
Равоншинос, масҳгар, комишшинос. Чӣ гуна Шавкатҷон Фозилов дар ихтисоси дуюм муваффақ шуд?
Нашр шуд
Шавкатҷон Фозилов донишомӯхтаи риштаҳои равоншиносӣ, бадандармонгар (телесный терапевт), маҳсгар ва комишшинос (сексолог) буда, дар яке аз марказҳои солимгардонии шаҳри Душанбе фаъолияти касбӣ дорад. Мавсуф аз овони кӯдакӣ мехост, ки равоншинос бошад. Аммо бо хоҳиши волидон ба риштаи мудирият (менеҷмент) дохил мешавад. Сарфи назар аз ин ба ӯ муяссар мегардад, ки орзуи замони наврасиро амалӣ карда, дар соҳаи тиб ному нон ёбад.
Муаллифи Halva.tj бо Шавкатҷон Фозилов перомуни чӣ гуна дар соҳаи тиб мавқеъ ёфтан ва аҳамияти роҳҳои нави табобат суҳбат кард.
ИНТИХОБИ ДИГАР
Дӯстону ҳамсифнон ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ амонатдор будани Шавкатҷонро фаҳмида, сирри дилашонро гуфта, маслиҳат мепурсиданд. Шавкатҷони наврас, ки нисбат ба ҳамсолон хонишу дониши зиёдтар дошт, ба қадри имкон тавсияҳо медод.
- Ҷойи таъриф нест, дар мактаб аълохон будам. Баъди хатми мактаби №15 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фурсати интихоби ихтисос расид. Бисёр мехостам, ки равонпизишк (психиатр) бошам. Аммо волидон исрор мекарданд, ки иқтисоддон шавам, чун дар ҳама ҷо лозим мешавад ва обрӯяш ҳам баланд аст. Ҳамин тариқ, мавқеи волидонамро пазируфтам ва соли 2006 ба факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шудам. Аз дохил шудан ба ихтисоси дигар пушаймон нестам. Чун айёми таҳсил дар ин ришта масъалаҳои муҳими марбут ба иқтисод марбутро, ки дар кору рӯзгор зарур аст, омӯхтам. Соли 2011 баъди хатми муваффақонаи донишгоҳ сарнавишт маро ба шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷират бурд. Ман дар ин шаҳр тавонистам, ки ба орзуи дерини худ бирасам, - бо хурсандӣ мегӯяд Шавкатҷон.
ҚАДАМИ НАВБАТӢ БА СӮЙИ ОРЗУ
Дар шаҳри бузурги Санкт-Петербург хатти сарнавишти Шавкатҷон дигар шуд. Ӯ дар дарсу давраҳои омӯзишӣ, ки дар мавриди равоншиносӣ буд, пайваста иштирок мекард. Бо мадрак (диплом)-и зинаи бакалаврӣ қаноат накарда, курси дарозмуддати “Равондармонии бадангаро” (Телесная ориентированная психотерапия)-ро низ хатм кард.