“Ман ба Шарқ менигарам”. Юрий Вайс метарсад, ки дигар хотираҳои худро аз Тоҷикистон намеёбад
Нашр шуд
Юрий Прокопевич Вайс - рассоми шинохта, дизайнер, архитектор ва монументалисти немис, 22 соли умри худро дар Тоҷикистон сипарӣ кардааст. Ӯ зодаи РСС Қазоқистон буда, ҳоло дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия умр ба сар мебарад. Ҷаноби Юрий яке аз мусаввирони муваффақи Русия маҳсуб мешавад. Махсусан дар самти тасвири рақамӣ.
Юрий Вайс Тоҷикистонро ватани дуюми худ медонад ва аз кӯҳҳои сарбаафлоки ин диёр ба ҳайрат афтодааст. Аммо чаро Юрий ин ватани худро тарк кард? Ӯ ҳоло бо чӣ корҳо машғул аст? Чӣ тавр ба самти тасвири рақамӣ пайваст? Ин ва чанде дигар суолҳоро аз Юрий Вайс пурсон шудем.
Алвидоъ Душанбе, салом Маскав
- Чаро Тоҷикистонро тарк кардед ва аз он чӣ хотираҳо доред?
- Лаҳзаҳои беҳтаринро инсон дар синни аз 17 то 40-солагӣ мебинад. Яъне ин давраест мусоид барои сайқал додани истеъдоди фитрӣ, эҷодӣ, афзуншавии иштиёқ ба кӯҳнавардӣ ва делтапланерӣ, ки ҳамаи ин дар пасманзари қаторкӯҳҳои дӯстдоштаи ман намоён мешавад. Ин солҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Бале, ҷолибтарин давраи ҷавониам дар Тоҷикистон гузаштааст.
Чаро ман аз Тоҷикистон рафтам? Соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ пароканда шуд. Ин тақсимот беш аз ҳама ба халқи рус, ки дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ мекарданд, душвориҳо эҷод намуд. Ҷанги миллатгароён, ки ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон табдил ёфт, водор сохт, ки оилаи мо хонаи худро тарк намуда, ба Русия кӯч бандад. Сафари бистуякрӯза дар қатораи Душанбе – Москва, вақти кофӣ буд, ки дар бораи воқеаҳои рӯйдода андеша кунам. Дар Русия касе надоштем, ки моро интизор бошад. Ба ғайр аз ин, мардуми рус, мо - бародари руси худро гуреза мегуфтанд. Воқеан солҳои даҳшатангез буд.
- Пас аз ба Русия омадан чӣ тавр ба кори эҷодии хеш шуруъ намудед? Албатта, аз хонаи худ ба манзили дигар кӯчидан кори саҳл нест, ҳамин тавр не?
- Бале, бояд тамоми корҳоро аз сифр оғоз мекардам. Саҳифаҳои парокандаи тасвиршуда, ивазшавии тарзи ҳаёт ва поёнравии вазъи иқтисоди хонаводагӣ зиндагии моро боз ҳам душвортар гардонид. Албатта барои шахси эҷодкор, асосан мусаввир ба манзили нав одат кардан воқеан душвор аст. Вале ман худро аз даст надодам. Дар баробари рассомӣ, лоиҳакашӣ, тарроҳӣ ва ҳайкалтароширо аз худ кардам. Ҳамаи ин кӯмак намуд, ки аз нав ба по хезам.
- Давраҳои донишҷӯии Шумо дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимова чӣ гуна гузаштааст? Оё устодони коллеҷро ба ёд оварда метавонед? Дар бораи беҳтарин лаҳзаҳои худ қисса намоед.
- Солҳои донишҷӯӣ даврони тиллоӣ аст. Як бор дар ҳамроҳӣ бо ҷамъи гурӯҳамон ба экскурсияи табиат рафтем. Аз лаби дарё ва наздикии кӯҳҳои сурх гузашта, дар таги дарахтҳои баланди чормағз лагери муваққатӣ сохтем. Гирду атрофро чарх зада, ба осиёби харобшуда дучор омадем, ки дар он санги осиёб — санги ҳамвор ба диаметраш кариб якуним метрро ёфтем. Дар таги чормағзи интихобкардаи худ мизи сангини даврашакл омода намудем. Зуҳур Ҳабибуллоев роҳбари гурӯҳи мо, бо ду нафар аз ҳамкурсони мо ба сайди моҳӣ рафтанд. Баъд аз як рӯз бо ҷузвдони пур аз гулмоҳӣ баргаштанд. Мо дар зери сояи чормағзи азим нишастем. Устодамон монанди Шоҳ Артур дар нишастҷойи болотар аз мо менишаст. Дар мобайни “миз” -и худ то баробари дастқапаки деги калон сӯрохӣ омода карда, деги пур аз гулмоҳиро болои он гузоштем. Гулмоҳии бирёншуда монанди моҳии тиллоӣ буд...
Устодонамро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардаам: Боборикин В. М., Кузмин Г., ва Ҳабибуллоев З. Н. барои ҳамешагӣ дар хотираам нақш бастаанд. Инчунин, то ҳол бо рассомони тоҷик Носир Нарзибеков ва Сафар Раҳимов дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар иртибот ҳастем.
- Кадом гӯшаҳои Тоҷикистон ба эҷодиёти Юрийи ҷавон таъсиргузор буд: кӯҳҳо, дарёҳо, гулзорҳо...?
- Табиати Тоҷикистон ба куллӣ илҳомбахшандаи тахайюлоти ман аст. Аз Ҳисор то Хоруғу кӯҳҳои Помир, аз Шаҳритус то ҷазираи Чумчуқарали собиқ Ленинобод, ки дар он муҷассамаи оҳанини гунҷишки дар бузургӣ баробари ҳавопаймои “Як-40” буд ва ба ҷойи чашмҳои он чашмакҳои мошини борбардори “Зил-130” гузошта шудааст, маро ба ваҷд меовард.
- Охирон намоиши тасвирҳоятон “Ман ба Шарқ менигарам” унвон гирифта буд. Чаро ба Шарқ менигаред, ё худ барои чӣ ин тавр номгузорӣ кардед?
- Пас аз муборизаҳои зиёд барои шароити мусоиди зиндагӣ дар Москва, тасмим гирифтам, ки намунаи эҷодамро ба намоиш гузорам. Аз 1 то 15 -уми июни соли 2003 дар Маркази хонаи рассомон ин намоиш баргузор гардид. Намоиши мазкур маро водор кард, ки ба санъати тасвирӣ бо ангезаи нав баргардам ва амалиёти эҷодиам, ки дар Шарқ равнақ ёфтааст, дубора эҳё шавад. Тоҷикистон инъикоскунандаи Шарқ аст. Яке аз асоситарин чеҳраҳои тасвирҳои ман, образи зани шарқӣ маҳсуб меёбад.
- Охирон бор кай дар Душанбе будед? Оё нақша доред, ки боз ба пойтахти тоҷикон сафар кунед?
- Баъд аз ҳодисаи соли 1991 ба шаҳри Душанбе, ё ба таври умум ба Тоҷикистон нарафтам. Албатта мехостам, ки равам, аммо метарсам он чизҳоеро пайдо накунам, ки дар хотираҳои ман нақш бастааст.
Digital art
- Шумо ба ғайр аз он, ки мутахассиси санъати тасвирии анъанавӣ ҳастед, бо тасвири рақамӣ, монументалӣ, архитектура ва тарроҳӣ низ машғулед. Кадоме аз инҳо ба мутахассиси худ фоидаи бештар меорад?
- Аз ҳар яки ин санъатҳо фоидаи калон ба даст овардан мумкин аст, хоҳ аз ҷиҳати иқтисодӣ ё хоҳ аз ҷиҳати фарҳангӣ манфиати зиёд доранд. Ҳамаи ин аз истеъдоди фавқулода ва сифати баланди корӣ маншаъ мегирад.
- Шумо аз рассомони насли калонсол ҳастед, вале новобаста аз ин, тамоми нозукиҳои яке аз падидаҳои технологияи муосир - тасвири рақамиро ба таври касбӣ аз худ кардаед. Ҳамчун намояндаи ин самт мегуфтед, ки digital art чӣ гуна бартариҳоро дар бар мегирад?
- Санъати рақамӣ дар ҳоли рушд аст ва навъҳои зиёд дорад: фото ва рангубори рақамӣ, аниматсияи компютерӣ, графикаи векторӣ ва ғайра. Технологияи муосир имконият дод, ки ман бо таҷҳизотҳои нав кор карда, корҳои тасвирии худро зуд ва таъсирбахш иҷро намоям. Як мисоли одӣ. То ба солҳои наздик, рассомон эскизи дар матоъ ва қоғаз кашидашударо ба квадратҳо тақсим мекарданд. Ин амал барои ба ҷойи худ кӯчонидани эскиз ёрӣ мекард, аммо вақти зиёдро талаб менамуд. Баъдтар проекторҳо ихтироъ шуданд ва сипас тасвири рақамӣ, ки кори рассомро боз ҳам осонтар намуд. Тасвири рақамӣ имкон медиҳад, ки эскизро пурра дар он кашида, якбора бо рангубор машғул шавем. Инчунин, як тасвирро метавон чанд бор аз ҳар ҷиҳат иваз кард. Дар тасвири анъанавӣ ин кор номумкин аст.
- Барои кашидани digital art аз кадом платформа истифода мебаред?
- Соли 2004 бори аввал ба digital art даст задам. Тасвири он метавонад як рӯз, гоҳҳо ним солро дар бар гирад. Ман платформаи “Procreate” –ро ба кор мебарам. Бояд гуфта гузарам, ки ба эффектҳои махсус тамоман даст намезанам. Одатан аз маҷмӯи маҳдуди абзорҳои рақамӣ истифода мебарам. Дар байни тасвири рақамӣ ва услуби анъанавии кашидаи ман, фарқ гузоштан душвор аст. Тасвири рақамиро ҳамчун технологияи ёрирасон ва зудкор истифода мекунам.
- Чӣ фикр мекунед, Шумо дар санъати тасвирии анъанавӣ муваффақед ё рақамӣ? Оё асарҳои худро муваффақ меҳисобед? Яъне, боварӣ доред, ки асарҳои Юрий Вайс то асрҳо зинда мемонад?
- Нисбати худ ҳукм намебарорам. Доварӣ зеби тамошобин ва санъатшиноси ҳирфаӣ аст.
Намедонам, ки баъд аз асрҳои зиёд бо санъати тасвирӣ чӣ рӯй медиҳад. Агар аз рӯйи тамоюлҳои имрӯза андеша кунем, баъди сад сол осорхонаҳо аз қоғазҳои рангшудаи нодаркор пур мешаванд. Ҳама чиз ба пушти ойинаи компютерҳо мегузаранд.
“Ба истифодабарандагони рангубор муваффақият мехоҳам”.- Кай аввалин бор ба даст қалам гирифтед? Нахустин тасвири кашидаи худро ҳифз кардаед?
- Дар хотир надорам. Ба назарам овони кӯдакӣ, аз ҳамон лаҳзаҳои хазида гаштанам шурӯъ кардаам. Не, онҳо боқӣ намондаанд. Кӯч бастан баробари оташ гирифтани хона аст. Мо чандин бор маҷбур шудем, ки аз як хона ба хонаи дигар кӯч бандем.
- Оё боре ҳолате рух додааст, ки тасвири наверо дар хотири худ тарҳрезӣ карда, сипас онро кашида бошед, ки номуваффақона эҷод шуда бошад?
- Кори бебарор ҳамон аст, ки бо заҳмати зиёд ба анҷом мерасонед, аммо бо сабабҳои номаълум натиҷаи интизоршуда дида намешавад. Ин аксар вақт дар корҳои архитекторӣ, дизайнерӣ ва монументалӣ вомехӯрад.
- Тасвиргарони ҷавон барои муваффақияти кори худ бояд чӣ кор кунанд, кадом вазифаҳоро пеши худ гузоранд ва дар оянда бо чӣ гуна мушкилот рӯ ба рӯ хоҳанд шуд?
- Ҳар як рассом, новобаста аз синну сол бояд кори анъанавиро идома диҳад. Танҳо як вазифа - кашидани тасвире, ки бинандаро бетараф нагузорад. Ғоя нақши муҳимро мебозад. Агар ғояи тасвирро ба таври возеҳ фикр накарда бошанд, дар кори композитсия мушкилӣ мекашанд. Яъне, кори мусаввирӣ меҳнатталаб аст.
- Мо медонем, ки Шумо дар жанри абстрактсия эҷод мекунед. Нисбати жанрҳои кубизм ва демонизм чӣ гуна муносибат доред?
- Бо жанри кубизм кор надорам, чӣ расад ба демонизм?! Абстрактсия аксар вақт нақши марҳилаи асосии рушди композитсияро иҷро мекунад. Композитсияро бо жанри абстрактсия кор карда, тасвиреро, ки дар сохтори он тасаввур карда будам, меҷӯям. Барои кашидани тасвири даркорӣ, пайдо намудани детал кифоя аст.
- Боре ба Шумо буҳрони эҷодӣ рух додааст? Агар ҳа, онро чӣ тавр бартараф карда будед?
- Буҳрони эҷодӣ тавассути тағйир додани фаъолият ба осонӣ бартараф карда мешавад. Ҳамин ки аз рангубор хаста мешавам, даст ба лоиҳакашӣ мезанам ва аз он ба тарроҳӣ ва баръакс. Дар санъати тасвирӣ кор кардан дар як вақт бо якчанд композитсияҳо (онро ба «карусель» низ ташбеҳ додан мумкин аст) барои пешгирӣ кардани буҳрон кӯмак мерасонад.
- Рассом бояд чӣ тавр худро намоён кунад, доштани кадом хислатҳо барои ӯ зарур аст ва барои тасвиргар чӣ муҳимтар аст – ғоя ёки иҷро?
- Бо кори эҷодии худ дар намоишгоҳҳо иштирок карда, худро муаррифӣ карда метавонад. Агар намоишгоҳи шахсӣ ташкил карда, “галереядорон” -ро даъват намояд ва бо онҳо ҳамкорӣ кунад, боз ҳам беҳтар аст.
Рассом низ мисли ҳар як одами маъмулӣ, набояд бепарво, танбал ва ҳасуд бошад.
Тасвир то замоне комил намешавад, ҳатто яке аз ҷузҳо бо он мувофиқат накунад. Ғоя ҳамеша дар зинаи аввал аст. Иҷро барои ифодаи ғояи беҳтарин ба амал оварда мешавад. Аммо иҷро карда натавонистани баён, марги ғоя аст.
- Кори эҷодии Шумо чӣ тавр ҷараён мегирад?
- Аз давраҳои ҷавонӣ то ҳол методи кориам тағйир наёфтааст. Бо як мисол шарҳ медиҳам. Тавре ҳар як композитсия се фигураи асосӣ дорад, ман аввал фигураро интихоб намекунам. Аввал тасвири абстрактиро мекашам. Сипас, вобаста ба ҳолати рӯҳии худ се фигураи асосиро ворид мекунам. Ин душвортарин ҷараёни тасвир аст. Абстрактсия одатан объектҳои ногаҳониро эҷод мекунад. Дар ҳамин лаҳза худро ҳамчун коргардони филм эҳсос мекунам, ки барои иҷрои нақш актёри мувофиқро интихоб мекунад. Гоҳҳо сари зебои асп ё парандаи парвозиро пеши назар овардани абстрактсия аз эҳтимол холӣ нест, аммо ман инҳоро лозим надорам. Ҷустуҷӯи объект то якчанд рӯз ё як ҳафта идома меёбад ва албатта онро пайдо мекунам.
- Имрӯзҳо тасвиргарони ҳаваскор кам нестанд, ки ҳатто дар мактабҳои санъат таҳсил накардаанд, аммо бо такя ба истеъдоди худ чеҳранигорӣ мекунанд ва аз муштариён фармоиш мегиранд. Дар ин бора чӣ назар доред?
- Истеъдодҳои воқеӣ дар ҳама замон буданд, ки таълими махсус нагирифтаанд. Аз дилхоҳ деҳот рассомеро пайдо кардан мумкин буд, ки бо ҳунари худ ҳамдеҳагонашро шод мекунад. Дар замони шӯравӣ, ин касбро ҳунари мардумӣ меномиданд. Дар зеботарин толорҳо намоиши мусаввараҳоро ташкил мекарданд ва албатта намояндагони осорхонаҳо беҳтарин нигораҳоро мехариданд.
Бар ивази бекорӣ, амали хайр накӯ аст. Аз ин лиҳоз, ба истифодабарандагони рангубор муваффақият мехоҳам.
- Ба қавли тоҷикони мо “ош шавад” гӯед...
7 х 10 = 70
- Аз баъзе фармоишҳо даст кашидан кори оқилон аст. Бале, ин гуна ҳолатҳо буд. Фикр мекунам, нуқта ба нуқта гуфтанам ҷоиз нест.
- Шумо ду писар доред. Замоне ки онҳо кӯдак буданд, орзу мекардед, ки идомадиҳандаи пешаи падар шаванд?
- Чаро не? Ҳамин тавр, ҳам шуд. Писари хурдиам аз кӯдакӣ машғули қоғазу қалам буд. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии умумирусиягии киноматография ба номи С. А. Герасимов аст. Писарам ҳоло бо аниматсия кор мекунад.
- Пурсиши кӯтоҳ, ранги дӯстдошта, таҷҳизоти дӯстдоштаи тасвирӣ, тасвири дӯстдошта, мусаввирони дӯстдошта ва зани дӯстдоштаи Шумо?
- Сиёҳ, қалам, “Менини” -и Веласкес, Диего Веласкес, Эл Греко, Брейгел, Феофан Грек ва ҳамсарам.
- Имсол ба синни 70 қадам мениҳед. Чӣ фикр мекунед, ҳатто даҳ соли умри худро чӣ гуна сипарӣ намудед? 70 сола будан, яъне чӣ?
- Як умр бо пешаи писандидаи худ машғул будан, ҳар касро зӯру тавон ва дар душвортарин вазъиятҳои зиндагӣ ба худ боварӣ мебахшад. Намедонам 70 солагӣ чӣ маънои хос дорад, зеро аз ин синну сол чизе эҳсос намекунам. То ҳол ҷавонам. Нақшаҳои хеле зиёд дар пеш аст, барои амалӣ кардани онҳо нерӯи кофӣ дорам.
- Бигзор ҳамеша ҷавон бимонед. Лутфан ба хонандагони Halva.tj ва онҳое, ки инак ба соҳаи рассомӣ қадам мегузоранд, маслиҳат медодед.
- Ҳамон объектро кашед, ки ба Шумо писанд аст ва бо ҳамон тарзе, ки ба табъатон маъқул. Ба услуби ҳеҷ кас тақлид накунед. Барои худ “муди нав” -ро ихтироъ накунед. Агар арзишҳои одамӣ ва касбиро дар хеш муҷассам карда тавонед, ҳатман аудиторияи худро меёбед.
P.S. Дар солҳои ҶБВ оилаи падаркалони Юрий Прокопевич Вайс – немиси муқими Волга, ки тӯли се аср аҷдодонаш дар мулки Рус зиндагӣ карда, ин кишварро ватани худ медонистанд, аз Қрим бадарға карда мешаванд. Юрий 11-уми июни соли 1952 дар шимоли РСС Қазоқистон ба дунё меояд. Модари ӯ зани руси деҳотӣ буд. Кӯдакии мусаввири оянда дар деҳаи Моховои наздик ба Петропавловский гузаштааст. Падари вай тасмим мегирад, ки бо оилаи худ ба ҷануб сафар кунад, зеро зиндагӣ дар он ҷо нисбат ба шимол осонтар буд. Ҳамин тавр, оилаи Юрий ба Тоҷикистон омад.
Ӯ мактаби миёнаро дар Душанбе хатм кард. Соли 1971 барои хизмати аскарӣ ба флоти Уқёнуси Ором қабул карда шуд. Баъд аз бозгашт соли 1973 ба Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимова дохил шуда, онро соли 1976 бомуваффақият хатм намуд. Сипас бо сабабҳои маълуми солҳои 1991, Юрий бо оилаи худ барои зиндагии якумра ба Москва рафт.
Юрий Вайс рассоми шинохта аст. Тасвирҳои кашидаи ӯ дар галереяи Третяковский, Осорхонаи рассомии Калининград, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи санъати тасвирии Қазон, маркази коллексияҳои хусусии Русия, Олмон, Фаронса, Португалия ва дигар давлатҳои хориҷӣ гузошта шудааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед