Ru  | Tj
“Аз коми оташ наҷот дод”, “аз марг раҳонид”, “наҷот дод, вале худ ғарқ шуд”. Корномаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
“Аз коми оташ наҷот дод”, “аз марг раҳонид”, “наҷот дод, вале худ ғарқ шуд”. Корномаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Акс: Коллажи Halva.tj

“Аз коми оташ наҷот дод”, “аз марг раҳонид”, “наҷот дод, вале худ ғарқ шуд”. Корномаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Нашр шуд

Дар пойгоҳҳои хабарии Русия ва расонаҳои иҷтимоъӣ аз корномаи муҳоҷирони кории тоҷик, ки зимни фаъолияти ҳаррӯза далериву ҷавонмардӣ нишон дода, ҷони одамон ва баъзан молу мулки онҳоро аз ҳолатҳои фоҷеаиву хавфбор наҷот додаанд, бозтоб ёфтааст. Дар соли сипарӣ қаҳрамониҳои чанде аз тоҷикони муқими Русия ва муҳоҷирони корӣ дар расонаҳо хабарсоз шуда буд.

Муаллифи Halva.tj дар бораи корнамоиҳои тоҷикон дар Русия, ки аз инсондӯстиву далерӣ ва бетараф набудани онҳо нисбат ба ҳаёти инсон ва дигар ҷонварони хонагӣ далолат медиҳад, маълумот гирд овард.

СОХТМОНСОЗИ ТОҶИКЕ, КИ МОДАРУ КӮДАКРО АЗ КОМИ ОТАШ НАҶОТ ДОД

Ҷавони тоҷик Манучеҳр Расулов расо чор сол аст, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар соҳаи сохтмонсозӣ кор мекунад. Тавре вай мегӯяд, дар ин муддат боре ҳам ба ватан наомадааст. Ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст. Ин ҷавони тоҷик рӯзе ҳангоми кор дар сохтмони маскунии назди коргоҳаш манзараи ҳузнангезеро мушоҳида мекунад.

“Дар полкона (балкон)-и ошёнаи 25-уми як сохтмон занеро дидем, ки дар даст кӯдак дошт ва аз даруни хона дуд мебаромад. Маълум буд, ки дар хонааш сӯхтор сар задааст. Аз он тарсидам, ки зан кӯдакро аз баландӣ ба замин мепартояд. Бе ягон тарсу дудилагӣ зуд ба ёрии онҳо шитофтам. Қуфли дари хонаро бо болға шикаста, вориди хона шудам, - нақл карда буд Муҳаммад.


Ин муҳоҷири нотарси тоҷикро, ки зану кӯдаки хурдсолро аз оташ наҷот дод, бо ифтихорнома ва ҷоизапулӣ ба андозаи 50 ҳазор рубл қадрдонӣ карда буданд.

ҶАВОНОНИ ТОҶИК СӮХТОРЕРО ХОМӮШ ВА ЗАНЕРО ХАЛОС КАРДАНД

Охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Челябински Русия сӯхтор сар зада буд. Аз макони сӯхтор зане ба кӯча баромада, одамонро ба кумак даъват кард. Гурӯҳи ҷавонони тоҷик ба доди зан расида, барои хомӯш кардани оташ заҳмат кашидаанд. Зимнан занеро аз коми оташ наҷот додаанд. Онҳо то омадани оташнишонҳо сӯхторро қариб хомӯш карда, нагузоштанд, то алангаҳои он ба дигар хонаҳо низ гузарад.

ПИЗИШКИ ТОҶИК ҶОНИ БЕМОРЕРО АЗ МАРГ ЭМИН ДОШТ

Мукомил Сангинови 31-сола, як тан зодаи Тоҷикистон дар бемористони давлатии №1-уми Нижнӣ Тагил ба унвони пизишки қалбшинос фаъолият дорад. Ӯ моҳи октябри соли сипарӣ бо қатори электрикӣ аз самти Нижнӣ Тагил ба Екатеринбург мерафт. Дар дохили қатор вазъи саломатии як мусофир бад шуда, фишори хунаш аз меъёр поён мефарояд. Ҷавони табиб, ки дар назди зани беморшуда менишаст, зуд ба ёрмандӣ пардохт.

“Кӯшиш кардам, ки ҳолати ӯро муътадил нигоҳ дорам. То расидан ба истгоҳи наздиктарин беш аз як соат вақт зарур буд. Як мусофири дигар ба дастам фишорсанҷ дод ва боз касе шакалоти сиёҳ. Ба мо муяссар шуд, ки кори системи дилу рагҳои занро то ба истгоҳи дигар расидан муътадил нигоҳ дорем”, - нақл кардааст ин ҷавони хайрхоҳ.


Бори аввал нест, ки пизишки тоҷик ҷони мардумро берун аз беморхона наҷот медиҳад. Ӯ чанд сол пеш барои муддате дар Красноярск буд. Рӯзе дар яке аз кӯчаҳо духтаракеро, ки дар роҳ вазъи саломатияш бад шуд, ба мушоҳида гирифт. Ба ӯ дарҳол ёрии аввалин расонид. То омадани мошини ёрии таъҷилӣ аз назди духтараки ношинос дур нашуд. Аз ин бармеояд, ки ҷавони тоҷик дили хайрхоҳ ва ба касби хеш садоқат дорад.

ЁРИИ АВВАЛИ ҶАВОНИ ТОҶИК БОИС ШУД, ҶАВОНИ РУС АЗ ДАМИ МАРГ РАҲО ЁБАД

Дар миёнаҳои моҳи декабри порсол дар расонаҳои иҷтимоъӣ наворе аз як маркази савдои шаҳри Маскав паҳн гардид. Дар он як ҷавон аз ҳуш меравад. Ҳамин вақт ҷавони дигаре ба ёрии ӯ меояд. Гуфтанист, ки ҷавони азҳушрафта шаҳрванди Русия буд. Ба вай то расидани мошини ёрии таъҷилӣ зодаи шаҳри Душанбе, ки номаш Ҳабиб будааст, ёрии аввалия мерасонад. Масъулони Вазорати рухдодҳои фавқулодаи Русия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, изҳор доштаанд, ки агар саривақт ба ҷавони азҳушрафта ёрии аввал расонида намешуд, ба ҳалокат мерасид. Ҳамин тавр ҷавони тоҷик сабаб шуд, то ҳамсолашро, ки дар дил ҳазор орзуву умед мепарварид, аз марг наҷот диҳад.

ДОНИШҶӮЙИ ТОҶИК КӮДАКИ ҒАРҚШУДАИСТОДАРО НАҶОТ ДОД, ВАЛЕ ХУД ҒАРҚ ШУД

Ҳоҷимурод Қаландаров ҷавони тоҷикест, ки соли 2019 ба донишкадаи механикаи Донишгоҳи кишоварзии шаҳри Уфаи кишвари Бошқирдистон дохил шуда буд. Аслан ӯ дар деҳаи Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ ба камол расидааст. Тобистони соли 2020 аз сабаби доман паҳн кардани тоҷвирус ба ватан омада натавонист. Рӯзи 7-уми июни ҳамон сол ҳамроҳи дӯсти тоҷикаш Ҷаҳонгир Абдулхайров, ки муҳоҷири корӣ дар Уфа буд, дар соҳили дарёи Белая истироҳат мекунанд. Ногаҳон мебинанд, ки ду кӯдак дар рӯд ғарқ шуда истодааст. Аз онҳое, ки лаби соҳил буданд (беш аз 200 нафар), касе ҷуръат намекунад, ки ба кумаки кӯдакони ғарқшуда пардозанд. Ҷавонони тоҷик шуҷоатмандӣ нишон дода, ҳарду ба об медароянд. Кӯдаконро бо азоб лаби соҳил меоранд. Ҷаҳонгир то соҳил меояд, аммо Ҳоҷимурод не. Ӯ худ ғарқ мешавад. Наҷотдиҳандагон ҷасадашро баъд аз чанд соат меёбанд. Раиси донишкадае, ки Ҳоҷимурод таҳсил мекард, дар суҳбат бо рӯзноманигорон мегӯяд: “Дар дилу дидаҳои мо хотираи нек аз ҷавонмардии Ҳоҷимурод Қаландавров то абад зинда хоҳад монд”.


Дар ин радиф метавон номи чанд муҳоҷири кории тоҷик дар Русияро ном бурд, ки ҷони худро дар хатар гузошта, шаҳрвандони Русияро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд. Масалан муҳоҷир Собир Хаспалаев соли 2017 занеро, ки бо мошин ба рӯди Яуз сарозер шуда буд, халос мекунад. Дар пайи ин ҳодиса зону ва гурдааш аз оби яхи рӯд зарари ҷиддӣ мебинад. Ё боз як коргари одии тоҷик ҳангоми обхезӣ дар Кримск 6 нафарро аз ғарқшавӣ халос карда буд.

НАҶОТИ КӮДАКОНЕ, КИ АЗ ТИРЕЗАИ ХОНАҲОИ БАЛАНДОШЁНА УФТОДА БУДАНД

Таърихи соли 2022 дар ноҳияи Ногински вилояти Маскав кӯдаки хурдсоле аз 6-ум ошёна меафтад. Муҳоҷири кории тоҷик ногаҳон ин кӯдакро дошта, аз марг халос мекунад. Ҳамзамон ба ин ҳодиса монанд соли 2019 як тан сохтмонсози тоҷик дар вилояти Свердловск тифлеро, ки аз тирезаи баландошёна партофта буданд, банохост бо даст дошта, ҷонашро харида буд.

МУҲОҶИРЕ, КИ КӮДАКОНРО АЗ ҲАМЛАИ САГИ ГАЗАНДА НАҶОТ ДОД

Таърихи 9-уми ноябри соли гузашта дар расонаҳои иҷтимоъӣ навор паҳн шуд, ки дар он ҳамлаи як саги ҷангӣ ба духтараки тахминан 10-сола бозтоб ёфтааст. Ногаҳон як мард саривақт омада, сагро меронаду ноболиғи тарсидаро ҳифз мекунад. Пасон расонаҳо шахсияти наҷотдиҳандро маълум карданд, ки Шокирҷон Раҳматов будааст. Ӯ 41 сол дошта, як тан аз муҳоҷирони корӣ мебошад. Вай аз тоҷикони Узбекистон буда, беш аз 10 сол дар шаҳри Калуга машғули таробарронӣ (таксиронӣ) аст.


“Вақте аз мошин мусофирамро мефаровардам, садои гиряи кӯдакон ва аккоси сагро шунидам. Давида ба он тараф рафтам. Дар он ҷо ду духтар ва як писари хурдсол буд. Аввал сагро аз назди онҳо дур кардам. Бадбахтона саг яке аз духтаронро газида буд. Хайрият, саривақт дигар кӯдаконро наҷот додам”, - нақл мекунад муҳоҷир.

Ӯ мехост духтараке, ки саг газидааст, ба бемористон барад, вале падараш гуфтааст, ки худаш ба маркази тиббӣ мебарад. Зимнан шаҳрдори Калуга Шокирҷон Раҳматовро барои бетараф набудан ва нишон додани ҷавонмардӣ бо ифтихорнома қадрдонӣ кардааст.

ҶАВОНИ ТОҶИКЕ, КИ ГУРБАЧАҲОРО АЗ МАРГ РАҲОНИД

Алӣ ном зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Сургути Русия сукунат дорад. Ӯ дар моҳи ноябри соли сипарӣ корнамоие нишон дод, ки аз дили меҳрубон доштанаш гувоҳӣ медиҳад. Рӯзе бегоҳӣ аз кор ба хона меомад, ки аз корез садои аҷиберо мешунавад.

“Садои аҷиберо шунидам. Сарпӯши корезро кушодам. Дар рӯйи об халтае истода буд, ки гурбачаҳои навзод дошт. Онҳоро зуд берун овардам. Гурбачаҳоро ба анбон гирифта, шустам ва ғизо додам”, - нақл мекунад ин ҷавони дилсӯз.


Алӣ имкон надошт, ки гурбачаҳоро нигоҳбин кунад. Аз ин рӯ дархост дод, ки гурбачаҳоро одамон ба худ гиранд. Ҳамон рӯз одамони хоҳишманд гурбачаҳоро аз дасти Алӣ гирифтанд.

Корнамоиҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки дар боло қисса шуд, танҳо муште аз хирвор аст. Итминон дорем, ки муносибатҳои неку иснонпарваронаи мардуми тоҷик бо намояндагони халқҳои дигар ҳар лаҳза сурат мегирад, ки расонаӣ шудани ҳамаи он ғайриимкон аст. Бовар дорем, ки мардуми тоҷик минбаъд низ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ бо халқҳои гуногуни Русия зиндагӣ ва фаъолиятро пеш бурда, бо амалҳои хайру наҷиб ному нон меёбанд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед