Ru  | Tj
Таваллуд дар роҳ: як ронандаи таксӣ аз Тоҷикистон ба зани ҳомила кумак кард
Таваллуд дар роҳ: як ронандаи таксӣ аз Тоҷикистон ба зани ҳомила кумак кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Таваллуд дар роҳ: як ронандаи таксӣ аз Тоҷикистон ба зани ҳомила кумак кард

Нашр шуд

Дар зиндагии рӯзмарра, ба нудрате фикр мекунем, ки қаҳрамони воқеӣ мумкин аст дар наздикии бевоситаи мо қарор дошта бошад. Онҳо афроди одӣ бе қудрати фавқулодае ҳастанд, ки ба дунболи шинохт нестанд. Аммо дар лаҳзаҳои ҳассос худдорӣ, шуҷоату тамоили онҳо барои кумак метавонад таъинкунанда бошад.

Яке аз ин қаҳрамонон ронандаи таксӣ аз аҳли Тоҷикистон буд, ки дар муҳимтарин лаҳза дастёри зане шуд, ки дар мошинаш кӯдак ба дунё овардааст.

Шаби 7 август як сокини Маскав бо ҳамсари ҳомиладораш тавассути таксӣ роҳро сӯи таваллудхонаи рақами 52 пеш гирифт, вале онҳо машкук набуданд, ки сафарашон ба иттифоқоти ғайримунтазира табдил мешавад. Ронандаи таксии «Яндекс» Толиб Набиев, зодаи Тоҷикистон, ба лутфи вокуниши сареҳ ва оромиши худ дар таваллуд шудани аъзои ҷадиди як хонавода нақши муҳим бозид.

Масири ҳаракат, ки тибқи фармоиш аз истгоҳи метрои "Сходненская" оғоз гардид, аз сафарҳои дигар тафовуте надошт. Мард рӯи курсии пеш ва ҳамсараш дар ақиб нишастанд. Ибтидо ҳама чиз ором пеш мерафт, аммо 700 метр қабл аз таваллудхона вазъият ба якбора тағйир кард. Ба саволи ронанда дар мавриди эҳсосоти худ, зан посух дод: "Фикр мекунам, лаҳзаи таваллуд расидааст".

Воқеа босуръат рух дод. Дар ҳоле ки мошин дар чароғаки роҳнамо қарор дошт, зан аз мухоз шикоят карду, бо ҳимояти шавҳар ва ронандаи таксӣ дар курсии ақиб кӯдакро ба дунё овард. Толиб ором буд ва аз зан ҳимоят мекарду, тасмимоти лозимаро мегирифт.

Толиб пас аз таваллуди кӯдак таклиф кард, то бо ёрии таъҷилӣ тамос гиранд, ё роҳи таваллудхонаро идома диҳанд. Гузинаи дуюм қобили қабули зан буд ва пас аз расидан ба таваллудхона, зану кӯдаки навзодро ба табибон супориданд.

“Ҳеҷ ваҳшате набуд. Ба ӯ гуфтам, то нигарон набошад, Гуфтам, ки аз ифлосии курсӣ парво накун. Интизории табибон тақрибан шаш дақиқа тӯл кашид ва ман маҷбур шудам то онҳоро сарзаниш кунам. Баъдан ҳамшираҳои шафқат берун омада, банди нофро дуруст дар мошин буриданд», - нақл кард Толиб.
Тавре, ки ронандаи таксӣ хотирнишон кард, ин ҳодиса ба вижа шавҳари занро сахт муассир кард. Ҳангоми пардохти ҳазинаи роҳ, дастонаш чунон меларзиданд, ки ҳамёну пулҳоро ба замин афтонд. Толиб ӯро дастгирӣ карда, барои оромиш даъват намуд.

«Ба ӯ гуфтам, то худро ба даст гирад. Мард дар посух гуфт, ки то ҳанӯз писардор шуданашро дарк накардааст ва аз ин ҳолат хело шод аст. Ман ӯро табрик кардам”, - гуфт ронанда.

Ин ҳодиса нишон дод, ки қаҳрамонҳо метавонанд дар зиндагии рӯзмарра низ зоҳир шаванд. Толиб Набиев бо ҳифозати хунсардии худ дар шароити сахт, кумакҳоеро ироа кард, ки ҳаёти модару кӯдакро наыот дод. Ӯ умедвор аст, ин амалаш барои ронандагони дигар, ки бо чунин ҳолатҳо рӯбарӯ мешаванд, намуна хоҳад буд ва аҳамияти масъулиятпазирию муроқибот аз мардумро, ҳатто замоне, ки фаротар аз вазоифи одӣ ҳаст, барҷаста кунад.

Пас аз ин ҳодиса Толиб ба хадамоти дастгирии «Яндекс Такси» муроҷиат карда, барои ба тартиб даровардани мошин ба назди хушкшӯӣ рафт.  Аммо вай ин кирдори худро чизи барҷаста намеҳисобад, зеро кумак ба мардум дар шароити вазнин барои ӯ ин як вазифаи сода буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед