Ru  | Tj
Арабистони Саудӣ бурсияҳои омӯзишии вижаро барои донишҷӯёни Тоҷикистон ҷудо мекунад
Арабистони Саудӣ бурсияҳои омӯзишии вижаро барои донишҷӯёни Тоҷикистон ҷудо мекунад
Акс: freepik.com

Арабистони Саудӣ бурсияҳои омӯзишии вижаро барои донишҷӯёни Тоҷикистон ҷудо мекунад

Нашр шуд

Донишҷӯёни тоҷик метавонанд дар Арабистони Саудӣ таҳсил кунанду аз ин кишвар бурсияҳои вижаро дастрас кунанд.
 
 Маркази барномаҳои байнулмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, ки бурсияҳо дар заминаҳои маориф, мудирият, иқтисод ва фанновариҳои иттилоотӣ пешбинӣ шудааст. Донишҷӯёни риштаҳои кишоварзӣ, фарҳангӣ, фаннӣ ва муҳандисӣ, табиатшиносӣ ва риёзӣ низ метавонанд аз имтиёзҳои давлатии Арабистони Саудӣ бархурдор шаванд.
 
Довталабоне, ки нияти таҳсил дар Арабистони Саудиро доранд, бояд ба Маркази барномаҳои байнулмилалӣ дар Душанбе (кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47) муроҷиат кунанд ё бо рақами +992 372 23 23 59 дар тамос шуда, перомуни масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон машварат бигиранд.
 
Гуфтанист, ки дар ҳоли ҳозир наздики 25 донишгоҳ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ довталабони хориҷиро барои таҳсил мепазиранд.
 
Ёдоварӣ мекунем, ки ахиран дар Русия низ қабули дархостҳо барои таҳсили ройгон оғоз гардид. Имсол дастикам 750 кас метавонанд бурсияҳоро дастрас кунанд. Маълумоти бештарро аз ин пайванд пайдо карда метавонед.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед