта, мехоҳам чунин чорабиниҳоро зиёд баргузор кунам, аммо метарсам, ки ба хотири миқдор сифат паст нашавад. Нақшаҳои калон дорам, вале аввал бояд худро нишон диҳам ва барои ин бояд чорабиниҳоро дар дараҷаи баланд баргузор намоям».

Дар хотима Шоира қайд намуд:

 «Агар шумо ба ягон чиз шавқ дошта бошед, бояд наҳаросида ба ин кор шурӯъ кунед. Дар аввал, шояд барои ин кор сармоягузорӣ лозим шавад ва гумон аст, ки он фоида биёрад, аммо бояд кӯшиш кард. Дар аввал аз чунин чорабиниҳо даромад намегирифтам ва ҳатто баръакс барои ташкил, либос, реклама ва ғайра фақат хароҷот мекардам. Айни ҳол ҳамааш натиҷа дода истодааст, яъне ман ба соҳибкорӣ машғулам ва шавқамро ба тиҷорат табдил додам. Агар ба худ боварӣ дошта бошед, ҳатман муваффақ мешавед».



Нигина Мамадҷонова: “Ватандӯстӣ дар кӯшиши беҳтар кардани он аст, на дар рӯйпӯш кардани мушкилоти мавҷуда”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед