Ru  | Tj
Ҷашнвораи байналмилалии «I LOVE RUSSIA-2024» интизори довталабон аст
Ҷашнвораи байналмилалии «I LOVE RUSSIA-2024» интизори довталабон аст
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҷашнвораи байналмилалии «I LOVE RUSSIA-2024» интизори довталабон аст

Нашр шуд

Дар Новороссийск ҷашнвораи VIII байналмилалии рушди сайёҳӣ, фарҳанг ва маориф - «I LOVE RUSSIA-2024» баргузор мешавад. Довталабон имкон доранд дар ин ҷашнвора анъанаҳои фарҳангӣ ва рушди ватани худро муаррифӣ кунанд.

Дар ин замина пешниҳоди дархостҳо ба ҷашнвораи байналмилалии сайёҳӣ, фарҳанг ва маориф «I LOVE RUSSIA-2024», ки аз 24 то 27 октябр дар Новороссийск баргузор мешавад, оғоз шудааст.

Барои ширкат дар ҷашнвора шаҳрвандони Русия ва кишварҳои ИДМ, аз ҷумла хонандагон ва муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, дастаҳои рақсӣ, овозхонӣ ва гурӯҳҳои ҳунарии фолклорӣ даъват карда мешаванд.

Иштирокчиёнро дар ҷашнвораи мазкур муаррифии корҳои эҷодӣ ва озмунҳо, давраҳои омӯзишӣ ва мубоҳисаҳо, шиносоӣ бо тамоюлҳои навтарин ва навовариҳои соҳа, имконияти муаррифии лоиҳаҳо ва табодули таҷриба интизор аст.

Сабти номи довталабони ширкат дар ҷашнвора то 20 сентябр идома. Маълумоти бештар барои довталабон дар сомонаи festival-russia.ru мавҷуд аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед