Ru  | Tj
Блогер Абдурозиқ хонадор хоҳад шуд. Арӯсшавандааш кист?
Блогер Абдурозиқ хонадор хоҳад шуд. Арӯсшавандааш кист?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Блогер Абдурозиқ хонадор хоҳад шуд. Арӯсшавандааш кист?

Нашр шуд

Абдурозиқ Эгамов, блогнавис ва овозхони маҳбуби тоҷик  рӯзе қабл ба маҳбубаш пешниҳоди издивоҷ кард. Ӯ қасд дорад бо як шаҳрванди Аморати Муттаҳидаи Араб издивоҷ кунад. Ҷашни арӯсӣ 7-уми июл барномарезӣ шудааст.


Арӯсшавандаи Абдурозиқ Амира ном дошта, сокини Шарҷа мебошад. Ба қавли намояндагони блогнавис, ин як издивоҷи ошиқона мебошад. Ин завҷайн чаҳор моҳ пеш дар як ошхонаи Дубай вохӯрда, робитаи онҳо ба сурати дӯстӣ оғоз шуд ва ахиран тасмим ба издивоҷ гирифтанд.


Ҳамон тавре, ки блогнавис ишора кард, ӯ ҳамеша орзу дошт, то духтаре пайдо кунад, ки ӯро дӯст дорад ва ба ӯ эҳтиром бигзорад. Ниҳоят Абдурозиқ ба орзуи худ муваффақ шуд.

“Зиндагии рӯзмарра барои ман осон нест ва ёфтани маҳбуба бо назардошти мавҷудияти монеаҳои зиёд аз он ҳам душвортар ба назар мерасад. Аммо Худоро шукр, ки Амираро пайдо кардам”, - гуфт Абдурозиқ.


Овозхон қайд кард, ки духтар ӯро бисёр дӯст медорад ва ба пешниҳоди ӯ барои издивоҷ розигӣ додааст.

“Ман наметавонам чизеро арзиштар аз ин ишқ тасаввур кунам, ҳамчунин наметавонам сабр кунам, то марҳилаи ҷадиди зиндагиамро шуруъ кунам”, - иброз дошт Абдурозиқ.


Барои пайравони блогнавис, аз ҷумла тоҷикистониён ин як хабари ҳангомаомезе шуд. Абдурозик аллакай дар шабакаҳои иҷтимоии худ аксҳои издивоҷро мунташир кардааст, ки ангуштаринеро ба маҳбубааш тақдим доштааст. Чеҳраи духтар пӯшида аст, аммо акс нишон медиҳад, ки ӯ баландтар аз Абдурозиқ аст.

.   


Падари Абдурозиқ, Савриқул Эгамов, ки дар шаҳри Панҷакент зиндагӣ мекунад, гуфт, ки арӯсро продюсерони писараш пайдо кардаанд. Онҳо аз ин ҳодиса тақрибан 3 моҳ пеш хабардор шуданд, вале то ҳанӯз духтарро надидаанд. Хонавода қасд доранд, ки бо ӯ дар Дубай шинос шаванд.

Абдурозиқ натанҳо бо далели зоҳири ғайримаъмул (қади кӯтоҳаш), балки ба туфайли қобилиятҳои мусиқии худ дар Тоҷикистон маҳбуб шуд.


Ин блогнавис дар оилаи камбизоат ба дунё омадааст, аз ин рӯ волидайни Абдурозиқ натавонистанд бемории даврони кӯдакии ӯро сари вақт табобат кунанд. Дар натиҷа ин беморӣ ба бемории музмини шадид табдил ёфт. Ба далели рошитисм рушди Абдурозиқ  дар 100 сантиметр мутаваққиф шуд.

“Ман худро маълул намедонам. Ман муътақидам, ки аз бархе калонсолон беҳтар ҳастам. Ман медонам, чӣ гуна пул кор кунам”, - мегӯяд Абдурозиқ.


Истеъдоди овозхонии ӯ мавриди таваҷҷуҳи рэпсаро, таҳиякунанда ва менеҷери тоҷик Барон (Беҳрӯз Набиев) қарор гирифт, ки шуруъ ба таблиғи сароянда кард.

Дар тӯли ин солҳои ҳаёти фаъоли мусиқӣ, ҳолномаи Абдурозиқ шомили даҳҳо оҳанг аст. Аммо маҳбубияти воқеъиро муборизаи номуваффақи ӯ тибқи қавонини ҳунарҳои разми таркибӣ (ММА) бо Хасбик ба армуғон овард.


Дар ибтидои соли 2021 блогнависи Ютуби доғистонӣ Ҳасбик (Хасбуллоҳ), ки ағлаб Абдурозиқро бо далели зоҳираш бо ӯ муқоиса мекунанд, аз овозхони тоҷик барои қувваозмоӣ даъват кардааст. Абдурозиқ билфосила ин даъватро пазируфт. Навори нишасти матбуотии қабл аз набардро даҳҳо миллион нафар тамошо карданд ва худи Абдурозиқ муддате дар Русия буд.

Соли 2021 Абдурозик раводиди "тиллоӣ"-и Аморати Муттаҳидаи Арабро дарёфт кард, ки ба ӯ фурсат медиҳад, то 10 сол бидуни раводид дар Дубай зиндагӣ кунад. Ба гуфтаи худи ин блогнавис, ӯ аввалин шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ки чунин раводидро дарёфт кардааст.



Абдурозиқ дар чанд соли гузашта муваффақ ба ҳамкорӣ бо  ситораҳои сатҳи ҷаҳонӣ шудааст. Имрӯз Абдурозиқ дар Instagram 8,2 миллион ва дар Youtube 1,37 миллион пайрав дорад. Ӯ дар намоҳанги Моргенштерн ва филми ҳиндии “Бародар” ҳамроҳ бо Салмон Хон, ситораи Болливуд нақш бозида, чанд оҳанги ҷадидро бо забонҳои мухталиф иҷро кардааст. Имсол ин блогнавис тарабхонаи худро дар Британия ифтитоҳ кард. Halva.tj ба блогнавис муваффақияти эҷодӣ ва рафоҳи хонаводаро орзу дорад!

 

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед