Ru  | Tj
Фирдавс мехоҳад аввалин корхонаи пойафзори Кӯлобро бунёд намояд
Фирдавс мехоҳад аввалин корхонаи пойафзори Кӯлобро бунёд намояд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

Фирдавс мехоҳад аввалин корхонаи пойафзори Кӯлобро бунёд намояд

Нашр шуд

Фирдавс Шарипови 40-сола зодаи шаҳри Кӯлоб буда, 10 сол аст, ки дар наздикии нуқтаи мусофирбарии шаҳри Кӯлоб ба пойафзордӯзӣ машғул аст. Ӯ маъюби гурӯҳи дуюм буда, ба дӯхтани пойафзор аз даҳсолагӣ мепардозад.

Қаҳрамони мо бар асари беморӣ ва табобати нодуруст дар шашсолагӣ аз пойи равон маҳрум мешавад. “Хеле хурд будам, ки падарамро аз даст додам. Модарам дар муассисаҳои таълимӣ поккорӣ карда, нон меёфт. Рӯзе бемор шудам, ҳароратам хеле баланд буд. Ба ман сӯзандору гузарониданд ва аз он рӯз роҳат роҳ рафта наметавонистам”, - нақл мекунад ӯ.

Фирдавс мегӯяд, дар оила 8 фарзанд буданд. Бинобар сабаби тангдастӣ ва шароити вазнини зиндагӣ модараш натавонист пойҳои писарашро муолиҷа кунад ва ҳамин тавр Фирдавс ба гурӯҳи дуюми шахсони камтавон дохил шуд.

“Дар кудакӣ бисёр мехостам, ки дар қатори ҳамсолонаш таҳсил кунам. Чанд муддат бо кумаки модарам ба мактаб мерафтам. Вале хуб роҳ рафтаву худро идора карда наметавонистам. Модарам низ имконияти ҳар рӯз маро ба мактаб бурдаву оварданро надошт”, - ба ёд меорад қаҳрамони матлаб.


Модараш як муаллими мактабро хоҳиш менамояд, ки ба хона омада, ба фарзандаш дарс диҳад. Муаллим низ як муддат омада ба Фирдавс таълим медиҳад, вале ин ҳолат низ дер давом намекунад. “Модарам имкони пардохти дастмузди муаллимро надошт. Аз ин рӯ натавонистам таҳсилро идома диҳам”.

 

ДАР НАБАРДИ ЗИНДАГӢ

Фирдавс даврони мактабхониро бо дӯхтани пойафзор сипарӣ кард. Ҳанӯз даҳ сол дошт, ки ба дӯхтани пойафзор шурӯъ кард. Дар аввал танҳо пойафзори худ ва хонаводаашро медӯхт. Баъдан ҳамсояҳо низ пойафзорашонро барои таъмир ба назди вай меоварданд. Албатта, пойафзордӯзӣ он замон барояш танҳо машғулияти писандида буд, ки бо ин роҳ ба дилтангӣ гулӯгираш намешуд.

Бо мурури замон ва бузургсолӣ дар бозори шаҳри Кӯлоб ба атриётфурӯшӣ рӯ овард. Ҳарчанд ин кор барояш сангин буд, вале ҳамоно бо иродаи мустаҳам корро идома медод. Ҳамоно аз шаҳри дигар атриёт меоварду ба фурӯш мегузошт. Ҳар рӯз борҳояшро ҷамъ карда ба анбор мемонду рӯзи дигар аз онҷо кашонда ба савдо мебаровард ва ин барояш мушкил буд.


Фирдавс тиҷоратро аз бонк пул қарз гирифта ба роҳ монда буд, вале рӯзе молҳои дар анборбуда гум мешавад ва ӯ зарари калон мебинад. Барои пардохтани қарзи бонк ба Душанбе меравад. Дар наздикии бозори Саховат ба фурухтани шарбат машғул мешавад ва бо душвориҳои зиёд пули бонкро пардохт мекунад. Баъдан ба Кӯлоб бармегардад. Муддате дар мусобирбарҳо дастёрӣ (кондукторӣ) низ мекунад. Вале ин кор ҳам барояш мушкилӣ мекунад.

“Он вақт бо марде бо номи Икром шинос шудам, ӯ пойафзор омода мекард. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки ба ман ҳам тарзи омода кардани пойафзорро омӯзад. Ӯ қабул кард ва ман зуд-зуд назди устодам рафта, пойафзордӯзиро омӯхтам”, - нақл мекунад Фирдавс.

Қаҳрамони мо соли 2012 оиладор мешавад. Ҳамсараш маъюби гӯрӯҳи сеюм мебошад. Фирдавс ба ҳамсараш ҳам дӯхтану омода кардани пойафзорро омӯзондааст. Ҳамсари қаҳрамони мо дӯзандаи куртаҳои миллӣ мебошад ва аз ин кораш даромади хуб ҳам ба даст меорад.

Маҳз бо пешниҳоди ҳамсар ба пойафзордузӣ рӯ меорад. Ин қарорро модараш низ дастгирӣ мекунад.

Ҳамин тавр, то ду соли қабл дар манзили падарӣ ба омода кардани пойафзор пардохта, аз ин ҳисоб даромади хуб ҳам ба даст меоварад.


Ҳамсуҳбати мо дар айни бемории тоҷвирус дар хона ба пойафзордӯзӣ машғул буд, вале даромади хеле кам дошт. Хушбахтона ҳамсараш, ки дӯзандагӣ мекард, ба шавҳараш кумак мекард, то зиндагиро пеш барад.

“320 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирам, даромадам аз дӯхтани пойафзор дар як рӯз аз 30 то 100 сомониро ташкил медиҳад. Зиндагиям хуб аст, ҳамсарам ҳам пойафзор дӯхтаву омода карда метавонад, гоҳ-гоҳ ба ман кумак ҳам мекунад”, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Бо омадани бемории тоҷвирус нархи молу ашёҳои лозимаи пойафзордӯз ду баробар гарон мешавад. Фирдавс мегӯяд, дигар имкон надоштам, ки маводи лозимашро бихарам. Чун агар мехаридам ҳам, фикр мекунам бо нархи хуб фурӯхта наметавонистам.

Бар замми ин ҳама душвориҳо, модарашро низ аз даст дод, шароити зиндагиаш бадтар шуд. Қаҳрамони мо шикастадил нашуда, соле қабл аз ҳисоби даромадаш хонаи истиқоматияшро пурра таъмир менамояд.

 

ОРЗУВУ ОМОЛ

Фирдавс ду фарзанд дорад. Мехоҳад пасандози минбаъдаашро ба фарзанди калонияш, ки нав ба мактаб қадам мондааст, сарф кунад.


Ҳарчанд писараш дар синфи якум таҳсил намояд, ба кори падар ҳамеша диққат медиҳад ва дар рӯзҳои истироҳатӣ мехоҳад бо падараш ба кор барояд. Вале Фирдавс мегӯяд, мехоҳам писарам дар мактаб таҳсил кунад.

“Бигзор аз уҳдаи дӯхтани пойафзор барояд, вале ин барояш факат шуғл бошад. Мехоҳам писарам соҳибмаълумот шавад. Худам таҳсил накардам, вале орзуҳои худро дар симои писарам амалӣ кардан мехоҳам”, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Мардуми атроф бо Фирдавс муносибати хуб доранд. Онҳо ҳамеша ба кори Фирдавс бо назари нек менигаранд.

Қаҳрамони мо мегӯяд агар шаротии зиндагиям беҳтар шавад, бузургтарин орзуям кушодани мағозаи пойафзор дар шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ қайд мекунад, ки дар ин сурат ба муваффақ шуданаш бовар дорад, чун дар ин шаҳр мағозаҳое, ки худашон пойафзолро омода карда фурӯшанд, кам аст ва шояд ҳам нест.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед