
Чӣ гуна метавон дар хона нишаставу зебоиҳои оламро дид: 10 онлайн-намоишгоҳи аҷибу ғайриоддӣ
Нашр шуд
Асри XXI бо пешрафти босуръати илму техника ва дастгоҳҳои рақамӣ барои инсоният имкониятҳои нав ба навро фароҳам меорад. Имрӯз бидуни раводид, бе сафар бо ҳавопаймо ва сарфи беҳудаи вақт мо метавонем тариқи компютерҳои худ беҳтарин намошгоҳҳои оламро тамошо кунем. Албатта он ба тамошои воқеӣ баробар шуда наметавонад, аммо ба ин васила ҳадди ақал метавонед, ки ҷаҳонбинии худро каме бошад ҳам вусъат диҳед. Halva.tj рӯихати якчанд сафарҳои гардишгарии онлайнии ҷаҳониро муаррифӣ мекунад, ки шумо метавонед бо дидани онҳо ҷаҳони маънавии худро ғанӣ гардонед.
Литса Фрида
Фрида Калло рассоми машҳури мексикоие мебошад, ки бо асарҳои ҷолибу дидании худ дар ҷодаи рассомӣ машҳур гардидааст. Намоишгоҳи маҷозии "Чеҳраҳои Фрида", ки дар платформаи Google Arts & Culture муаррифӣ мешаванд, беш аз 200 наққошиҳои Фрида Карлоро ба намоиш гузоштааст. Тамошои ин онлайн-намоишгоҳ ба бинанда имконият медиҳад, то аз маводи хазинавии Фрида, аз ҷумла бо мактубҳои ин рассоми соҳибзавқ, дафтари хотираҳои ӯ ва ғайра аз наздик шинос шавад.
Ҷузъиёти осорхонаи қайҳонавардӣ. Қисса аз забони нигораҳо
Дар ин намоишгоҳи электронӣ барои бинандагон дар бораи ҳар як нигора дар шакли ҳикояи хурд маълумоти ҷолиб ва ғайриоддӣ пешниҳод мегардад. Ҳадаф аз ташкили чунин намоишгоҳ ҷалби бештари тамошобинон ба ин осорхона ва муаррифии нигораҳоест, ки ҳангоми тамошо аз чашми бинандагон дур мемонанд. Ин намоишгоҳ аз 3 бахш иборат буда, муаррифгари давраҳои гуногуни таърихи кайҳонавардӣ мебошад. Аз ҷумла он ба саволҳои «Оё Юрий Гагарин қабл аз павроз ба кайҳон ҳаяҷон дошт ва ё чаро аъзоёни гурӯҳи киштии кайҳонӣ металҳои онро дар ҷойҳои ҷавоҳирфурӯши мефурӯхтанд?» ва ба ин монанд пурсишҳои дигар посух медиҳад.
Ранг. 90 шоҳкорӣ аз осорхонаи вилояти Маскав
Ин онлайн-намоишгоҳ аз ҷониби Маҷмааи намоишгоҳҳо ва осорхонаҳои «Ерусалими нав» сохта шудааст ва асарҳои барҷастаи 11 осорхонаи вилояти Маскавро, ки аз ҷониби рассомони машҳури Русия дар асрҳои XVIII - XX тасвир шудаанд, гирд овардааст. Тамошобинон метавонанд зимни ин «саёҳати маҷозӣ»-и худ бо асарҳои рассомони бузург аз қабили Иван Айвазовский, Виктор Васнетсов, Василий Поленов, Алексей Саврасов, Василий Суриков, Иван Шишкин ва дигар рассомони шинохта ошноӣ пайдо кунанд.
Осорхонаи муносибатҳои вайроншуда
Ин онлайн-намоишгоҳ хеле аҷиб, ғайриоддӣ ва беназир аст. Зеро дар он тамоми нигораҳои таърихие, ки ба вайроншавии оилаҳо рабт доранд, гирд оварда шудааст. Аз тамошои ин намошгоҳ ба хулосае меоем, ки дар гузашта аксар вақт ашёҳои гуногун ба монанди истакон ё пиёла боиси ҷудошавии оилаҳо мегардидааст. Ин лоиҳаи хорватиягӣ дар баробари тамошову хондани таърихи ҷудошавии оилаҳо, инчунин ба шумо имконият медиҳад, ки объекти худро ба он илова кунед.
Дар ин онлайн-намоишгоҳ бинандагон имкон доранд, ки аз хона набаромада 11 толори Осорхонаи Пушкин, махсусан, коллексияи Сергей Шукин, сарватманди маъруфи Русияро, ки замоне осори Клод Моне ва Пол Сезанро харида буд, бубинанд.

Куб Маскав- Cube.Moscow
Намоишгоҳи Cube.Moscow бо мақсади муаррифии эҷодиёти беҳтарин рассомони муосири Русия ба ҷаҳон эҷод гардидааст. Сайёҳати 3D-и намоишгоҳ баландсифат буда, он аз қаҳвахона оғоз мешавад ва дар идома худ метавонед интихоб кунед, ки намоишгоҳро бо навбат дидан мехоҳед ё ба дигар аксҳо мегузаред. Ин намоишгоҳ дар масоҳати 1000 метри квадратӣ ташкил шудааст.
Галереяи ҳунарии сабки нейронӣ
Лоиҳаи Яндекс бо номи «Neural Network Art Gallery» як чизи сунъӣ буда, дар он тақрибан 4000 асар мавҷуд аст, ки тавассути шабакаи нейронӣ офарида шудааст. Пас аз омӯзишҳои зиёди асарҳои рассомон муаллифон тавонистаанд тавассути шабакаи нейронӣ бо истифода аз усулҳои гуногун тасвирҳои камназирро офаранд.Галереяи мазкур аз 4 толор иборат аст: шаҳр, табиат, одамон ва кайфият. Шабакаи нейрон дар ҳар як толор кадом расмҳоро ба шумо нишон диҳад, худ интихоб мекунад. Ҳамзамон, асарҳои дар галерея пешниҳодшударо шумо метавонед дар худ сабт намуда ва ҳар вақте ки хоҳед тамошо кунед.

Театр-осорхонаи Салвадор Дали
Дар шаҳри Фигераси Испания театр-осорхонаи Салвадор Дали сохта шудааст. Шумо метавонед бидуни харидории чипта ва сафар ба кишвари Испания 4 толори ин осорхонаро тамошо кунед. Дар ин осорхона аслан асарҳои офаридаи худи Дали ҷамъоварӣ шудаанд, ки ин рассом тамоми ҳаёти худро ба онҳо бахшида будааст.
Ба шумо саёҳати бофароғатро таманно дорем!
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед