
"99% қаҳрамонони ман аз хонаҳои пиронсолон ҳастанд". Ҳунарманди ороиш Фотима Улуғхоҷаева - дар мавриди кор, хайрия ва таҳаввули занони бо сарнавишти душвор
Нашр шуд
Фотима Улуғхоҷаева, ороишгар аз Душанбе @fatima_makeup_official, ки саҳифааш беш аз 705 ҳазор пайрав дорад, ба шарофати наворҳои видеоӣ дар мавриди тағйири симои занон аз хонаҳои солмандон маҳбуб шудааст. Ороишоти ӯ дар Instagram миллионҳо боздид дарёфт мекунад. Ба ин тариқ яке аз наворҳои видеоии ӯро тавассути беш аз 15 миллион корбар тамошо шудааст.
https://www.tiktok.com/@fatima_makeup__official?_t=8mMsMj8lmHx
Ба қавли Фотима ӯ бо ҳадафи шод кардани мардум фаъолияти худро ба унвони ороишгар дар соли 2019 оғоз кардааст.
Ин ороишгар гуфт: "Ман тамоили зиёде доштам, дорам ва хоҳам дошт, то мардумро мутаҳаввил кунам, чеҳраи онҳоро бубинам ва онҳоро хушҳол кунам".
Қаҳрамони мо, илова ба корҳои ороишӣ, корҳои хайрияро низ пеш мебарад. Фотима гуфт, ки аз хонаҳои солмандон ағлаб барои кӯмак муроҷиат мекунанд. Ба қавли ӯ арзишмандтарин чиз ин аст, ки ба ниёзмандон эътимод ба оянда бидиҳад.
Фотима афзуд, «сайъ мекунам, он чиро, ки дар тавонам ҳаст, бидиҳам, зеро кӯмак кардан кори хубе аст».
Дар мавриди чигунагии пайдоиши идеяи дигаргуниҳои видеоӣ, асрори ороишӣ, орзуҳои Фотима ва пешаи хайриявии ӯ, метавонед дар ин матлаб бихонед.
– Фотима, панҷ сол аст, ки ба унвони ороишгар кор мекунед. Нозукуҳои ин ҳирфаро дар ҷое омӯхтаед ё худомӯз ҳастед?
— Ман омӯзиш гирифтаам, вале муътақидам, ки ҳамаи чиз аз худамон бастагӣ дорад, вақте чизе барои кор кардану, талош барои расидан ба он вуҷуд дорад, вақте ҳадаф таъйин мешавад, ҳатман тамоми чиз ба сомон хоҳад расид. Ва нуқтаи аслӣ он аст, ки майл ба кор рӯйи худ дошта бошад!
– Шумо ба хотири наворҳои видеоиатон бо дигаргунии занону духтарон комилан машҳур ҳастед. Асрори расидан ба ин идеяро ба мо низ мегуфтед?
– Ҳама чиз ба таври худ ба худ анҷом шуд. Олеся ном дугонае дорам бо зоҳири ғайримаъмул ва ман воқеан мехостам ӯро хушҳол кунам. Тасмим гирифтам, тамоми раванд ва эҳсосоти пас аз ороишро ба мухотабонам муаррифӣ кунам. Ва вақте дидам, ки он шахс чӣ қадар хушҳол ва боэътимод ба худ аст, шуруъ ба филмбардории бештаре дар ин росто кардам. Албатта, қабл аз ӯ афроде ҳам буданд, вале бисёре аз хешовандони худ хиҷолат мекашиданду аз тамасхури корбарони интернет метарсиданд. Вале афроде низ буданд, ки ҳозир шуданд, то матолиберо бо иштироки онҳо мунташир кунам.
– Пас чӣ гуна қаҳрамонҳоро барои наворбардорӣ пайдо мекунед?
- 99 дарсад қаҳрамонони ман аҳли хонаҳои солмандон ҳастанд, ки худихтиёрӣ назди ман меоянд. Ман худам меравам, онҳоро бармедорам, ороишро анҷом медиҳам ва баъд хушҳолу розӣ ба макони зисташон мебарам. Зиндагӣ барои онҳо душвор аст ва тақдир нисбаташон шӯхии бераҳмона раво дидааст. Ҳар шахсе сазовори хонавода, лабханду шодӣ ҳаст ва ҳатто агар як рӯз шодӣ кунанд ҳам, ин рӯзро дер ёд мекунанд.
– Ақидае вуҷуд дорад, ки ороиш боиси афзоиши синну сол мегардад, аммо бо дигаргунии худ хилофи онро исбот мекунед. Рози Шумо дар чист?
- Бо таъкиди дуруст бар вижагиҳои сурат, ороиш ҳаргиз синну сол изофа намекунад, муҳим аст, ки аз ҳама чиз дар ҳадди эътидол истифода кунед. Агар ороишгар бо тамоми зарфиятҳо ошно бошад, натиҷа олӣ хоҳад буд. Рози ман оддӣ аст – муҳаббат ба ин ҳирфа ва кор кардан рӯи худ.
– Оё ороиши як зани мусинн тафовути қобили таваҷҷуҳ бо ороиши як духтари ҷавон дорад?
- Ҳамон тавре ки қаблан гуфта будам, муҳим аст, ки дар масрафи лавозими зиёдаравӣ накунед, зеро дар ороиш ҳама чиз дар ҳадди эътидол аст. Тарзи дуруст барои истифода аз лавозими ороишӣ ва пӯсти хуб омодашуда низ муҳим аст. Барои ҷавонон ҳама чиз муттафовит аст: ҳам тарзи истифодабарӣ ва ҳам омодагӣ ба ороиш.
– Медонем, ки шумо ороишгариро низ меомӯзонед. Дар мавриди давраҳои омӯзишии худ ба мо бигӯед.
– Давраҳои омӯзишӣ вобаста ба замон ва давра мутафовит гузаронида мешаванд. Маъмулан онҳо ба се дараҷа тақсим мешаванд: давраҳои омӯзишии "Ороишгари ҳирфаӣ" - омӯзиш устодон дар санъати ороишӣ, курси "Худ ороишгар" - ин давра барои касоне аст, ки мехоҳанд тарзи истифодаи ороишро мустақилона омӯзанд ва ҳамеша зебо ба назар бирасанд, инчунин давраи омӯзишии онлайнӣ - барои онҳое, ки аз ман дур ҳастанд ва наметавонанд ба Душанбе сафар кунанд. Муддати замони омӯзиш бастагӣ ба худи омӯзандагон дорад – аз се то 15 рӯз, зеро омӯзандагоне ҳастанд, ки сароат ёд мегиранду таҷриба доранд ва духтароне ҳастанд, ки мехоҳанд аз ибтидо ёд бигиранд, бинобар ин шароит умдатан фардӣ ҳаст.
– Фотима, мо ҳамчунин медонем, ки ахиран Шумо ва хоҳаратон кошонаи ҳусни худро ифтитоҳ кардед. Бигӯед, ки дар ҳоли ҳозир чӣ хидматро ироа мекунед?
– Бале, моҳи октябри соли 2023 ману хоҳарам як студияи зебоӣ ифтитоҳ кардем, ки дар Маркази савдои «Анор», воқеъ дар шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Айнӣ 51 ҷойгир шудааст. Имрӯз студияи зебоии мо маҷмӯи пурраи хидматҳоро барои дигаргунии занон ва духтарон ироа медиҳад. Тамоми хизматрасониҳо тавассути устоҳои ҳирфаӣ анҷом дода мешаванд.
– Худатон чанд вақте як бор ороиш медиҳед?
- Ман ағлаб ороиш намекунам, танҳо барои чорабиниҳо ва мавориди хос. Дар зиндагии рӯзмарра аз ороиш истифода намебарам.
Дар поёни суҳбат, қаҳрамони мо эътироф кард, ки барои бисёре аз дастовардҳои худ аз ҳамсараш сипосгузор аст, зеро маҳз ӯ ҳаст, ки эътимод бар нафс ва имон бар ояндаро дар дили Фотима илқо мекунад.
«Вақте дар наздикии шумо як фарди самимӣ ва дӯстдоштаеро доред, ки ба ояндаи шумо эътиқод дорад ва ба тамоми маъно аз шумо ҳимоят мекунад, ин хушҳолии бузург аст. Ёд дорам, вақте тоза шуғламро оғоз кардам, шавҳари азизам дар барам буд. Ӯ то ба имрӯз аз тамоми идеяҳои ман ҳимоят мекунад, чӣ аз назари молӣ ва чӣ аз назари маънавӣ”, - гуфт Фотима.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед