Ru  | Tj
Бунёдгузори сабки нави рақс дар Русия. Фарозу нишеби рӯзгору кори Рустам Ҷамолов
Бунёдгузори сабки нави рақс дар Русия. Фарозу нишеби рӯзгору кори Рустам Ҷамолов
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Бунёдгузори сабки нави рақс дар Русия. Фарозу нишеби рӯзгору кори Рустам Ҷамолов

Нашр шуд

Дар саросари ҷаҳон беш аз ду милярд нафар рақсро ҳамчун саргармии худ медонанд. Дар миёни онҳо касоне ҳастанд, ки дар сатҳи ҳирфаӣ машғули рақсанд ва афроде ин шуғлро дар сатҳи ҳаваскорӣ интихоб кардаанд. Бисёриҳо бо интихоби машғулиятҳои рақс эҳсоси дарунии худро, ки бо сухан баён кардан номумкин аст, нишон медиҳанд.

Ба қатори се навъи роиҷи рақс модерн дохил мешавад. Истилоҳи "Модерн" (аз инглисии Modern - муосир) худ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико падид омад. Ин рақсест, ки шаклҳои анъанаии балетро рад мекунад ва маҳз нозукиҳои онро Рустам Ҷамолови тоҷикистонӣ ба шогирдонаш дар Маскав меомӯзонад.


ДИЛДОДАИ ҲУНАР

Қаҳрамони мо ҳамагӣ 24 сол дошта, то ин дам даҳҳо намоишномаҳоро рӯйи саҳна гузоштааст, ки аз сӯйи мутахассисон беҳтарин эътироф шудаанд.  Дар айни замон Рустам дар Намоишсарои кӯдакони шаҳри Маскав, Маркази гимнастикаи ҳирфаӣ ва Осорхонаи ҳунари муосир кор мекунад. Ӯ дар чунин маконҳо бе рӯзҳои истироҳат кор карда, эътироф мекунад, ки дар кӯдакӣ ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки рӯйи саҳна қарор хоҳад гирифт.

«Пас аз хатми мактаб мехостам рӯзноманигор шавам, мақола нависам, пажӯҳиши рӯзноманигорӣ анҷом диҳам, гузориш таҳия кунам. Фикр мекардам, ки дар пайравӣ аз бародарам ба донишкадаи рӯзноманигории  Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия дохил мешавам, аммо кор ранги дигар гирифт. Ман ба таври тасодуфӣ ба рақси ҳирфаӣ машғул шудам, қаблан ҳаргиз ба рақс шуғл надоштам. Вақте 12-сола будам, хоҳарам аз Русия омада мехост, ки толори рақси худро ифтитоҳ кунад. Ӯ бо сармоягузории шахсияш барномаашро амалӣ кард ва рӯзе ба кумаки ман дар чӣ коре ниёз пайдо кард. Наздаш омадам, вай аз ман хоҳиш кард, ки дар толоре ки бачаҳо дар ҳоли рақсидан буданд, интизор шавам. Ҳамакнун тақрибан 12 сол мегузарад, ман ҳанӯз рақсро тарк накардаам”.

- Вақте рақсро шурӯъ кардед, фикр доштед, ки ин шуғлро дар сатҳи ҳирфаӣ анҷом медиҳед?

- Он замон рақс бароям як саргармие буд, вақтамро мегузарондам, шиносоӣ пайдо мекардам, ин як навъ шавқу ҳавасе буд. Ба рақс машғул шудам, аз андешаи рӯзноманигор шудан даст накашидам. Пас аз 4 сол толори рақс баста шуд, аммо ману бачаҳо рақсро идома додем. Вақте ки ҳеч кас он гуна рақсеро, ки мо иҷро мекардем, анҷом намедиҳад, худро одами хоса ва аз ҷиҳати фарҳанг пешрафта эҳсос мекунӣ.


Дар баробари идомаи фаъолияти рақсиам дар Душанбе ба дунболи фурсатҳои ёфтани ҷойи кор дар толори наве будам, ки барои таъмини ман бо маводи зарурӣ ва дониши соҳаӣ низ қодир буд.

- Билофосила ба соҳаи рақс ворид шудед?

- Нахуст ман хип-хопро иҷро мекардам, аммо пас аз чанде дарёфтам, ки ҳангоми рақсидани он ман дар фалсафа, жарфии андеша, эҳсосот, ҳиссиёт ва бисёр чизҳои дигари муҳиме, ки онҳоро хип-хоп ба ман дода наметавонад, ниёз доштам. Хип-хоп бо эҳсосоте, ки рақси муосир дорад, кор намекунад.

Рақси муосир дар ҷаҳонбинии маҳдуди бинандагони Осиёи Марказӣ ҳар рақсест, ки балет ва ё миллӣ набошад. Ин бовари хатост, ки бинобар ноогоҳӣ дар заминаи фарҳанг ва рақс зоҳир мешавад.

Ин намуди рақс агар дар гугл ҷустуҷӯ кунед, мефаҳмед, ки он шакл ва фалсафаи дигар дошта, онро дигарон ихтироъ ва офаридаанд, коркард кардаанд, дар он пластика комилан дигар аст. Фарҳанги хоп ва брейк мутафовитанд, яъне ин рақси кӯча аст. Рақси муосир бештар ҳунари саҳнаӣ аст, мисли театр, театри ҷисми мост. Ин аст он чизе ки ҷисми мо ифода ва кӯшиш мекунад, ки дар бораи мавҷудияти ботинии онҳо тавассути эҳсосоти пластикӣ бигӯяд.


- Дар Душанбе дар назди Донишгоҳи славянӣ толори рақси вокалӣ ва эстрадӣ фаъол аст. Шумо бо ин гурӯҳ чӣ пайвандие доред?

- Бо ёдоварӣ аз ин толор мехоҳам бигӯям, ки он дар ҳаёти ман марҳалаи хеле муҳим ва бузурге буд. Толори рақси вокалӣ ва эстрадӣ ҷое буд, ки эҷодкоронро гирдиҳам меовард, касоне ки ҳунарро дар ҷилваҳои гуногуни он, ҳунари рақс ва овозхониро дўст медоштанд. Бо ёдоварӣ аз ин фикр мекунам, ки пайдо кардани ҳамфикрон ва идома додани ин шуғл ниҳоят дилписанд буд. Воқеъан намоёнтарин намоишномаҳо дар саҳна бо ҳамин толор бастагӣ дорад. Толори рақси вокалӣ ва эстрадӣ ҳатто қабл аз пайвастани ман ба он вуҷуд дошт, онҳо мухотаб ва дастаи худро доштанд. Мо консертҳои инфиродӣ бо шумули маҷмӯаи барномаҳои овозӣ ва рақсӣ созмон додем.


- Вақте ки шумо саргарми рақс мешавед, кадом эҳсосотро аз сар мегузаронед?    

- Ҳангоми сохтани ягон барнома ё намоиш эҳсос мекунам, ки мо кори муҳимеро анҷом медиҳем. Ман эҳсос мекунам, ки ба ягон ҳунари воқеъӣ ва муъҷиза даст мезанем, зеро танҳо дар театр ва ҳангоми рақсидан метавонӣ мутафовит бошӣ ва ба таври дигар эҳсосу фикр кунӣ.

Боре яке аз устодонам ба ман гуфт: «Дарвоқеъ, одам ба рақсидану эҷоди рақс ниёз надорад, зеро тамоми маҳоратҳое ки фард дорои онҳост, дар тӯли такомул барои кумак дар зинда мондан тавсеа ёфтааст, аммо рақсиданро шахс қабл аз суҳбат кардану расм кашидану филм бардораштан ёд гирифтааст.

Вақте мерақсем, ба назарам чунин мерасад, ки ин навъи равиши иртиботот бо ҷаҳони дигар аст. Ҳар боре, ки мо ин навъи ҳунарро анҷом медиҳем, аз ин хати вуҷуди маъмулӣ убур мекунем ва ин рухдод дар рақс бароям арзишманд ва муҳим аст.

- Дар ояндаи наздик мехоҳед дар мавзуъи хушунати хонаводагӣ намоишнома таҳия кунед. Чаро ин мавзуъи хос барои шумо нигароникунанда аст?

- Баррасии ин мавзуъ аз диди равоншинохтӣ, иртибот бо афроди гуногун, ки бо он дучор шуданд, моҳияти ин гуна падида бароям ниҳоят бад шуд. Аслан чӣ тавр ин мушкилот метавонад вуҷуд дошта бошад? Дар Осиёи Марказӣ хушунати хонаводагӣ чизе нест, ки маҳкум шавад, мо ба он ҳамчун чизе муносибат мекунем, ки бояд дар анъанаҳо, дар ҳар як оила вуҷуд дошта бошад. Агар шумо занҷири хушунати хонаводагиро канданӣ бошед, пас то андозае анъана ва арзишҳои оилаиро поймол мекунед.


Мафҳуми хушунати хонаводагӣ басо жарфтар аз он аст, ки ба назар мерасад ва ба шаклҳои гуногун зоҳир мегардад: ҷисмонӣ, отифӣ, ҷинсӣ. Ин амр ба шаклҳои гуногун рух медиҳаду на танҳо дар хона, балки дар равобити байни дӯстон, шарикон, байни зану шавҳар рух медиҳад ва ба таври гуногун зоҳир мешавад. Аммо худи табиати он, ки бетағйир боқӣ мемонад, барои ман нописанд буд, то дарк кунам ва ҳатто бештар дарк кунам, ки мо онро дорем.

- Оё хушунати хонаводагӣ дар кишвари мо аз кишварҳои дигар тафовуте дорад?

- Хушунати хонаводагӣ дар ҳама ҷо, ҳатто дар Русия низ вуҷуд дорад, аммо дар ин ҷо бештар дар мавриди он суҳбат мекунанд ва дар фирқаи воқеъии хонаводагӣ гунҷонида намешавад. Дар кишвари мо ин масъала ранги дигар гирифтааст. Духтарро ғайри ихтиёри ӯ ба шавҳар медиҳем. Шавҳар ҳамчун сарвари оила ҳар коре метавонад анҷои диҳад ва ҳар рухдоде бо шумо мешавад, бояд сукут кунед, то шавҳаратонро ба амалҳои дигар ангеза надиҳед, ҳаққи ӯ дар оила аз ҳама бештар аст.

  Бо анҷоми пажӯҳиш, мутолиаи маводҳо, дидору гуфтугӯ бо одамон ба хулосае омадам, ки дар мавриди ин мавзуъ на бо суханони мустақим, балки дар тасвир суҳбат кунам ва бо тамошобинон тавассути ҳунари саҳна мавзуъи мазкурро ба баррасӣ гузорам. Ҳангоми анҷоми бархе корҳо, аз ҷумла дар заминаи хушунати хонаводагӣ мо абзори мустақим дар рӯбарӯӣ бо бинандагон суҳбат намекунем. Мо бо истифода аз тасвир, эҳсосот, таасурот сухан мегӯем.

"12 СОЛИ ТАЛОШ"

- Гуфтед, ки дар хонаводаатон модар, хоҳар ва бародар доред. Назари онҳо ба коратон чӣ гуна буд?

- Вақте хонаводаам фаҳмиданд, ки ин саргармӣ ба пеша табдил шудан дорад, мухолифат карданд. Ҳатто хоҳарам то ҳанӯз умедвор аст, ки ман ҳирфаамро тағйир медиҳам, зеро то ба имрӯз дарк накардааст, ки ман ба чӣ кор шуғл дорам. Дар ин замина ӯ пайваста ба ман тавсия медиҳад, ки пешаамро дигаргун кунам, ба он далел ки кори ман комилан осебпазир аст (метавонед зонуатонро аз ҷо бароред, дасту поятонро лат диҳед). Рӯзе шояд ӯ фалсафаи комили шуғламро дарк кунад, зеро мо на бо навои мусиқӣ ҳаракат мекунем ва на бо майлонҳои TikTok чизе эҷод.

То ҳамин дамин модарам фикр мекард, ки ман ба риштаи рўзноманигорӣ дохил шуда, рӯзноманигор мешаваму рақс танҳо саргармии муваққатии ман ҳаст.

Мушкилоти зиёдеро бародарам эҷод мекард, зеро ӯ мухолифи қатъии интихоби ман буд. Ӯ дар Душанбе шахси бисёр обрӯманд ба шумор меравад ва ман бо бародарам фахр мекунам. Зоҳиран бо далели бархе аз одатҳои дарунии худ наметавонист бо шуғли ман муросо кунад, мо ҳатто дар ин замина бо ҳам бархӯрде низ доштем.

Моҳи майи соли 2022 баъд аз се соли ҷудоӣ бо хонавода тавонистам ба Душанбе баргардам ва бо бародарам дар ин мавзуъ суҳбат кунам. Ман корамро ба ӯ нишон додам ва баъд аз тақрибан 12 соли талошҳоям ӯ иқрор шуд, ки акнун шуғламро комилан дарк кардааст. Ба ақидаи ӯ, кори ман танҳо рақсидан ва сабти майлонҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ будааст. Сарфи назар аз чунин мавқеъи бародарам, ман шодам, ки ӯ кори маро қабул кард.


- Ба назари шумо, дар Тоҷикистон фаъолияти рақсӣ рушд мекунад?

- Ба андешаи ман, ба ҷуз брейкданс, хип-хоп ва балет, бинобар он ки мутахассисони хориҷӣ даъват шуда, ба бачаҳои мо таълим медиҳанд, он суст рушд мекунад.

 

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед