Кӯдаки хитсаро: Роҳи “бачаи дарвозӣ” аз боғча ба саҳнаҳои калон
Нашр шуд
Овозхони наврас ва номошнои тоҷик, Алимуҳаммад Фақеров алакай ситораи интернет ва гули сари сабади аксари маҳфилу чорабиниҳои Душанбеву Бадахшон аст. Ӯро ҳамчун бачаи дарвозӣ мешиносанду дар бештари клип-таронаҳояш низ бо либоси вежаи бадахшонӣ падидор мешавад.
Ин навраси боистеъдод 14 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Гузаштагонаш зодаи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонанд ва худаш ҳам дар вақти таътил ба аёдати бибию бобояш ба ин диёри зебоманзар зиёд мерафт. Ин буд, ки аввалин таронаи оммавиашро бо номи “Дарвози ман” сароид. Ин суруд дар муддати кӯтоҳтарин хит шуд ва номи ин кӯдаки хурдсолро дар феҳристи овозхонҳои иштирокчии чандин озмуну чорабиниҳои дохиливу байналмилалӣ ворид намуд.
Клипи ин таронаро гурӯҳи калони эҷодӣ бо роҳбарии Акрам Мӯъминов давоми 10 рӯз дар минтақаҳои гуногуни Дарвоз сабт карданд. Шеър моли Меҳрубоншо Саломатшоев ва оҳанг аз Шодӣ Риоев мебошад. Сарпарасти ӯ дар роҳи ҳунар падараш аст.
Фаромӯз Шерализода, падари Алимуҳаммад мегӯяд, писараш истеъдоди фавқулода дорад ва доим дар чорабиниҳои боғчаи бачагона, ки онҷо тарбия мегирифт, иштирок мекунад. Алимуҳаммад дар сатҳи боғчаи бачагона алакай ситора аст ва ӯро ҳама мешиносанд.
Ӯ бори аввал дар боғчаи бачагона суруд хонда буд ва ҳамин тавр, роҳаш ба саҳнаи васеъ кушода шуд. Агарчи ин барои кӯдаки хурдсол осон набуд, вале дастгирии падар ва устодонаш буд, ки дар муддати кӯтоҳ муваффақу маъруф гашт. Худи ӯ сабаби санъаткор шудан ва гузоштани аввалин қадамҳояшро ба саҳна чунин ёдовар шуд:
“Соли 2018 вақте ки ман дар боғча таҳсил мекардам, муаллимаи азизамон аз ман хостанд, ки дар бораи модар як суруд сароям. Ин суруд дар арафаи ҷашни Наврӯз дар боғча сароида шуд ва баъди ин маро барои сурудани ҳамин тарона ба телевизион даъват карданд. Вақте ки ин тарона писанди мардум гашт, ба сурудхонӣ сар кардам”, - гуфт Алимуҳаммад.Алимуҳаммад Фақеров имсол синфи 4-уми Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”-ро бо баҳои аъло ва чадин диплому ифтихорномаҳо хатм кард. Ӯро дар роҳи санъату илмандӯзӣ падараш Фаромурз Шерализода ва модараш дастгирӣ мекунанд. Махсусан, таваҷҷуҳи падар ба таҳсили писар ниҳоят зиёд аст ва ҳамеша талош мекунад, ки Алимуҳаммад дар баробари санъату варзиш ба мутолиаи адабиёти бадеӣ ҷиддӣ машғул шавад.
“Бегоҳ вақте ки падарам аз кор меоянд, ҳамроҳаш ҳар рӯз сурудҳоямро такрор мекунам. Инчунин, гӯштин машқ мекунем, ба футбол меравем ва китоб мехонем. Инчунин, ҳам бо падараму ҳам бо устодонам шеърҳои хубро аз китобҳо ёфта, қайд ва азёд мекунам, то ки суруд тайёр кунем. Падарамро сахт дӯст медорам ва ӯ ба ман бисёр кумак мекунад”, - бо ифтихор мегӯяд Алимуҳаммад.Устодони ӯ дар роҳи ҳунар овозхони номдор Фариддуни Хуршед ва танзимгари мусиқӣ Комрон Барфиев мебошанд. Фариддун бо хонаводаи навраси дустрӯяк дӯстии оилавӣ дорад ва ин боис гашт, ки ӯро ба сафи шогирдонаш бипайвандаду нозукиҳои ҳунарро барояш бештар омӯзонад. Ин аст, ки Алимуҳаммад дар бештари таронаҳо бо сабки ороиш ва таронахонии устодаш пайравӣ мекунад.
Рақсҳои ӯ дар саҳна ҷузъи дигари ҳунараш аст. Бештари ҳаводоронаш рақсҳои ӯро меписанданд, чунки ин навраси боҳунар бо ҳавои ҳар як тарона рақси ҷолиб мекунад ва мушоҳида мешавад, ки таронаҳояш ҳамагӣ ба замон мувофиқ будаву бо рақс тавъаманд.
“Ман аз сурудҳои худам илҳом мегирам. Маро мухлисонам бо рақс кардан алакай мешиносанд. Вақте ки аз оҳанг завқ мегирам, дар саҳна рақс мекунам”, - гуфт ӯ.
Алимуҳаммад дар баробари истеъдоди воло доштан, кӯдаки доно, хушсухан ва самимӣ мебошад.
“Машқи овоз мекунам. Шеърҳоямро мехонам. Баъд ҳамроҳи хоҳараконам бозиҳои гуногун мекунем”, - мегӯяд ӯ.
Аксари таронаҳои ин сарояндаи наврас ватандӯстона буда, дар онҳо тараннуми ватан, модар, ваҳдати миллӣ, Истиқлолият, Пешвои миллат ва монанди ин мавзӯъҳои меҳандӯстӣ ҷой доранд. Аз ҷумла, сурудҳояш бо номи “Бобоҷони меҳрубон” (дар васфи Пешвои миллат), “Китоб”, “Душанбе”, “Наврӯз”, “Қиблаи дил”, “Модар”, “Мулки Дарвоз”, “Хуч – хучак” (суруди бадахшонӣ), “Ай му кабӯтар”, “Ватан” ва “Боз мехоҳам” мебошад.
Баъди эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ сарояндаи наврас Алимуҳаммад суруди “Шукуҳи тозаи футболи тоҷик”-ро бо шеъри Абдуллоҳи Раҳнамо ва оҳанги Нодирҷони Исматулло пешниҳоди мухлисони варзиш намуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат маъруф гашт ва ҳоло дар аксари чорабиниҳои марбут ба футбол садо медиҳад.
Бояд гуфт, ки Алимуҳаммад ғолиби сабқатҳои ТОП - 30 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе, Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – “Дар меҳмонии Душанбе”, Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – “Шукуфаҳои пойтахт – 2022”, озмуни бйналмилалии “100 чеҳраи муваффақ”, озмуни телевизионии “Суруди модар” ва дорандин чандин диплому ҷоизаҳои дигар мебошад.
Ин навраси соҳибҳунар тасмим дорад, ки дар оянда дар радаи маъруфтарин ситораҳои ҳунари тоҷик мусиқии асилро ба оламиён муаррифӣ кунад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед