Ru  | Tj
Духтари азму талошҳо. Мунира Зоирово чӣ гуна ҳунарманди театру синамо шуд
Духтари азму талошҳо. Мунира Зоирово чӣ гуна ҳунарманди театру синамо шуд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас шудааст

Духтари азму талошҳо. Мунира Зоирово чӣ гуна ҳунарманди театру синамо шуд

Нашр шуд

Мунира Зоирово. Ин ном барои доираи театрии тоҷик ошност, ки бо вуҷуди ҷавонӣ кайҳо тавониста мани худро дар олами театр пайдо кунад ва имрӯз ҳама ӯро чун ҳунарманди ҳирфаӣ мешиносанд.

Зиндагии Мунира аз ҳар ҷиҳат омӯзанда ва ҷолиб аст. Ӯ чӣ гуна аз як ноҳияи дурдаст барои таҳсил пойтахт омадаву аз ин ҷо роҳ пеш гирифт ҷониби Русия? Таҳсил дар хориҷи кишвар ба вай чӣ дод? Барои лӯхтакрон шудан чӣ бояд кард? Муаллифи Halva.tj бо ин бонуи ҳунар ҳамсуҳбат шуда, саргузашти варо нақл кард.

АЗ РУСТО ТО ШАҲР

Мунира 17 июни соли 1991 дар ноҳияи Шаҳритус чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Парвардаи домони сабзи кӯҳсори Ватан аст, ки бахташ омад кардаву соли 2010 тибқи квотаи президентӣ ба Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Мирзо Турсунзода дохил шудааст. Ӯ донишҷӯи донишкадаи мусиқӣ ва омӯзгории ин донишгоҳ буд, вале дар дил орзуи рассом шуданро мепарварид. Ниҳоят, шогирдии рассоми чирадаст Талабшоҳ Саидовро баргузид, ки он замон дар театри лӯхтак фаъолият мекард. Аз соли севуми таҳсил бо даъвати Иззатулло Сафарзода, ки саркоргардони театри лӯхтак буд, бо луъбатбозон мепайвандад. Ва инак 12 сол аст, ки ӯ ҳунарманди ин театр аст.


ТАҲРИКИ ЯК СУХАН

"Пас аз се моҳи корӣ рӯзе Маҳинбону Ҳасаново лӯхтакрониамро тавсиф карданд ва дар қиёс ба дигарон баҳои баланд доданд. Чӣ ҷойи пинҳон доштан хеле хурсанд шудам. Дар вуҷудам эҳсоси аҷибе пайдо шуд. Ин суханҳо ба мани навроҳ болу пар бахшиданд. Боварам ба лӯхтак ба ишқ табдил шуд ва ба худ мегуфтам, ки ман ҳатман касе мешавам. Бо ҳамин баъд аз шаш моҳи корӣ сафарҳои ҳунарии ман шурӯъ шуд. Нахуст дар Ҷашнвора-озмуни "Ортек"-и дар Олмотӣ (Қазоқистон) иштирок кардем. Пасон дар Ҷашнвораи байналмилалии "Экиат"-и Қазон ширкат варзидем",- аз қадамҳои аввалин дар роҳи ҳунар қисса мекунад ӯ.

"БАРОИ ХУДАТ ХОН!"

Бояд гуфт, ки Мунира Зоирова яке аз лӯхтакбозони ҳирфаии театри тоҷик асту нозукиҳои ин касбро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз кишвар омӯхтааст. Ӯ Донишгоҳи шаҳри Навасибирски Русияро бо дипломи аъло хатм намудааст.

- Моҳи апрели соли 2013 дар Тоҷикистон Ҷашнвораи байналмилалии "Чодари хаёл" баргузор шуд, - мегӯяд ӯ. - Баъдан аз Навасибирск тариқи як бурсия (грант) аъзои кумисюн омаданд. Бояд 10 касро барои таҳсил ба Русия мебурданд, аз ҷумла 4 касро барои лӯхтакронӣ. Моҳҳои июн-июл озмун баргузор шуд. Озмуни лӯхтакронҳо дар театри мо мегузашт. Иззатулло Сафарзода маро даъват кардаву гуфтанд, ки дар озмун иштирок кунам. Ман, ки пештар ҳамагӣ 15 рӯз аз ватан дур будаму ин дурӣ бароям хеле гарон афтод, гуфтам ба ҳеч ваҷҳ дигар аз Тоҷикистон берун намешавам. Аммо Иззатулло Сафарзода пофишорӣ кард, ки равам. "Барои худат хон. Аз ту мутахассиси хуб мебарояд. Мо чунин мутахассис надорем. Бояд ҳатман равӣ", - таъкид кард устод.

Ҳамин тавр, дар озмун иштирок карду гузашт. Як санҷиши дигарро дар Навасибирск супурд. Он ҷо низ муваффақ шуду донишҷӯ шуд. “Бовар кунед, агар дар он шароите, ки барои мо фароҳам оварда буданд, илм намеомӯхтед, гунаҳкор мешудед. Дар як сол як маротиба бепул Тоҷикистон омада мерафтем. Хобгоҳ ройгон буду хидматрасонии тиббӣ ҳам. Шогирдона (стипендия) мегирифтем. Дар беҳтарин шароит чор сол – аз соли 2014 то 2018 таҳсил кардаву ба ватан баргаштам ва маро саркоргардони театри лӯхтак таъйин карданд”, - ба ёд овард қаҳрамони мо.


МУШКИЛ, АММО ШАВҚОВАР?

Дар боби вижагии дарс дар Навасибирск мегӯяд, ки қариб тамоми рӯз дарс мехондем. Ҳатто рӯзҳои истироҳат машқ доштем. Бар замми ин намоишномаҳои лӯхтакбозони машҳури ҷаҳониро дида, ба онҳо тақлид мекардем. Раксҳои плостикиро иҷро мекардем. Он чизҳоеро, ки бозида наметавонистем, ягон харакат илова мекардем. Аз соли дувуми таҳсил дар назди тамошобинон консерт мегузоштем, ки моро чӣ тавр қабул мекунанд. То соли чоруми таҳсил бояд чор намоишномаро ба саҳна мегузоштем. Ҳар моҳ дарси кушод сурат мегирифт, ки дар он то раиси донишгоҳ иштирок мекард. Бо вуҷуди мушкилӣ дарсҳо хеле шавқовар буд. Муҳаббаташ ба лӯхтак рӯз ба рӯз зиёд мешуд

САЙР БО ЛӮХТАК

Бояд гуфт, ки Мунира пеш аз саркоргардонии театри лӯхтак, роҳбарии ҳунаркада (студия)-и "Исмоил"-ро бар дӯш дошт. Бо кӯдакон якҷо намоишҳо омода мекарданд, ки то ҳол онҳо тамошобин доранд.

Аввалин намоишномааш бо номи "Хуршед ва одами барфӣ" буд. "Озодапаланг"-и Маҷид Салим ва "Қосидак" (“Одуванчик”)-и Маҳинбону Ҳасановоро низ ба саҳна гузоштааст. Бо намоишномаи "Қосидак" тобистони соли 2022 дар Ҷашнвораи "Перекресток"-и Навасибирск иштирок карданд, ки Ҳотам Салимуф барои нақши бобои «қосидак» ҷоизаи "Беҳтарин кори ҳунарпешагӣ"-ро ба даст овард. Баъдан ин намоишнома дар шаҳри Владимири Русия низ ба маъраз гузошта шуд.

Ҳамин тариқ, то имрӯз дар ҷашнвораҳои зиёде дар Русия ва Лаҳистону Қазоқистон иштирок кардааст.


БОВАРӢ, ИШҚ, МУҲАББАТ...

Ӯ вақте аз лӯхтак мегӯяд, чашмонаш барқ мезананд. Бо бовар, бо тамоми вуҷуд ба сухан меояд. Зеро бар он аст, ки ҳунари театри лӯхтакро на ҳар кас бардошт карда метавонад. Муътақид аст, ки пеш аз ҳунарманд шудан бояд лӯхтакро дӯст дошт. Вақте ба забони луъбат сухан мегӯӣ, бояд худро ба ҷойи он тасаввур кунӣ. Чунонки тифл бо бозича аз таҳти дил бозӣ мекунад, самимона нақш офарӣ. Он гоҳ ба дили кӯдак роҳ ёфта метавонӣ.

-На ҳар кас тоқати лӯхтакронӣ дорад. Ин кори басо душвор аст. Тасаввур кунед, ки 45 дақиқа бояд аз забони қаҳрамон сухан гӯӣ, ки баъзе рӯзҳо то 4-5 намоиш баргузор мешавад. Лӯхтакро ҳам бардоштан ва ҳам бо он бозӣ кардан даркор аст. Образи зиндаи онро офарида тавонистан лозим аст. То хоҳиш надошта бошӣ, лӯхтакро бозӣ доронда наметавонӣ. Бар замми ин ҳар рӯз бояд машқ кунӣ. Барои ин қувваи зиёди ҷисмонӣ сарф мешавад. Ҳамзамон оне ки бо лӯхтак бозӣ карда метавонад, аз иҷрои ҳаргуна жанри театрӣ мебарояд,- меафзояд Мунира.

АЗ ТЕАТР ТО СИНАМО

Басо хушоянд аст, ки дар чанд филми солҳои охир Мунираро мебинем. Акнун ӯ ҳам Мунираи театр асту ҳам синамо. Аввалин бор дар филми "Автобус" нақши парасторро иҷро кард. Ба гуфтааш, он рӯзҳо банди намоишномаи наве буд. Коргардони филм Абдулҳай Зоиров омадаву ӯро барои нақшофаринӣ даъват мекунад. Аввал розӣ намешавад, зеро дар ин самт таҷриба надошт. Вале Абдулҳай Зоиров ба ӯ бовар мекунад ва дар радифи ҳунармандони шинохта Мавлона Наҷмиддиновову Зарина Хушбахтово ва дигарон дар филми мазкур нақш мебозад. Баъд аз он ба филми кӯтоҳи "Этюд" даъват мешавад, ки дар он нақши лаҳзавӣ дорад. Яъне акнун ҳам роҳи театр ва ҳам синамо барои Мунира ҳамвор аст.


Бале, ӯ духтари азму талошҳост. Ба ҳар коре даст занад, муваффақ мешавад. Зеро нисбат ба худ сахтгир асту нисбат ба кор ҷиддӣ.

Бонуи ҷасуру ҳунарманди асил ва як шахси устуворирода аст қаҳрамони мо. Роҳи тайкардаи ӯ далел бар он аст, ки гиребони орзу ба даст меояд, агар хоҳиш бошаду талош.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед