Ru  | Tj
Чӣ тавр ҷавони рус дар Тоҷикистон мавқеъ ёфт?
Чӣ тавр ҷавони рус дар Тоҷикистон мавқеъ ёфт?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Чӣ тавр ҷавони рус дар Тоҷикистон мавқеъ ёфт?

Нашр шуд

Владислав Валов – ҷавони руси муқими Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 24 сол дорад, дар ду самти ҷудогона фаъолият мебарад. Ӯ сароянда ва дорушинос аст. Қаҳрамони мо новобаста аз ҷавониаш ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Ӯ соли 2018 ҷоизаи Фестивали VII -уми байналимилалии мусиқию адабии “Ялос – 2018” –ро ба даст овард. Halva.tj оид ба фаъолият ва дастовардҳои дигари Владислав дар матлаби зерин қисса мекунад.

Дар интихоби касб

Владислав аз овони кӯдакӣ ба суруду мусиқӣ майлу рағбат дошт. Ӯ дар Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Турсунзода таҳсил кардааст, ки ин ба фаъолияти минбаъдаи ӯ дар самти овозхонӣ мусоидат кард. Вай дар ин мактаби аз рӯйи ихтисоси фортепиано таълим гирифтааст, аммо навозиши онро дар саҳнаи ҳунар кам иҷро мекард. Аз ӯҳдаи навозиши асбоби гитара низ хуб мебарояд. Новобаста аз ин бештар суруд мехонд.
Фаъолияти меҳнатии Владик аз 14-солагӣ шурӯъ шуд. Шабу рӯз машқи овоз мекард, то ки маҳорати худро дар санъат, алалхусус дар жанри вокал такмил диҳад ва ин ба болоравии касбияташ таъсири самарабахш расонд. 

Ӯ кори эҷодии худро аз гурӯҳи ВИА "Just life", ки аъзои он аз ҳаваскорони мусиқӣ иборат буд, оғоз намуд. Гурӯҳи мазкур соли 2013 ташкил гардида, роҳбарии онро гитарзани касбӣ Ханҷарбек Нобоваров ба ӯҳда дошт.

Владики ҷавон соли 2014 дар Фестивали V -уми байналмилалии эҷодиёти кӯдаконаи “Пушкинское лето”, ки дар Тоҷикистон баргузор карда шуд, ғолиб омад. Муваффақиятҳои эҷодии ӯ аз ҳамин сол шурӯъ гардид. 
“Вақте мактаби миёнаро хатм кардам, хостам ба ихтисоси овозхонӣ дохил шавам, аммо волидонам исрор карданд, ки дар соҳаи тиб таҳсил намоям. Бо ҳамин сабаб ҳуҷҷатҳоямро ба кластери 5-уми ММТ супоридам", - ёдовар мешавад ӯ. 

Владислав соли 2019 факултети тиббии ДМТ –ро бо ихтисоси дорушиносӣ хатм намуд. Ҳоло ӯ дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Душанбе, ба сифати корманди тиб ва роҳбари бадеии гурӯҳи эҷодии ба номи “M.SIRIUS-U” кор мекунад.

Фаъолияти эҷодӣ


Владислав дар солҳои донишҷӯӣ низ аз фаъолияти овозхониаш боз намонд. Пайваста кӯшиш мекард, ки истеъдоди худро такмил диҳад. Ӯ ҳанӯз аз давраҳои донишҷӯӣ дар ансамбли халқии “Наврӯз”, ки дар назди ДМТ фаъолият дорад, ба ҳайси овозхон ва ташкилотчии ансамбл кор мекард. 

Ӯ соли 2016 ба ҳайси роҳбари гурӯҳи ВИА "Just life” интихоб гардид. Гурӯҳи мазкур сурудҳоро дар жанрҳои рок ва эстрадаи рус пешкаши шунавандагон менамуд. Дар саҳна сурудро одатан Владислав иҷро мекард, дигар аъзои гурӯҳ мусиқӣ менавохтанд. Зеро вай дорои овози гӯшнавози мутантан буд.
“Ҳеҷ гоҳ барои кушодашавии роҳи овозам аз шир ва тухми хом истифода накардам. Ба ин воситаҳо эҳтиёҷ низ надорам. Ман мунтазам машқи овоз мекунам, зеро ин барои ҳар як сароянда лозим аст” – тасдиқ намуд овозхони ҷавон.

Владислав қариб ҳамаи сурудҳои репертуари Филипп Крикоров ва Алла Пугачёваро медонад. Айёми кӯдакиаш бо шунидани суруди ин сарояндаҳо сипарӣ гардидааст.
“Медонед одамон чаро суруд месароянд?” - мегӯяд ӯ.  “Сурудхонӣ ин аз ҳама беҳтарин роҳи баён кардани эҳсосоти ботинӣ аст”.

Шаҳди ғолибият


Соли 2018 дар зиндагии Владислав инқилоби эҷодӣ ба вуқуъ пайваст. Ӯ дар Фестивали VII -уми байналимилалии мусиқию адабии “Ялос – 2018”, ки яке аз фестивалҳои мусиқии маъруфи Русия ба ҳисоб меравад, иштирок намуд. Фестивали мазкур дар шаҳри Ялтаи Федератсияи Русия баргузор гардид. Яке аз шартҳои номинатсияи сарояндаи фестивали “Ялос – 2018” иҷрои суруд бо забони давлатии иштирокчӣ буд. Владислав дар ин шарт суруди тоҷикии “Мепарварам” –и Тӯҳфа Фозиловаро, ки матни он ба қалами Аминҷон Шукӯҳӣ тааллуқ дорад, иҷро намуд.  Иҷрои суруди мазкур аз тарафи ҳакамон ва тамошобинони фестивал хуб пазироӣ карда шуд. Дар натиҷа, Владислав дар номинатсияи “Беҳтарин сароянда” ғолиб омад. 
“Имрӯзҳо миёни кишварҳои Тоҷикистон ва Русия ҳамкории босамари фарҳангӣ дар ҷараён қарор дорад. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тамоми робитаҳои гуногунҷабҳаи соҳаи фарҳанг барқарор карда шудааст. Фестивали байналмилалии “Ялос” минбари истеъдодҳои воқеӣ аст. Дар ин фестивал бо дӯстони хеле зиёд аз кишварҳои мухталифи дунё ошноӣ пайдо кардам. Шодам, ки ба бахти иштирок дар ин фестивал муяссар шудам ва ҷоиза насиби ман гардид”, -иброз дошт ғолиби фестивал Владислав Валов.

Соле ки Владислав соҳиби ҷоизаи фестивали байналмилалӣ гардид, дар курси 5 -уми факултети тиббии ДМТ таҳсил мекард. Бо қарори ректори ҳамонвақтаи ДМТ Имомзода Муҳаммадюсуф, 50% -и боқимондаи маблағи шартномаи таҳсили Владислав ба хотири ғолибият дар фестивали байналмилалӣ бекор карда шуд.

Ногуфта намонад, ки маҳз дар соли 2018 барои хизматҳои арзандааш аз тарафи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба унвони “Аълочии фарҳанг” сарфароз гардонида шуд.  

Кавер, Бетховен ё варианти “туйский”?

“Имрӯзҳо бештари сарояндаҳо ба самти кавер рӯ овардаанд. Онҳо асосан ба сурудани суруди хориҷӣ майл доранд. Ман сабаби асосии инро дар кам будани оҳангсозони касбӣ, ки ба истилоҳ оҳангҳои «хит» эҷод мекунанд ва шоирони таронанависи русзабон, ки матнҳои дорои мазмуни амиқ ва мувофиқи оҳанг менависанд, мебинам. Ва аз ҳама муҳим ин аст, ки вазъи молиявии соҳаи фарҳанг он қадар ғанӣ нест. Кори босифат сармояи зиёд талаб мекунад. Албатта, ман низ таронаҳои кавер дорам. Таронаи «Ноктюрн» -и Арно Бабажанянро яке аз беҳтарин намунаҳои кавери худ меҳисобам”.

Владислав мисли дигар сарояндаҳои ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоии TikTok ва Instagram аз худ дарак намедиҳад. Ба андешаи ӯ, набояд монанди “дигарон” бошем. Онҳое, ки мухлиси воқеии санъати  Владислав ҳастанд, дар ҳама ҳолат аз эҷоди ӯ бохабар мешаванд.

Яке аз сурудҳое, ки ба Владислав муваффақият овард, ин суруди “Дворец Арбоб» (Қасри Арбоб) аст. Матни ин суруд ба шоири тоҷик Абдуқаҳҳор Қосим тааллуқ дошта, аз мусиқии суруди “Москва” -и Олег Газманов истифода шудааст. Ин суруд дар байни шунавандагони сурудҳои ватандӯстона шӯҳрати зиёд пайдо намуд.  

Аз нигоҳи Владислав шунавандагони тоҷик сурудҳои русиро дӯст медоранд. “Аммо, агар интихоб дар байни сурудҳои “тӯёна” ва “эстрадаи русӣ” қарор гирад, албатта бештари онҳо суруди “тӯёна” ё ба қавли дигар варианти “туйский”-ро интихоб мекунанд. Мутаассифона, мардуми мо то ҳол эстрадаи ҷаҳонро ба маънои амиқ дарк накардаанд. Феълан дар мавриди фаҳмиши классикаи Шопен, Бах ва Бетховен чизе нагӯям беҳтар аст”, -гуфт қаҳрамони мо.

Фаъолияти корӣ ва издивоҷ


Ӯ аз рӯзҳои аввали фаъолият дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Душанбе, дар вақти хурӯҷи бемории сироятии “COVID - 19” ба ҳайси корманди тиб фаъолият намуд. Дар ду самт фаъолият бурдан Владиславро монда намекунад. Ба андешаи ӯ, шуғле, ки дӯст медорӣ ҳеҷ гоҳ ба хастагӣ оварда намерасонад.
“Дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба самти ҳуқуқшиносӣ хеле зиёд шудааст. Фарз кардем, агар сарпарасте пайдо шавад ва ба ман пешниҳод кунад, ки аз ҳисоби маблағи ӯ дар яке аз факултетҳои ҳуқуқшиносии дохили кишвар ё берун аз он таҳсил намоям. Ғайр аз ин шарт гузорад, ки дигар ба соҳаи санъат барнагардам ва танҳо ҳуқуқшинос шавам, ҳеҷ гоҳ пешниҳоди ин сарпарастро қабул намекардам. Ман сароиданро хеле дӯст медорам”.
 Соли 2021 ансамбли халқии «Наврӯз» -и ДМТ дар Озмуни лоиҳаи байналмилалии “Магия талантов” ва “Звезды талантов”  ширкат варзид. Дар ин озмун Владислав ҳамчун ташкилотчӣ ва куратори лоиҳа иштирок намуд. Ансамбл таҳти роҳбарии ӯ дар ҳар ду мусобиқа соҳиби ҷоиза гардид.


Владислав, моҳи майи соли 2021 бо Ансамбли халқии «Наврӯз» барномаи консертии худро дар “Боғи Ғалаба” -и шаҳри Турсунзода баргузор кард. “Азбаски он вақт ман вазифаи ташкилотчии ансамблро ба ӯҳда доштам, қариб ҳамаи ғояҳои консертиро танҳо худам таҳия мекардам ва баъд корҳои омодагии коллектив оғоз меёфт”, - иброз дошт ӯ.
Владислав дар баробари сароянда, навозанда ва дорушинос будан замоне ба самти матбуот низ рӯ оварда буд. Ӯ узви Иттифоқи журналистон, нависандагон ва драмматургони байнаналмилалӣ аст. То соли 2019 дар яке аз нашрияҳои кишвар ба ҳайси мухбир фаъолият мекард, аммо ҳоло бо сабаби зиёд будани корҳои эҷодиаш наметавонад ба ин самт расидагӣ кунад. Барои ӯ сурудхонӣ дар мадди аввал меистад. Мехоҳад, ки дар ҷодаи санъат навгониҳоро ба вуҷуд орад.

Қаҳрамони мо дар мавриди издивоҷ мегӯяд, ки миллату нажоду касби нимаи дуюми инсон набояд аҳмияти хос дошта бошад. Танҳо ҳамсари хуб будан кифоя мекунад.
Ӯ ҳамчун дорушинос ақида дорад, ки сарфи назар аз тамоми гаронтарин воситаҳои табобатӣ, беҳтарин дору ин таваҷҷуҳ ба саломатии худ ва шунидани суруди баландмазмун мебошад. Инчунин, дӯст доштан ва дӯстдоштанӣ будан низ мавқеи хос дорад.

Владислав дар оянда мақсад дорад, ки консерти худро дар хориҷи кишвар баргузор намояд. 



“Медали 13 – ум”. Чӣ тавр муштзани тоҷик қаҳрамони Осиё оид ба бокс шуд?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед