Ru  | Tj
Ягона мусиқашинос дар Кӯлоб. Достони марде, ки иродаи қавӣ дорад
Ягона мусиқашинос дар Кӯлоб. Достони марде, ки иродаи қавӣ дорад
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Ягона мусиқашинос дар Кӯлоб. Достони марде, ки иродаи қавӣ дорад

Нашр шуд

Муҳаммадаюби Зоирзод 37 сол дошта, ба гурӯҳи якуми камтавонҳо дохил аст. Ӯ ягона мутахасиси риштаи мусиқишиносӣ дар минтақаи Кӯлоб буда, ҳама гуна асбобҳои мусиқиро навохта метавонад. Дар баробари ин Муҳаммадаюб омӯзгори Коллеҷи ҳунарҳои зебои Кӯлоб буда, ба хотири таъмини рӯзгори фарзандонаш дар тӯйу хурсандии мардум навозандагӣ мекунад.

Ба нақли модари Муҳаммадаюб, ӯ солим ба дунё омадааст, аммо дар нуҳмоҳагӣ дар натиҷаи табъи баланд доштан пойҳояш аз ҳаракат бозмондааст. Ҳарчанд падару модар табобату нигоҳбини ҷиддӣ мекунанд, вале ӯ сиҳат намешавад. Бо вуҷуди ҳама душвориҳои зиндагӣ падару модар талош мекунанд, то фарзандашон соҳибилму бомаърифат ба камол бирасад.

Сарфи назар аз камтавонӣ қаҳрамони мо аз хурдӣ орзуи овозхон шуданро дошт ва дар суру хурсандии ҳамдеҳагонаш сарояндагӣ ва гоҳе навозандагӣ мекард. Ягона шахсе, ки ба ҷасорату иродаи қаҳрамони мо бовар дошт, падараш буд.

"Ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил кардан падарам маро дар пушташ бардошта мебурду баъди анҷоми дарс боз ба хона меовард. Шабҳо бо ман дарс тайёр мекард. Ӯ дар мактаб усто буд, ман ҳамеша дар корҳояш зеҳн мемондам ва ҳоло аз уҳдаи устоӣ низ мебароям. Падарам ҳамеша мегуфт, ояндаатро худат бисоз, ба умеди ҳеҷ кас нашав", - нақл кард Муҳаммадаюб.

Қаҳрамони мо пас аз хатми мактаби миёна ду сол дар Фарҳангистони фалаки Давлатманд Холов таҳсил кард. Баъдан тасмим мегирад, ки ба шаҳри Кӯлоб баргашта, ба Коллеҷи ҳунарҳои зебо дохил шавад. Аснодашро низ ба ин омӯзишгоҳ пешниҳод мекунад, вале ҷавоби рад мегирад.

"Ман шавқу ҳаваси зиёд доштам, то ба ҳунаристон дохил шаваму дар зиндагӣ ниёзманди касе нашавам. Ба падарам гуфтам назди мудири коллеҷ меравам. Падарам гуфтанд ҳар коре, ки мехоҳӣ бикун, ман на касеро мешиносам, на ҷойеро дидаам, фақат метавонам бароят дуо диҳам", - ба ёд меорад ҳамсуҳбати мо.

Муҳаммадаюб мегӯяд, зодаи деҳаи "шаҳри Барбар"-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аст. Он замон барои ба роҳи худравгард баромадан лозим буд 6 километр роҳро пиёда тай кунӣ. Ҳамин тавр рӯзи дигар соати 4-и субҳ ба роҳ мебарояд. Мудири Коллеҷи ҳунарҳои зебо меояд ва бинобар пойи равон надоштани қаҳрамони мо дубора ҷавоби рад медиҳад. Тасмим мегирад, ки аз ин минтақаи дурдаст ба шаҳри Душанбе ба Вазорати фарҳанг биравад. Баъди исрори зиёди дидор бо вазир ба назди ӯ муовини вазир ҳозир мешавад.


"Муовини вазир омаду худро муарифӣ кардам ва гуфтам, магар мо гунаҳкорем, ки камтавон шудем? Мо дигар барои ҷомеа лозим нестем? Муовини вазир ҳайрон шуда пурсид, ки чӣ мушкил дорам. Ман гуфтам, ки мехоҳам дар Коллеҷи шаҳри Кӯлоб дохил шавам. Он кас гуфтанд ҳеч мушкиле нест, мо кумак мекунем, ту донишҷӯйи ҳамонҷоӣ. Ҳамин тавр ман бо мушкилиҳои зиёд тавонистам дохил шавам", - нақл кард ӯ.
Муҳаммадаюб баъди хатми коллеҷ соли 2010 барои таҳсил дар риштаи мусиқишиносӣ дар Консерваторияи миллӣ ба шаҳри Душанбе меравад. Дар инҷо низ хуб таҳсил карда, мутахасис мешавад ва соли 2015 ба Коллеҷи ҳунарҳои зебои шаҳри Кӯлоб бармегардад. Ҳамакнун 8 сол мешавад, ки дар ин омӯзишгоҳ ба донишҷӯён нозукиҳои риштаи мусиқишиносиро меомӯзонад.

Қаҳрамони мо мегӯяд, дар вилояти Хатлон таваҷҷуҳ ба соҳаи мусиқашиносӣ хеле кам аст. Ба гуфтаи ӯ, аз сӯ ин соҳа душвор ва мураккаб буда, аз сӯйи дигар мутахасисони ин ришта намехоҳанд ба минтақа баргарданд.

"Мо мутахассиси ин соҳаро омода мекунем. Барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе равон мекунем, вале онҳо ба шаҳри Кӯлоб барнамегарданд, аксарашон  дар Душанбе мемонанд. Барои ман ҳам пешниҳодҳо буданд, то корамро дар Душанбе идома диҳам, вале ман фикр мекунам, нисбат ба ҳар ҷойи дигар шаҳри Кӯлоб бештар ба мо ниёз дорад ва дар оянда ҳам мехоҳам инҷо бимонам", - гуфт Муҳаммадаюб.

Ҳоло ӯ ҳоло зиндагии хуб дошта, соҳиби панҷ фарзанд аст. Маоши омӯзгорӣ барои бузург кардани панҷ фарзанд басандагӣ намекунад, аз ин рӯ Муҳаммадаюб ҳунари аз падар омӯхтаашро ҳам ба кор мегирад.

"Талош дорам, ки фарзандонам камбуд надошта бошанд, аз ин рӯ дар рӯзҳои истироҳат дар тӯйу сурҳо навозандагӣ мекунам. Дар хона устоӣ низ мекунам, ин ҳунарро аз падарам омӯхтам, намехоҳам хораш кунам. Аз ин ҳисоб даромади хуб ҳам ба даст меорам. Ҳоло даромадам барои зиндагӣ мерасад", - гуфт қаҳрамони мо.


Муҳаммадаюб дар оянда ҳадаф дорад, ки рисолаи номзадии худро дар риштаи мусиқашиносӣ дифоъ карда, дар шаҳри Кӯлоб кору фаъолияташро идома диҳад. Ҳоло бештар дар фикри ояндаи фарзандонаш аст, ки онҳо боилму бомаърифат бузург шаванд ва ҳар пешаеро, ки мехоҳанд дар он муваффақ бошанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед