Ru  | Tj
Улмасой Ҳаётова. Хурдтарин ҳунарманди Хатлон, ки 90 сантиметр қад дорад
Улмасой Ҳаётова. Хурдтарин ҳунарманди Хатлон, ки 90 сантиметр қад дорад
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Улмасой Ҳаётова. Хурдтарин ҳунарманди Хатлон, ки 90 сантиметр қад дорад

Нашр шуд

Улмасой Ҳаётова дар вилояти Хатлон чун хурдтарин ҳунарманд миёни бонувон шинохта шудааст. Зеро баландии қадаш 90 сантиметр буда, сарфи назар аз маҳдудияти ҷисмонӣ дорои ҳунарҳои миллии гулдӯзӣ, қуроғдӯзӣ ва чакандӯзӣ аст. Ин маҳдудияти ҷисмонӣ ҳарчанд мушкилиҳои зиёдеро вориди ҳаёти бону Улмасой намуда, ӯро дар имтиҳони сангин тақдир гузошт, вале ӯ аз ин ҳама санҷишҳои рӯзгор шукргузор буда, як ҷавондухтари муборизу матин аст.

Муаллифи Halva.tj бо вай ҳамсуҳбат шуда, дар бораи сарнавишт ва пайроҳаи муваффақияташ нақл намуд.

ТАВАЛЛУД, ТАҲСИЛ ВА ТАБЪИЗ

Улмасой Ҳаётова 10 июли соли 1984 дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омада, баъд аз чанд ҳафтаи таваллуд модараш инкишофёбии сусти қад ва дасту пойи ӯро мушоҳида намуда, ба якчанд мутахасисони соҳаи тиб муроҷиат мекунад. Пас аз муоина бархе аз пизишкон ин маҳдудияти ҷисмониро модарзод ва қисми дигар бемории табобатшаванда арзёбӣ мекунанд. Чун вазъи иқтисодии оилаи онҳо баъди фавти падар хеле вазнин мегардад, модараш барои табобат маблағ пайдо карда наметавонад.


«Баъди сари ақл омодан аз модарам зиёд мепурсидам, ки чаро инкишофи ҷисмонӣ надорам ва гиря мекардам. Модарам суханҳои табибонро ёдоварӣ карда, аз бепулии худ ғусса мехӯрд», - мегӯяд Улмасой Ҳаётова.

Барои як навраси шашсола, ки пур аз хаёлҳои ширин асту қабули вазъи аслии худ хеле душвор, ҳини таҳсил дар мактаби миёна ин душвориҳо ба маротиб меафзояд. Соли 1991 ба муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ноҳияи Хуросон ба синфи якум меравад.

«Ҳангоми ба мактаб рафтан ҳамсолони худро дида, аз ҳолати худ нороҳат мешудам. Зеро барои нишастан пушти мизи мактабӣ ва ҳатто навиштан дар тахтаи синф мушкил доштам. Болои ин баъзе аз ҳамсолон ва синфҳои болоӣ низ гоҳе бо шӯхиҳои таҳқиромезашон ҳолатамро то ҳадди гирйистану аз худ нафрат кардан мерасониданд. Ин ҳама хастаам мекард, вале таҳсилро дӯст медоштам ва кӯшиш мекардам, ки дар дарсҳо фаъол бошам. Аксари ҳамсинфонам ба ман эҳтиром доштанд ва ҳамеша кумак мекарданд, то он ҳолатҳое ки барои онҳо муқаррарӣ ва барои ман душвору нороҳаткунанда буд, бо осонӣ паси сар кунам», - гуфт ин ҳунарманд.

ТАҲСИЛИ НОТАМОМ ВА ОРЗУИ ДАР ДИЛ МОНДА

Он солҳо духтарони деҳот хеле кам мактабро хатм мекарданд, зеро вазъ ноором буду волидон барои фарзандони худ хавотир. Миёни ҳамсинфони Улмасой низ ду-се духтар то синфи ҳафтум таҳсил карданду миёни сол таҳсилро қатъ намуданд. Улмасой, ки ҳаваси таҳсил кардану дониш омӯхтан дошт, то охири синфи ҳафтум таҳсилро идома дод ва худ, ки танҳо монд, миёни писарон ӯро низ иҷозаи идомаи таҳсил надоданд.

«Он замонҳо падару модарон барои таҳсили духтарон монеъ мешуданд ва духтарони худро аз мактаб гирифта ё дар хона мемонданд ва ё зуд ба шавҳар медонанд, бахусус дар деҳоти мо вазъ чунин буд. Ҳамсинфонам ва дигар ҳамсолонам то синфи шашум ва қисме синфи ҳафтумро хатм карда, дигар ба мактаб наомаданд. Ман ба таҳсил шавқи зиёд доштам, то синфи ҳафт таҳсил кардам ва маро низ дигар иҷоза надоданд, то таҳсилро идома диҳам. Зиёд мехостам мактабро хатм намуда табиб шавам ва ба худу дигар шахсон кумаки тиббӣ расонам, вале таҳсили нотамоми мактаб ва вазъи ноором нагузошт ин орзуи худро амалӣ намоям», - ба ёд овард Улмасой.

ОМӮЗИШИ ҲУНАР ВА БОЗГАШТ БА ЗИНДАГӢ

Баъд аз дур шудан аз таҳсил ҳамсолони Улмасой пайи ҳам хонадор шуда, аз пайи рӯзгори оилавии худ мешаванд. Ӯ, ки дар ин айёми ҷавонӣ танҳо монда, барои ёфтани ҳамсафари зиндагӣ азият мекашад, аз рӯзгор дилхаставу афгор мешавад. Гоҳе фикру хаёлҳои нохуб ба сараш омада афсурдагияшро бештар мекард.

«Ҳамсолонам ҳамагӣ пайи бахту оилаи худ шуданд ва дар ин ҳолатҳо худро барои ҷаҳон нолозим эҳсос мекардам. То ҳадде афсурдаву дилхаста шуда будам. Он вақт ғами худро бо гиря пушти сар мекардам. Ҳамеша талош доштам, то роҳи табобатро ёбам, вале талошҳоям бо нокомӣ анҷом мешуд. Фикри анҷом бахшидан ба ҳаёт дар сарам чарх мезад ва ба худ омада тавба мекардам. Омӯзиши ҳунар маро ба зиндагӣ баргардонд», - гуфт Улмасой Ҳаётова.

Панҷ бародару хоҳар ҳолати ӯро дида барояш хавотир мешуданд ва ҳар яке барои хурсандии духтари хонадон талош мекард. Файзигул Ҳаётова, модари Улмасойи ҷавон барои рафъи ҳолати хастагии фарзандаш ӯро ба омӯзиши ҳунари гулдӯзӣ ҷалб мекунад.

- Соҳиби шаш фарзанд, чор писар ва ду духтар ҳастам. Миёни фарзандон Улмасой бо мушкилоти ҷисмонӣ таваллуд шуд. То таваллудаш ҳеч мушкиле набуд, аммо баъд аз тавлид инкишофи ҷисмонияш суст шуд. То ҳадди имконоти дошта барои табобаташ кӯшиш кардам, вале табобат лозимаро гирифта натавонистем. Ҳамеша барояш ғусса мехӯрдам ва ба ӯ бештар муҳаббату меҳр доштам. Рӯҳияаш баъди қатъи таҳсил ва хонадоршавии ҳамсолонаш шикаст. Хеле маъюс шуда буд. Барои раҳоӣ аз ин ҳолат ба гулдӯзӣ ҳушашро банд кардам. Дар аввал шавқ надошт, вале баъди андак муддат майлаш ба гулдӯзиву қуроқдӯзӣ афзуд», - нақл кард модари Улмасой.


ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ МИЁНИ ОММА СОҲИБНОМАШ КАРД

Улмасой дар аввалҳои омӯзиши гулдӯзӣ онро чун воситаи вақтгузаронӣ медонист. Вале баъди пурра омӯхтан ба ин ҳунар завқ пайдо карда, ҷиддан ба рушди ҳунари гулдӯзӣ пардохт. Ин ҳунарро пурра омӯхта, аввалин натиҷаи касбии корашро барои модараш рӯйи ду болишт тасвир ва гулдӯзӣ намуда, ҳадя намуд. Онро наздикону дӯстонаш дида баҳои хуб доданд ва харидори ҳунараш гардиданд. Аз он замон шӯруъ намуд ба воситаи ҳунараш маблағ ба даст овардану беҳ намудани сатҳи иқтисодии худро. Баъд аз ҳунари гулдӯзӣ ба қуроқдӯзӣ ва чакандӯзи пардохт.

«Дар баробари он ки ин ҳунарҳо маро ба зиндагӣ дилгарм карда афсурдагиямро нобуд сохт, ҳамчунин барои ман имкон фароҳам омад, то ба воситаи ин ҳунарҳо даромад ба даст биёрам. Баъди таваҷҷуҳ кардани наздикону ҳамсояҳо ба гулдузиҳои омодакардаам тасмим гирифтам болиштҳои гулдӯзӣ ва курпачаҳои қуроқӣ тайёр карда ба фурӯш гузорам ва чунин ҳам кардаму харидорони ҳунарам зиёд шуданд. Чакандӯзиро дертар шӯруъ кардам ва онро гоҳе чун ҳадя гоҳи дигар барои фурӯш медӯзам», - қисса намуд қаҳрамони мо.

Улмасой Ҳаётова тӯли чанд сол аст, ки ба ин ҳунарҳо машғул буда, бо ин роҳ рӯз мегузаронад. Аммо он маблағе, ки аз ин ҳунарҳо даромад мекунад, на ҳамеша барои таъмини рӯзгораш басандагӣ менамояд. Ҳамчун маъюбу гурӯҳи дуюм аз ҷониби давлат нафақапулӣ дар ҳаҷми 300 сомон мегирад.

«Харидории гулдузиву қуроқдӯзӣ ва чакан мавсимист, аз ин рӯ даромади он низ дар як мавсим ба даст меояд халос. Нафақапулиям низ басанда нест, аммо шукр мегӯям, қаноат дорам. Зеро он мушкилиҳое, ки паси сар кардам, чунон қавию сабур ва матинам кардаанд, ки дар ҳар ҳолат сабуриро пеша намуда, бо таҳаммул зистанро омӯхтаам», - гуфт Улмасой.

Қаҳрамони мо ҳоло ҳам орзуи духтур шуданро дар дил дорад ва барои расидан ба он ният дорад аввал шаҳодатномаи хатми мактабро гираду сипас ба коллеҷи тиббӣ дохил шавад.

- Орзу кардану пайи амалӣ намудани он шудан мисли гулҳои зебову рангини чакан зиндагиро рангину зебо месозад. Инсон ҳаргиз набояд аз омӯзишу навгониҳо дур шавад, зеро ғафлат одамро афсурда мекунад», - гуфт Улмасой Ҳаётова.


Ҳунарманди ҷавон дар вақтҳои холигӣ гулпарварӣ низ мекунад ва ин шуғлро оромкунандаи рӯҳи инсон медонад. Гулҳои садбаргро зиёд дӯст медорад ва дар ин баробар гулҳои хонагиро низ парвариши намуда, ба гулдӯстдорон ҳадя мекунад. Ӯ тасмим дорад, ки ҳар лаҳзаи ҳаёташро самаранок истифода карда, аз он завқ барад.

«Умри одам кӯтоҳ аст ва онро тавре бояд гузаронем, ки баъдан пушаймон нашавем. Қаноатмандӣ ва талош барои рушди ҳунару маҳорат инсонро комил ва закӣ мекунад. Таманно дорам, ки инсонҳои рӯйи олам дар расидан ба орзуҳои худ шоду пуртавон бошанд », - иброз дошт Улмасой Ҳаётова.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед