
Маҳорат даркор, на дастгоҳи қимат: Диду шунидҳои фото-журналисти 81-солаи фаъоли Суғд
Нашр шуд
Владимир Вяхирев, пуртаҷрибатарин мухбир-суратгири Суғд, замоне дурбину қаламро ба даст гирифт, ки на интернет буду на дастгоҳҳои ҳушманду барномаҳои муосир. Гузашти даҳсолаҳою фарорасии асри интернет, смартфонҳо ва дастгоҳҳои аксбардории рақамӣ низ, Вяхиреви 81-соларо дар ҳошия қарор надодааст ва ӯ ҳанӯз ҳам дар соҳа аз пешсафҳосту осораш дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Владимир Вяхирев беш аз 50 сол аст, ки дар рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” фаъолияти эҷодӣ дорад. Мавсуф ним асар боз дар саҳифаҳои рӯзномаи мазкур навишта ва аксҳои ҷолиби диққат нашр мекунад. Бахусус, бо аксҳояш барои дигарон дӯст доштани диёр, эҳсоси зебоии ҳаёт ва қадр кардани ҳар лаҳзаи умрро талқин мекунад.
Имсол рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” 90-сола шуд. Он дар вилояти Суғд ягона рӯзномаест, ки бо забони русӣ нашр мешавад. Нашрияи мазкур метавонад, ки дар фазои иттилоотии вилоят мавқеи забони русиро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дорад.
Муаллифи Halva.tj ба ин муносибат бо фото-журналисти пуртаҷрибаи рӯзномаи “Согдийская правда” - Владимир Вяхирев ҳамсуҳбат шуд ва дар бораи рӯзгораш, ки ба рӯзнома бахшидааст, пурсид.
53 соли фаъолият дар рӯзномаи “Согдийская правда”
Дурбини ӯ дар солҳои шӯравӣ аввалин сохтмонҳои бузурги шаҳри Хуҷандро инъикос кардааст, ки имрӯз моли таърих мебошад. Дурбини вай дар солҳои соҳибистиқлолӣ низ аз шодиву нишоти мардум, ободиву бунёдкорӣ ва табиати афсункори диёр силсилаксҳои гӯёву диданбоб бардоштааст, ки аз он бо набзи ҳаёт метавон огоҳ шуд. Боварнокарданист, ки муаллифи ин аксҳо дар синни 81-солагӣ ҳам пур аз завқи зистану офаридан буда, хазинаи эҷодияш бо аксҳои наву тоза тез-тез ғанитар мешавад.
Бале, Владимир Вяхирев расо 53 сол боз дар рӯзномаи “Согдийская правда” фаъолият дорад. Мавсуф солиёни дароз ба ҳайси корманди техникӣ, мухбир-суратгир, котиби масъул ва чанд вақт сармуҳаррири рӯзнома ҳам шуда кор кардааст.
Ёде аз рӯзгори пешин
Чанде пеш дар утоқи кории эшон суҳбат оростем. Мулоҳизаҳояшро ба дирӯзу имрӯзи Ватан, ки ҳеҷ вақт бетараф нест, шунидем.
Дар оғози суҳбат нигоҳи мо ба ҷевони утоқи кории фото-журналист афтод, ки онро китобҳо, аксҳо, сипосномаву ифтихорномаҳо зеб медод. Дар рафи якуми он чанд насли дастгоҳҳои аксбардорӣ истодааст. Бегумон, онҳо шоҳиди рӯзгор ва воқеаҳои муҳими солҳои пешанд. Аз соҳибаш пурсон шудем, ки таърихи корбурди онҳо, ки албатта, лаҳзаҳои ҷолибро дар пай дорад, нақл кунад.
- Сарвати ман аст, он солҳоест, ки гузашт. Овони ҷавонии ман аз ҳаёти ҷавонони имрӯз фарқи зиёд дошт. Барои мо иҷрои ҳар кор мисли имрӯз осон набуд. Тасаввур кунед, ки бе телефони мобилӣ, интернет ва компютер аз уҳдаи ҳар супориш мебаромадем. Мисол, барои омода кардани фото-репортаж ба минтақаҳои дуру наздики вилоят мерафтам. Дар вақти кор дастгоҳи аксбардорӣ ва қаламу коғаз ёвари ҳамешагиям буд. Фактҳо ва фикрҳои муҳимро ба варақ менавиштам. Дар он варақҳо баробари навиштаҷот чӣ қадар эҳсосу нерӯ сабт мешуд, танҳо ба худам аён. Агар банохост коғаз гум ва ё зарар медид, бе мавод мемондам, - бо лабханд ба ёд овард пири соҳаи рӯзноманигорӣ.
Аҳамияти таҷриба дар ҳар кор
Мавсуф нахустин фото-журналистест, ки ба ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ шарафёб шудааст. Ӯ дар давоми суҳбат хидмати чандсолаи дастгоҳҳои аксбардориашро шарҳ дода, афзуд, ки имрӯз бархе ҷавонон пешрафти корашонро ба доштани моделҳои нави дастгоҳҳои мухталиф рабт медиҳанд.
Ба назари вай, пурмуҳтаво ва хушсифат иҷро шудани ҳар кор на ба дастгоҳҳои наву муосир алоқаманд аст, балки ба маҳорат ва малакаҳои омӯхташуда тавъам мебошад. Агар шахс ҳунарвар нест, пас ягон дастгоҳ, ки ҳатто модели охирон аст, барояш кумак карда наметавонад. Барои дар сатҳи хуб иҷро шудани ҳар кор таҷриба нақши зиёд мебозад.
Қаҳрамони мо, бо ифтихор гуфт, ки соли ҷорӣ рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” 90-сола шуд. Он дар дарозои 90 сол бо забони русӣ нашр шуда, дар тарғиби ғояҳои башардӯстонаву маърифатии ҷомеа саҳми калон дорад. Таърих гувоҳ аст, ки рӯзнома бо номҳои “Рабочий Ходжента”, “Стахановец”, “Ленинабадская правда” ва аз соли 2008 боз бо номи “Согдийская правда” нашр мешавад. Дар вилоят имрӯз ҳам нашр шудани рӯзнома бо забони русӣ амали хубу манфиатбахш аст.
“Донандагони забони русӣ дар маҳалҳо кам шуда истодаанд!”
Ӯ иброз медорад, ки солҳои пеш дар вилоят бештари ашхоси калонсол забони русиро хуб медонистанд. Рӯзноманигорони газета бо намояндагони касбу кори гуногун, ки забони русиро дар сатҳи хуб медонистанд, суҳбатҳои хубу муфид меоростанд. Аммо имрӯз насли ҷавон ва миёнсол ин забонро на он қадар хуб медонанд. Чаро?
- Барои ҳар забонро хуб омӯхтан муҳит ва муошират зарур аст. Маълум аст, ки имрӯзҳо дар мактабҳои миллӣ муаллимони тоҷик аз фанни забони русӣ дарс медиҳанд. Шумораи аҳолии русзабон ҳам зиёд нест. Кӯдакону наврасони тоҷик барои омӯхтани забон бояд бештар китобу маҷалла ва рӯзномаҳои русиро бихонанд. Зеро забондонӣ сабаб мешавад, то рушд кунанд. Имрӯз ва ояндаи диёри мо маҳз дар дасти ҷавонон аст, - афзуд рӯзноманигори таҷрибадида.
Аслан, Владимир Вяхирев парвардаи шаҳри Хуҷанди бостонист. Ӯ ин диёрро Ватани азизи худ медонад. Вай 29 – уми сентбяри соли 1943 дар шаҳри Ашқобод таваллуд шудааст. Падараш низомӣ буд. Аз ин рӯ, бо тақозои кор ин оила ба Хуҷанд меояд. Владмири наврас дар ин шаҳр камол ёфта, мактаби ба номи Ленинро хатм мекунад. Баъдан дар Донишкадаи алоқаи шаҳри Тошканд таҳсил мекунад. Аз соли 1971-ум то ба имрӯз дар рӯзномаи “Согдийская правда” фаъолият дорад. Мавсуф ҳамчун мухбир-суратгири рӯзномаи “Согдийская правда” барои фаъолияти пурмаҳсул ва саҳми арзанда дар рушди нумӯи матбуот, инъикоси воқеъбинонаи ҳодисаву воқеаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа бо чандин сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст.
Ба хотири имрӯзу фардои дурахшон
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои гуногун сармуҳарририи рӯзномаро як зумра қаламкашони касбӣ, аз ҷумла, Николай Войнович, Валентин Морозов, Вячеслав Киянский, Борис Фрейдкин, Фаррух Ахроров, Владимир Тарасов, Владимир Вяхирев, Эргаш Сулейманов, Ҳафиз Сайфуллоев, Мирзоаъзам Мақсудов бар уҳда доштанд. Имрӯз ин масъулиятро Исҳоқҷон Зокиров, хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов бар дӯш дорад.
“Имрӯз барои омода шудани як шумораи газета даҳҳо нафар рӯзноманигорон ва ноширон кор мекунанд, ҳатто хонандагони мо. Онҳо ба мо мавзуъҳо барои нашрро пешниҳод мекунанд, дар бораи ин ё он мушкилот сӯҳбат мекунанд, хабару мақола, ҳикояву қисса ва шеърҳои худро мефиристанд. Барои дӯстони содиқи рӯзнома, ки кам нестанд, ташаккур мегӯям. Ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилоти мухталиф, ки бо мо ҳамкорӣ мекунанд, бо хоҳиши худ ба мо дар бораи одамони боистеъдод, чорабиниҳои ҷолиб, воқеаҳо, хабар медиҳанд, сипос мегӯям. Ҷашни 90-солагии рӯзнома на танҳо ҷашни аҳли кормандони он аст, балки он ҷашни кулли Шумо дӯстон низ ҳаст. Фаъолияти рӯзнома ба хотири имрӯзу фардои дуруахшон аст”, - афзуд сармуҳарири рӯзнома.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед