“Лозим ояд, боз ба ёрӣ мешитобам”: Колорасони тоҷик кӯдакдуздро дар Маскав дастгир кард
Нашр шуд
Ҳолати ахири рабудани тифли навзод дар Маскав сокинони пойтахту саросари Русияро такон дод. Ғизорасони тоҷик, Муҳаммадҷон Обидов шуҷоат ва фидокории фавқулоддае дар наҷоти тифли навзод аз дасти як одамрабо аз худ нишон дод.
Ин ҳодиса дар наздикии истгоҳи метрои "Вихино", дар саҳни хонаҳои гузари Фарғона рух дод. Рабоянда, Алексей Кириченкои 27-сола ба як зану фарзандаш ҳамла карда, онҳоро ба замин афтонд ва кӯдакро аз дасти модараш кашида гирифт. Вокуниши сареҳи Муҳаммадҷон ва иқдомоти шоиста боис шуд, ки рабоянда ба ҳадафи ғаразнокаш нарасад.
Муҳаммадҷон аз хотироти он рӯз гуфт: “Ба дунболаш давидам, ӯ маро дида, кӯдакро рӯи алафзор партофт. Кӯдакро бардоштаму, ба модараш, ки дар он маврид бо духтари бузургаш буд, баргардондам, онҳо миннатдорӣ карданд”.
Ғизорасон ба лутфи омодагии хуби ҷисмонӣ тавонист тифлро наҷот диҳад. Мавсуф дар гузашта ба таври фаъол ба варзиш шуғл дошта, дар мусобиқот низ ширкат варзидааст.
Ҳодиса замоне рух дод, ки ғизорасон барои таҳвили сафораш аз анбор ба самти мизоҷаш ҳаракат мекард. Мухаммадчон барои аввалин бор ба чунин ҳодиса дучор гардид ва бе ягон тардид ба кумак шитофт.
"Ҳама чиз бо суръат иттифоқ афтод, ман ба ончӣ дар ҳоли рух додан буд, фикр намекардам, тамоми фикри ман фақат барои кумак расонидан равона шуда буд” - гуфт Муҳаммадҷон.
Вақте Муҳаммадҷон ба таъқиби одамрабо шитофт, охирин кӯдаки даҳшатзадаро рӯи замин партофт, ки ин боис ба бардоштани ҷароҳатҳои зиёди тифл гардид.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, ин кӯдак осеби мағз, ҷароҳатҳои зиёд ва латхӯрдаҳо бардошта буд ва ӯро бо модараш фавран бистарии беморхона карданд.
Муҳаммадҷон дар ҷои ҳодиса сайъ кард, то одамраборо боздошт кунад:
“Мехостам ӯро боздошт кунам. Ба ӯ расидаму чанд зарба зада, кӯдакро гирифтаму ба модараш баргардондам. Лагаде ба пояш задаму ба замин афтондам. Маълум набуд, ки ӯ кӯдакро ба куҷо бурдан мехост. Баъд аз ин кирдораш узр пурсид... Мо мунтазири мошини ёрии таъҷилӣ шудем, модари он тифл ба ман сипосгузории бисёр кард. Агар чунин вазъият бори дигар ҳам иттифоқ афтад, ман ин кардаи худамро дубора такрор мекунам”, - гуфт ҷавон.
Пулис фавран муттаҳамро боздошт кард. Алексей Кириченко, ки қаблан бо иттиҳоми қалобӣ ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати нақлиёт суд шуда буд, замони рабудани кӯдак дар ҳолати мастӣ қарор доштаст. Нисбати ӯ тибқи моддаи “Одамрабоӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин ҳодиса таҳти назорати додситонии Маскав қарор дорад.
Дар маҳалли кор, ба Муҳаммадҷон барои кори қаҳрамононааш ҷоиза ато карданд, вале ӯ дар мавриди ин ҳодиса чунин гуфт: «Ба ман чизе лозим нест, муҳим он аст, ки модару кӯдак бо ҳам ҳастанд ва миннатдории самимонаи модар барои ман кофист”.
Мухаммадҷон Обидов мардонагӣ ва инсондӯстии ҳақиқӣ нишон дода, барои ҳамаи мо намунаи ибрат гардид. Амалҳои ӯ барои наҷоти ҷони як духтарак кумак кард ва нишон дод, ки мардуми меҳрубону диловар дар лаҳзаҳои душвор ҳамеша ба кумак мешитобанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед