Ru  | Tj
“Беҳтарин донишҷӯи ИДМ” аз Тоҷикистон формулаи муваффақият дар олимпиадаҳоро фаҳмонд
“Беҳтарин донишҷӯи ИДМ” аз Тоҷикистон формулаи муваффақият дар олимпиадаҳоро фаҳмонд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

“Беҳтарин донишҷӯи ИДМ” аз Тоҷикистон формулаи муваффақият дар олимпиадаҳоро фаҳмонд

Нашр шуд

Мубориз Акбарзода, ҷавони 20-солаи тоҷик, ғолиби бисёр озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.

Акбарзода, ки феълан дар Академияи идораи давлатии назди президенти Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ таҳсил дорад, соҳиби ҷоизаи "Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023", ҷоизадори олимпиадаи байналмилалии интернетии "Системаҳои интихоботии ҷаҳон", барандаи шоҳҷоизаи маҳфил-викторинаи "Сиёсатшиносони ҷавон"-и Кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистон ва дигар озмуну маҳфилҳо мебошад.

Вай дар суҳбат бо Halva.tj аҳамияти озмунҳо, марҳилаи омодагӣ, нозукиҳои пирӯзӣ дар олимпиадаҳо ва зарурати омӯзиши бештари сиёсатшиносиро тавзеҳ дод.

Ҳадаф - на коғазу оҳанпорае дар шакли диплому медал

Акбарзода таъкид кард, ки мақсад набояд коғазпорае ва ё оҳанпорае бо номи диплому медал бошад: Бо тайёрӣ ва иштирок дар олимпиадаҳо бояд шумо илму дониши худро сайқал диҳед, донишҳои навро соҳиб шавед, қобилияти таҳлилии худро такмил дода, санъати дуруст фаҳмонидан, расонидан ва ҷавоб додан ба саволҳоро аз худ намоед. Мақсад ва моҳияти иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз таҷриба ва донишҳои нав иборат аст. Кӯшиш намоед дар олимпиадаҳои байналмилалие, ки марбут ба самти таҳсили шумо мебошанд, афзалият диҳед. Вақти худро ба дигар соҳаҳо камтар ва ба соҳаи худ бештар равона созед. Чунки оянда мутахассиси соҳаи мазкур дониста мешавед. Асос донишҳои мукаммали фундаменталии соҳавӣ ва имконияти ба даст овардани донишҳои академӣ мебошад.

Танҳо хондан на, балки таҳлил кардан зарур

Аввалин ва муҳимтарин меъёр дар олимпиадаҳои байналмилалӣ - ин донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои англисӣ ва русӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, забондонии худро такмил дода, донишҳои ба даст овардаатонро бо забонҳои зикршуда тарҷума намоед. Қиёс кунед, ки терминҳо дар забони тоҷикӣ ва дар забонҳои хориҷӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд ва дар кадом ҳолат чӣ гуна истифода мегарданд. Ин нуқта бисёр муҳим аст. Фарҳанги китобхониро ёд гиред.


Муҳим бисёр хондан нест, муҳим бисёр таҳлил кардан аст. То матни академӣ бисёр нахонед, ҷумлаҳои мураккабро дарк карда наметавонед. Донед, ки бисёр донистан сабаби фикр кардани шумо мегардад ва дар натиҷа худатон низ соҳибандеша мегардед. Аввалан дар олимпиадаҳои дохилӣ иштирок намуда, худро муаррифӣ намоед. Ин барои шумо имконият фароҳам меорад, то ба олимпиадаҳои байналмилалӣ роҳ ёбед.

Огоҳӣ ва истифода аз имкониятҳо

Бо шуъбаи байналмилалии муассисаи олие, ки дар он таҳсил мекунед, робитаи зич дошта бошед. Эълони олимпиадаҳои байналмилалӣ аз онҷо паҳн мешаванд. Кӯшиш кунед, бештар дар олимпиадаҳое, иштирок намоед, ки аз ҷониби донишгоҳҳои давлатҳои гуногун ба расмият шинохта шудаанд. Бисёре аз ташкилотҳои хусусӣ, ки олимпиадаҳои байналмилалиро пешниҳод менамояд, хусусияти тиҷоратӣ доранд, на илмӣ. Олимпиадаҳои байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ (онлайн) баргузор мегарданд. Аз ин рӯ, кор бо компютерро ёд гиред ва ҳамеша дар асоси адолатнокӣ кор кунед. Бо фиребу найранг соҳиби эътирофу эҳтиром намешавед.


Зарурати таваҷҷуҳи бештар ба сиёсатшиносӣ

Дар ҳоле, ки майли наврасону ҷавонон ба риштаи сиёсатшиносӣ нисбатан кам арзёбӣ мешавад, Акбарзода таваҷҷуҳи бештар бо омӯзиши соҳаро зарур медонад:

Сабаби дуруст дарк ва нафаҳмидани сиёсат дар мураккаб будани он мебошад. Аз ин лиҳоз, сиёсат бояд дар муассисаҳои миёнаи умумӣ дар таркиби фанни ҷомеашиносӣ, ки иборат аз сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг ва иҷтимоӣ мебошад, омӯхта шавад. Имрӯз яке аз воситаҳои муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ доштани заминаи донишҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад.

Ӯ афзуд, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки муассисаи олии марказӣ ба ҳисоб меравад, факултети сиёсатшиносӣ тӯли чандин сол аст, ки бо сабабҳои гуногун таъсис намеёбад. Тезутунд гардидани равандҳои сиёсӣ ва ба вуҷуд омадани масъалаҳои нави геополитикӣ, замина мегузорад, ки ихтисосҳои сиёсати ҷаҳон, моҷарошиносӣ, аналитикаи сиёсӣ ва амсоли инҳо дар таркиби факултети сиёсатшиносӣ ташкил карда шаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед