Ru  | Tj
Рассоме аз Душанбе бо асарҳои ғайримаъмули худ ҷаҳонро тасхир мекунад
Рассоме аз Душанбе бо асарҳои ғайримаъмули худ ҷаҳонро тасхир мекунад
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардид

Рассоме аз Душанбе бо асарҳои ғайримаъмули худ ҷаҳонро тасхир мекунад

Нашр шуд

Дар ду – се соли охир нақши рӯи либос дар Тоҷикистон шуҳрат пайдо карда истодааст. Ин на танҳо футболка ва ё шими бо аксҳои компютерӣ мебошанд, ки мо маъмулан аз мағозаи либос харидорӣ мекунем, балки сухан дар бораи нақшу нигори дастӣ меравад.

Барои аксарият харидани либос аз тарроҳи маъруф ё футболка аз бренди машҳур ба амалӣ кардани орзӯи дерина баробар аст. Имрӯзҳо бошад, мӯдпарастон тарҷеҳоти мутафовут доранд. Барои эҳсос намудани худ ба ҳайси омираи ҳақиқии равандҳои мӯд ва ҳашамат, кофист, то як акс ё суробро рӯйи либос фармоиш дод, ки рассом онро бо дастони худ тарсим кунад. Маҳз бо ҳамин ҳунар рассоми ҷавон, зодаи шаҳри Душанбе Парвин Сайдалиева машғул аст. Тасовири ӯ дар борхалтаҳои бофташуда ё либосҳои ҷинсӣ на танҳо сокинони пойтахт, балки дигар кишварҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб мекунад.


Парвин бигӯед, ки шуғли шумо аз чӣ оғоз шуд?

Ин шуғли ман аз овони кӯдакӣ оғоз шуд, зеро ман аз хонаводаи расомон ҳастам. Падарам дар гузашта рассом – кандакор ва аз зумраи касонест, ки ҳунари наққоширо мустақилона омӯхтааст. Пас аз хонадоршавӣ тараддуд дар бораи оила ва фарзандон оғоз шуд, илова бар ин, он замон бо ин ҳунар пайдо кардани ҳақ ниҳоят мушкил буд, зеро дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ ба санъат таваҷҷуҳи кам зоҳир карда мешуд. Аммо ин дар дохили оила ҳимоят мешуд ва ҳатто ҳоло ҳам падарам метавонад, ки дар ҷое ягон аксро тасвир кунад. Модарам ҳам рассомӣ мекарду, амаки падарам Юсуф Сангов рассоми хизматнишондода аст. Ӯ ҳар рӯзи якшанбе барои аёдати бибиям ба хонаи мо меомад ва ман аксҳои нигоштаи худро нишон медодам. Рӯзе ман як тӯдаи қоғаз бо аксҳои дутарафаи кашидаамро овардам, ки баъд аз дидани онҳо ӯ ба ман гуфт: «Ту рассом ҳастӣ, набояд чунин кард. Ту дар як тарафи қоғаз акс тасвир мекунӣ ва набояд онро ба тарафи дигар гузаронд!». Ҳамин тавр ман аз кӯдакӣ муносибати эҳтиёткоранаро ба аксҳои худ ёд гирифтам, ки чунин ҳолат то як вақти муайян аз ҷониби бибӣ ва падарам дастгирӣ карда мешуд. Баъд аз ин, падарам ба роҳи дин рафту, ман кашидани расмҳои одамон ва қаҳрамонони асотириро идома додам. Вақте, ки масъалаи пайдо кардани ҳақ ба миён гузошта шуд, аъзои оилаам гуфтанд, ки ман бо ин ҳунар наметавонам зиндагиамро пеш барам ва ман ба дӯзандагӣ машғул шудаму, ба ҳайси тарроҳи либосҳои шому арӯсӣ ба кор даромадам. Дар як дастаи хеле хуб кор кардам, аммо дар як лаҳза пай бурдам, ки ин кор рағбати ман нест.

Тасмими нигоштани акс дар борхалтаҳои бофташуда аз куҷо пайдо шуд?

Баъд аз шиносоӣ бо ҳамсари ояндаам, аз ӯ расмҳои кашидагиамро пинҳон медоштам, фикр мекардам, ки онҳо нозеб ҳастанд, вале ӯ хуб медонист, ки ман рассомам. Боре ӯ як дафтари бисёр хубе барои расмкашӣ фармоиш дод, ки пас аз дидани он дар ман майли рассомӣ дубора бедор шуд. Ҳар боре, ки аз кор ба хона бармегаштам, ин дафтарро медидам ва ба худ мегуфтам: «Ман наметавонам расм накашам!» Агар қаблан далеле буд барои тарсим накардан, аз ҷумла «Оҳ ман хаста шудам ва майл ба расмкашӣ надорам», вале вақте ту медонӣ, ки аксҳоро дар дафтари аз ҷониби шахси мақбулат менигорӣ ва маҳсули дастонатро маҳз ҳамин кас ситоиш мекунад, ту наметавонӣ аз ин иқдом даст кашӣ. Ҳамин тариқ охири соли 2020 ман дубора даст ба расмкашӣ задам.

Дар аввал чӣ кор карданамро намедонистам, вале ҳамсарам бо суханони таскинбахш ба ман гуфт: «Ту хеле хуб расм мекашӣ, шояд маҳорати худро дар ҳамин борхалтаҳо нишон диҳӣ?». Ман ба ин пешниҳоди ӯ розӣ шудам ва ҳамин тавр мо ҳангоми пандемия якчанд маҳсулоти тайёри хубро фурӯхтему, маблағҳои дастрасгардидаро барои кӯмак ба кӯдакони бо синдроми Даун гузаронидем, зеро дар он шароити вазнин онҳо дар витаминҳо барои баланд бардоштани сироятнопазирӣ ниёз доштанд. Пас аз ин, ман дубора барои баланд бардоштани маҳорати рассомии худ оғоз намудам, зеро чунин эҳсос мекардам, ки ба ин кор муддати 100 сол даст назада будам. Сараввал мо шубҳа доштем, ки маҳсули дасти маро касе мехарад, зеро барои омода намудани он газвори зиёде сарф мешуд, ки пайдо намудани он дар Душанбе амалан ғайриимкон буд. Тамоми маҳсулоти заруриро мо дар Россия ва Ӯзбекистон фармоиш медодем.


«Ҳамсарам пайваста такрор мекард, ки агар мо барои маҳсулоти худ мизоҷ пайдо накунем, боке нест, асос он аст, ки ту бо шуғли дӯстдоштаат машғул мешавӣ. Маҳз ба туфайли ӯ ва эътимодаш, новобаста аз он, ки давраи маҳдуди мухлис дорем, ба ман муйяссар гардид, ки тиҷорати худро тавсеа диҳем. Барои пешрафти кор ҳамсарам ба ман дар манзиламон як коргоҳе эҷод карда, айпадро низ тақдим кард, дар умум барои равнақу ривоҷи тиҷоратам шароити мусоид фароҳам овард».

Чанд сол аст, ки дар бозор ҳузур доред ва чанд навъи маҳсулотро барои мизоҷон пешниҳод менамоед?

Ду сол аст, ки мо дар бозор фаъолият дорем, худи ман бо рангубори либос, борхалта, шим, камзӯл машғулам ва дар оянда тасмим дорам, ки дар миёнбанди занона низ, ки ҳамчун ороиш истифода мешаванд, аксҳо нигорам. Айни замон мо масъалаи муносиб будани чунин миёнбандҳо барои духтарон ва занони тоҷикро мавриди баррасӣ қарор додаем, зеро ҷамъияти имрӯзаи мо каме бошад ҳам, кӯҳнапараст аст ва дар зебогии ҷинси латиф ба маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ гаштааст.


Вокуниши атрофиён ба ҳунари шумо чӣ гуна буд?

Ба ман муносибати маҳз насли наврас ба ҳунари ман мақбул аст ва ҳамсолонам низ аз мӯд қафо намондаанд, зеро кӯшиш намуда истодаанд, то либоси зебову замонавӣ ба бар кунанд ва дар ин шароит маҳсулоти дастӣ нақши муҳимро бозида истодаанд. Ва агар ин чизи воқеъӣ бошад, аксари мардум дар пасманзари ҳаводиси рухдода дучори буҳрони ҳуввият мегарданду кӯшиш менамоянд, то мансуби худро ба ягон гурӯҳи қавмӣ нишон диҳанд. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки маҳз дар чунин ҳолат маҳсулоти омода мекардаи мо барои Душанбе созгор ҳастанд.

Чанде қабл мо дар як намоишгоҳи маҳсулоти дастӣ иштирок доштем ва аз таҷрибаам метавонам гӯям, ки пештар дар чунин чорабиниҳо ба иддаҳои мизоҷон, аз қабили «Чаро ин қадар қимат аст», «Мо барои чӣ пул медиҳем» рӯ ба рӯ мешудем, вале имрӯзҳо бошад, онҳо бе ягон даъво бо нархномаҳои мо розӣ мешаванд, зеро хуб дарк мекунанд, ки маҳсулоти дастӣ вақту хароҷоти зиёдро талаб мекунанд. Ҳамин тариқ доираи мизоҷони мо васеъ гардид.

    

Мизоҷони шумо фақат аз Тоҷикистонанд?

Не. Айни замон он навъи маҳсулот, ки мо рӯи онҳо кор мекардем ба маротиб зиёд шуданд, ҳатто ҳолатҳое ба қайд гирифта мешаванд, ки барои дастрас намудани маҳсули дастонамон мизоҷон вақти муайяне дар навбат меистанд. Дар баробари ин, мо муштариён дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ дорем. Аз аввал ман фикр мекардам, ки мардуми мо ин маҳсулоти моро баҳои сазовор намедиҳанд ва асоси мизоҷони моро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил хоҳанд дод. Вале кор ранги дигар гирифт, зеро ба маҳсулоти мо ҳамватанони бурунмарзиамон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Ағлаб ба ман мегӯянд «Вақте мо ба маҳсулоти шумо нигоҳ мекунем аз хона ва Ватан ёд мекунем, онҳо дар вуҷудамон як гармии хосаро бедор мекунанд». Касе маро тариқи Инстаграм пайдо мекунаду, касе аз шиносонаш дар барои маҳсулотам маълумот ба даст меорад.

    

То оғози ҷанг мо бастаҳо (посылки)-и фармоишотро ба Европа ирсол мекардем, вале имрӯзҳо ин кор мушкил ва гаронтар шудааст. Ба унвони мисол як баста тариқи Ӯзбекистон 60 доллар нарх дорад ва агар мо онро ба Америка равон карданӣ бошем, арзишаш боз ҳам қиматтар мешавад, ҳол он, ки қисмати бештари мизоҷони мо дар Калифорния ва Ню – Йорк ба сар мебаранд.

Чӣ тавр шумо қаҳрамонҳои аксҳоятонро интихоб мекунед?

Дарвоқеъ як манбаи поённопазир мавҷуд аст ва мо олиҳаро барои амалӣ кардани ин кор интизор нестем. Агар аксҳои рассомон ё тарроҳонро бигирем, суратҳои онҳо ниҳоят зиёданд, вале барои истифодабарӣ иҷозати онҳо зарур аст. Агар чунин рухсат бошад, пас мо ба кори худ шуруъ мекунем ва барои руҳбаландӣ мо аксаран аз рангҳо истифода менамоем. Қаҳрамонони интихобнамудаам асосан одамони оддӣ ва барои ман зебо ҳастанд. Симо ва рӯйи онҳоро худам мекашам, вале харидороне ҳастанд, асосан духтарон, ки хоҳиш мекунанд, то расмҳои қаҳрамонҳои офаридаам ба онҳо монанд бошанд. Ҳамин тавр мо аз рӯйи сурат расм мекашем ва онҳоро ба минетури форсӣ иҷро мекунем.


Рафти кор чӣ тавр сурат мегирад ва барои омода намудани як камзӯл ё борхалтаи аксдор чӣ қадар вақт зарур аст?

Кор бо ҳар як фармоиш бо як ҳиссиёти махсус амалӣ карда мешавад. Барои эҷод намудани як акс, ман бояд қаҳрамони худро хуб шиносам ва барои ин бо ӯ муддате чанд суҳбат ороста, кӯшиш менамоям, то вуҷуди ӯро аз худ кунам. Дар баробари ин хоҳиши ӯ барои аксгузорӣ, чӣ тавр ӯ ин аксро дидан мехоҳад ва баъзе аз корҳои дигари шиносоӣ то якчанд моҳро дар бар мегирад. Масалан, як духтари ӯзбекистонӣ воқеан мехост, ки ӯ ва ҳайвони дӯстдоштааш - палангро кашам, то он акс ғайриоддӣ бошад. Барои иҷро намудани фармоиши ӯ ба мо тақрибан 6 моҳ лозим шуд. Дар ин муддат борҳо суҳбат кардем ва ман фаҳмидам, ки муҳаббати ӯ ба ин ҳайвони ваҳшӣ танҳо ба он хотир аст, ки қаҳрамони мо дар соли паланг таваллуд шудааст.

    

Дар умум барои иҷро намудани фармоиши мизоҷон аз якчанд ҳафта то якчанд моҳ зарур аст, вале худи камзӯл, борхалта ва ягон чизи дигар, ки дар он акс гузаронида мешавад, метавонад дар 2 шабонарӯз омода карда шавад. Ба ҳар мизоҷе, ки аз хизматрасонии мо истифода менамояд, ман тавсия медиҳам, то либоси аз матои ҷинси хушсифат дӯхташударо, ки метавонад аз онҳо солҳои тӯлонӣ баҳрабардорӣ кунад, биёрад. Дар коргоҳи мо матои ҷинси гуногунранг низ ҳаст, ки мо онҳоро пешкаши фармоишгар мекунем.

Шумо чиро мехостед ба ҳунари худ илова кунед?

Ҳоло ман қариб ҳар рӯз ба шуғлам машғулам ва ин маро ташвиш медиҳад, зеро аз маҳсулотам каме норозиям. Ман бояд ягон навгониро дар фаъолиятам ҷорӣ кунам. Ба симои духтарҳои тасвирнамудаам нигоҳ мекунам, ҳамаи онҳо зебоанд, мисли лӯхтакҳо қомати мавзуну бинии хурд доранд. Ҳоло бештар ба ман савол медиҳанд: «Парвин, чаро духтарони фарбеҳро ҳамчун қаҳрамони аксҳои худ интихоб намекунед?». Пас аз шунидани чунин савол ман ба хулосае меоям, ки дар ҳақиқат ин як намуди поймолкунии ҳуқуқи занони фарбеҳ мебошад, зеро худи ман ҳам дар қатори онҳо ҳастам, ҳазломез иброз медорад Парвин.

Як духтаре аз Помир ақидаи худро иброз намуда, қайд кард, ки ҳама чиз зебост, вале вақте, ки ман акси духтари Бадахшонро мебинам, мехоҳам бинии зебо ва хоси бадахшониро бубинам, қайд мекунад Парвин. Аммо қаҳрамонони ман ҳама бо як чеҳра мебошанд ва акнун мехоҳам, ки ба раванди кор каме тағйирот ворид намояму, барои кашидани аломатҳои рӯй, вобаста ба мансубияти қавмӣ ва беназирии онҳоро аз худ кунам. Ман дар зиндагиам одамонро ба зебо ва нозеб ҷудо намекунам, зеро пас аз суҳбат онҳоро аз наздик шинохта, танҳо баъд аз ин хислатҳои хуб ё бади онҳо ошкор мекунам.

  

Барои тавсифи хислатҳои одам дар аксҳо маро духтари дигаре, ки ӯ низ расмашро фармоиш дода буд, водор сохт. Ӯ аз ҷумла чунин қайд карда буд: «Ҳама чиз зебост, вале бинии маро воқеӣ тасвир кун!». Бояд қайд кард, ки ӯ бинии лӯнда дошт ва вақте, ки ман онро воқеъбинона тасвир кардам, худам ҳайрон шудам, ки он ҳақиқатан ҳам зебо будааст. Акнун ин яке аз расмҳои дӯстдоштатарини ман мебошад.

Амсоли ман касоне, ки машғули тасвирсозию аксбардорӣ мебошанд, симои зеборо бо тамоми хислатҳои хоси одамон нишон медиҳанд. Меъёри зебоӣ ҳамон вақте истифода бурда мешавад, агар фармоишгар бешабоҳатии худ, аз ҷумла фарқияти лаб, бинӣ, чашм ва узви дигарро бо акс дарёбад. Вақте ба ин моделҳои зебо, ки тамоми узвҳояшон бо маводи сунъӣ пур карда шудаанд, менигарӣ, ба зебогии табии худ шубҳа пайдо мекунӣ. Хамаи ин таъсири расонаҳо, рассомон ва аккосон мебошад. Ман ба хулосае омадам, ки ба ин кор дигар даст назанам ва аз истифодаи чунин қолаб минбаъд худдорӣ кунам.

«Мардум аксар вақт салом намекунанд. Ба мо нависанд ҳам, вале пеш аз ҳама суханони худро аз нарх оғоз мекунанд, ки чунин муносибати онҳо ба ақидаи ман нодуруст ва дағал мебошад».

Ман ҳамеша метавонам назари худро замоне, ки бо берӯягӣ ва муносибати дағалона рӯ ба рӯ мешавам, иброз намоям, зеро тамоми ҳайати кормандони ман барои бо сифати баланд омода намудани маҳсулот ба мизоҷон, бурда расонидани он то макони барои онҳо муносиб нерӯи зиёдеро сарф мекунанд. Яъне ман дар бораи шахс ва ҳиссиёти ӯ ғамхорӣ мекунам, вале дар бораи рафоҳати ман ва коргаронам ягон кас фикр намекунад.

Мардум аксар вақт салом намекунанд, якум калимаи менавистагиашон - ин «Нарх» мебошад, на «Салом!» ва на «То боздид», ки ман чунин муносибатро намеписандам. Ман пай бурдам, ки кор бо чунин шахсон ниҳоят мушкил мебошад ва аз ҳамкорӣ бо онҳо мо маъмулан худдорӣ мекунем, зеро онҳо аз қоидаҳои муошират бархӯрдор нестанд. Баъзеҳо инро ҳамчун такаббур баррасӣ менамоянд, вале барои ман бошад, ин аз инсонгарӣ болотар аст. Шояд ин хуни гарми «кӯлобии» ман мебошад, ки чунин муносибатро нисбати худ раво намедонам.

Бо маҳсулоти шумо дар Ӯзбекистон чӣ рух дод?

Мутмаинам, ки касе аз корҳои ман аксбардорӣ ё тавассути барномаи махсус сурати онҳоро нусхабардорӣ карда, дар борхалтаҳо тасвир намудаасту, маҳсулотро дар тамоми Ӯзбекистон ба фурӯш баровардааст. Ин маълумотро ба ман мухлисонам, ки аксҳои эҷодкардаамро дар мағозаҳои армуғонфурӯшӣ дидаанд, пешниҳод карданд.           

Ин расмҳои ман ҳастанд, мо онҳоро ба миқдори маҳдуд мебарорем, шартан, ҳар як нигора то ҳадди аксар 10 маротиба чоп карда мешавад ва агар ин футболка, борхалтаю камзӯл бошанд, як бор чоп мекунем. Вале дар Ӯзбекистон бошад, ин борхалтаҳоро ба миқдори зиёд истеҳсол намуда, онҳоро бо нархи хандаовар 45 ҳазор сӯм, баробар ба 45 сомонӣ мефурӯшанд. Қаблан нархи чунин борхалтаҳо, ки аз ҷониби мо истеҳсол мешуданд, бо назардошти бурдарасонидан ба Ӯзбекистон тақрибан 100 сомонӣ арзиш дошт, вале имрӯзҳо ин маҳсулоти қалбакиро метавонед бо нархи 30 сомонӣ дастрас кард. Чунин ҳолат боиси аз даст додани мизоҷон дар Ӯзбекистон гардид.

Мо муддате бо брендҳо кор мекардем, ки онҳо аксҳоро фармоиш медоданду, ман метавонистам онҳоро дар корҳои худ дар Инстаграм қайд кунам, яъне тамоми кор аз рӯи виҷдон амалӣ мешуд, вале дар Ӯзбекистон мо бо дуздии рӯирост дучор шудем. Илова бар ин, маҳсулоти ҳаммонанди ман бе имзои муаллиф дар минтақаҳои сайёҳии вилоятҳои Самарқанду Бухоро ба фурӯш гузошта шудаанд. Дастандаркорони ин ҳолат ҳатто бе иҷозати агентии саёҳии ӯзбекистонӣ тамғаи ин ширкатро барои фурӯши аксҳои ман истифода намудаанд.

Мутаассифона, ҳалли ин масъала амалан ғайриимкон аст, зеро ҳуқуқи муаллиф дар фазои пасошӯравӣ комилан риоя намешавад. Гузашта аз ин, ҳолати мазкур дар кишвари дигар рух додааст, шояд ба Интерпол муроҷиат кунам, ҳазломез иброз медорад Парвин. Ман бовар надорам, ки онҳо ба ман кӯмак мекунанд. Касе дар Photoshop самаранок кор карда, ҳатто аломатҳои туфайлиро низ аз байн бурдааст. Ин барои ман дарси хубе буд. Ман он чиро, ки қаблан дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой кардаам, як тараф гузошта, аксҳои навро танҳо дар намунаҳои тайёр дар борхалта ё камзӯлҳо тасвир мекунам. Расмҳои нав ҳанӯз дар марҳилаи таҳия мебошанд.

Айни замон дар тими Парвин бо шумули худи ӯ 4 нафар фаъолият доранд: модар ва хоҳараш барои дӯхтани либос ва бофтани борхалтаҳо кӯмак мерасонанд, ҳамсараш бошад, машғули масъалаҳои молиявӣ мебошад. Агар акси тасвирнамуда дар либос шуста шавад, маблағи сарфнамудаи мизоҷ ҳамоно барқарор карда мешавад. Агар фармоишгар дар минтақаи дур қарор дорад, ба ӯ ҳатман маблағи пулӣ фиристонида мешавад, вале агар ӯ дар наздикӣ бошад, пас ҳатман масъалаи азнавкунии маҳсулот пешниҳод карда мешавад. Дар ин ҳолат маҳсулоти тайёр бо тавсифи худи муаллиф дубора ба фармоишгар баргардонида мешавад.


Ман барои ороиш ва бурдарасонидан дар ташвишам, бо мақсади ҷалби мизоҷони бештар туҳфачаҳои хотирмонро омода мекунам. Шавҳарам ҳатто барои ин маро сарзаниш мекунад, зеро баъзан барои чунин туҳфачаҳо маблағи калон сарф мешавад. Вале вақте, ки як шахс ба назди мо омада, якчанд маҳсулоти моро харидорӣ мекунад, пас чаро ба ӯ чунин туҳфачаро тақдим накунам?

Агар либоси тасвирдорро бишӯем чӣ иттифоқе меафтад?

Пас аз шӯстани чунин либос тасвири он пок намешавад, зеро аз ду тарафи он бо лок пӯшонида шудааст. Вале, ҳолате буд, ки тасвирот ба рехтан шуруъ кард ва дар ин маврид чӣ тавре, ки дар боло зикр карда будем, ҳамоно маблағи пулии фармоишгар баргардонида мешавад. Агар соҳиби либос хоҳиш дошта бошад, тими мо ба акс ва худи либос ҳаёти нав мебахшад.

Парвин тасмим гирифтааст, ки баҳори соли оянда муаррифии лоиҳаи навро, ки ҷузъиёташ ниҳонӣ нигоҳ дошта мешавад, баргузор намояд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед