Ru  | Tj
Пешхидмати тоҷик ҳатто пас аз садои бонги хатар марди маҷруҳро дар Крокус танҳо нагузошт
Пешхидмати тоҷик ҳатто пас аз садои бонги хатар марди маҷруҳро дар Крокус танҳо нагузошт
Акс: "Baza"

Пешхидмати тоҷик ҳатто пас аз садои бонги хатар марди маҷруҳро дар Крокус танҳо нагузошт

Нашр шуд

Пешхидмат аз Тоҷикистон як марди захмишуда дар ҳамлаи ҳаросафканро ним соат ҳамроҳӣ кард.

Бунафшшоҳ Эркинов, пешхидмати тоҷик як марди захмӣ дар ҳамлаи ҳаросафкан дар “Крокус Ситӣ Ҳолл”-ро ним соат ҳамроҳӣ кард, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Baza. Ин ҷавони 17-сола ҳатто вақте ки тамоми кормандон пас аз садои бонги хатар аз сохтмон (бино) берун рафтанд, ҷабрдидаро тарк накард.

Гуфта мешавад, ки Эркинов тирамоҳи соли 2022 ба Маскав кӯчид ва чанде пеш дар меҳмонхонаи «Аквариум» дар сохтмони “Крокус Ситӣ Ҳолл” ба кор даромад. Рӯзи ҷумъаи 22-юми март пешхидмати 17-сола дар басти севуми кор буд.

“Баъди соати 20:00 марде вориди тарабхона шуд. Вай об хост ва ба замин афтод. Ман дарҳол нафаҳмидам, ки ҳангоми омадан захмдор шудааст. Шояд худашро ҳам намедонист... Об хост. Ман фикр мекардам, ки вай танҳо тарсидааст», - гуфт Эркинов.

Кормандони хӯроксаро (ресторан) ҷабрдидаро болои курсиҳо гузошта, дар пушти ӯ захм пайдо кардаанд. Мард хуни зиёд талаф дода, захмаш бо дастмоле баста шуда буд. Баъди дастури тарк кардани сохтмон тамоми кормандон рафтанд ва танҳо Эркинов дар тарабхона боқӣ монд.

Пас аз чанде пулис ва кормандони меҳмонхона вориди муассиса шуданд. Эркинов ба онҳо ёрмандӣ кард, то ки марди захмиро ба мошини ёрии таъҷилӣ бурда, ба пизишкон супоранд. Ба гуфтаи пешхидмат, номи ҷабрдида Владимир будааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҳамлаи ҳаросафкан дар бунгоҳи консертии “Крокус Ситӣ Ҳолл” дар наздикии шаҳри Маскав шоми ҷумъаи 22-юми март рух дод. Чаҳор марди мусаллаҳ қабл аз баргузории консерти гурӯҳи “Пикник” вориди сохтмон шуданд ва ба тирандозӣ оғоз карданд. Онҳо дар толори консертӣ тирпарронӣ карда ва сипас онро оташ зада, савори худрав фирор карданд.

Ҳамаи омилони ҳамлаи ҳаросафкан дар вилояти Брянски Русия боздошт шудаанд. Тибқи маълумоти ахир, 139 тан қурбони ин ҳамлаи ҳаросафкан шудаанд.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед