Ru  | Tj
Ним аср дар хидмати ҷомеа. Муаллим Ҷоматов кист?
Ним аср дар хидмати ҷомеа. Муаллим Ҷоматов кист?
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Ним аср дар хидмати ҷомеа. Муаллим Ҷоматов кист?

Нашр шуд

Мирзоалӣ Ҷоматов. Пири барнодиле, ки 65 сол дораду 45 соли онро сарфи мактабу маориф намудааст. Ӯ дилбастаи касби хеш асту ҳар бори ба синфхона даромадан чашмонаш барқ мезананд, барқи шодӣ. Зеро ӯ боз рӯ ба рӯ бо шогирдон аст, шогирдоне, ки ҳаёташро бе онҳо тасаввур карда наметавонад…

 

ДИЛБАСТАИ ДИЁР

Муаллим Ҷоматов 21 ноябри соли 1957 дар диёри афсонавиву номдори Қаратоғ дида ба олам кушодаву зебо зистанро аз кӯҳҳои сабздоману дарёи шӯхи диёраш омӯхтааст. Аз ин ҷост, ки дар баробари омӯзгорӣ ба навиштани шеъру ҳикоя низ машғул аст.

- Медонед, барои аз ин ҳама зебоӣ илҳом нагирифтан кӯр бояд буд. Табиат чӣ шоҳкориҳое надорад. Ҳар боре ба кӯҳҳои доманфарох менигарам ва ё соатеро дар лаби дарёи шӯхоби Қаратоғ мегузаронам, гӯё чанд сол ҷавон мешавам. Зиндагиро бо ҳама зебоиҳояш дӯст бояд дошт, ошиқона бояд зист.

   

 

Бале, ӯ ошиқи зиндагист, ки бар ин дурахши чашмонаш гувоҳ аст. Ва зиндагӣ низ ба ӯ ҳама чизро дода: диёри номдораш ба шарофати фарзонафарзандонаш вирди забонҳосту инак 65 сол аст миёни ин мардум бо сари баланд зиндагӣ дорад. Дар зарфи фаъолияти 45-солааш шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки имрӯз гирду бараш парвонаанд. Ҳар ҷое равад, ӯро бо эҳтиром муаллим Ҷоматов садо мезананду садри маҳфил менишонанд, ки ифтихоре бештар аз ин надорад.

 

ДУОИ ПАДАР: «МУАЛЛИМ ШАВ, КАСБИ ТОЗА АСТ»

Воқеан, чаро ӯ аз миёни ҳазору як касб муаллимиро интихоб кард? Ӯро, пеш аз ҳама, фаъолияти пурмаҳсули муаллимаи аввалинаш Марҳабо Эшонқулова, ки Муаллимаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон низ буд, ба ин пайроҳа овард. Дигар дуои сабзи падар, ки мегуфт: «Муаллим шав, касби тоза аст».

- Он вақт маънои «тоза»-ро намефаҳмидам. Ин сухани падар дар назарам одӣ менамуду пеши чашмонам танҳо сару либоси тоза ва намуди зоҳирии як фард намудор мегашт. Вале чун «осиёби зиндагӣ» тагурӯямон кард, ба ҳикмати гуфтори падар сарфаҳм рафтам. Бале, ин касб касби пуршараф аст. Агар меҳнати ҳалол кунӣ, ҳам обрӯ меёбиву ҳам мартаба. Ва барои омӯзгори асил аз муваффақияти шогирд дида ифтихоре бештар нест. Зеро ҳосили шаҳдчиниҳои занбӯр агар асал бошад, аз омӯзгор шогирд аст. Шогирде, ки миёни аҳли ҷомеа ҳамчун шахси баркамол ба воя расад. Ва ман аз сарнавишт беинтиҳо розиям, ки маро ба ин роҳ овард. Имрӯз шогирдони зиёдеро метавонам ном бурд, ки фахри диёранд, - иброз медорад қаҳрамони мо.


 

Муаллим Ҷоматов баъд аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ҳисор бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, соли 1977 сарнавишт ӯро ба мактаби ибтидоии №93 шаҳри Турсунзода овард ва корро бо толибилмони синфҳои ибтидоӣ оғоз кард. Аз оне, ки ба ҷуғрофия дилбастагии зиёд дошт, соли 1984 факултети георафияи Донишгоҳи давлатии омӯзгориро низ дар шаҳри Душанберо ғоибона хатм намуд. Ба андешаи ӯ, ҷуғрофия фанни аҷиб асту аз ҳар нафар дақиқназариро талаб менамояд. Ҳар касе онро балад аст, арзу тӯли оламро низ медонад. Ҳамин тавр, ӯ ҳам муаллими синфҳои ибтидоӣ асту ба кӯдакон хондану навиштан меомӯзад ва ҳам таълими ҷуғрофия медиҳад.

Муаллим Ҷоматов дар зарфи фаъолияти омӯзгориаш, ки аксар вақт роҳбар буд, аз ҷумла директории мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии 91, 13 ва Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Турсунзодаро бар дӯш дошт, ғайр аз таълиму тарбия пайи ободонӣ кӯшидааст. Ва як сабаби маҳбубияташ миёни аҳли ҷомеа низ ҳамин аст, ки тоза зиставу тоза кор кардааст. Ҳоло ӯ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода машғули омӯзгорист. Табибони ояндаро таълим медиҳаду тарбия.



РОҲНАМОИ ПИСАР

Муаллим дар баробари тарбияи фарзандони халқ, фарзандони хушномеро ба камол расондааст, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногун: илму маорифу тиббу иқтисод фаъолият доранд. Аз ин миён писараш Суҳроб касби падар пеша кард ва ҳоло омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

- Гумон мекунам, асроре ниҳон аст, ки бобоям падарам ва падарам маро ба омӯзгорӣ ташвиқ карданд. Устоди зиндагиям, қабл аз ҳама, падараманд. Аз падар бисёр чизҳоро омӯхтам, аз ҷумла росткорию садоқат ба касбро. Ёд дорам, ки пас аз хатми донишгоҳ гуфтанд: «Агар имкон бошад, он ҷо мон. Муаллими Донишгоҳи миллӣ будан ифтихор аст, писарам.

Роҳи илмро пеша кун. Илм баракат дорад. Ҳам фарзандони мардумро чизе меомӯзониву ҳам худат мартаба меёбӣ. Нони муаллимиро хӯрдан бошад, аҷаб лаззате дорад. Онро пас аз нонёб шудан хоҳӣ фаҳмид». Бо ҳамин дуову тавсияи падар ва дастгирии устодон корро дар донишгоҳ оғоз кардам ва барои ин як умр аз қиблагоҳам миннатдорам, - мегӯяд писари олими муаллим Ҷоматов Суҳроби Мирзоалӣ.

  

 

ДАРЁДИЛЕ АЗ ДИЁРИ ШОИРХЕЗ

Чунин аст рӯзгори ибратбахши муаллим Ҷоматов, омӯзгори сарсупурдаи касби хеш, ки қариб ним аср боз ба таълиму тарбия машғул аст. Ӯ чун нигине дар қалби кӯҳсору чун гавҳаре миёни обшор медурахшад. Бо сарбаландӣ ба пешвози 65-солагӣ меравад, зеро мутмаин аст, ки умри азиз беҳуда зоеъ накарда. Ҳосили умраш фарзандони баркамолаш асту шогирдони номбардор. Бо онҳо ифтихор дорад ва ҳамаашонро бо як чашм мебинад. Зеро барои ба роҳи рост ҳидоят намудани ҳамаи онҳо заҳмат кашидаву ранҷ бурда ва дар подоши он мақому мартаба ёфтааст. Роҳи тайкардаи муаллим Ҷоматов барои ҳар нафар омӯзанда аст. Бояд аз чунинҳо ибрат гирифт.

   

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед