Ru  | Tj
Нақши асосии муҳоҷирон дар рекламаи "СберБанк Онлайн"
Нақши асосии муҳоҷирон дар рекламаи "СберБанк Онлайн"
Акс: Сбер

Нақши асосии муҳоҷирон дар рекламаи "СберБанк Онлайн"

Нашр шуд

Сбербанк барномаи нави таблиғотии интиқоли маблағҳоро ба хориҷаро оғоз кард. Дар расму наворҳо муҳоҷирон бо пайвандонашон нақш офариданд, хабар медиҳад Sostav.

Наворҳо бахшида шудааст ба хизматрасонии интиқоли маблағҳо, ва дар натиҷа навор хело фарогир буда, тавонистааст он хусуссиятҳои рузғори хориҷи наздикро расонад.

Эҷодкорӣ бо усули ҳуҷҷатӣ асос ёфта буд, ки дар он  наворбардорон ҳаёти персонажҳоро дар вақти воқеӣ назорат мекарданд.

Ҳар як иштирокчиёни промо ба наздикони худ бо забони модарии худ бо орзуҳои нек ва миннатдорӣ барои кӯмак муроҷиат карданд. Шиори лоиҳа "Ғамхорӣ чунин интиқол мешавад".

Масъалан, дар ян навор хоҳарон Томпошка ва Нурӣ аз Иссиқ-кӯл ба бародаронашон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, тариқи видео салом мерасонданд. Дар навори дигар бошад бонуе аз Тошканд дар муроҷиат ба писараш аз ӯ миннатдорӣ барои ғамхорӣ намуд ва ӯро барои гузаронидани тӯй даъват намуд. аз Риштон паёми на камтар аз фарогир омад.


Тавре, ки дар Сбер қайд намуданд, баҳори имсол тамошобинон дар рекламаи ширкат хоҳарон аз Қирғизистон ва муҳоҷирон аз Узбекистонро хоҳанд дид.

Расмҳо аллакай дар рекламаҳои берунаи нақлётҳо ва хобгоҳҳои фаъолият мекарда нашр шуданд. Видео бошад дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ва digital-майдонҳо бояд интишор шавад.

Як чӯпони ҷавон аз Қазоқистон ба шарофати блоги худ дар Тикток шӯҳрат пайдо кард


Sostav

Муаллиф

Sostav

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед