Ru  | Tj
“Ба хотири одамият”. Бунафшшоҳи 17-солаи тоҷик дар айни тирандозӣ ба ҷабрдидае кумак кард
 “Ба хотири одамият”. Бунафшшоҳи 17-солаи тоҷик дар айни тирандозӣ ба ҷабрдидае кумак кард

“Ба хотири одамият”. Бунафшшоҳи 17-солаи тоҷик дар айни тирандозӣ ба ҷабрдидае кумак кард

Нашр шуд

Тавре расонаҳо иттилоъ доданд, пешхидмати тоҷик кумак кард, то ҷони марде, ки дар ҳамлаи ҳаросафкан дар “Крокус Ситӣ Ҳолл” захмӣ шудааст, аз марг эмин ёбад. Ин ҷавон Бунафшшоҳ Эркинови 17-сола буда, зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон мебошад. Вай аз 5-уми марти соли равон ба ин сӯ дар меҳмонхонаи «Аквариум», ки дар cохтмони “Крокус Ситӣ Ҳолл” ҷойгир аст, ба унвони пешхидмат фаъолият дорад. Ӯ шаби фоҷеъабори 22-юми март ғами ҷони худро нахӯрда, то ним соат марди захмдорро ҳамроҳӣ кард. Пасон бо ёрии мудир (менеҷер)-и хӯроксаро (ресторан) ва дигар пешхидматон шахси захмиро то ба назди мошини ёрии таъҷилӣ интиқол доданд.

Муаллифи Halva.tj бо Бунафшшоҳ Эркинов ҳамсуҳбат шуда, дар бораи чӣ гуна ба марди ношиносе ёрмандӣ кардан ва баъд аз пушти сар кардани воқеъаи мудҳиш чӣ вазъ доштанаш пурсон шуд.

“НА ҚАҲРАМОНӢ, БАЛКИ ОДАМИЯТ”

Бунафшшоҳ пас аз садои бонги хатар аз сохтмон (бино) берун нарафт, чун ҷабрдида аз ӯ кумак мепурсид. Ӯ ним соат назди марди ношиноси захмӣ истод, то фурсати мусоиди берун баромадан муҳайё шавад.

“Ман касеро аз марг наҷот надодам, балки танҳо ба шахси ҷароҳатдор кумак кардам. Албатта ин қаҳрамонӣ нест, балки аз рӯйи одамгарӣ аст. Дар кор будем, овозу садои даҳшатангез шунида мешуд. Марде ба хӯроксаро (ресторан) бо ҳолати вазнин ворид шуд, об пурсид. Ба ӯ об додем. Дидем, ки ҷароҳат дорад. Ҳамроҳи паёмрасон ва як пешхидмати дигар ин марди захмдорро болои курсиҳо гузоштем. Аз зоҳираш маълум буд, ки хеле тарсидааст, аммо хуб нафас мекашид. Ба ҷароҳати мард дастмолеро бастем, то хунравӣ камтар шавад. Ҳамроҳонам барои кумаки дигарон шитофтанд, ману марди захмдор, ки номаш Владимир будааст, танҳо мондем”, - бо ҳаяҷон нақл кард Бунафшшоҳ.

Пас аз ним соати танҳо нишастани онҳо шаҳрбон (пулис) ва кормандони меҳмонхона боз вориди муассиса мешаванд. Ҷавони тоҷик ба онҳо ёрмандӣ мекунад, то ҷабрдидаро ба мошини ёрии таъҷилӣ бурда, ба пизишкон супоранд.

ТИРАНДОЗҲО КИҲО БУДАНД?

Бунафшшоҳ Эркинов ин рӯзҳо хеле хастарӯҳ аст. Он шаб аз шунидани садои даҳшатангез ба ваҳм афтод ва аз осеб дидани шахсони бегуноҳ нороҳат шуд. Ӯ намедонад, ки даст доштани тоҷикон дар ҳодисаи тирпарронӣ то куҷо воқеъият дорад.

“Ман одамони силоҳдору тирпарронро надидам. Намедонам, ки онҳо кистанд. Ҳаминро медонам, ки чунин ашхос аҳли ягон миллату дин нестанд. Онҳо гурӯҳеанд, ки ягон муқаддасот надоранд. Ба фикри ман, дар ин вақт кина варзидан бо намояндагони ин ва ё он миллат ҳеч суде надорад. Ҳама вақт инсондӯст бояд бошем, то чунин рӯзҳои фоҷеъаӣ ба сар наояд”, - изҳор дошт ин ҷавони тоҷик.
“МИЛЛАТИ БАД НЕСТ, ОДАМОНИ БАД ҲАСТАНД”

Бунафшшоҳ Эркинов шаҳри Маскавро чун ватани худ дӯст медорад, зеро ширинии олами кӯдакиву наврасиро дар оғӯши ин шаҳр низ чашидааст. Вай дар муассисаи №17-и Неъмат Қарабоеви шаҳри Конибодом таҳсил карда, таътили тобистонаро дар хонаи пайвандон воқеъ дар шаҳри Маскав мегузаронид. Дар дил умед дошт, ки рӯзе сокини чунин шаҳри калон шуда, ҳадафу орзуҳои бузургро пиёда мекунад.


“Бале, имрӯз дар Маскав зиндагӣ ва фаъолият дорам. Барои оянда барномаҳои зиёд тарҳ рехтаам. Аз ҷумла ҳамеша мекӯшам, ки Тоҷикистонро дар ҳар ҷое, ки бошам, бо корҳои нек муаррифӣ кунам. Рост мегӯянд, миллати бад нест, одамони бад ҳастанд, ки корҳои зишту ноҷоро анҷом медиҳанд”, - афзуд Бунафшшоҳ.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи ҳаросафкан дар бунгоҳи консертии “Крокус Ситӣ Ҳолл” дар вилояти Маскави Русия шоми 22-юми март рух дод. Чаҳор марди мусаллаҳ пеш аз баргузории барномаи консертии гурӯҳи “Пикник” вориди сохтмон шуда, ба тирандозӣ оғоз карданд. Онҳо дар толори консертӣ низ тирпарронӣ карда, сипас оташ зада, савори худрав фирор карданд. Кулли омилони ҳамлаи ҳаросафкан дар вилояти Брянски Русия боздошт шудаанд. Тибқи маълумоти ахир, 139 тан қурбони ин ҳамлаи ҳаросафкан гардидаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

ТАҲЛИЛ

Афзоиши гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ. Омилҳои боздоранда, таҳсили дуруст ва фатвои солим кадом аст?

Одамони мо

“Духтурӣ тиҷорат нест”. Пайроҳаи муваффақияти ҷарроҳи дилу рагҳо ва вебнавис Юсуф Бурҳонзода

Тоҷикон дар Русия

“Аз коми оташ наҷот дод”, “аз марг раҳонид”, “наҷот дод, вале худ ғарқ шуд”. Корномаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Ҷолиб

Бо «Fotehjon» ба қуллаҳои нав бирасед. Донишномаи диҷитолии тоҷикӣ дар чӣ ҳол аст?

Другие новости