Донишҷӯён аз Тоҷикистон ба олимпиадаи риёзии RUDN MATH OLYMP даъват шудаанд
Нашр шуд
Ҷавонони Тоҷикистон метавонанд дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фани математика RUDN MATH OLYMP, ки аз 27 ноябр то 1 декабр баргузор мешавад, ширкат варзанд.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, барои ширкат дар ин чорабинӣ донишҷӯёни донишгоҳҳо аз соли таҳсили 1 то 4, ҳамчунин хонандагони синфҳои 9-11 ва донишҷӯёни коллеҷҳо даъват мешаванд.
"Ғолибони олимпиада соҳиби ҷоиза шуда, инчунин ҳангоми дохил шудан ба барномаи магистрии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия аз фани математика имтиёзҳои иловагӣ ва стипендия мегиранд", - мегӯянд созмондиҳандагони ин чорабинӣ.
Бояд гуфт, ки олимпиада дар бахшҳои таҳлили риёзӣ, алгебра, геометрия, муодилаҳои дифференсиалӣ, математикаи дискретӣ, назарияи эҳтимолият, беҳинасозӣ ва таҳлили функсионалӣ баргузор мешавад.
Барои иштирок дар олимпиада довталабонро зарур аст то рӯзи 27 ноябр худро дар сомонаи math-olymp.rudn.ru сабти ном кунанд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед