Мутарҷими адабиёти араб. Фаъолияти тарҷумонӣ ва роҳи муваффақияти Фарзона Восиева
Нашр шуд
Фарзона Восиева ягона духтари тоҷик мебошад, ки ба тарҷумаи шеъри араб ба назми тоҷикӣ машғул аст. Тарҷумаҳои назмии ӯ дар Анҷумани адибони ҷавони Тоҷикистон дар соли 2021 аз тарафи шоирону тарҷумонҳои маъруфи тоҷик баҳои баланд гирифт.
Фарзона то ба имрӯз аз ашъори шоирони даврони Уммавиён ва Аббосиён шеъру қасидаҳои Ҳассон ибни Собит, Башшор ибни Бурд, Аббос ибни Аҳнаф, Буҳтурӣ, Ибни Муътаз, Ҳусайн ибни Мутайр, Валид ибни Язидро тарҷумаи назмӣ ва таҳлил намудааст. Ӯ барои дарёфти адабиёти араб мушкилӣ намекашад, чунки хатмкардаи ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангии забонҳои арабӣ ва англисии ДМТ мебошад.
“Дар донишгоҳ фанни адабиёти араб мехондем. Рӯзе як қасидаи Ҳамсон ибни Собитро аз ёд кардам. Чунон ба ман писанд омад, ки ба худ андешидам, ки бояд онро ба назм баргардонам. Ҳамин тавр, ҳам кардам ва ба устоди фаннӣ Мирзо Шодиев нишон додам. Хуб пазируфтанд ва гуфтанд бояд ин иқдомро давом диҳам. Шавқам бедор шуду шеъри Башшор ибни Бурдро низ тарҷумаи назмӣ кардам. Ҳамин тавр, ба тарҷумаи ашъори арабӣ идома додам. Барои таҳрири назми тоҷикӣ устод Рустам Ваҳҳоб, дӯстонам Бузургмеҳри Ҳаким ва Ашурзода Зикрулло кумак карданд.”
Намунаи тарҷумаҳои ин мутарҷими ҷавонро аз ашъори Башшор ибни Бурд дар яке аз нашрҳои маҷаллаи “Садои Шарқ” пайдо намудем, ки чаҳор мисраи он ин аст:
ЯК ДУХТАРИ “СЕ ДУХТАРАКОН”...Одамӣ ҳам доимо якранг нест,
Ҳамчу дарё беғубору чанг нест.
Бегунаҳ ёре ту дар олам маҷӯ,
Ё киро набвад гунаҳ як тори мӯ?!
Ба гуфтаи Фарзона, вай ба соҳаи тарҷумонӣ тасодуфӣ наомадааст. Ӯ аз кӯдакӣ забонҳои русӣ ва англисиро бо шавқи беандоза меомӯхт. Вақте дар синфи 10 мехонд, ба омӯзиши забони арабӣ майл кард. Пеши худ қарор гузошт, ки баъд аз хатми мактаб дар риштаи забони арабӣ таҳсилашро идома диҳад.
“Дар кӯдакӣ журналисти телевизион шуданро орзу мекардам. Солҳои дар синфи ибтидоӣ таҳсил карданам дар Телевизиони “Баҳористон” фаъолият мекардам ва дар нашрҳои солҳои нахустини барномаи маъруфи “Се духтаракон” яке аз афсонагӯёни се духтари кӯчак будам. Гумон доштам, ки барандаи маъруфи телевизион мешавам, лекин ҳама чӣ тағйир ёфт. Аз лиҳозе, ки хониши хати арабиро аз хурдӣ меомӯхтам, қарор кардам, ки забонашро низ ҳамчун забони модарӣ аз худ намоям.”
Ӯ барои дарёфти гонорар, ё шуҳрати мутарҷимӣ дар соҳаи адабиёт ба тарҷумаи назм рӯ наовардааст. Фарзона лаҳзаҳое ба ин машғулият камари ҳиммат мебандад, ки парандаи илҳом гирди сараш чарх занад.
“Гумон мекунам, ҳама кор ба худ мушкилии хос дорад. Вақте ба эҷоди шеър мепардозам, эҳсос мекунам, ки кабӯтари озодам ва тамомии муҳаббати вуҷудамро бо навиштани шеър ифшо мекунам. Вале ҳангоми тарҷума каме душворӣ мекашам, зеро бояд маънои аслиро ба қолаби вазни арӯз даровард. Тарҷумаи таҳтуллафзӣ ба назми тоҷикӣ, бо нигоҳдоштани лутфи шоирона зебоии шеърро коста намегардонад. Бояд мазмун ва маънои аслро овард, то ки шеър ба моли мутарҷим табдил наёбад.”“ХУШБАХТАМ, КИ ТО ҲОЛ ДАР ТОҶИКИСТОНАМ”
Фарзона соли 2020 намояндагону ҳунармандони арабро, ки барои гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Қувайт аз тарафи ҳукумати ин мамлакат ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ба ҳайси тарҷумон ва роҳбалад дар Душанбе, Варзоб ва Норак тӯли чор рӯз ҳамроҳӣ намуд.
Рӯзи аввали пазироии меҳмонон, ки дар толори машваратии ДМТ маҳфили шеър бо ҷалби шоирони номдори тоҷику араб баргузор гардид, Фарзона қасидаи машҳури арабии "Савту сафири булбули"-ро дар рӯи саҳна бо забони асл қироат намуд. Лаҳни гуфтори ӯ бо забони арабӣ ба намояндагони давлати Қувайт писанд омад. Онҳо ба Фарзона пешниҳод карданд, ки таҳсил ва фаъолияти минбаъдаашро дар фарҳангистони Қувайт идома диҳад ва барои ин маоши хуб хоҳанд дод. Аммо ӯ пешниҳоди онҳоро рад кард.
“Дар курси 4-ум мехондам, бале, хатмкунанда будам. Метавонистам, зинаи магистратураро дар ин мамолики Араб идома диҳам, лекин нахостам аз Душанбе, канори оила ва дӯстонам дур бошам. Хушбахтам, ки то ҳол дар Тоҷикистонам”
“РЕКОРД” ДАР БАЙНИ ҲАМСОЛОН
Тавре дар боло ишора кардем, худи Фарзона низ табъи шоирӣ дорад. Намунаи ашъораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан дар Facebook хонандагони доимӣ пайдо кардааст. Фарзона аз ҷавонтарин қаламбадастони тоҷик аст, ки аз эҷоди ӯ дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳнаи театрикунонида гузошта шудааст. Ин достони ҳаҷман кӯтоҳи “Чеҳраҳои мондагор” мебошад, ки бахшида ба асари “Чеҳраҳои мондагор”-и муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод гардида, ҳар як мавзӯи китоб дар чаҳорпораи алоҳида васф карда мешавад.
Ин достон дар чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба шоири худ муваффақият овард. Ҳатто дар ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб низ як гурӯҳ ҷавонон ин достонро дар назди Президенти кишвар қироат намуданд.
Бештари донишҷӯёни тоҷик орзу мекунанд, ки бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намоянд. Агар гӯем, ки Фарзона дар байни ҳамсолони худ аз ин ҷиҳат “рекорд” мондааст, хато намешавад. Зеро ӯ соли 2018 дар Кумитаи олимпӣ барои муаррифии осорхонаи навтаъсиси “Шарафи олимпӣ” ҳамчун роҳбалад, соли 2019 ба ҳайси пешвозгир дар кушодашавии Боғи “Куруши Кабир” ва соли 2020 ҳамчун ҷавони фаъол дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе бо Раиси мамлакат рӯ ба рӯ мулоқот намуд.
“Ростӣ дар аввалин вохӯрӣ бо Президенти мамлакат барои муаррифии осорхонаи навтаъсиси “Шарафи олимпӣ” сахт ҳаяҷон доштам, чун соҳаи варзишро қариб, ки сарфаҳм намерафтам. Осорхона калон, маълумот зиёд, вақт ниҳоят кам. Аммо барои расидан ба орзуи кӯдакӣ бояд мубориза мебурдам, аз ин рӯ, вақте пешниҳод намуданд, ки роҳбаладӣ кунам, зиёд фикр накарда розӣ шудам. Ҳамагӣ се рӯз тамрин кардаму хушбахтона, бо сари баланд баромад намудам.”
Фарзона соли 2018 дар Озмуни ҷумҳуриявии байни донишҷӯён бо холи баландтарин сазовори ҷоизаи “Донишҷӯи сол” гардид. Донишҷӯи муваффақ худи ҳамон сол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон ба лагери омӯзишии тобистонаи ҷавонони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Боку таҳти унвони “Творческая мастерская”, ширкат варзид. Ӯ бо ҳамроҳонаш дар Шоми фарҳангии Тоҷикистон ба намояндагони хориҷӣ фарҳангу маданияти тоҷиконро дар намуди намоиши мӯд, тарзи омода намудани хӯрокҳои миллӣ, рақсу сурудҳои тоҷикӣ ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ муаррифӣ намуданд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ масъулияти пешбарӣ ба уҳдаи қаҳрамони мо буд.
“Тамомии муваффақиятам бидуни ранҷу заҳмат ба даст наомадааст. Пушти ҳар яки онҳо баробари дунё меҳнату машаққат, сабру таҳаммул ва муборизаю кӯшишу ғайрати ошкоро нуҳуфтааст. Агар инсон чизеро аз таҳи дил хоҳад, новобаста аз шароит, замона, шахсони муқобил ва дигар омилҳо рушд карда метавонад. Боварӣ калиди ҳамаи дарҳост. Таваккул ба Худо, сипас боварӣ ба худ асоси муваффақияти ман аст!”
ТАРҶУМОНЕ, КИ ТАРКИ ТЕЛЕВИЗИОН КАРДА БУД...
Ин духтаре, ки пайваста барои расидан ба ҳадафҳои устувори худ талош меварзад, баъд аз хатми ихтисоси тарҷумонии донишгоҳ бо дипломи аъло, ба самти дигар қадам гузошт. Фарзонае, ки тарки телевизион карда буду дар риштаи тарҷумонӣ таҳсил гирифт, муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик шуд. Ӯ дар ин бора мегӯяд, ки: - Аз сабаби дар оилаи омӯзгор ба воя расиданам, баъд аз хатми донишгоҳ ба Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ба фаъолият шуруъ кардам. Чӣ тавр тарҷумони забони арабӣ омӯзгори ин фан шуд, мегӯед? Охир ман дар давраи мактабхонӣ пайиҳам се сол ғолиби олимпиада аз ин фан будам. Шояд аз ин рӯ, ба ман бовар карда, маҳз дар ин ҷо ҳамчун омӯзгор фаъолият карданро пешниҳод намуданд”, - хандида мегӯяд қаҳрамони мо.
Модари ӯ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аст. Албатта фаъолияти модар бо кӯдакон, барои фарзанди калонии хона – Фарзонаи завқманд бетаъсир намонд. Вай аз овони хурдӣ аз рафъи китобҳои модар маҷмӯаҳои кӯдаконаи афсонаю ривоятҳоро гирифта мутолиа мекард. Аз ин ҷост, ки соли 2020 дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи “Хондан ва азёд кардани осори адабиёти бачагона” иштирок карда, бо пешниҳоди 3000 байт, 320 асари насрӣ, чистону зарбулмасалҳо, латифаҳои халқӣ ва осори адабиёти бачагонаи хориҷӣ сазовори ҷойи аввал ва барандаи мукофоти пулӣ ба андозаи 25 000 сомонӣ гардид.
“Баъд аз озмун ба тарҷумаи афсонаҳои бачагонаи хориҷӣ пардохтам. Ва чанде аз афсонаҳои халқи арабро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардам, ки нахуст ба таҳрири худам ниёз дорад. Айни замон тарҷумаҳои афсонаҳо он қадар зиёд нест, вале мақсад дорам, ки шумораи онҳоро ба 50 адад расонида, агар сарпараст пайдо шавад, дар шакли китоб ба нашр расонам.”
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед