
Донишманд бошию пулёбиро надонӣ: Чӣ гуна Юсуфзода бо 250 сомонӣ ба Душанбе омаду блогери роҳнамо шуд?
Нашр шуд
Фотеҳ Юсуфзодаи 21-сола дар байни корбарони шабакаи иҷтимоии Instagram бо суханони таҳрикдиҳанда маъруф аст. Ӯ муаллифи вебнамойи foteh_life, doctor.foteh ва salamturkey.tj дар Instagram буда, дар баробари донишҷӯ будан, инчунин барои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ роҳҳои расидан ба мувафақият, бизнес ва идеяҳои навро меомӯзонад. Ғайр аз ин дар вебнамои doctor.foteh тарзи ҳаёти солим ва дар вебнамойи salamturkey.tj омӯзиши забонҳои хориҷиро тарғиб мекунад.
Муаллифи Halva.tj бо Фотеҳ Юсуфзода ҳамсуҳбат шуда, дар бораи пешбурди вебнамой (видеоблог), мақсад аз омода намудани матолиби ангезишӣ, кору таҳсил ва дигар паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти ӯ пурсон шуд.
Аз орзуи табибӣ то таъсиси маркази Salamcompany
Фотеҳ зодаи ноҳияи Фархор буда, хатмкардаи литсейи президентии шаҳри Кӯлоб мебошад. Ӯ дар овони мактабхонӣ чандин маротиба дар озмуну олимпидаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ аз фанни биология иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардидааст. Аз хурдӣ орзуи табиб шуданро дошт ва бо кӯшишу заҳмати худ тавонист, ки ба касби интихобкардааш расад. Ҳоло, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино мебошад.
“Ман дар замони мактабхониям ба фанҳои дақиқ бештар майлу рағбат доштам. Табиб шудан ҳам орзуи деринаи ман буд. Хушбахтона, ҳоло ман дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил дорам ва дар баробари таҳсил дар беморхонаҳо таҷрибаомӯзӣ мекунам”, - нақл кард Фотеҳ.Ҳамзамон, Фотеҳ бо таъсис додани маркази Salamcompany ба хонандагон забони англиси ва туркиро меомӯзонад. Ӯ худ донандаи 3 забон - русӣ, англисӣ ва туркӣ мебошад. Ғайр аз ин ҳиҷома низ мекунад. Дар семинарҳои омӯзишӣ ва фестивалу чорабиниҳои илмӣ фаъолона иштирок менамояд. Моҳи ноябр аввалин маротиба ду семинари омӯзишии худро дар мавзуи “даромади онлайнӣ” ва “чӣ гуна одатҳои бади худро тарк кунем ва зиндагии худро бисозем” баргузор мекунад.
Таъсиси 3 вебнамой ва тарғибу ташвиқи худинкишофдиҳӣ
Фотеҳ Юсуфзода аз соли 2022 ба шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст. Пас аз оне, ки маркази “Salamcompany”-ро таъсис дод, ба хотири зиёд намудани довталабони омӯзиши забонҳои хориҷӣ вебнамойи salamturkey.tj дар Instagram таъсис дод. Ғайр аз ин ӯ ду вебнамойи дигар foteh_life ва doctor.foteh дар шабакаи иҷтимоии Instagram кушод, ки ҳаводорони зиёд пайдо кард. Вебнмойи foteh_life наздики 40 ҳазор ва doctor.foteh наздики 30 ҳазор обуначӣ дорад.
“Вақте, ки мо маркази омузишӣ кушода будем, барои мо хонанда лозим буд. Табиист, ки истифодабарандагони шабакҳои иҷтимоӣ рӯз то рӯз бештар гардида истодаанд. Аз ин хотир ман интернет-маркетингро интихоб карда, бо ин роҳ шумораи обуначиёнро зиёд кардам. Қабл аз оне, ки аввалин бор саҳифаи худро дар инстаграм кушоям аҳамит додам, ки фазои ин шабакаи иҷтимоӣ аз ҷиҳати тарғибу ташвиқи худинкишофдиҳӣ ва психологияи пул ва бизнес кам аст, аз ин хотир дар ин самт худамро сайқал дода, ин роҳро идома додам.
“Ба ҷавонон роҳҳои расидан ба муваффақиятро аз таҷрибаи худам меомӯзонам”
Имрӯз майдони интернет фарох аст ва шумораи блогерон низ хеле зиёд гардидааст. Аксарият кӯшиш мекунанд, ки новобаста ба мазмуну муҳтавои маводҳои худ теъдоди тамошобин ва обуначиёнашонро зиёд кунанд. Теъдоди блогероне, ки мехоҳанд, тавассути наворҳои худ ба ҷомеа маърифат бахшанд ва корбаронро ба ҳаракат кардан ташвиқ кунанд, хеле кам аст. Фотеҳ Юсуфзода аз зумраи он блогеронест, ки мехоҳад тавассути суханони ангезишӣ ба ҷавонон тарзи дурусти интихоби касб ва роҳҳои расидан ба муваффақиятро омӯзонад.
“Пас аз хатми мактаб, ба Душанбе омадам ва дар ҷайбам ҳамагӣ 250 сомонӣ доштам, ки волидонам дода буданд. Ман забони англисиро хуб медонистам. Аз ин хотир омадан баробар ба Душанбе ба яке аз марказҳои омӯзишӣ ба кор даромадам. Аммо, бо вуҷуди кор карданам дар аввал азоб мекашидам. Ҳаминро пайхас кардам, ки агар ҳарчанд босавод ва забондони моҳир ҳам бошӣ, лек роҳи пул кор карданро надонӣ, бенатиҷа ҳаст. Яъне мо бояд механизми истифодаи дониш ва фурӯши онро дар бозори меҳнат донем. Аз ин хотир ба суханони таҳрикдиҳанда (мотивация) бисёр ниёз доштам. Кӯшиш мекардам, ки донишу маҳорати худро инкишоф дода, афкори худро тағйир диҳам. Маҳз ҳамин сабаб гашт, ки дар инстаграм контенти “суханони ангезишӣ” кушодаям ба донишҷуён роҳҳои нави муваффақиятро омӯзонам. Ман дар шабакаи иҷтимоии Instagram контенти тиббӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳам дорам, аммо, аз ҳама бештар ба контенти “суханони таҳрикдиҳанда”, ки ташвиқкунандаи роҳҳои нави муваффақият ва идеяҳои нав дар самти тиҷорати онлайнӣ аст, диққат медиҳам”, - зикр намуд Фотеҳ.Фотеҳ Юсуфзода мақсади асосии блогерии худро пеш аз ҳама ба роҳнамоии шахсоне, ки хоҳиши оғоз кардани ягон корро доранд, аммо наметавонанд, ки чӣ гуна ҷараёни корро пеш баранд, ё ин ки онҳое, ки дар татбиқи лоиҳаи нав дар назди худ мақсад гузошта наметавонанд, рабт медиҳад.
Кумаки ройгон ба 500 нафар дар самти татбиқи лоиҳаҳои тиҷорати онлайнӣ
Фотеҳ дар баробари вебнамойи foteh_life инчунин дар вебнамойи doctor.foteh низ хеле фаъол аст. Ӯ тавассути ин контент тарзи ҳаёти солимро тарғиб намуда, вобаста ба як қатор бемориҳои сироятӣ ва пешгирӣ аз он маълумот медиҳад. Фотеҳ мегӯяд, ки дар самти татбиқи лоиҳаҳои нав ва тиҷорати онлайнӣ ба обуначиён кумак мерасонад.
“Дар давоми як соли охир ба беш аз 500 нафар корбарони шабакаи иҷтимоии Instagram дар самти озодии молиявӣ ба таври ройгон кумак расонидаам. Бисёриҳо муроҷиат мекунанд, то ин ба онҳо кумак кунам. Аз ҳамин ҷо пайхас кардам, ки чунин фаъолияти блогерии мо барои ҷомеаи имрӯза зарур аст”,-гуфт Фотеҳ.Юсуфзода нақша дорад, ки пас аз хатми Донишгоҳи тиббӣ фаъолияти худро аз рӯи ихтисос ба роҳ монад. Ҳамзамон, нақша дорад, ки бо таъсиси марказҳои омӯзишӣ ба ҷавонону наврасон забонҳои хориҷӣ ва илмҳои замонавиро омӯзонад.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед