Ru  | Tj
«Барои ман TikTok як кор аст». Асал Сапарбекова бо чӣ роҳе таваҷҷӯҳи бинандагонро дар саросари ҷаҳон ба худ ҷалб кард?
«Барои ман TikTok як кор аст». Асал Сапарбекова бо чӣ роҳе таваҷҷӯҳи бинандагонро дар саросари ҷаҳон ба худ ҷалб кард?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

«Барои ман TikTok як кор аст». Асал Сапарбекова бо чӣ роҳе таваҷҷӯҳи бинандагонро дар саросари ҷаҳон ба худ ҷалб кард?

Нашр шуд

Соли 2020 вақте ки дунё бори аввал бо бемории сироятии коронавирус рӯбарӯ шуд, нафарони зиёди касбу кори гуногун ба фаъолияти онлайнӣ гузаштанд. Ҷои тааҷҷуб нест, қаҳрамони мо Асал Сапарбоева, ки дар ҳайъати тими миллии Ӯзбекистон фаъолият мекарду ба варзиши гимнастика машғул буд, дар ин давра дар карантин қарор дошт. Ин ҷавондухтари варзишгар 16 соли умри худро ба варзиши гимнастика бахшид ва аз он пас дар ҳайъати дастаи «Littos» (Love in the Time of Sports) ба ҳайси акробат ба кишварҳои гуногун сафар мекард.


То оғози пандемия, дастаи «Littos» чандин маротиба барои ҳунарнамоӣ ба кишвари Чин сафар карда буд. Ҳатто онҳоро барои ширкат дар дастаҳои ин кишвар даъват карданд, ки дар он ҷо онҳо бояд трюкҳои аҷиби акробатиро нишон медоданд. Аммо каронавирус ҳамаи нақшаҳоро дарҳам зад ва бинобар ин, дастаи мазкур маҷбур шуд, ки муддате дар зодгоҳи худ, яъне шаҳри Тошканд бимонад. Барои он ки дар давраи карантин аъзоёни ин даста маҳорати худро аз даст надиҳанд ва вақти худро беҳуда нагузаронанд, онҳо ба наворбардории роликҳо барои шабакаҳои иҷтимоии “Instagram” ва “TikTok” шурӯъ карданд.


Бояд гуфт, ки Асал Сапарбоева дар дастаи “Littos” шахси калидӣ мебошад, зеро маҳз ӯ қобилиятҳои аҷиби бадани инсонро нишон медиҳад. Ҳаракатҳои ғайриоддии ин ҷавондухтари соҳибистеъдод на танҳо дили аҳолии Ӯзбекистон, балки тамоми ҷаҳонро тасхир кардааст. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бори аввал навори ин ҷавондухтарро мебинанд, ба ҳайрат меоянд. Гарчи Асал хеле нозукандом бошад ҳам, вале метавонад бе ист бо як дам 30 “салто” ва ҳатто бештар аз онро иҷро кунад, бо як ҷаҳиш се маротиба ба қафо бипарад, мувозинатро байни ду мошини боркаш нигоҳ дорад, болои ресмон роҳ биравад ва ба ин монанд машқҳои хеле душворро анҷом бидиҳад…


Асал Сапарбоева ба ҷуз тамринҳои анъанавии «фишка», инчунин «гопница»-ро низ анҷом медиҳад. Ин ҷавондухтари қавиирода гарчи дар Гвардияи миллии Ӯзбекистон хизмат мекунад, аммо ӯро бештари бинандагон дар нақши «келинчак» (наварӯс) мешиносанд.


Идеяи наворбардории ролик дар симои “Келинчак” ба дастаи «Littos» ҳангоми сабти трюкҳои акробатикӣ зери мусиқии машҳури узбекӣ пайдо шуд.


«Як продюсери овоз аз мо хоҳиш кард, ки барои таблиғ дар “TikTok” навореро пешниҳод кунем. Ӯ ба мо озодии комил дод ва ҳамин тавр, наворе пайдо шуд, ки келини ҷавон ба ҷои рӯбучини хона аз рӯйи одат машқҳои гуногунро анҷом медиҳад. Мо қабл аз сабти навор ба хулосае омадем, ки азбаски суруд узбекӣ аст, бояд ҷавондухтар низ ӯзбек бошад. Яъне дар тан либоси миллӣдошта бошад. Дар муддати кӯтоҳ ин роликро 1, 1 милион нафар тамошо карданд. Лаҳзаҳои оғози кор дар хотирам нақш бастаанд, хусусан либоспӯшӣ ва шурӯъ ба наворбардорӣ. Ҳамчунин, дар сабти аввали барнома кӯдакони зиёде ҷамъ шуда буданд ва онҳо намефаҳмиданд, ки чӣ ҳодиса рух дода истодааст. Яъне келинчак дар турник бо ҷорӯб чӣ кор мекард?», - мегӯяд Асал.

Дар ибтидо Асал Сапарбоева ба шабакаи иҷтимоии “TikTok” чандон дилбастагие надошт ва ҳатто дар яке аз мусоҳибаҳои қаблии худ таъкид карда буд, ки ин наворҳо асосан барои “Instagram” наворбардорӣ шудаанд ва баъдан дар шабакаҳои дигари иҷтимоӣ нашр мешаванд. Аммо, бо дарки бартарияти шабакаи “TikTok” ин ҷавондухтар фикри худро тағйир дод:

“Бароям “TikTok” як кор ва василаест, ки ба воситаи он шахс метавонад рушд кунад. Ман ба ин шабака дил бастам. Чаро? Зеро пеш аз ҳама дар чизҳои мусбатро мебинам. Ҳоло замоне аст, ки ҳама мехоҳанд ин корро кунанд. Дар “TikTok” варзишгарон, дӯстдорони китоб ва ҳатто рассомон метавонанд чизи дилхоҳи худро пайдо кунанд. Бисёриҳо ба шабакаи иҷтимоӣ бо «нафрат» нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, ки вақт сарф кардан ба онҳо бефоида аст, шояд барои ин гуна одамон шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо василаи вақтгузаронӣ бошад " - мегӯяд Асал дар мусоҳиба.













Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед