Ru  | Tj
Раҷабмоҳ Назарова: Модарам бо монеъагузориаш аз ман садопеша сохт
Раҷабмоҳ Назарова: Модарам бо монеъагузориаш аз ман садопеша сохт

Раҷабмоҳ Назарова: Модарам бо монеъагузориаш аз ман садопеша сохт

Нашр шуд

Раҷабмоҳ Назарова садопеша (дублёр)-и тоҷик аст, ки дар тарҷумаи филмҳои зиёди хориҷӣ овоз додааст. Ӯ 27-сола буда, 11 сол ба ин сӯ бинандаи тоҷик бо овози ӯ филмҳои зиёдеро тамошо кардааст. Дар қиёс ба саноати филмсозии Тоҷикистон, ки бо кундӣ пеш меравад, бозори фурӯши филмҳои тарҷумашуда дар ин кишвар хеле гарм аст. Муаллифи Ҳалво.тҷ ин навбат дар бораи коркардҳо ва таърихчаи ворид шудани Раҷабмоҳ Назарова ба майдони тарҷумаи филмҳо қисса кард.

ОРЗУИ РӮЗНОМАНИГОРӢ ВА МАЙДОНИ САДОПЕШАГӢ

Раҷабмоҳ Назарова зодаи ноҳияи Восеъ, минтақае дар ҷануби Тоҷикистон буда, волидонаш баъди панҷсолагӣ ба пойтахти ин кишвар – шаҳри Душанбе меоянд. Раҷабмоҳ таълими ибтидоиро дар ин шаҳр мегирад. Дар кӯдакӣ мехост, ки рӯзноманигор шавад, вале бинобар сабабе падараш гуфт, рӯзноманигорӣ касби пурмашаққатест ва ҳамеша як рӯзноманигор дар сафар ва ташвиш қарор дорад, аз ин рӯ аз орзуи ин пеша мунсариф шуд.

Замоне ки падараш ҳамчун муҳоҷир дар кишвари Русия қарор дошт, як рӯз дар телевизиони Баҳористон озмун эълон шуд, ки барои таҳияи барномаҳо аз миёни хурдсолон ровӣ ҷустуҷӯ доранд. Модари Раҷабмоҳ аз вуҷуди ин озмун огоҳ шуда, вақте мебинад духтараш шеър менависаду дар сухандонӣ маҳорат дорад, ӯро дар ин озмун номнавис мекунад. Рӯзи дигар модару духтар ба телевизион мераванд. То шомгоҳӣ мунтазир мешаванд. Чанд лаҳза пеш аз расидани навбати Раҷабмоҳ ӯ огоҳ мегардад, ки ҳамаи ширкаткунандагон пеш аз ба озмун омадан сухану шеърҳоеро барои гуфтан омода кардаанд. Аммо Раҷабмоҳи хурдсол чунин омодагӣ надида буд. Бо вуҷуди ин бидуни тарс  дар ҳузури доварон пайдо шуд ва бо ҳозирҷавобӣ ҳамаи суолҳоро посух гуфт. Дастонаш аз ҳаяҷон меларзиданд, вале дар садо ва лаҳни суханрониаш костагие эҳсос намешуд. Доварон ӯро ба даври дигар роҳ доданд ва аз миёни довталабони зиёд ровии хурдсоли барномаҳои телевизиони “Баҳористон” гашт. Рӯзе дар долонҳои телевизион аз  пайи танзими барномаҳояш мерафт, ки чашмаш ба студияи тарҷумаи филмҳо бархӯрд. Вақте дид, ҳамкоронаш дастҷамъона аз пайи тарҷумаи филм ҳастанд, ба он ҷамъ пайваст ва аз коргардон хост, то ӯ ҳам дар нақше овоз диҳад. Дар ин филми пӯёнамоӣ (мультфильм), ки бештар аз 2 соат буд, Раҷабмоҳ ҳамагӣ лаҳзае як ибора, “биё рафтем” гуфту халос. Аз ин овоздиҳӣ хеле хушнуд буд. Рӯзи дигар баъд аз фаҳмидани замони пахши филм ба хона рафту ду соат қабл мунтазири пахши он шуд. Аз ибтидо то охир филмро тамошо кард. Шодиаш замони шунидании овози худаш беинтиҳо буд.


ИШҚИ САДОПЕШАГӢ МАРО РАҲО НАКАРД

Раҷабмоҳ нақл мекунад, “вақте мактаби миёнаро ба поён расондам ва тасмими ба донишгоҳ дохил шуданро доштам, кори телевизионро канор гузоштам. Баъди талошҳои зиёд муваффақ шудам, ки ба риштаи равобити байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабул шавам”.

Раҷабмоҳи ҷавон кайҳо дар деги эҷоду ҳунар ҷӯшида буд ва чанд соли дурӣ аз ин фазо ҳам боис нашуд, то шарораи садопешагӣ дар вуҷуди ӯ хомӯш шавад. Замони кор дар телевизион дар чанд филми дигар овоз дода буд.

- Ҳангоме ки дар соли севуми донишгоҳ таҳсил мекардам, фазои эҷодро пазмон шуда будам. Як рӯз ба телевизион рафтам ва аз коргардонҳо хоҳиш кардам, ки хоҳиши овоздиҳӣ дар филмҳояшонро дорам. Онҳо гуфтанд, танҳо барои озмоиш як бор сабт мекунанд, агар овозам мувофиқ уфтод, бо ман дар тамос мешаванд. Баъд аз он ки овозамро шуниданд, ҳамкориҳои мо шуруъ шуд, - мегӯяд Раҷабмоҳ Назарова.

НАМЕХОҲАМ ВЕБНАВИС (БЛОГЕР) БОШӢ!

Маъмулан дар ҷомеъаи суннатии Тоҷикистон аксари хонаводаҳо ба ҳунарпеша ё дар маҳзари ом будани бону хушнигар нестанд. Ҳарчанд ба телевизион Раҷабмоҳро маҳз модараш раҳнамоӣ карда, роҳи ӯро ба самти эҷод боз кард, вале баъзе маҳдудиятҳоро ба ин садопеша маҳз модараш гузоштааст.

- Мушовир ва роҳнамои ман модарам ҳастанд. Ба ҳар сатҳе расидам, аз баракати дуои он кас аст. Вақте коргардонҳо бо овозам шинос шуданд, барои нақшофаринӣ низ даъват мекарданд. Аснои садо додан ба филми тоҷикии “Фариштаи умед” коргардон хоҳиши зиёд кард, то минбаъд дар самти нақшофаринӣ дар филм бо ӯ ҳамкорӣ кунам. Ба ӯ гуфтам, ин корро наметавонам. Малоҳати Абдуллоҳ маънидорона иброз дошт, ки наметавонӣ ё намехоҳӣ?! Бо вуҷуди пофишорӣ барои ҳамкорӣ розӣ нашудам, - ба хотир меоварад ин садопешаи ҷавон. – Модарам зидди онанд, ки ман дар намоҳангу филмҳо ҳамчун ҳунарпеша нақшофаринӣ кунам. Инро ба ахлоқ, тарбияи хонаводагӣ ва дар ҷомеъаи суннатӣ қарор доштанам рабт медиҳанд. Ҳамчунин намехоҳанд, то дар саҳнаҳои хурди тарбиявии вебнависон ширкат кунам. Ҳатто зидди ровигӣ дар тӯйу сурҳоянд. Медонам, ҳама тасмимҳои модарам бар суди ман ҳастанд. Аз ин рӯ дар ҳар коре он кас розигӣ доданд, аз пайи иҷрояш мешавам.


Қаҳрамони мо баъди анҷоми донишгоҳ муддати зиёде дар ширкати колорасонии “Почтаи аср” низ фаъолият кард. Вале чун муҳаббаташ ба садопешагӣ (дубла) зиёд буд, корро  дар ин ширкат қатъ карда, ҳамкориро бо студияҳои дубла шуруъ кард.

МАРДУМ ТАШАККУР МЕГӮЯНД, ПАС БОЯД БОВАРҲОРО НАШИКАНАМ

“Андешаву афкорам, доим дар самти касби маош ва шуғл дар ҳоли шаклгирӣ буданд. Дар муддати 11 соли кор дар муҳити садопешагӣ се моҳ пеш дарк кардам, коре, ки маро хушҳол нигоҳ медорад ва бо меҳр пайи иҷрояш мешавам, ҳамин дубла будааст, - таъкид мекунад, Раҷабмоҳ. – Чор моҳ пеш дар расонаи иҷтимоъии Инстагром саҳифаи худро фаъол кардам. Ҳоло дар зери ҳамаи наворҳоеро, ки он ҷо нашр мекунам, мардум бо муҳаббат шарҳ менависанд ва ташаккур мегӯянд.  Ин илҳомбахш аст.

Раҷабмоҳ то имрӯз дар даҳҳо филм ва аксари вақтҳо дар нақшҳои марказӣ овоз додааст. Соли 2014 буд, ки дар як филми ҳиндӣ овоз дод ва ин нақш масири ӯро барои дар фазои садопешагӣ мондан ҳамвор кард. Ӯ ба ин бовар аст, нақше ки ӯро ба мардум ҳамчун садопеша муаррифӣ кард, нақши Баҳор аз филми туркии “Ҳаёти талх” буд. Ҳатто хонаводааш низ аз ин нақш тавсиф карда буданд.

Дар оғоз мутобиқ шудани Раҷабмоҳ ба фазои садопешагӣ хеле душвор буд. Ахлоқи хонаводагӣ ва иффати тоҷикона аксар вақт монеъ мешуд, ки ӯ дар филмҳо бо садои баланд дод зада, ба нақшҳо овоз диҳад. Вале бо раҳнамоиҳои ҳунарманд Шуҷоъ Асадуллозода ва Малоҳати Абдуллоҳ, ки Раҷабмоҳ онҳоро устоди худ мешуморад, мушкилиҳо рафъ шуданд.

- Ёд дорам, чанд сол пеш дар телевизиони Сафина, дар моҳи Рамазон, ки ман рӯзадор будам, бояд ба як филми тахайюлӣ овоз медодем. Ба таври ҳаяҷонӣ зарур буд, то доду фарёд карда, мардумро ба кумак даъват кунам. Ҳангоми иҷрои кор ногоҳ гулӯям хушк шуду сарам чарх зад ва дақиқае дубларо боз доштем, - бо хушҳолӣ ба хотир меоварад қаҳрамони мо. – Онҳое, ки ҳунарманд ҳастанд, баъзанд вақт рӯзҳои ширину талхтарини ҳаёташонро қурбони кору роҳи хеш мекунанд. Як замон дар идораи дублаи телевизиони “Синамо” ба нақше овоз медодам. Иттифоқан дар ин миён бобоям аз олам гузаштанд ва ман бидуни огоҳ кардани ҳамкорон ба деҳа рафтам. Чанд рӯз он ҷо мондам. Ба зангҳои телефонӣ посух намедодам, чун хеле афсурдаву ғамгин гашта будам. Баъди бозгашт ба шаҳр аз расонаҳои иҷтимоъӣ огоҳ гаштам, ки дар барномае кормандони телевизиони “Синамо” таъкид кардаанд, ки бо сабабҳои номаълум Раҷабмоҳ Назарова аз овоздиҳӣ дар ин нақш даст кашид. Ғамгин шудам. Бо Малоҳати Абдуллоҳ дар тамос шуда, вазъро фаҳмондам ва минбаъд низ ҳамкориҳои мо дар самти садопешагӣ бештар гашт.


То имрӯз Раҷабмоҳ бо студияҳои шахсии “Каронфилм”, “Нурангез”, телевизионҳои “Баҳористон”, “Синамо”, “Сафина”, “Варзиш” ва радиои “Садои Душанбе” ҳамкориҳои эҷодӣ дошт. Соли гузашта аз сӯйи гурӯҳи расонаҳои “Азия+” барои овоздиҳӣ дар нақши марказии филми “Дом” даъват шуд. Аз сабаби аз ҳад касбӣ, равон ва боқувват будани садояш овоздиҳиаш ба нақши марказии духтаре, ки дар ин филм буд, созгор науфтод ва муаллифони филм овози худи духтарро дар филм гузоштанд.

Ба таъкиди Раҷабмоҳ, овоздиҳӣ дар филмҳои хориҷӣ кори осон нест. Қувва ва нерӯи зиёд масраф мегардад. Одатан як филми 10-12 қисматиро садопешагони ҳирфаӣ дар 4-5 рӯз овоз дода ба итмом мерасонанд. Вале рухдодҳое ҳам буд, ки барои овоздиҳӣ ба як филми пӯёнамоӣ дар телевизиони “Баҳористон” ӯ ду рӯз банд монд. Ин ба иллати он буд, ки тарҷумаи филм хеле сода буд ва бинанда аз он бардошти ҷолибе ба худ намегирифт. Бо кумаки ҳамкорон Раҷабмоҳ тарҷумаро тайғир дода овоз дод, ки бинанда хуш қабул кард.

САДОПЕШАГИРО КОРИ ДУВУМДАРАҶА МЕШУМОРАНД

Суди молӣ барои  фаъолияти хуби ҳунарпеша таъсири чашмрас ва калидӣ дорад. Ҳазмузди Раҷабмоҳ ва дигар садопешагони тоҷик аз рӯйи миқдори калимаҳои дар нақшбуда ҳисоб мегардад. Ин садопешаи ҷавон мегӯяд, барои дар сатҳи хуб гузаштани зиндагии як нафар садопеша дар шароити Тоҷикистон моҳе 5-6 ҳазор сомонӣ зарур аст, то ӯ тавонад бидуни мамоният ба садопешагӣ машғул шавад. Чун дар Тоҷикистон ба садопешагӣ ҳамчун самти дувумдараҷа муносибат мекунанд, қаҳрамони мо барои қонеъ кардани талаботи моддии худ дар огаҳии бозаргонӣ (реклама)-и ширкатҳо низ иштирок мекунад. Мардум тавассути таронаҳои омодакардаи ӯ наздиконашонро дар рӯзҳои хурсандиашон табрик мекунанд.

Ҳарчанд садопешагӣ дар аксар кишварҳои дунё яке аз бахшҳои филмсозӣ эътироф шудааст, чанде пеш телевизиони радаи аввали кишвар – “Тоҷикистон” дар гузорише аз шеваи тарҷумаи филмҳо интиқоди шадид кард. Дар гузориш наворҳо аз филмҳои туркӣ истифода шуда буд. Ба таъкиди гузоришгар, тарҷумаи филмҳои хориҷӣ дар коста шудани ахлоқи ҷомеа таъсири амиқ дошта, зеҳният (менталитет) ва урфу одатҳои ғайр маҳз тавассути ин тарҷумаҳо дар ҷомеъаи мо интиқол меёбад.

Қаҳрамони мо Раҷабмоҳ ба ин бовар зид аст. Ӯ мегӯяд, ҷомеаи мудерн босуръат дар ҳоли рушд аст.

- Имрӯз интернет ва пахши моҳвораии шабакаҳо имкон додааст, бинанда ҳар филме, ки хоҳад пайдо карда тамошо кунад. Тарҷумаи филм рӯйи ахлоқи мардум таъсири чашмрас надорад. Он танҳо зиндагии худи мардумро ба онҳо нишон медиҳад. Ҳама чиз ба фаҳму дарки худи тамошобин дахл дорад. Агар инсон бадахлоқ ё баръакс  хушахлоқ бошад, бо тамошои лаҳзаҳои баду неки филм рафтораш тайғир намеёбад. Дар тарбияи насли ҷавон нақши оилаву ҷомеъа таъсиргузортар аст, – зикр мекунад садопеша. – Тарҷумаи филмҳо баръакс ҷомеаи тоҷикро ба ҷаҳони берун ошно мекунад ва коргардонҳои моро ба таҷрибаи филмсозони кишварҳои дигар шинос месозад.

Раҷабмоҳ ба ин назар аст, ки мушкилоти аслии садопешагӣ (дубла)-и тоҷикӣ масъалаи молӣ ва ҷудо гаштани сармояи нокифоя ба ин самт аст. Агар ба ин самт сармояи бештар ихтисос дода шавад, дилгармии кормандон бештар мегардад ва мардум бо филмҳои мондгор ошно мешаванд. Ҳарчанд аз лиҳози хурсандибахшӣ дубла рӯйи сокинон таъсири амиқ дорад, аксар соҳибназарон пешрафти онро монеъае ба рушди синамои миллӣ медонанд.


Бо ин вуҷуд Раҷабмоҳ Назарова талош дорад, то дар оянда студияи шахсии худро дар самти дубла дар шаҳри Душанбе фаъол кунад ва ниёзҳои маънавии мардумро, ки ба самти садопешагӣ марбут аст, қонеъ созад.

Дар муҳити Тоҷикистон дар ибтидо асосан филмҳои русӣ, инглисӣ ва ҳиндиро дар телевизионҳои ҳукуматӣ тарҷума мекарданд. Соли 2009 тарҷумаи силсилафилми туркии “Ҳомиён”-ро мардум хуш истиқбол гирифтанд ва роҳ барои тарҷумаи филмҳои туркӣ боз гашт. Ҳатто ҳунармандони марказии ин филм дар соли 2012 ба Тоҷикистон омада, дар Кохи Борбад бо ҳаводорони хеш дидор низ доштанд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед