Ru  | Tj
Аз Хоруғ ба Торонто. Шарифамоҳ чӣ гуна ба донишгоҳи орзуҳояш расиду соҳиби ҷоизаҳо гашт
Аз Хоруғ ба Торонто. Шарифамоҳ чӣ гуна ба донишгоҳи орзуҳояш расиду соҳиби ҷоизаҳо гашт
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Аз Хоруғ ба Торонто. Шарифамоҳ чӣ гуна ба донишгоҳи орзуҳояш расиду соҳиби ҷоизаҳо гашт

Нашр шуд

Шарифамоҳ Одинамамадова зодаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, дар айни замон донишҷӯйи соли аввали риштаи молия ва иқтисоди Донишгоҳи Торонтои Конодо ба шумор меравад.

– Ман литсейи Оқохони шаҳри Хоруғро соли 2021 бо медали тилло ва дипломи аълои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хатм намудам.


Интихоби донишгоҳ

– Донишгоҳи Торонто муассисаи таълимии пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ба пажӯҳиш, кашф ва эҷоди донишҳои навин машғул аст. Ҳамзамон муассисаи мазкур дар доираи фаъолияти таҳқиқотӣ барномаҳои гуногуни стандартсозишударо дар соҳаҳои гуногун, аз қабили молия ва иқтисод, бо таҷҳизоти замонавӣ, устодони ҳирфаӣ, имконоти таҳқиқотӣ ва китобхонаҳо муҷаҳҳаз менамояд.

Ҳамаи ин боиси дохил шудани ман ба Донишгоҳи Торонто, дарёфти таҳсилоти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва саҳм гузоштан ба тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон гардид.

Донишгоҳи Торонто муассисаи олии таълимии рақобатпазир дар ҷаҳон ба шумор меравад, аз ин рӯ баҳои аъло, фаъолияти беруназсинфӣ, мавҷудияти тавсияномаҳо ва иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ ба ман имкон дод, то дар раванди душвори пазириш муваффақ шавам.

University of Toronto Mississauga Transition Titan Award

- Ҷоизаи «University of Toronto Mississauga Transition Titan» ба донишҷӯёни соли аввали таҳсил дар риштаи тиҷорат ё мудирият (дар ҳолати ман бошад, ба мутахассиси соҳаи молия ва иқтисод), ки тавассути хол, фаъолияти беруназсинфӣ ва рушди малакаҳои касбӣ бомуваффақият ба донишгоҳ интиқол шудааст, тақдим карда мешавад.

Илова бар ин ман аз Донишгоҳи Торонто барои дарёфти дигар мукофот низ сипосгузорам:


1) Ҷоизаи мудирони Донишгоҳи Торонто Миссиссага «UTM Director’s Circle Award» ба донишҷӯёни зинаи бакалавриат барои саҳми онҳо дар ҳаёти донишҷӯён, мушорикат дар ҳамоишҳои мудирияти ҳирфаӣ ва холҳои баланд супорида мешавад. Ҳар сол донишҷӯён беш аз 30 соат рушди касбиро мегузаранд, то унвони мудириро ба даст оранд.

2) Ҷоизаи раҳбари навзуҳури донишҷӯёни Донишгоҳи Торонто дар иёлати Миссиссага: Ҷоизаи «UTM Emerging Student Leader Award» ба донишҷӯйи соли аввал, ки уҳдадории иштирок дар ҳамоишҳои беруназсинфӣ дар кампусро иҷро карда, барои беҳбуду саҳмгузорӣ дар тaвсеаи ҳаёти донишҷӯёни Донишгоҳи Торонто талош меварзаду баҳри рушд ва сарварии оянда заминаи мустаҳкам мегузорад, тақдим карда мешавад.

3) Ҷоизаи «Sigma Chi Leadership» ба донишҷӯйи соли аввали зинаи бакалавриати Донишгоҳи Торонто супорида мешавад, ки дар ҷараёни таълим ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Барандагони ин ҷоиза дар заминаи ширкат дар маъракаҳои беруназсинфии донишгоҳ ва рушди касбӣ роҳбарии қавӣ нишон медиҳанд.

- Оё таҳсил дар ин донишгоҳ душвор аст? Касоне, ки мехоҳанд ба ин донишгоҳ дохил шаванд, чиро бояд ба назар гиранд?


- Донишгоҳи Торонто муассисаи олии таълимии ниҳоят рақобатпазир дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ баҳои аъло, иштирок дар фаъолияти беруназсинфӣ, мавҷудияти тавсияномаҳо ва ширкат дар барномаҳои байналмилалию олимпиадаҳо ба донишомӯзон имкон медиҳад, то ба донишгоҳи мазкур дохил шаванд.

Донишҷӯёни тоҷик бояд дар таҳсил ва корҳои беруназсинфӣ қобилиятҳои гуногунҷанба нишон диҳанд, аз ин рӯ, тавсия медиҳам, то ба имтиҳонҳои стандарти байналмиллалӣ, аз қабили Duolingo, TOEFL, SAT, ки бахши муҳими дархостҳои шумо ба донишгоҳҳои байналмиллалӣ мебошанд, омода шавед.

Шарти охирин ва муҳим ин аст, ки бояд хеле заҳматписанд бошед, ҳамеша барои орзуву ҳадафҳои худ кӯшиш кунед, ҳеч гоҳ таслим нашавед, зеро дар зиндагӣ ҳама чиз имконпазир аст!

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед