Ru  | Tj
Имконияти омӯзиши ройгони забони русӣ фароҳам шуд
Имконияти омӯзиши ройгони забони русӣ фароҳам шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Имконияти омӯзиши ройгони забони русӣ фароҳам шуд

Нашр шуд

Дар Русия барномаи нави омӯзиши забони русӣ барои хориҷиён таҳия гардид.

Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия барномаи ройгони таълими забони русиро бо номи «Забони русӣ барои ҳаёт ва кор!» омода кард.

Хоҳишмандони омӯзиши ройгони забони русӣ метавонад дар вебсайт (migrant.spbu.ru) ё тавассути пойгоҳи интернетии хадамоти давлатӣ худро сабти ном кунанд.

Барномаи омӯзиши забони русӣ барои шаҳрвандони Ветнам, Ҳиндустон, Чин, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон мутобиқ карда шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳони имрӯз забони русӣ яке аз забонҳои ояндадор барои омӯхтан аст. Бо ин забон беш аз 200 миллион нафар ҳарф мезананд ва барои аксари кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва кишварҳои ИДМ ин забони дуюми модарӣ мебошад.

Дар баробари ин забони русӣ яке аз забонҳои расмии Созмони Миллали Муттаҳид мебошад.

Ҳамин тариқ дар дунёи имрӯз барои омӯзиши русӣ рафтан ба Русия шарт нест. Ба шарофати технологияҳои замонавӣ, шумо метавонед на танҳо рӯ ба рӯ, балки ба таври фосилавӣ (онлайн) таҳсил кунед. Пас имконияти омӯзиши ройгони забони русиро аз даст надиҳед!
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед